ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 22 Декабр 2016 10:50

Салом, СССР! Тайи 6 соли охир кори таълиму тарбияи хонандагон дар мактаби №3-и ноҳияи А.Ҷомӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Сабаби асосии он дар назорати сусти директор-С.Қодирова ва ҷонишинони ӯст. Вақте сарвари муассиса худ дарс намегузарад, пас чӣ ҳоҷати гап? Директор 6 сол боз аз фанни забони олмонӣ дарс мегӯяд, вале дар ин муддат хонандагони синфҳои 11 хондану навиштан он тараф истад, ҳатто алфавити олмониро намедонанд. Аз соли нави таҳсил «барои нафақахӯрҳо ним ставка (9 соат) дарс мумкин аст», гуфта ба ман 10 соат (дарси 2 синфи 11)-ро доданд, ки моҳи сентябр тамом шуд. Пеши К.Тоиров-бухгалтери мактаб даромада гуфтам, ки маошам чанд пул шуд? Гуфт, ки мо шуморо 9 соат ҳақ додем ва 1 соати дигарашро аз маориф пурсидан даркор. Назди директор даромада гуфтам, ки шумо дар моҳи сентябр дар синфҳои 11 ҳамагӣ 1 соат даромада аз рӯи категорияи олӣ маош гирифтед, оё ин пули шумо ҳалол аст? Директор дар ҷавоб гуфт: «4 тарафат қибла. Ту, ки хона надорӣ, боз бо ман баҳс мекунӣ?» Директор 6 сол боз баъди тамом шудани соли хониш аз ҳар хонанда барои таъмири мактаб камаш 20 сомонӣ мегирад, лек пулро ба куҷо сарф мекунад маълум нест. Ӯ замини тирхонаи мактаб ва замини атрофи кателнии мактабро ҳам фурӯхтааст.

Дар соли таҳсили 2015-16 барои синфҳои 10а,б ва 11а,б (4 синф) бояд аз фанни физика дарс мегузаштанд, вале ягон соат дарс нагузашта, дар охири сол аз онҳо муаллими фанни химия-Ибодов Сайхӯҷа имтиҳон гирифта, синфҳои 10-ро аз синф ба синф гузаронда, синфҳои 11-ро дар аттестатҳояшон баҳо гузоштааст. Дар давоми сол чанд бор хонандагони синфҳои 11 аз директор хоҳиш карданд, ки ба ман иҷозат диҳанд, ки ба онҳо аз физика дарс гӯям, дар ҷавоб гуфтааст: «Ба нафақахӯрҳо мумкин нест». Аз нашри китобҳои иҷоравӣ бошад 10-солаҳо гузашта, вале онҳоро фурӯхта пул ҷамъ мекунанд. Вақте аз директор пурсидам, ки ҷонишини синфҳои ибтидоии ту чаро дарс надода аз давлат маош мегирад, гуфт: Ӯ шахси бовариноки мудири маориф-Т.Маҳмадёров аст. Ҷонишини синфҳои ибтидоӣ С.Садиров солҳои зиёдест, ки ҳам раиси Иттифоқи касабаи мактаб ва ҳам мудири анбори озуқавории «Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ»-ст, занаш ошпази мактаб ва боз 2 хизматгори дигар ҳам доранд. Соли хониши гузашта аз ҳар 1 хонандаи синфҳои ибтидоӣ 3 сомонӣ «картошкаю пиёз мехарем» гуфта (дар ҷамъ 1500 сомонӣ) барои маишати худашон ҷамъ кардаанд.

Ба мактаб бо таппак!

 Имсол бошад вариантҳоро дигар карда, аз ҳар 1 хонанда (500 нафар)-и синфҳои 1-4 дар 1 моҳ 1 кг пиёз, 1 кг картошка (500 кг пиёз, 500 кг картошка) ҷамъ карданд. Ҳини набудани барқ хонандагони бечора дар 1 пакет тапак ҳам меоранд.

Садиров бо маслиҳати директору бухгалтери мактаб келини ҳомиладорашро дар мактаб фаррош гузаронида, маоши 1-2 соли ӯро байни худ тақсим мекунанд. Дар мактаб аз аввали соли хониш бӯр, хаткашак, транспортир, паргор, умуман ягон асбоб нест. Барои ман аламовар ин аст, ки Қодирова дар байни муаллимон гуфтааст, ки «аз нафақахӯрҳо 2 каси дигараш монд. Инҳоро ҳам яктарафа кунем, баъд мактаб аз худамон мешавад». Яъне ман ва Шарифҷон Раҳимзода (муаллифи ҳамешагии газетаи СССР)-ро дар назар дорад.

Шарифбек Абдураҳмонов,

омӯзгори мактаби №3, н.А.Ҷомӣ, тел: 93 473 88 01

 

Чоршанбе, 21 Декабр 2016 10:32

1 нафар ҷавондухтари 19-сола, сокини вилояти Суғд ба хотири расидан ба висоли дӯстдоштааш ба фолбин муроҷиат карда, аввалан даст ба ҷиноят мезанад ва баъдан худро аз ҳаёт маҳрум месозад.

Чуноне ВКД ҶТ хабар медиҳад, шаҳрванд Каримова Маърифат Норбоевна, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи шаҳри Истаравшан ҳамон нафари мушкилкушоест, ки бо ваъдаи бо роҳи сеҳру ҷоду ҳал намудани муаммо, яъне мусоидат дар бавуҷудории муҳаббат ва оқибат хонадоршавии духтар бо ҷавони дӯстдошта, давоми солҳои 2014-2016 бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон, маҷмуан зиёда аз 206 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ва тилловориро аз ҷавондухтар талаб карда гирифтааст.

Ин миқдор маблағи пулиро духтари фиребхӯрда, ки ба қобилияти фолбин бовар дошт аз хонаи бародар ва дигар пайвандонаш қисм-қисм дуздида ба фолбин додааст. Ҳангоме, ки ҳолатҳои дуздӣ ва воқеъияти кор ошкор мешавад, духтар худро шахси шармандашуда ҳисобида ба ҳалокат мерасонад. То рӯзи марг маълумоти мазкур ба тафтишот дастрас ва баъзе аз далелҳои шайъӣ, аз ҷумла тилловорӣ аз хонаи фолбин дарёфт гардиданд.

Фолбин Маърифат Каримова маблағҳои пулии бо роҳи фиреб ба даст овардаро барои хароҷоти шахсиаш, аз ҷумла сохтмони хонаи истиқоматӣ истифода бурдааст. Ба иттилои тафтишот, хонаи навсохтмони боҳашамат ҳақиқати талхест, ки кирдори ҷиноятии ин занро тасдиқ мекунад. 

Барои тақаллубкорӣ аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гумонбаршаванда Каримова М.Н., парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Мақомоти тафтишбаранда аз шаҳрвандоне, ки аз амалу рафтори мардумфиребонаи фолбин Маърифат Каримова, сокини деҳаи Зарнисори шаҳри Истаравшан зарар дидаанд, даъват ба амал меорад, ки ба Прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров ё ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

 

СССР

 

Чоршанбе, 21 Декабр 2016 10:16

Судяи н.Шоҳмансур дар ҳоле кӯдакрабоёнро зиндонӣ кард, ки сарнавишти талхи хоҳарони гумшуда-Араловаҳо торик боқӣ мондааст. Ҳоло метарсем, ки кӯдакдузд дар арафаи 20-солагии ҷашни Ваҳдат, яъне соли 2017, амнистия нашавад: дар кишвари мо ҳар кор шуданаш мумкин...

Сешанбе, 20 Декабр 2016 11:54

Ба ШВКДи ш.Қурғонтеппа шаҳрванд Қурбонов Исмоили 20-сола, сокини н.Шоҳмансури пойтахт бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуда, гуфтааст, ки санаи 13 декабр, соати 01:30 дақиқаи шаб аз кор баргаштанаш 3 ҷавони тахминан 18-20 сола, дар боғи фароғатии ш.Қурғонтеппа ба номи Р.Мурчаев бо зӯрӣ 1 адад телефони мобили (арзишаш 300 сомонӣ)-ро гирифта аз ҷой ҳодиса ғайб мезананд ва ба Исмоил зарари ҷиддии моддӣ мерасонанд. Ҳини гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Муродов Раҷабалӣ-соники н.Балҷувон аз деҳаи Туркҳо бо ҳамроҳии шиносҳояш-Шарипов Фаридун ва Холназаров Диловар сокинони н.Бохтар аз совхози Ф.Саидов, шуъбаи 1-ум, ҳамчун гумонбар ба ШВКД оварда шуд. Дар натиҷаи пурсиш эшон бо гуноҳи худ пурра иқрор шудаанд. Исмоил гуфтааст, ки ӯ донишҷуи ДДҚ асту аз набудани маблағ шабона дар нонвойхона кор мекадааст, то бо роҳ шартномаи Донишгоҳро супорад.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, 20 Декабр 2016 10:38

Андрей Карлов, сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Туркия, дирӯз зимни суханронӣ дар ифтитоҳи намоиши аксҳо дар бораи кишвараш, ки дар Маркази фарҳангии Анкара баргузор шуда буд, аз ҷониби собиқ корманди полиси Туркия Мавлют Мерт Олтинташи 26 сола кушта шуд. Пас аз қатли сафир, Мавлют боз ба сӯи чанд нафари дигар тир холӣ карда дар ҷойи ҳодиса худ низ мавҳ гардид.

Чуноне ки хабаргузориҳо иттиллоъ медиҳанд, номбурда тобистони соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо созмони ғайриқонунии ФЕТО дар Туркия аз сафи полис ихроҷ карда шуда буд. Аммо ӯ чӣ тавр бо шаҳодатномаи полисӣ ва таппонча дохили Маркази фарҳангӣ шудааст ҳанӯз маълум нест.

Андрей Карлов, ки собиқаву таҷрибаи қариб 40 солаи фаъолияти дипломатӣ дорад, аз соли 2013 ба ҳайси сафири Федератсияи Русия дар Туркия кор мекард. Вобаста ба ин қазия, ки алакай «террор» ном гирифтааст, парванда боз шудааст.

 

СССР

 

 

Сешанбе, 20 Декабр 2016 10:12

Саломи гарму оташин ба кормандони газетаи дар ҳақиқат мардумии СССР! Аз газетаи СССР фаҳмидам, ки ба шоири дӯстдоштаи ҳамаи мо-муаллимон ва хонандагон Бозор Собир суиқасд ташкил кардаанд. Беҳрӯз Ядгоров барои ин кораш 13 сол ҳабс шудааст. Ба фикрам ин муҳлати ҳабс кам аст. Агар барои қатл моратория эълон намешуд, бояд қатл карда мешуд. Бояд ба ӯ ҳабси якумра дода шавад, зеро ӯ ба халқу давлати Тоҷикистон лозим нест. Ба фикри мо ягона шоире, ки ҳақиқатро менависад, Бозор Собир аст. Аз ҳеҷ кас тарс надорад. Мо муаллимон ҳар 1 шеъру мақолаҳои Бозорро бо интизориҳо гаштаю баргашта мехонем. Дар байни коллективи омӯзгорон муҳокима мекунем ва офарин мехонем ба ҷасорату мардонагиаш. Мо бо шумоем Бозор Собир!

Хайрулло Олимов,

омӯзгори мактаби №58, н.Ҳисор

 

Душанбе, 19 Декабр 2016 17:20

Рустами Эмомалӣ имрӯз, 19 декабри соли 2016 ба синни 30 расиданд. Газетаи мардумии СССР дар симои Рустами ҷавон яке аз реформаторҳои футболи ватанӣ ва муборизи ҷасуру ғайюру далер бо коррупсияро дида, ӯро бо зодруз табрик ва ин матлабро тақдими хонандагони сершумори худ мекунад. Мо Метавонем!

Душанбе, 19 Декабр 2016 13:57

15.12.1917. Бо қарори Кумитаи Марказии Иҷроия ва ШКХ РСФСР дар Русияи шӯравӣ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. Ин ниҳод то соли 1932 фаъолият кард ва ба идораи хоҷагии халқи Русия (СССР) машғул буд.

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter