ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 12:27

Узви Ихвон-ал-СССР, Маъруф Зикриёев, сокини маҳаллаи 82-уми ноҳияи Синои пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки ҳозир дар бозори Саховат қарор дорам ва 1 ҷорӯби хонарӯбиро мепурсам, аз 10 то 14 сомонӣ қимат дорад. Бинед, ҷорӯб қамишест, ки дар деҳот кӯдак болояш найсаворӣ мекунад, дар бозорҳои шаҳри Душанбе бо нархи 1 кг гӯшти мурғ баробар шудааст. Инсоф куҷост? Агар танбалӣ накарда, ҳар сокини пойтахт дар айвонҳои баланду хушҳаво дар сатилу қуттиҳои ғафсу калони оҳанӣ ва чӯбӣ хоки офтобдидаро пур карда, ҷорӯбиву сабзавот бикоранд, дигар ягон ҳоҷат нест, ки  рафта аз бозор ҷорӯбу сабзавот бихарем. Заҳматаш он аст, ки ҳар сол хоки қуттиҳоро иваз кардан даркор, то қувваи нав дошта бошад…

 

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 12:26

Узви Ихвон-ал-СССР, Асрор Саидов, сокини деҳаи Яккатути ноҳияи Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, аз бозе, ки СССРро мехонам, дар аксарияти шумораҳои он дар бораи Ленину Сталин ва ҳизби коммунист мақолаҳо чоп мешаванд. Ба гумонам, на Ленину Сталин ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба Тоҷикистон наомада буданд. Ҳар чӣ буд, аз подхалимҳои «худӣ» шуд. Онҳо хабарҳои дурӯғу бӯҳтонро ба роҳбарони боло мебурданду душмани қаттоли сохти ҷамъияти навин месохтанд. Андешаи бади баъзеҳоро дар ҳаққи Ленину Сталину Брежнев ва дигар шахсони хизматнишондодаи СССР мехонаму зиқ мешавам. Наход ин қадар хизмате, ки Ленин барои миллати Тоҷик кард, нодида гирем? Ростӣ, навиштаҳои Ленинбадбинон маро зардоб кардааст. Ман коммунист нестам, лекин носипосӣ намекунам чун дигарон!

 

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 12:07

Номи Сайдамир Зуҳуров-вазири амнияти Тоҷикистон дар таърих ҳамчун ягона вазир-генерале, ки барои раҳоии гаравгонҳо ҷони худро ба гарав гузоштааст, абадан сабт гардид...

Боевики Ризвон силоҳро барои чӣ нигоҳ медошт?

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 10:44

1 манбаъ ба СССР гуфт, ки рӯзи 14 декабр 2 корманди шуъбаи муҳофизат (отделохрана) ҳамдигарро бо корд зада, маҷрӯҳ кардаанд. К.Саидзода-Сардори шуъбаи муҳофизат дар вил.Хатлон дар пайи тасдиқи ин хабар гуфт, ки 2 корманди ӯ ҳангоми навбатдорӣ, байнашон муноқиша пайдо шуда, якдигарро бо корд захмӣ мекунанд. Тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомот давом дорад.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 10:04

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии роҳбари Дастгоҳи Раиси ш.Қӯрғонтеппа, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Азимзода Назир вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаи ВКД бо ҷавонон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр ва соҳаи маорифи шаҳр оид ба масъалаи «Ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани он» доир шуд. Аз ҳисоботи Сардори Шӯъбаи ВКД дар ш.Қӯрғонтеппа, полковники милитсия Нуралӣ Раҷабзода «Сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва мубориза бо он» аён шуд, ки ҳанӯз ҳам сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасон ва ҷавонон ташвишовар буда, таълиму тарбия ва назорати онҳо диққати ҷиддиро талаб менамояд. Ба ин хотир дар мавзӯи «Сабабҳои ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгири намудани он» Азимзода Назир бо нишон додани мисолҳои мушаххас сӯҳбати фаҳмондадиҳӣ доир намуданд. Ҷавонон низ дар интиҳо аз натиҷаҳои ин гуна вохӯриҳо ва шукргузорӣ аз ваҳдату оромии кишвар ибрози ақида намуданд.

Баҳодру Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, 15 Декабр 2016 08:57

Осоишгоҳи «Сатурн»

Таъҷилан ба ҳамшираи шафқат-Медсестра ниёз дорад. Маоши хуб, фоизи изофаи пулӣ, 3 вақт хӯроки гарм, ҷои хоби хубу замонавӣ дар бинои осоишгоҳ кафолат дода мешавад. Шитобед то дер намонед! Мо Метавонем!

Тел барои тамос: 93 529 99 99

 

Чоршанбе, 14 Декабр 2016 15:23

Шавкат Мизиёев бо Қуръон ва Конститутсия савганд хурд ва президенти расмии ҳамсоякишвар таъин гардид. 

Маросими инагуратсия ё худ савгандёдкуниву батахтшинии мавсуф имруз-14.12.2016 дар Тошканд баргузор гардид. Мувофиқи сарқонун баъди 60 рӯзи интихобот президенти нав бояд савганд хӯрдаву корро сар кунад, вале чун ин кишвар 4 моҳ шуд, баъди марги Ислом Каримов, бе сарвар аст, тасмим гирифта шуд, ки Мирзиёев 10 рӯз баъди интихобот қасам хӯрад. Дар рӯзи 4.12.2016 Мирзиёев бо касби 88% овозҳо раисҷумҳури Ӯзбакистон таъин шуда буд.

Хотиррас мешавем, ки президенти қаблӣ-Каримов аввали моҳи сентябр вафот кард ва интихоботи мазкур ғайриинтизор буд. Аз Мирзиёев дар Тоҷикистон умедҳои зиёд доранд ва ба ӯ гармиҳои баъдикаримовиро пайваст мекунанд, ки ҳаёт нишон хоҳад дод, то кадом ҳадд ин хостаҳо бароварда мешаванд. Бо ин ҳама равуо бо ин кишвари пӯшида аллакай бештар шудаанд ва тибқи хабарҳо бояд самолетҳо низ сар аз соли нав парвоз кунанд. Ҳарчанд газетаи СССР ба ин ҳама боварҳои сиёсатмадорони ватанӣ бо шубҳа нигарад ҳам, «умеду ормон охирон мемирад» гӯён мо низ дастбадуоем, ки чунин буда бошад, ки мо мехоҳем...

Шавкат Мирзиёев, ки қаблан дар симмати сарвазир фаолият дошт, рӯзи 14.12.2016 истеъфо дод ва дар ҷояш Абдулло Орипов пешбарӣ шудааст.

 

Чоршанбе, 14 Декабр 2016 11:12

Роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» ба ивази қарзи Хуршед Маҳмадиев, сокини н. Восеъ, ки 8 моҳи охир наметавонист 6 ҳазор доллари ИМА пасандози ба бонки мазкур мондаи хешро бигирад, мошини сабдукрави "Toyota Camry" дод. Бояд қайд намоем, ки Хуршед Маҳмадиев дар оғоз ба филиали ин бонк дар н. Восеъ 15 ҳазор доллари амрикоӣ монда буд, дар ин муддат 9 ҳазорашро гирифта 6 ҳазори боқимондаро бошад тӯли 8 моҳи охир наметавонист ба даст бигирад. Аз ин лиҳоз, Хуршед ба додгоҳ ва ВАО муроҷиат карда буд. Ҳоло, бо баргаштани Тоҷиддин Пирзода ба садорати ин бонк, мушкили Хуршед ин тарз ҳалли худро ёфт ва ӯ аз идомаи баҳс даст кашида дигар аз «Тоҷиксодиротбонк» даъвое надорад.

 

СССР

 

 

саҳ 8 аз 14

Китобҳо

Flag Counter