ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 16 Декабр 2016 10:24

Владимир Шишков-намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад, ки Маҳмудов Асадулло Авғонович-соҳибкор ва собиқ раиси ҷамъияти тоҷикони Магнитогорск 15 декабр дар назди хонааш бо 1 тир кушта шудааст. Тибқи иттилои ӯ, қотил дар кӯчаи Тевосяни Магнитогорск замоне ба ӯ тир холӣ кардааст, ки бо мошини “Dodge”-аш вориди майдончаи назди хонаи истиқоматияш шудааст: “Айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса идома дорад”. Марҳум зодаи н.Бохтар буда, 49 сол дошт. Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеяшон аз фармоишӣ будани ин қатл хабар додаанд. 

 

Ҷумъа, 16 Декабр 2016 10:12

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ш. Душанбе 164 дӯкон ва 1144 танӯрҳои ба таври ғайриқонунӣ бунёд ёфта бартараф карда шуданд. Инчунин, дар ин муддат 67 ошхона, 134 контейнер, 3273 мошинсарой барканор шуда 559279 м кв. заминҳои истифодаи умум, ки ғасб шуда буданд, ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. Дар ин бора раиси ш. Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баромади хеш дар иҷлосияи шаҳрӣ, ки 15.12.2016 баргузор гашт, хабар додааст.

Аз рӯи ҳисоботи М. Убайдуллоев, дар 11 моҳи соли 2016 дар  ҳудуди пойтахт корҳои ободонии зерин ба сомон расонида шуданд: тоза намудани атрофи биноҳо - 137133м2, рангубор намудани намои зоҳирии бино ва иншоотҳо - 179414 м2, тоза намудани ҷуйбору каналҳои назди биноҳо - 365681 м2, шинонидани гулҳои мавсимӣ - 36709 адад, шинонидани гулҳои ороишӣ ва майсазор дар масоҳати 21343,3 м2, -шинонидани дарахтони ороишӣ - 6116 бех, мумфарш намудани роҳҳо - 149501,61 м2, коштани майсазор (газон) - 66636 м2, азнавсозии пиёдароҳҳо бо тахтасангҳои ороишӣ - 15969 м2, бартарафкунии симтӯру панҷараҳо - 194719 м2 ва бартарафкунии деворҳои хиштӣ – 971 м2.

 

СССР

 

 

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 16:40

   (Памфлет)

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 16:34

Аҳли маориф огоҳанд, ки соли таҳсили 2016-2017 дар зинаи ибтидоии таҳсилоти миёнаи умумии ҶТ низоми нави таълими салоҳиятнок ҷорӣ карда шуд. Албатта ҳар навгонию пешравӣ дар соҳаи маориф боиси дастгирист. Зеро замона дигар шудаасту танҳо бо усулҳои кӯҳнашудаи таълим талаботи имрӯзаро қонеъ гардонидан мумкин нест. Вале гап сари он меравад, ки бо ҷорӣ шудани низоми таълими салоҳиятнокӣ сарсонию саргардонии муаллимони синфҳои ибтидоӣ зиёд шуд. Бо мақсади ба ин низоми таълим шинос намудани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз моҳи июн то охири август зиёда аз 30.000 муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба таври оҷил аз курси 12-рӯзаи такмили ихтисос оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ гузаронида ва дорои шаҳодатнома шуданд. Вале оё ин миқдор омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ доир ба ин низоми таълим маълумоти даркорӣ гирифтанд? Аз суҳбатҳо бо омӯзгорони 1 қатор муассисаҳои таълимии ш.Душанбе маълум шуд, ки онҳо аз ин курсҳо қариб чизе нагирифтаанд ва аксари тренероне, ки дар ин курсҳо дарс мегузаштанд, худ оид ба ин низоми таълим маълумоти казоӣ надоштанд. Ман худ шунавандаи ҳамин гуна курс дар моҳи август будам. Бахти шунавандагони гурӯҳи мо баландӣ карду ба мо яке аз муаллифони китоби забони модарӣ барои синфи 2-Бунафша Ғаниева дарс дод ва мо аз он кас бисёр чизҳоро омӯхтем. Аммо шунавандагони дигар гурӯҳҳо чӣ? Ҳангоми танаффусҳо бо шунавандагони дигар гурӯҳҳо ҳамсуҳбат мешудам ва онҳо иброз медоштанд, ки дар машғулиятҳо бештар ба конспектнависӣ машғуланд. 

 Дастурҳое, ки муаллимон надоранд!

Ман мақолаи омӯзгори литсейи “Роҳнамо”-и ш.Душанбе Мавҷуда Нуроваро дар газетаи “Омӯзгор”(№44, 28.10.2016) оид ба низоми нави таълим хондам. Ӯ қайд намудааст: “Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ёрии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дастури муҳиму муфассалеро бо номи “Маҷмӯи модулҳо оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ” ба нашр расонидааст, ки он дастгиру роҳнамои боэътимоди омӯзгорон дар роҳи тадбиқу корбасти низоми таълими салоҳиятнок мебошад. Ва чандест, ки аҳли таълиму тарбия аз ин дастури арзишманд пурсамар истифода мебаранд”. Аммо дар асл “Маҷмӯи модулҳо...” 1 тараф истад, то ба имрӯз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ “Роҳнамои омӯзгор” аз фанҳои забони модарӣ ва математикаро дастрас накардаанд. Муаллифони низоми таълими салоҳиятнокӣ албатта кори назаррасеро ба анҷом расониданд, ки он барои беҳбудии кор дар синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад. Онҳо дастуру маводи зиёди таълимиро гирд овардаанд, ки боиси таҳсин аст, аммо ин дастуру мавод то ҳол ба пуррагӣ дастраси муаллимони синфҳои ибтидоӣ нашудаанд. Тавре дар ҷамъбасти курси 12-рӯза оид ба низоми таълими салоҳиятнок ҳама шунавандагонро бовар кунониданд, ки рӯзи 1 сентябр, яъне оғози соли таҳсил тариқи ройгон “Роҳнамои омӯзгор” аз ҳамаи фанҳои таълимӣ таъмин карда мешаванд. Аммо 15 октябр танҳо Роҳнамои фанҳои санъат ва меҳнат, суруд ва мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба мактабҳо ворид карда шуданду халос. Пас маълум мешавад, ки ҳангоми гузариш ба ин низоми таълим ба саросемагӣ роҳ дода шудааст. Ба фикри шахсии ман агар ин низоми таълим дар якчанд мактаб ба таври озмоишӣ ҷорӣ карда мешуду баъди таҳлилу баррасии натиҷаи он, дар дигар мактабҳо роҳандозӣ мегардид, ба манфиати кор мебуд. Зеро бо ин мушкилоти молию пулӣ сари вақт нашр кардан ва ба муаллимон дастрас кардани маводҳои таълимӣ оид ба низоми таълими салоҳиятнок кори осон нест. Баъзе омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ  маҷбур шуданд, ки аз интернет маводҳои лозимаро дастрас карда, онҳоро бо харҷи калон нусхабардорӣ кунанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳамаи муаллимони синфҳои ибтидоӣ чунин имкониятро доранд? Ба замми ин ягон китоби дарсии мувофиқ ба ин низоми таълим нашр нашудааст. Тавре дар ин низоми таълим таъкид шудааст, “омӯзгор метавонад матнҳоро тағйир диҳад ва матни дилхоҳро вобаста ба қобилияти хонандагон ва имкониятҳои муассисаи таълимӣ интихоб намояд”. Аммо барои ин бояд “Замима ба китоби дарсӣ” дастрасӣ омӯзгор бошад. Вале, ин ҳам нест.  Хуб, фарз кардем муаллим аз китобҳои бадеии бачагона матнеро интихоб намуда, ин корро иҷро кард, вале хонанда дар хона бояд чӣ кор кунад, вақте, ки дар китобҳои дарсии мавҷуда аксари мавзӯҳо нестанд?

Тақлид ба хориҷа ҳадд дорад?

Ҳайронам, ки чаро солҳои охир тез-тез ивазшавии низоми таълим, (бо ном хориҷӣ) дар мактабҳои мо роҳандозӣ мешавад? Яке аз собиқадорони соҳаи маориф, ҷоизадори Президенти ҶТ дар соҳаи маориф устод Ҳабибулло Искандаров дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст: “Аз таҷрибаи пешқадами педагогикаи муосири ҷаҳон ҳам бояд баҳра бардорем. Вале нусхабардорӣ накунем. Мо давлати соҳибистиқлоли худро дорем. Он тартиб, низом, қарорҳо ва қонунҳои худро дорад. Мо бояд аз ин талаботҳо берун набароем ва дар навбати аввал дастурҳои онро ба амал барорем. Фонду ташкилотҳои хориҷӣ, ки ба мо ёрӣ мерасонанд, фақат маслиҳат дода метавонанду халос. Ҳақ надоранд, ки ақидаҳои нодурусти худро зӯран болои мо бор кунанд. Бояд хусусияту менталитети миллии моро ба ҳисоб гиранд. “Реформаторҳо”-и мо ҳам аз ҳад нагузаронанд”. Ҳақ бар ҷониби ин устодони бузург аст. Он чӣ, ки иншо кардам, ин фикри шахсии ман аст, шояд дар он хатое рафта бошад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи ҳамкасбон эҳтиромона хоҳиш дорам, ки фикру мулоҳизаҳои хешро нависанд. Зеро, ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.

Назари Наврӯз,

муаллим, ш.Душанбе

 

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 16:29

Дар тамоми шаҳрҳои пешрафтаи дунё ҷойҳои махсуси таблиғотӣ (рекламавӣ) мавҷуд аст. Ширкате мехоҳад молу маҳсулоти худро дар маърази мардум ба намоиш гузорад ва ба ин тартиб молу ашёи худро таблиғ намояд, аз ин ҷойҳо истифода менамоянд. Дар ш.Душанбе низ тахтаҳои таблиғотӣ хеле зиёданд ва барои мубаллиғон бо чунин ишора: «Ҷой барои рекламаи шумо» омода кардаанд. Дар баъзе овезаҳо манзараҳои зебои диёри азизамон, инчунин рекламаҳо аз ширкатҳои дохилӣ бо тарҳи хубу ҷолиб ба намоиш гузошта шудааст. Ширкати «Билайн», ки дар ҶТ фаъолияташ хеле доманадор аст, бо тавонмандиаш метавонад бисёре аз корҳои ба манфиати забону фарҳанги мо фоидаоварро ба роҳ монад. Инчунин ин ширкат агар як манзараеро ба намоиш гузорад, дарҳол дар тамоми ҷумҳурӣ пахш гашта, муштариёни худро аз ин дастовард ё имтиёзи тарофаҳои худ огоҳ месозад. Ин хуб аст, аммо!

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 16:09

Салом, СССР! Дар деҳаи Рарзи н.Айнӣ купрӯки валангореро дида дилатон ба ларза меояд. Аз болои пули ларзон ҳар раҳгузар «Худо» гуфта мегузарад. Аз болои он мошинҳои майдаю калон, аз ҷумла, Камазҳо бо вазни 20-30 тонна бор мегузаранд ва маҳз онҳо пулро ба ин ҳолат расонидаанд. Аз моҳи июл, яъне тобистон то ҳол-фасли зимистон ягон кас ба аҳволи купрӯк аҳамият намедиҳад. Ё ин ки байни деҳаи Фатмев ва Гузари Боди н.Айнӣ чандин сол боз роҳ хароб асту оби дарёи Зарафшон роҳро шуста валангор карда истодааст. Роҳсозҳои ноҳия ба сатҳу сифати роҳ ягон зарра таваҷҷӯҳ надоранд. Ман намедонам, ки раиси ноҳияи Айнӣ ва ҳам Вазорати нақлиёт ба ин мушкил чӣ мегуфта бошанд? Ба пиндорам, аз ин пули ларзон то ягон касе афтида намурад, касе ободаш нахоҳад кард! Зеро табиати мо чунин аст!

Мирзо Ҳасанзода,

деҳаи Даҳманора, н.Қӯҳистони Мастчоҳ, тел: 92 940 76 76

 

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 16:09

Салом, СССР! Дар деҳаи Рарзи н.Айнӣ купрӯки валангореро дида дилатон ба ларза меояд. Аз болои пули ларзон ҳар раҳгузар «Худо» гуфта мегузарад. Аз болои он мошинҳои майдаю калон, аз ҷумла, Камазҳо бо вазни 20-30 тонна бор мегузаранд ва маҳз онҳо пулро ба ин ҳолат расонидаанд. Аз моҳи июл, яъне тобистон то ҳол-фасли зимистон ягон кас ба аҳволи купрӯк аҳамият намедиҳад. Ё ин ки байни деҳаи Фатмев ва Гузари Боди н.Айнӣ чандин сол боз роҳ хароб асту оби дарёи Зарафшон роҳро шуста валангор карда истодааст. Роҳсозҳои ноҳия ба сатҳу сифати роҳ ягон зарра таваҷҷӯҳ надоранд. Ман намедонам, ки раиси ноҳияи Айнӣ ва ҳам Вазорати нақлиёт ба ин мушкил чӣ мегуфта бошанд? Ба пиндорам, аз ин пули ларзон то ягон касе афтида намурад, касе ободаш нахоҳад кард! Зеро табиати мо чунин аст!

Мирзо Ҳасанзода,

деҳаи Даҳманора, н.Қӯҳистони Мастчоҳ, тел: 92 940 76 76

 

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 15:56

Дар деҳаи Шарафи н.Рӯдакӣ 1 мушкил 6 сол боз моро сарсон кардааст. Дар ин деҳа 9 бинои 2-ошёна ҳаст ва дар он халқ зиндагӣ дорад. Ин ҷо 2 майдончае барои бозӣ кардани кӯдакони хурдсол аз аввал бунёд ёфта буд. Дар ин маҳал 1 бозорчаи хурдакак ҳам буд… Дар ҷои бозорча 1 мағозаи 2-ошёна сохтанд. 2 тоҷири бозорча бо ҳам соз нагирифта, атрофи майдончаи кӯдаконро печонида, мағозае сохтанд. Инак, 6 сол боз намедонем чӣ кор кунем. Кӯдакон аз сари шавқи бозӣ ҳатто дар роҳи мошингард тӯббозӣ мекунанд. Калонсолони маҳалла чандин бор назди раиси ҷамоат рафтанду борҳо дар қабули раиси ноҳия низ буданд, аммо ҳич не, ки проблема ҳал шавад. Мақсад ин аст, ки майдончаро бояд ба кӯдакон баргардонем!

Акрамҷон Шарипов,

ноҳияи Рӯдакӣ, тел: 900 95 95 50

 

саҳ 7 аз 14

Китобҳо

Flag Counter