ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 14 Декабр 2016 09:53

Сайти интернетии “Life” хабар медиҳад, ки Муҳайёхон-1 зани 32-сола аз Тоҷикистон, ки дар бозори “Садовод” авиакасса дошт, ҳини разбор бо 1 клиенти норозӣ корд хӯрдааст. Тибқи гузориши “Life”, рӯзи шанбеи 10 декабр, 6-7 нафаре, ки бо билетҳои аз дӯкони Муҳайё харидаашон натавонистаанд, парвоз кунанд, вориди кассаи ӯ шуда, бо талаби баргардони пулашон дастбагиребон шудаанд. Муҳайё ба даст корд гирифта, таҳдид кардааст, ки аз дӯкон бароянд, вагарна худашро корд хоҳад зад. Ҳини часпуталоши байни ӯ ва муштариёни норозӣ корд ба шиками билетфурӯш расидааст. Муштариён баъди чунин ранг гирифтани ҳол гурехтаанд ва худи фурӯшандаро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурдаанд. Пулиси минтақа ҳоло афроди гумонбар дар ин ҳодисаро меҷӯяд.

 

Чоршанбе, 14 Декабр 2016 09:42

Кумитаи ташкилии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки дар Қатар мегузарад, 13 декабр дар саҳифаи интернетии Твиттер 1 видеоролики кӯтоҳеро гузошт, ки дар он лаҳзаи ба дидори ҳам расидани Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаки 6-солаи афғон ва ситораи тими миллии футболи Аргентина ва клуби "Барселона” Лионел Мессӣ ба назар мерасад. Ин Кумита дар зери ролик таъкид карда навиштааст: "Кӯдаки шашсолае, ки орзуи дидани қаҳрамонаш Мессиро дошт, ахир ба орзуяш расид ва инро тамоми ҷаҳон бояд бубинад.” 

Сешанбе, 13 Декабр 2016 15:43

Тоҷиддин Пирзода Раиси раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баъди 7 моҳи маъмуррияти мувақатии Бонки миллии Тоҷикистон, бо роҳбарии Мирҳаёт Ёқубов, дубора ба симмати роҳбарии ин бонк баргашт. Маъмурияти муваққатии аз ҷониби Бонки миллӣ ба ин муассисаи молӣ таъиншуда 18 декабри соли ҷорӣ кори худро ба итмом мерасонад.

Душанбе, 12 Декабр 2016 12:11

1 моҳ қабл бо супориши редаксия тавассути қатораи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб сафар намуда дар бораи хизматрасонӣ дар вокзали ш. Душанбе, ҳолати вагонҳо ва набуди роҳу нақлиёт дар истгоҳи Сарбанд навишта будам. Он замон таъкид ҳам кардам, ки дар ояндаи наздик аз хатсайрҳои дигари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» истифода бурда, бо фаъолияти рӯзмарраи онҳо шинос хоҳам шуд. Инак, бо супориши редаксия рӯзи 3.12.2016 мусофири қатораи Душанбе-Пахтаобод гашта, аз истгоҳи Душанбе то истгоҳи Пахтаобод рафтам.

Душанбе, 12 Декабр 2016 12:07

Дар нуқтаи фурӯши сузишвории соҳибкор Ҳоҷӣ Саидмаҳмуд Раҳимов, сокини ноҳияи Бохтар 1 мошини Дулан-ҳомили гази моеъ дар вақти холӣ кардани газ ба нуқтаи сузишвори таркидааст. Дар натиҷа НФС комилан хароб шуда, Дулан низ комилан ба коми оташ рафтааст. Шоҳидон ва сокинони атрофи нуқтаи фурӯши сузишвори дар ҷамоати Бустонқалъаи н.Бохтар мегӯянд, ҳангоми таркиш Дулан пурра сӯхта, вале талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Дар ин таркиш 2 хона, ки аз нуқтаи фурӯши гази моеъ 50 метр дур будаанд, бом ва тирезаю деворҳояшон зарар дидаанд. Давлаталӣ Раҳмонов-шоҳиди ҳодиса мегӯяд, чунон таркиш сахт буд, ки пораҳои Дулан 2 деворро сурох карда, хонаводаи ӯ ҳудуди беш аз 2000 сомонӣ зарари молӣ дидааст. Файзалӣ Эмомов, сокини дигаре, ки боми хонааш шикаста ва оҳанпораҳое аз мошини газкаши Дулан ба хонааш задааст, гуфт, ки сӯхтор аз соати 13 шуруъ шуд. Ин мард мегӯяд, мунтазири он аст, ки мақомот зарари хонаводаи онҳоро шуморад ва ҷуброн кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати н.Бохтар мегӯяд, онҳо аз дирӯз корҳои тоза кардани атрофи ин нуқтаро дошта, ҳоло зарари расида ба мардум ва соҳибкорро нашумурдаанд.

Баҳодур Уроқов

СССР Қурғонтеппа

 

Душанбе, 12 Декабр 2016 11:42

 

Бадбахттарин моҷарои мо ин аст, ки фарзандони мардуми камбағалро аз кӯчаҳо шикор карда, Армия мебарему бо 1001 азоби виждон тариқи расонаҳо рапорт медиҳем, ки дар Тоҷикистон облава нест...

Душанбе, 12 Декабр 2016 10:19

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Ғозибеки Авазиён аз Кӯҳистони Масчоҳ ба СССР телефонӣ тамос гирифт ва гуфт, ки аз мақомоти ноҳия маро мегӯянд ки дигар ба ягон газетаҳои шахсӣ шикоят накун. Шахсан худи раиси ноҳия-Муҳаммадҷобир Раҷабзода ба воситаи миёнаравҳояш ба ман таҳдид дорад, ки «Агар 1 бори дигар ба СССР ва ё дигар нашрияҳо лаб ба шикоят мекушоӣ, лахт-лахтат мекунем!!!» Ҳатто таъкид кардаанд, ки аз ин таҳдиди онҳо низ ба СССР шикоят накунам! Мақомоти ноҳия чунин мепиндоранд, ки газетаи СССР нашрияи оппозитсионӣ аст. Акнун ман чӣ кор кунам? Ба ман роҳ нишон диҳед. Бовар кунед, баъди нашри чанд матолиби танқидии ману чанд бародари дигар аз Кӯҳистони Мастчоҳ теъдоди хонандагони СССР ба даҳҳо нафар расида, азбаски почтаи давлатӣ кор намекунад, мардум бо фармоиш СССРро дастрас карда мехонанд. Масчоҳи Кӯҳӣ пур аз проблема асту намояндаи президент бо муовину дигару дигар кормандонаш намехоҳанд, ки дар «боло» аз камбудиҳои ноҳия огаҳӣ ёбанд…

Аз СССР: Воқеан ҳам шикваи мардум аз ин кӯҳманзар зиёд шудааст. Ин ҷо чӣ сиррест накшода? Агар 1 тан шикоят мекард, коре ба хайр мебуд, одамон фавҷ-фавҷ шиква доранд. Мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Душанбе, 12 Декабр 2016 10:11

Бозоров Сафаралӣ, сокини кӯчаи Куйбишев-390, аз маҳаллаи Содиқов-54-и шаҳри Кӯлоб бо телефони 98 882 05 95 ба СССР занг задаву гуфт, ки мо рӯбарӯи дари Заводи пахтаи шаҳр 6 сотих замин дорем. Аммо 1 нафар корманди Раёсати Вазорати корҳои дохила дар ш.Кӯлоб, майори милитсия-Одинаев Қобил ба сари мо зӯрӣ дорад, ки «2 сотих заминатро ман мегирам. Ба куҷое арз мекунӣ кардан гир, аз дастат коре намеояд…» Майор бо ҳамин даъво аллакай дар 2 сотих замини мо «траншея» канда, фундамент партофтанист. Ман аз вазири корҳои дохила, мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода хоҳиш дорам, ки корманди худро насиҳат кунад, зеро мо бесоҳиб нестем…

 

саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter