ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 12 Декабр 2016 10:04

Ракурси миллӣ-9

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 17:03

Дар ин фасли пурбарфу сармо, ҳар субҳ вақте кӯча мебароем, фикр намекунем, ки замоне мо хобем, ҳазорҳо нафари дигар шабона ба кор баромада, баҳри тоза кардани роҳу роҳравҳо, хоб нестанд. Хоса, ин чанд рӯзи нахусти барфӣ, ки амсолашро Душанбе ва Тоҷикистон кайҳо боз надида буд. Маҳз заҳмати шабонаи регпошону роҳрӯбон ва ронандагони мошинҳои барфтозакун буд, ки мошинҳои мо тавонистанд субҳ бе мамониат ба ҳаракат дароянду аз рӯи хатсайр ҳаракат кардаву мардумро то ҷои кору таҳсил саривақт расонанд. Бо супориши редаксия мухбири СССР шаби 25 ба 26 ноябр-шаби сардтарин ва пурбарфтаринро дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳи н.Синои ш.Душанбе гузаронида, на танҳо шоҳид балки бевосита ҳамкори онҳо шуду бо занҳои роҳрӯб кӯчаҳои ноҳияи мазкурро хокпошиву тоза кард. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 16:15

Салом СССРи гиромӣ! Хабари марги Фидел Кастрои 90-соларо дар интернет хондам. Журналист Салими Аюбзод бо саволи «Фидел кӣ буд?» бисёр ҷолиб барои дӯстони фейсбукиаш ӯро шинос кардааст: «Кастро, бешубҳа, шахси таърихист, ки аз ҷанги сарди 2 системаи ҷаҳонӣ беҳтарин истифодаро кард ва раҳбари кишвараш шуд ва 60 сол ба он ҳокимият ронд. Дар лаҳзаи душвор мушакҳои атомии СССРро дар қаламраваш ҷой дода, бӯҳрони Карибро ба вуҷуд овард. Барои СССР бисёр муҳим буд, ки тарафдоре мисли Кастро дар зери бинии Амрико дошта бошад. Аз 60 миллиард ёрии ҳарсолаи СССР ба кишварҳои дигар 22 миллиардашро Кастро мегирифт. Бо ин маблағ кишвар ба баъзе пешравиҳо ноил гашт, аммо пас аз фурӯпошии СССР иқтисодаш дар ҳоли бӯҳронӣ буда, аз нав ба рушди саноати найшакар пардохтааст…».

Шерзоди Шавкат,

донишҷӯ, ш.Қӯрғонтеппа

 

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 15:58

Ҳама хуб медонем, ки ҷанги шаҳрвандӣ ғайр аз талафоти иқтисодӣ боз аз ҷиҳати ҷонию рӯҳӣ ба мо зарба зад. Ҷумлаи «ин ҷанг-ҷанги гулчин буд» ҳамеша вирди забони нафаронест, ки азизи худро дар ин ҷанг аз даст додааст. Воқеан, родмардоне, ки аз 2 тараф кушта шуданд, болаёқат, поквиҷдону боирода буданд. Агар онҳо имрӯз дар қайди ҳаёт мебуданд 1 армияи бузургро дар баҳри ҳифзи Ватану ватан мемонд. Вале афсӯс андак нофаҳмие боиси ин қадар ранҷу машаққат шуд, ки дар дили ҳаряки мо даҳсолаҳо боқӣ хоҳад монд. Имрӯз дар нашрияҳо матлабҳое хонда сахт ғамгин мешавам. Агар ҳар яки мо кушандаҳои азизонамонро нависему ба дасти чоп диҳем, ин кинаро барои тарбияи насли наврас бедор мекунад, ба руҳи онҳо таъсири бад мерасонад. Навниҳоли ваҳдатро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуд. Агар пояи ниҳолеро аз дарун кирм хӯрад, дар андак шамол мешиканад. Пас аз ҳар нафаре, ки дар дил алам дорад, онро бишӯяд. Набояд ба хатои дирӯз роҳ диҳем, ки нобахшиданист. Ҷанги солҳои 90 худкушӣ буд, мо бо корди душман бар ҷони худ задем. Худоё чунин корди душман ба дасти ҳеҷ кас наафтад, варна ҳама ҳалокем.

Эй дӯсти азиз, биё, ки бо ҳам оем,

Буғзу кинаро аз дили худ партоем.

Дунё гузарон умри мо ҳам ин сон,

Дарҳои биҳишт ба дасти худ бикшоем.

Гулнора Абдуллоева,

деҳаи Ленинобод, н.Шаҳритус

 

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 15:51

Зокир Акрамов, донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки қариб ҳар рӯз дар микроавтобусҳо мешинам ва рӯзе нест, барои 20 ё 40 дирам байни кондуктор ва мусофир кашокашӣ нашавад. Мусофир 1 сомонӣ медиҳаду ронанда 20 дирами бақияро не. Бақия мепурсем, мегӯяд, «20 дирам надорам». Баъзе дод зада, «ҳе, барои 20 дирам гап задӣ-да» мегӯянд. Ронанда фикр намекунад, ки мо аз куҷо 20 дирамро меёбем? Мардум барои 20 дирам рӯзи дароз дар зери барфу борон семичка мефурӯшад, ароба мекашаду мошин мешӯяд.

 

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 15:44

Узви Ихвон-ал-СССР, Амрихудо Файзмаҳмадов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз деҳаи Лоҳур ба СССР занг задаву гуфт, шумо медонед, ки чанд фоиз аҳли исломем, олимони шариати исломӣ ҳам дорем, муфтию шӯрои уламо дорем? Аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ аз Эмоми Аъзам гап задем, ҷашнаш гирифтем. Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо маркази исломӣ эълон кардем, аммо афроди ба балоғатрасидаро аз гузоштани намози ҷумъа манъ кардем. Амри Яздони пок фарз аст. Муфтӣ ва шӯрои уламои кишвар ба фикрам бояд ба пайравони ислом аз тариқи ТВ, радио ва газета баромад карда, фарқ байни фарзи илоҳӣ ва воҷиб будани амри сарварро шарҳ диҳанд.

 

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 15:27

Қодиров Рамзан-президенти тозаинтихоби Чеченистон-ҷумҳурие дар вобастагии Крмел, ки бо иддаоҳои воҳимаангезаш маъруф аст, ин бор низ аз худ дарак дод. Ӯ изҳор дошт, агар Путин-президенти Русия хоҳад, собиқ муҷоҳидони чеченӣ ва имрӯз сарбозони горди ҷангии Шарқ-Ғарб омодаанд ба Сурия рафтаву дабдалаи нерӯҳои давлати ба ном исломиро, ки дар асл зодаи Исроил ва Амрико ҳастанд, бароранд. Шахсан худи Рамзан мойил аст, ки ба ин ҷанг мардонавор худаш равад!

Дар сафҳаи инстаграми хеш, ки ҳамарӯза бо изҳороти сенсатсионӣ садо медиҳад, Рамзан гуфтааст, барои сарбозони чеченӣ мавриди ифтихор ва боиси фараҳ мебуд, агар бар зидди нобакорони исломӣ дар Сурия онҳоро сафарбар мекарданд. Худи президенти Чеченистон низ, ки яке аз сарватмардони Қафқоз маҳсуб меравад, пушти дигарон пинҳон шуданӣ нест. Ӯ омодааст дар сафи аввал бо душманони ислом ҳарб кунад:

"Ман хушбахту сарафроз мешудам, агар бо фармони Владимир Владимирович  Путин барои ҷанг бо ин нобакорони исломӣ (негодяйи ислама) таъҷилан ба Сурия сафарбар шавам. Душманони ислом бояд дар лонаашон маҳв шаванд, пеш аз он ки пои нопокашонро ба ватани мо гузоранд", - гуфтааст Рамазон Қодиров дар сафҳаи интернетии худ бо ин ишора, ки онҳоро он ҷо маҳв накунанд ба марзҳои СНГ ва Русия хоҳанд омад.

Хотиррас мешавем, ки Рамзан Қодиров, қаблан муҷоҳид буду дар сафи оппозитсияи Кремл меҷангид, вале пас аз террори падараш Аҳмад Кодиров ба сафи тарафдорони Кремл пайваст ва ҷангро дар Чечня хотима бахшид.

 

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 14:37

Ҳамасола санаи 9-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия таҷлил мешавад. Кормандони Шӯъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон, дар соли равон 51 адад ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намудаанд. Тибқи иттилои ин ниҳод, зарари ошкоршуда 4370880 сомониро ташкил намуда, он пурра барқарор карда шудааст. Кормандони сохтори мазкур 4 ҳолати вайронкунии Қонуни танзим, 8 ҷинояти вобаста ба заминро ошкор намуда, баҳри барқарор кардани бақияи андоз, ҳам фаъолияти назаррас кардаанд ва 5300000 сомонӣ бақияи андозро ба буҷа барқарор кардаанд. Мувофиқи маълумотҳои котиботи Шӯъбаи мазкур дар водии Зарафшон, 248 аризаю муроҷиати шаҳрвандон ворид гардида, аз рӯи онҳои қарорҳои дахлдор қабул шудааст.

Хуршед Фозилов

 

саҳ 10 аз 14

Китобҳо

Flag Counter