ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 05 Декабр 2016 17:19

Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ Шавкат Мирзиёевро пас аз эълон шудани натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки 4.12.2016 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, табрик намуд. Шавкат Мирзиёев бо 88% овоз президенти нави ҶӮ интихоб гашт. Чуноне ки расонаҳои хабарии кишвари ҳамсоя иттиллоъ медиҳанд, дар баробари Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин Ҳотамҷон Кетмонов, Сарвар Отамурдов ва Наримон Умаров низ номзад буданд. Кумиссияи марказии интихоботи ин мамлакат имрӯз эълон намуд, ки Кетмонов 3,73%, Умаров 3,46% ва Отамуродов 2,35% овоз гирифтанд. Шавкат Мирзиёев, президенти нави Ӯзбакистон, рӯзи 24.07.1957 дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон таваллуд шуда, маълумоти олӣ дошта номзади илмҳои техникист. Фаъолияташро соли 1981 дар Донишкадаи муҳандисии хоҷагии қишлоқ шуруъ кардааст. Соли 1990 вакили Шӯрои олии Ӯзбакистон интихоб шуда, аз соли 2003 нахуствазир ва аз моҳи сентябри соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва 5 набера аст ва бори аввал рӯзи 4 декабр, яъне дар рӯзи интихоботи президентии Ӯзбекистон, ҳамроҳи хонаводааш дар 1 қитъаи раъйдиҳӣ дар Тошканд зоҳир шуд.

 

СССР

 

Душанбе, 05 Декабр 2016 17:14

28.09.2016, соати 15:00 дақиқа. Дар Театри драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоишномае бо номи «Қиссаи ғамгину рангин» пешкаш шуд. Ман бо даъвати 1 корманди театр дар қатори охирон ҳамроҳи 2-3 зан, ки худро коргарони театр гуфтанд, нишастам. Дар саҳна якбора ҳунарманди боистеъдод ва хушсадо Қурбони Собир пайдо шуда, тамошобинонро хайрамақдам гуфта, баъдан намоишнома пешкаш шуд. Аз хонандаи СССР узр мепурсам, ки аз рӯи асари кӣ будани намоишномаро нафаҳмидам, лек ба худ ғизои маънавӣ гирифтам, чунки дар он ҳама паҳлӯи зиндагӣ ҷой дошту пур аз дард буд. Ҳунарманди шинохта-Мастураи Ортиқ дар нақши ҳамсари марди бемор барои нигоҳубини шавҳар амонати ӯро аз муллои маҳал гирифтанӣ буд. Лек мулло амонатро ба хубӣ доданӣ набуд ва ба ӯ нияти нопок дошт. Зан барои амонати шавҳарро гирифтан назди кадом раисе, ки намерафт, ба ӯ нияти нопок доштанд. Дар охир ӯ аз ғазаб чанд найранги занонаи худро ба кор бурд, зеро покдоман буд ва мехост ҳамаи мардҳои номардро шарманда созад. Ҳини ҳилаю найранги ин зан тамошобинон механдиданд, вале ман мегиристам, зеро дар он ҳаёти имрӯзро медидам. Имрӯз агар зан ё духтаре назди раисе барои эҳтиёҷ, ё кор омӯхтан равад, ҳарфи аввал бо ӯ ишқ варзидан асту маишат, агар не кори ӯ амалӣ намешавад. Бисёр мехостам сафи тамошобинони театр аз ҳисоби чунин роҳбарону раисон зиёдтар мешуд, шояд ба зани муштипар раҳм мекарданд. Охир, ин дард не, фоҷиа аст ва чунин номардҳо дар ҷомеаи имрӯз зиёданд. Дар охир сидқан изҳори ташаккур мекунам ба аҳли эҷоди театр, барои намоиши пурмазмун ва хело диданиву омӯхтанӣ. Браво, Қурбони Собир! Мо Метавонем!

Хосияти Равшан,

ш.Душанбе, тел: 918 16 64 20

 

Душанбе, 05 Декабр 2016 17:11

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР аз ноҳияи Муъминобод Наҷмиддин Ибодов бо телефони 98 598 95 48 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман ҳамин ҳоло «Лашкари беваҳо…»-и журналист Марҳабо Рамазонзодаро хонда истодаам. Дар ин маврид, 1 суол дар зеҳнам пайдо шуд. Чаро дар ин матлаб акси Идигул Қосимзода-раиси Кумитаи кор бо занони ҷумҳуриро нагузоштед? Зеро ин матлаб маҳз ба ӯ дахл дорад-ку. Дигар ин ки оё Ҳукумати марказӣ ба проблемаи бардоштаи Марҳабо-хоҳари азизи мо, таваҷҷӯҳ мекарда бошад? Агар не, навиштаҳои ӯ мисли садҳо матолиби доғи рӯзи газетаи СССР ягон фоида намекунад ва ба «воздух» меравад.

 

Душанбе, 05 Декабр 2016 15:35

Суди вилояти Хатлон 4 сокини вилояти Хатлонро барои шомилшавӣ ба ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» аз 12 то 15-сол суд кард.

 

Муовини суди вил.Хатлон-Муҳиддинзода Сайфуддин дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Файзалиев Беҳрӯз (с.тав.1993) сокини н.Хуросон аз соли 2014 то 2015 ҳини қарор доштанаш дар шаҳри Толятии вил.Самараи Русия дар сайти интернетии Ютуб расму наворҳои роҳбари ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24»-Умаралӣ Қувватов ва дигар аъзои онро пайваста тамошо ва ақидаҳои ифротии онро аз Ютуб ва Радиои «Зелло» дар телефони мобилиаш сабт мекунад. Ҳол он, ки «Гурӯҳи 24» ҳамчун ташкилоти экстремистӣ аз санаи 9.10.2014 бо ҳалномаи Суди Олии ҶТ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъ шудааст. 

Душанбе, 05 Декабр 2016 11:56

Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт аз моҳи декабри соли 2010 инҷониб шаҳрванд Хайруллоева Гулрӯ Маликовна, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияро ҳамчун шахси бе ному нишон гумшуда ҷустуҷӯ менамуд. Кормандони милитсия бо тартиб додани воқифномаҳо ва ҷамъоварии маълумот чораҳои дахлдор андешида, асрори нопадид шудани ҷавонзанро бо гузашти 6 сол ошкор намуданд. Натиҷаи бедарак шудани Гулрӯ Хайруллоева ин ҷинояти махсусан вазнин, одамкушӣ мебошад.

Душанбе, 05 Декабр 2016 10:01

Узви Ихвон-ал-СССР, Солеҳҷон Зайниддинов, аз деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз бо телефони 900 55 57 57 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки мақолаи «Иди 20 копеека»-и Сайёфи Мизробро дар шумораи гузаштаи СССР хонда, фикри худро гуфтаниям. Ҳамон тасвире, ки муаллиф кардааст, айнан дар ноҳияи мо дидан мумкин аст. Барои мисол духтури ноҳия 50 км роҳро тай карда, ба деҳаи Хостав рафта, беморро аз ҳисоби худаш табобат кард, ҳатто пули бензинашро нагирифт: Ҳамту аз барои савоб! Иншооллоҳ, аз ин хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳияи мо бӯи СССРи сағерапарвар омадан дорад ва мо бовар дорем, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз нав барпо мешавад, зеро чунин одамгарии замони СССРро ҳоло ҳамаи мо дар ёд дорем.

Душанбе, 05 Декабр 2016 09:54

Ракурси миллӣ-7

Душанбе, 05 Декабр 2016 09:36

Қариб 40 нафар дар ҷустуҷӯ

саҳ 12 аз 14

Китобҳо

Flag Counter