ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 02 Декабр 2016 09:30

Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар мегӯяд, ки мушкилоти ширкати ҳавопаймоии туркӣ «Turkish Airlines» дар Душанбе, ки чанд рӯзи охир ба пеш омадааст, техникӣ буда он дирӯз ҳалли худро ёфт. Бояд  қайд намоем, ки тайи 1 ҳафтаи охир ҳавопаймоҳои ширкати мазкур, ки аз рӯи хатсайри Истанбул-Душанбе-Истанбул парвоз мекарданд, ба Душанбе намеоянд ва ин боиси нороҳатии мусофирон дар фурудгоҳҳои Истанбулу Душанбе гаштааст.

Ҷумъа, 02 Декабр 2016 09:14

 35 сол қабл, пас аз ироя шудани гузориш дар бораи баъд аз муоинаи тиббӣ ошкор гардидани аломати нав дар бадани 5 нафар шаҳрвандони қаблан солими Лос-Анҷелес, ҳаёти миллионҳо одамон ба кулли тағйир ёфт. Ин беморӣ номи «бемории пайдошудаи норасоии масуният»-ро (БПНМ) гирифт. Дар солҳои 1980-ум сироятшудагони ВНМО (вируси норасоии масъунияти одам) пас аз пайдо гардидани аломати бемории пайдошудаи норасоии масуният дар бадани онҳо, аксари вақт камтар аз 1 сол умр медиданд. Имрӯз бошад, табобати зиддиретровирусӣ, дар ҳолати дар марҳиллаи аввал ва ба таври муттаззам гирифтани он, метавонад ба шахси бо ВНМО сироятшуда ҳаёти муқаррарӣ бахшад. Ин нуқта дар баромади сафири ИМА дар ҶТ хонум Элизабет Миллард бахшида ба Рӯзи мубориза алайҳи бемории ВНМО, ки ҳамасола рӯзи 1.12.2016 қайд гирифта мешавад, зикр ёфтааст.

Панҷшанбе, 01 Декабр 2016 16:23

Соли 2017 давраи муҳим дар ҳамкориҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия аст ва аз рӯи нақшаи мудофиаи 2 кишвар, интизор меравад, ки Маскав ба Душанбе ҳавопаймою чархболҳои ҳарбӣ бидиҳад. Сергей Шойгу-вазири дивоъи ФР дар 1 изҳорот рӯзи 30 ноябр дар шаҳри Маскав бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо гуфтааст, ки ин нақша барои тақвияти суботу низом дар марзҳои ҷанубии СПАД мусоидат хоҳад кард. Ш.Мирзо дар мулоқот бо Шойгу гуфт, “марзҳои ҷанубии созмон пайваста таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор доранд”. Аммо ба таъкиди Сергей Шойгу, интиқоли ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ бо дарназардошти таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз Афғонистон, аз ҷумла баъд аз ҳузур пайдо кардани гурӯҳҳои марбут ба созмони “Давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон муҳим аст. Ба гуфтаи Шойгу, “ҳоло беш аз ҳазор афсарони тоҷик омӯзиш ёфта ва ин раванд идома дорад. Мо дарк мекунем, ки мубориза бо терроризми байналмиллалӣ кори дастҷамъона асту Русия дар ин кор ҳамеша дар канори Тоҷикистон”.

 

Панҷшанбе, 01 Декабр 2016 14:34

Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри ҳисоботи нави хеш эътироф кардааст, ки зимни таҳлили  фаъолияти ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ба хатоиҳо роҳ додааст. Хотиррас мешавем, ки чанде пеш ин вазорат фаъолияти ширкати «ТАЛКО»-ро зараровар хонду ширкатро дар пинҳон кардани даромадҳо муттаҳам намуд. Акнун вазорати молияи кишвар дар гузориши наваш, ки дирӯз дар сомонаи ин ниҳод ба нашр расид, мегӯяд, ки хато кардааст. Вазорати молия ин гузориши нодурусти худро дар бораи фаъолияти «ТАЛКО» ба хатоҳои техникӣ ва омилҳои инсонӣ рабт додааст. 

Панҷшанбе, 01 Декабр 2016 11:17

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз як қатор марказҳои савдо ва бозорҳо, аз ҷумла аз марказҳои савдои Фурӯшгоҳи Марказӣ (ЦУМ), «Пойтахт - 90» ва «Рӯдакӣ - Плаза» воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дидан намуд. Дар ин бора ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Рамазон Раҳимзода зимни боздид аз шароити корӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии марказҳои савдо, ҳамчунин бо фурӯшандагон ва харидорон оиди нарху наво ва тартиботи ҷорӣ ҳамсӯҳбат гашт. Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корбарӣ ва риояи тартиботи ҷорӣ дар баъзе аз марказҳои савдо як қатор камбудиҳо, аз ҷумла пӯшидани либоси ягона мушоҳида мегардид, ки  онҳо аз ҷониби масъулини соҳа сари вақт бартараф карда шуданд.

СССР

 

саҳ 14 аз 14

Китобҳо

Flag Counter