ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 19 Декабр 2016 13:50

Тибқи иттиллои Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» айни замон дар ш. Душанбе ба воситаи 4 корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 21 ҷамъияти хусусӣ дар 93 хатҳои сайр ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 197 адад автобус, 60 адад троллейбус, 50 адад микроавтобус ва беш аз 2200 адад воситаи нақлиёти мусофирбари сектори хусусӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд. Дар 11 моҳи соли равон бо ҳама намуди нақлиётҳои мусофиркашонӣ, бо инобати мушоҳидаҳои фаъолияти нақлиёти мусофирбар  235,9 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин ба 100,9 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Чуноне ки дар ҳисоботи раиси ш. Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни пойтахт дар 11 моҳи соли 2016 омадааст, бо инобати таҷрибаи муваффақонаи истифодаи ройгони шабакаи  Интернет (Wi-Fi) дар хатсайрҳои автобуси №8 дар соли гузашта, баҳри вусъати шароити хизматрасонӣ ба мусофирон, қабл аз ҳама ҷавонону донишҷӯён дар  давраи  ҳисоботӣ  иловатан боз дар 10 автобус ва 10 троллейбус аз ҷониби ҶДММ “Таком” (Beeline)  ин намуди  хизматрасонии ройгон ташкил карда шуд.  

Баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар воситаҳои нақлиёти мусофиркаш маълумот дар бораи ном ва рақами хатсайр, истгоҳҳои он, ному насаби ронанда, рақами телефони он, тарифҳои ҳамлу нақли мусофир, нақша ва ҷадвали ҳаракати хатсайр, рақами телефонҳои боварӣ дар  соҳаи нақлиёт, навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва номи субъекти хизматрасон зикр  карда шуданд ва мусофиронро зарур мебошад, ки барои аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намудан, нисбати чораандешии саривақтӣ оид ба хилофкорони меъёрҳои амалкунандаи ҳамлу нақли мусофир дар шаҳр тавассути телефонҳои марбута муроҷиат намоянд.

 

СССР

 

Душанбе, 19 Декабр 2016 09:48

Узви Ихвон-ал-СССР, Забир Собиров, сокини деҳаи Солеҳони шаҳри Ваҳдат бо телефони 903 04 62 09 ба СССР занг задаву гуфт, ки чаро дар деҳаи мо барқро ҳамагӣ дар 1 рӯз 2-3 соат медиҳанд? Масалан, бегоҳӣ соати 5:00 барқро дода, соати 8:00 хомӯш мекунанд, саҳарӣ аз соати 5 то соати 7 медиҳанд. Деҳаи мо, ки дар баландист, аз хона нигоҳ мекунем, дар деҳоти поён барқ ҳаст. Чаро аз ҳамаро баробар намекушанд? Ба идораи Барқи ноҳия занг мезанем, онҳо айбро ба гардани Ширкати Барқи Тоҷик мепартоянд. Охир, фармони президент дар соли гузашта буд, ки ба аҳолӣ бояд дар 1 рӯз 16 соат барқ дода шавад. Чаро фармони президентро иҷро намекунанд? Симчӯбҳои кӯчаи моро бояд тибқи 1 мактуби Ширкати Барқи Тоҷик аз соли 2012 иваз мекарданд, аммо симчӯбҳои пӯсида ҳоло ҳам тарсону ларзон истодаанд. Чаро фармони ШБТ иҷро намешавад?

 

Душанбе, 19 Декабр 2016 09:43

Хонандаи доимии газетаи мардумии СССР-Анвар Исроилов, аз деҳаи Фони ноҳияи Айнӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки дар байни мардум овоза ҳаст, ки дар рӯзҳои наздик кӯдаконро такроран эм мекардаанд. Ман ба эмгузаронии тиббӣ зид нестам, аммо кӣ кафолат дода метавонад, ки он мисли сипар бар зидди бемориҳо истифода шуда бошад? Охир, ҳамин шабу рӯз, дар ҳар хонавода 2-3 нафар, бархе оилавӣ аз бемории зукому табу вараҷа хобанд, аммо чаро эм дар ин ҳолат миссияи худро иҷро намекунад? Ёдам ҳаст, ману завҷаам дар даври аввали эмгузаронӣ дар соли 2010 аз 4 кӯдак якеашро барои санҷиш эм накардем ва хостем фаҳмем, ки эм кардан чӣ фоида дорад. Ростӣ, ягон таъсирро дар вуҷуди кӯдаки эмнагирифта надидем. Аз ин маълум мешавад, ки эмгузаронӣ танҳо барои бизнеси дору будааст. Оё дигарон ҳам мисли ман ба эмгузаронӣ бовар дошта бошанд?...

 

Душанбе, 19 Декабр 2016 09:36

Ракурси миллӣ-10

Душанбе, 19 Декабр 2016 09:28

Тоҷикистон аз лиҳози гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон мақоми 3-юмро ишғол мекунад. 40% нархи билет арзиши керосин аст...

Дар яке аз шумораҳои гузашта, мо дар бораи гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо ба самтҳои Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбургу Қазон, Новосибирску Дубай ва Хуҷанду Хоруғ матлабе нашр карда будем. Пас аз матлаби СССР ва эроду шикоятҳои мусофирон, вазорати нақлиёти кишвар тасмим гирифт 1 комиссияи вежае таъсис дода, сабаби гаронии нархи чиптаҳои ҳавопайморо омӯзад. То он замоне, ки комиссияи мазкур кори хешро идома дод, мо азм намудем дар ин самт тадқиқоти худро анҷом бидиҳем. Чаро нархи чиптаҳои ҳавопаймо, хоса, ҳавопаймоҳои Тоҷик гарон аст? Сирри ин қиматӣ дар чӣ, ё кист? Кӣ намехоҳад, ки нархи чиптаҳо арзон бошад ва ин бозорро монополия карда гирифтааст?

Душанбе, 19 Декабр 2016 09:15

Моддаи 627 дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ «фиреби истеъмолкунанда» ном дорад. Вале ба назар мерасад, аз мавҷуд будани ин модда, бархе аз соҳибкороне, ки ба истеҳсолу хизматрасонӣ машғуланд, фаромӯш кардаанд ва ё умуман хабар надоранд. Шикояти зиёд аз сатҳи пасти хизматрасонӣ ва нарху навои гарони ошхонаву тарабхонаҳои ш.Панҷакент ба гӯши мо мерасид. Ба андешаи ин нафарон беинсофӣ дар ошхонаву чойхонаҳои шаҳр ба нуқтаи кулминатсионӣ расидааст. Барои бе восита ошкор кардани ноинсофӣ дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ мо ба чанд чойхонаву ошхона меҳмон шудем...

Ҷумъа, 16 Декабр 2016 16:33

13.08.2016 дар назди Қасри ҷавонони ш.Хуҷанд бо Иброҳими Наққош гаштугузор мекардам. Ногоҳ чашмам ба эълоне афтод: «Агар хоҳед, ки сафари бобаракате ба шаҳрҳои афсонавии тоҷикон-Самарқанду Бухоро анҷом диҳед, аз хизмати филиали «Ширкати сайёҳии Суғдиён-Помир тур» истифода баред. Мо дар давоми 5 шабонарӯз саёҳаткунандагонро ба беҳтарин мавзеъҳои тамошобоби ин 2 шаҳр ошно хоҳем кард». Ҳавою ҳаваси саёҳати ин 2 шаҳр якбора маро водор кард, ки 2400 сомонии нақдро, ки ба ин пул ниёзи зиёде доштам, оварда ба дасти сармуҳосиби ин ширкат, ки аз гуфтани номаш сарпечӣ кард, супорам. Дар эълон нишон дода шуда буд, ки қабули ҳуҷҷатҳо то 20 август идома меёбаду 13 сентябр бо фароғат ба сафар мебароем ва аз дидани мақбараи Баҳовиддини Нақшбанд, Ситораи моҳи Хоса, Мақбараи Исмоили Сомонӣ, Чашмаи Аюб, Масҷиди калон ва манораи Баланд, мақбараи Абдухолиқи Ғиждувонӣ, осорхонаи С.Айнӣ, мақбараи Имом-ал-Бухорӣ, мақбараи Шоҳи Зинда, Маҷмааи Регистон ва мақбараи Хоҷа Аҳрори Валӣ лаззат бурда, бо хӯрдани нони Самарқанду супероши Бухоро шукрона мекунем. Чун рӯзи сафар фаро расид, Зокир Болтуев-раиси «Суғдиён-Помир тур» эълон кард, ки ба қарибӣ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз олам гузашт ва сафарамон то 25 сентябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин байн рухсатии меҳнатии думоҳаи ман поён ёфт. Шукронаи Худовандро ба ҷо меовардам, ки 10 рӯз рухсатии эҳтиётӣ дораму ба сафари 5-рӯзаи ман кифоят аст. Аз миён вақт гузашту 25 сентябр фаро расид. Болтуев боз баҳона пеш овард, ки ниммоҳаи аввали моҳи октябр сафар хоҳем кард. Ҳамин тариқ, октябр ҳам бо баҳонаҳои 15-ум, 20-ум, 30-юм ба поён расид. Корд ба устухон расиду боз ба ӯ занг задам, ки гуфт:

-Агар ин сафари мо рӯзи 15 ноябр баргузор нагардад, ман танҳо туро гирифта ба саёҳати ин шаҳрҳо мебарам. Агар қавли худро шиканам ман номард бошам.

Рӯзи 10 ноябри соли равон боз ба ӯ занг задам. Ӯ гуфт: «Шиносномаи ту кӯҳна шудаасту шиносномаи тоҷикиатро фиристон, то ман муҳлаташро дароз кунам ва рӯзи 18-ум ё 19 ноябр ба сафар мебароем».

Рӯзи 11 ноябр ба ӯ занг задам. Ба зангҳои ман ҷавоб надод. Аз ин рӯ, бо рақами 92 610 30 30 занг задам. Хайрият, ки сармуҳосиб аз одаму одамгарӣ хабардор будаасту телефонро бардошт ва пурсидам: «Сафари мо кай баргузор мегардад ва агар ин сафар баргузор гардиданӣ бошад, ман ба рухсатӣ бароям». Ӯ гуфт: «Ман аз пеши худ чизе гуфта наметавонам. Аз раис Болтуев пурсида ба шумо маълум мекунам». Камина занги ӯро бесаброна интизорӣ мекашидам, ки ба ман аз телефони +992 34 22 62 127 занг ворид шуд, чун гӯширо бардоштам, садои форами сармуҳосибро шунидам: «Бемалол ба рухсатӣ бароед ва сафар ба қавли раиси ширкат 19 нобяр ба воситаи гузаргоҳи Ойбек баргузор мегардад».

Ҳамин тариқ, ба рухсатӣ баромадаму роҳи ш.Хуҷандро пеш гирифтам, вале сафар боз  ба таъхир афтод. Баъди он хостам, ки ба мақомоти дахлдор ва раиси вил.Суғд Абдураҳмон Қодирӣ арзи худро расонам. Чун ба навиштани ариза сар намудам, кадоме аз кормандони ширкат ба ӯ хабар расонд. Ӯ ба телефони ман занг зад, вале аз сабаби дар ҳолати руҳии хеле бад қарор доштан ба занги ӯ ҷавоб надодам. Ӯ ба Иброҳим занг заду хоҳиш кард, ки ба ҳеҷ куҷо ин хабарро набарем ва ӯ дар соати 18:00 дар назди бозори «Панҷшанбе» бо 2 дасти адаб пули моро оварда месупораду аз мо узр мепурсад. Воқеан, бори аввал дурӯғ нагуфт ва дар соати гуфтагиаш ҳозир шуд. Чун пулро талаб намудем ва субҳи барвақт аз Хуҷанд сафар карданамро изҳор доштам. Ӯ 1 даста билетро нишон дода гуфт: «Ана, зӯрии маро бинед, ман Юлдуз Усмонова, Фирӯза Ҷумъаниёзова ва чанд ҳофизи намоёни дигарро ба Хуҷанд оварданиам».

Чун дидам худтаърифкунии ӯ поён надорад, қаҳр карда аз мошинаш фаромадам ва дохили бинои меҳмонхонаи «Эҳсон» гаштам. Баъди чанде Иброҳим занг заду гуфт, ки дар соати 9:00 Болтуев пули маро доданист. Дар соати 9:00 ӯ 1400 сомонӣ пуламро баргардонд ва 1000 сомониро бо худ нигоҳ доштанӣ шуд. Чун ба ӯ хеле суханҳои сахт гуфтам, ваъда дод, ки то соати 11:00 маблағамро ба пуррагӣ бармегардонад. Воқеан, соат 11 нашуда 1000 сомонии дигарашро низ баргардонд. Вале зарари 2 бор аз Панҷакент ба Хуҷанд рафтани моро кӣ бармегардонад? Он қадар руҳан зарар дидам, ки онро бо пул ҳисоб кардан аз имкон берун аст. Азбаски СССР серхонандатарин газета аст, ман ин матлабро на аз рӯи заифӣ, балки барои он эҷод кардам, ки дигар одамон ба доми ин қаллоб ва ширкати фиребгари «Суғдиён-Помир тур» наафтанд…

Исмоил Зарифӣ,

деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент, тел: 92 895 05 55

 

Ҷумъа, 16 Декабр 2016 16:20

 Ба таваҷҷӯҳи Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Аз СССР: Матлаби фавқ на танҳо ба вилояти Хатлон дахл дорад. Он беҳтарин шарҳи ҳоли журналистика дар тамомии вилоёту шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Бадахшони Тоҷикистон низ ҳаст. Зимнан агар имрӯз ба он таваҷҷӯҳ нашавад, фардо Давлати мо пеши бӯҳрони фикрӣ қарор хоҳад гирифт. Мо Метавонем!

саҳ 6 аз 14

Китобҳо

Flag Counter