ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 02 Октябр 2017 10:28


Писари Гулнора Каримова-Ислом Каримови хурдӣ-набераи Ислом Каримови раҳматӣ-президенти собиқи Ӯзбекистон, дар сӯҳбат бо радиои ВВС Генпрокураи ин кишварро барои ташкили делои сохта зидди модараш айбдор карда гуфт, $2 млрд долларе, ки Генпрокуратураи Узбакистон ба очааш нисбат додааст, аз ӯ нест. Ислом гуфтааст, аз вазъи молии модараш хабар дошт ва ин иттилои прокуратура аз ҳаво гирифта шудааст.

Душанбе, 02 Октябр 2017 10:23


Ҳар шомгоҳӣ, ҳини аз кор баргаштан, назди варзишгоҳи деҳа каме истода назар мекардам, ки чигуна ҷавонон бо шавқи зиёд футбол доранду касе нест, онҳоро дастгирӣ кунад. Зимнан мақсад гузоштам, ки ба қадри имкон ҳам бошад кӯмакашон мекунам, барои таъсис додани дастаи футбол. Номи дастаро СССР гузоштам, чун мухбири СССР дар вилояти Хатлон ҳастам. Дар ин даста ҳоло 16 нафар ҷавони аз 16 то 25-сола тӯб мезанад. Дар зеҳни хонандаи ин сутур суоле ҳатман пайдо мешавад, ки муассисаш барои рушди он аз куҷо сармоя меёбад? Дуруст, ба қавли Иоганн Гёте «барои мақсади бузург-нерӯи бузург лозим аст!». Баъди таъсиси даста ва барои дастгирӣ-спонсорӣ ба 1 соҳибкорзани ватанӣ муроҷиат намудам. Ин зани сахӣ аз шунидани чунин хайри варзишӣ кӯмаки хешро дареғ надошта, қавли мардона дод, ки спонсор мешавад! Ва ҳам шуд! Аммо сахт хоҳиш намуд, ки хайри дасти росташро бояд дасти чапаш нафаҳмад, ба ин маънӣ, ки овозааш накунем. Лиҳозо, аз спонсори даста сидқан миннатдорам!
Хуб, ҳадафи таъсиси ФК СССР ин рушди футболи маҳаллӣ ва ба тадриҷ ба Лигаи 2-юм баромадан аст! Аминам, ки дар ин самт раиси н.Бохтар-Ҷаббори Ғаффор кӯмак мекунад, чун худи ӯ футболдӯстор аст! Умедворам, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиш, инчунин раёсати ФФТ дар вилояти Хатлон барои пешравии даста ёрии худро дареғ намедоранд. Ва низ ҳар нафаре, ки мехоҳад дар ин кори хайр саҳм гузорад, шод хоҳем шуд. Зеро ин дастаи футбол аз мардум аст!!! Мо метавонем!

Баҳодур Уроқов,
мухбири СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, 02 Октябр 2017 10:14


1 моҳ мешавад, ки ба идораи газетаи мардумии СССР дар мавриди роҳбарият ва фаъолияти ноқиси Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз номи бархе аз кормандони собиқи он номаҳои шикоятӣ мерасанд.
Айни замон, дар кишвари мо 4 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд ва калонтарини онҳо МОИ «Данғара» ба ҳисоб меравад. Пас аз шикоятҳои пайдарпай, Сайёфи Мизроб-сардабири газетаи СССР тасмим гирифт, мухбир-ревизори газета Ҷамила Ҳусейноваро ба МОИ «Данғара» фиристад, то бубинад, ки вазъу фазо дар ин минтақа чӣ гуна аст ва оё роҳбарият ба журналист иҷозаи вуруд ба минтақаро медиҳанд, ё не? Шикояткунанда, ки намехост арзаш бо ному насабаш дар рӯзнома чоп шавад, борҳо таъкид мекард, маъмурияти МОИ «Данғара» ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки одами бегона вориди минтақа гардад:
-Намегузоранд! Даромада НаМетавонед! Онҳо касеро ба ин минтақа роҳ намедиҳанд!!!-бо эҳсосот мегуфт ин шахс.
Аммо сардабири мо бо мулоиматӣ ва дипломатия қотеъона гуфтанд:
-Медароем ва Мебинем. Мо Метавонем!
Бо ҳамин, бо амри сардабир, мухбири мо дар оғози ҳафтаи нав сӯи МОИ «Данғара» роҳ гирифт ва ӯро ҳамчун журналист аз газетаи СССР на танҳо хеле ҳам хуб пешвоз гирифтанд, балки тамоми минтақа ва корхонаҳои онро нишон доданд. Директори МОИ «Данғара» Саъдулло Асламбек Юсуфӣ низ намояндаи газетаи СССРро шахсан қабул намуда, перомуни бурду бохти минтақа, фаъолияти субъектҳо ва проблемаҳои рӯзмарра сӯҳбат карда афзуд:
-Дар ин ҷо ҳама ба газетаи СССР бовар ва эътимод доранд ва мо шодем, ки хабарнигори ин газета ахиран ба МОИ Данғара ташриф овард. Шумо Метавонед!



 Фаъолтарин МОИи кишвар
25.09.2017. Соат бо вақти Душанбе 06:00 дақиқа. Ба азми сафар кардан ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар н.Данғара воқеъ аст, ба сӯи терминали мусофиркашонии нав, ки дар километри 9-ум ҷойгир шудааст, роҳ пеш мегирам. Дар бораи он, ки ин терминали ба ном муосир ва ҷадид чӣ гуна шароит дораду кор дар инҷо чӣ тавр сурат мегирад, ба таври алоҳида хоҳам гуфт. Танҳо зикр карданиям, ки мавҷудияти чунин терминал, ки одитарин шароиту имконотро барои алоқаи байнишаҳрӣ надорад, барои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст. 1 мошини сабукрави тозатарро, ки дар самти Душанбе-Данғара мусофиркашонӣ мекардааст, интихоб намуда нишастам ва ӯ ваъда дод, ки маро то МОИ «Данғара» хоҳад бурд ва ҳамин тавр ҳам кард. Расо пас аз 2 соат ман дар назди дарвозаи МОИ будам.

Корхонае, ки маро шок кард-ба таври мусбӣ!


Бояд гуфт, ин минтақа, ки соли 2011 таъсис дода шудааст, калонтарин минтақаи озоди иқтисодии мамлакат ба шумор рафта, дар 521,3 га ҳудуд тӯл кашидааст ва назар ба дигар минтақаҳо дар МОИ «Данғара» кор тамоман ранги дигар гирифта, дар муддати кӯтоҳ аллакай 1 қатор корхонаҳои бузурги саноативу истеҳсолӣ қомат афрохта, омодаи фаъолият ҳастанд. Бархе аз ин корхонаҳо дар миқёси давлатҳои Осиёи Миёна ҳамто надоранд ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гашта, дар сурати ба кор шурӯъ намудан, ҳатман фоида хоҳанд овард.
Аз сӯҳбат бо Асламбек Саъдулло Юсуфӣ аён гашт, ки аз оғози фаъолияти МОИ «Данғара» то ба имрӯз дар инҷо 28 субъект ба қайд гирифта шуда, айни замон 21 субъект аллакай корхонаҳои хешро бунёд намуда, дар пайи оғози коранд. Танҳо дар с.2017 3 субъекти дигар ба қайд гирифта шудааст. Субъектҳои минтақа танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба 30,8 миллион сомонӣ маҳсулот бароварда, корҳои иҷрошуда дар ин давра ба 29,6 миллион сомонӣ расонида шуд. Ҷамъи сармояҳои субъектҳои минтақа дар давраи фаъолият ба 1 миллиарду 354,6 миллион сомонӣ ва ё 184,6 миллион доллари ИМА баробар аст!

 Корхонаи коркарди нафт-бузургтарин дар Осиёи Марказӣ
Дар МОИ «Данғара» калонтарин корхонаи коркарди нафт бо ҷалби сармояи хитоӣ бунёд шуда, аллакай барои фаъолият омодааст. Ин корхона, ки аз рӯи нақшаи қаблии сармоягузор ширкати «Дупек»-ҳамчун ширкати сохтмонии Корхонаи коркарди нафти «ТК Ойл» ба шумор меравад, бояд дар минтақаи Шибирғони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бунёд мешуд, вале коршиносони МОИ «Данғара» бо гузаронидани сӯҳбату мулоқотҳои тӯлонӣ ва пешниҳоди имконоту шароити фароҳам сармоягузори хитоиро мутмаин сохтанд, ки барои бунёди ҳамчунин корхона Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МОИ «Данғара» беҳтарин макон буда, аз лиҳози ҷуғрофӣ ва амниятӣ низ он дар маҳалли хуб қарор дорад. Пас аз гуфтушунидҳои зиёд, ширкати «ТК Ойл» тасмим мегирад, бузургтарин корхонаи коркарди нафти хешро дар Осиёи Марказӣ маҳз дар Данғара бисозад ва чунин ҳам мешавад. Аз лиҳози амнияту бехатарӣ низ барои ин сармоягузор Тоҷикистон бартарият дорад. Айни замон 98% корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, марҳилаи 1-уми он ба охир расидааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар марҳилаҳои 1-уму 2-юм 400-500 миллион доллари амрикоӣ буда, иқтидори истеҳсолияш коркарди 1,5 миллион тонна нафт дар 1 сол аст. Бо ба истифода додани ин корхона 600 нафар соҳиби ҷойҳои нави корӣ гашта, корхона аз тарафи ширкати «ХЕ ЛИ»-и Ҷумҳурии мардумии Хитой сармоягузорӣ шудааст. То ба имрӯз аз ҷониби ширкати «ТК Ойл» бо ширкатҳои нафткашии кишварҳои Қазоқистон, Русия ва Эрон дар мавриди содироту воридоти нафти хом гуфтушунидҳо ба анҷом расидааст. Ин корхона нафти хомро ворид карда, пас аз коркард онро боз дубора ба бозори ҷаҳонӣ хоҳад баровард.

 Номи ширкатҳои бонуфуз дар феҳристи минтақа


Ба ғайр аз корхонаи коркарди нафт, инчунин, дар минтақаи мазкур боз даҳҳо ширкатҳои дигари ватаниву хориҷӣ корхонаву заводҳои махсуси хешро бунёд карда истодаанд. Агар бархе дар ҳоли сохташудан бошанд, қисмати дигаре аллакай ба истеҳсолот сар кардаанд. Аз ҷумла, корхонаи конструксияҳои металлӣ, ки аз тарафи ҶДММ «Ауфен» сохта шуда, ҳаҷми сармоягузории он қариб 20 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 120.000 тонна металл дар 1 сол буда, бо пурра ба кор шурӯъ намудани он 200 нафар имкони бо ҷои кор таъмин шуданро дар ин корхона доранд. Корхонаи коркарди меваи хушк аз ҷониби ҶДММ «Грин голд» бунёд шуда, он асосан меваи хушкро аз аҳолӣ харида, баъдан коркард ва бастабандӣ карда, ба хориҷа содир мекунад. Соли гузашта аз тарафи ин корхона ба кишварҳои дигар, аз ҷумла, Аморати муттаҳидаи Араб ва ИМА 80 тонна пистаи сирф тоҷикӣ пас аз коркарду бастабандӣ содирот карда шуд. Соли равон бошад корхона ният дорад то 100 тонна меваи хушкро содирот намояд. Дар ин корхона асосан занҳои маҳаллӣ кор карда, ҳаҷми сармояи он қариб 10 миллион сомонист. Корхона ба 50 нафар имкони ҷои кор додааст.
Ҳамчунин, дар МОИ «Данғара» ширкатҳои шинохтаи Тоҷик ва хориҷ низ корхонаҳои хешро сохта, барои фаъолияти минбаъда шароит фароҳам кардаанд. Имрӯз дар ин минтақа ҶДММ-ҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «ТоҷАгроРушд», «Лолазор 88», «Зафар Чинг Кай», «РосТоҷТорг», «Офтоби Шарқ», «Нарзан 2016», «Шенсӣ», «ПАК Сомонӣ», «Саддаҳо»…, ки аллакай дар бозори ҷаҳонӣ сазовори бренди худ гаштаанд, корхонаҳои худро доранд.

 Ноустувории бонкҳо-проблемаи №1
Корхонаҳои МОИ «Данғара» айни замон танҳо 1 мушкил доранд ва ин ҳам ноустувории бонкҳои кишвар, аз ҷумла, «Агроинвестбонк» мебошад. Аксарияти ширкатҳои сармоягузор маблағҳои хешро ба ин бонк гузоштаанду тавассути он тамоми додугирифти пули хешро ба сомон мерасонанд, аммо вазъи ногувори бонкҳо ва камбуди маблағ ҳоло боиси аз кор мондани сохтмон ва ё истеҳсолот шудааст. Маҳз ҳамин проблема сабаби ба охир нарасидани корҳои сохтмонии корхонаи коркарди нафт шудааст:
-Ширкати «Дупек» бо сабаби он, ки маблағи бузургаш дар «Агроинвестбонк» ба қавле ях кардааст, на метавонад сари вақт маоши кормандонашро бидиҳад, на метавонад андозҳоро пардохт кунад ва аз ҳама муҳим наметавонад ба марҳилаи 1-уми лоиҳа нуқта гузошта, барои иҷрои марҳилаи 2-юми лоиҳа пул бигирад. 260 миллион доллари ИМА, ки барои марҳилаи 2-юми корхонаи коркарди нафт ҷудо шудааст, то ба охир расидану аз худ кардани марҳилаи 1-ум наметавонад ба Тоҷикистон ворид шавад. Зеро тартиби кории сармоягузор чунин аст!
На танҳо ин корхона, балки боз чанде аз ширкатҳои дигар низ маҳз бо сабаби набудани маблағ дар бонкҳои Тоҷикистон имрӯз бо бӯҳрони пулӣ рӯбарӯ шудаанд ва имкони идомаи корҳои сохтмонӣ ва истеҳсолиро надоранд, ё ба таъхир гузоштаанд.

 МОИ ба роҳи оҳан ниёз дорад!
МОИ «Данғара» айни замон ба хатти роҳи оҳан хеле ниёз дорад. Роҳи оҳане, ки аз қитъаи роҳи Сангтӯда-Саргазон ба минтақа кашида шавад, дар оянда метавонад ба воридоту содироти молу маҳсулот кӯмаки бисёр намояд. Аз роҳи оҳани мавҷуда то дохили минтақа, аниқтараш то нуқтаи нафтрезии корхонаи коркарди нафт каме бештар аз 1 км масофа аст ва дар ин масир бояд роҳи оҳан бунёд шавад.

Барқ мушкили дигари МОИ
КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бояд сари ин масъала биандешад, зеро бо бунёд ва ба истифода додани он пеш аз ҳама буҷаи ин корхона ғанӣ мегардад, на дигар. Мушкилоти дигари МОИ «Данғара» имрӯз ин тезонидани кашидани хати барқи баландшиддати 220кВ аз НБО «Сангтӯда-1» ва зеристгоҳи Шар-Шар то ҳудуди минтақа ва таъмини доимии субъектҳо бо барқ аст. Маълум аст, ки тамоми субъектҳои минтақа ба истеҳсолот машғуланду барои ин барқи бештар лозим ва барои доимӣ фаъолият кардани онҳо пеш аз ҳама корхонаҳоро бояд бо барқ таъмин намуд. Бунёди хати оби иловагӣ ба минтақа низ яке аз масъалаҳои муҳими маъмурияти МОИ аст ва ҳоло сари ин проблема корҳои лозима амалӣ карда шуда истодаанд. Ҳалли масъалаи хизматрасонӣ аз ҷониби бонкҳои кишвар нисбат ба субъектҳои минтақа ва додани коди терминали гумрукӣ дар минтақа бошад то ҳол ҳалли худро наёфтаанд…

 Беш аз 300 га пиёдагардӣ
Пас аз боздиду сӯҳбат ва мулоқот бо маъмурияти МОИ «Данғара», ки 3-4 соат тӯл кашид, мухбири СССР аз 521,6 га минтақа, наздики 300 гектари онро пиёдаву савора гашт ва бо чашми сар дид, ки минтақа ба 1 шаҳри азими саноативу сохтмонӣ монанд асту новобаста аз бӯҳрони молиявӣ кор дар ҳар 1 корхона ҷӯш мезанад. Боз ҳам новобаста аз мушкилиҳо ва дасисабозиҳо, маъмурияти МОИ «Данғара» ҳамеша дар ҷустуҷӯи сармоягузорон ва шарикони нав асту барои ҷалби онҳо пайваста мекӯшад.
Шояд имрӯз бархе ба мӯҳтавои фаъолияти МОИ сарфаҳм намераванду мавҷудияти чунин минтақаҳоро нолозим мешуморанд, аммо даҳсолаҳо баъд мефаҳманд, ки таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ азме будааст саривақтӣ ва фоидаовар. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Данғара-Душанбе, 25.09.2017

Душанбе, 02 Октябр 2017 10:09

Марзшиканони афғон боз 1 шаҳрванди Тоҷикро ба гарав бурданд. Вале бо гузашти вақти зиёд ҳанӯз ҳам аҳволи ин шаҳрванди Тоҷикистон норӯшан боқӣ мондааст…

Душанбе, 02 Октябр 2017 10:04


Дар н.Муъминобод раҳбарони макотиби миёна натавонистанд, ки сари вақт маблағ барои таъмири мактаб аз буҷети ноҳия дастрас намоянд. Мудирони мактаб аз ночорагӣ маҷбур шуданд, ки таъмирро бо роҳи қарз ба анҷом расонанд. Масъулон мегӯянд, натанҳо имсол, балки соли гузашта низ таъмири мактабро бо роҳи қарз ба анҷом расонида буданд. Сафархон Маҳмадшоев-муовини мудири шуъбаи маорифи н.Муъминобод дар суҳбати телефонӣ ба СССР гуфт, ки имсол дар ноҳия 55 мактаби миёна, 1 мактаб-интернати ятимон ва бепарасторон, 2 гимназия, 1 маркази компютерӣ, дар ҷамъ 62 муассисаи таълимӣ амал мекунад, ки таъмири онҳо аз буҷети ноҳия ва бо кӯмаки волидону омӯзгорон тармим шуданд, - гуфт ӯ. Мутаассифона, бештари муассисаҳо аз пардохти маблағ бенасиб монда, муассисаро бо роҳи қарз таъмир намуданд. Амриддин Сайфиддинов-директори мактаби №30 дар суҳбат бо СССР афзуд, ки «аз буҷети ноҳия 3500 сомонӣ барои таъмир ҷудо шудааст, ки аз ин маблағ 2985 сомонӣ дастрас намудем. Ин хело кам аст. Барои таъмири бинои муассиса басандагӣ намекунад. Мактабро бо роҳи қарз ва аз ҳисоби ассотсиатсияи волидон аз таъмир баровардем. Ҳоло ҳам аз мағозаҳо қарздорем».
Зимни таҳқиқ аён шуд, ки сифати корҳои таъмири баъзе аз муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи паст анҷом ёфтаанд. Фарзи мисол, гарчанде даруни бинои мактаби №39-и деҳаи Туто каме рангу бор шуда бошад ҳам, аммо берун ва пушти бинои мактаб боре ҳам таъмир нашудааст. Давлаҳмад Абдуллоев-мудири ҳамин мактаб мегӯяд, «аз буҷет 3000 сомонӣ ҷудо шудааст, лек ин хело маблағи кам аст. Бо ин ҳатто 2 синфхонаро таъмир карда намешавад. Бинои пеши мактабро бо кумаки соҳибкорон ва волидони хонандагон таъмир намудем. Мактаб аз соли 1990 то инҷониб фаъолият карда, 638 нафар хонанда дорад, вале ягон бор таъмир нашудааст.
Ҷ.Паҳлавонов-директори мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳия зимни суҳбат бо СССР иброз дошт, ки «таъмири муассисаро бо роҳи қарз ба анҷом расонидем. Ҳоло аз дӯкону мағозаҳо қарздорем. Дар сметаи муассиса барои таъмир аз буҷети ноҳия 10.000 сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо то ҳол ягон маблағашро мо дастрас накардаем…».
Аммо дар 1 суҳбат бо Тоҷиддин Мирзобаротов-сардори шуъбаи хазинадории молияи Ҳукумати н.Муъминобод маълум шуд, ки маблағи таъмир аз буҷети ноҳия барои таъмиру тармими мактабҳо дар моҳи август-сентябр ҷудо шудааст. Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт, ки маблағи таъмир аз рӯи харҷномаҳои мактабҳо пардохт карда мешавад. Чанд муассисаи таълимие, ки мудирони мактаб аз буҷети ноҳия маблағи таъмирро гирифтаанд, ин аст:
Мактаби №30 3000, мактаби №39 3000, мактаби №7 1500, мактаби №1 6000, мактаби №48 5000 сомонӣ маблағи дар харҷномаҳо тасдиқшуда пурра пардохт гардидааст...».
Бояд гуфт, ки бештари мактабҳои таълимӣ то ҳол аз пардохти маблағ бенасиб монда, тармими муассисаро бо роҳи қарз ва кӯмаки омӯзгорон ба сомон расонидаанд. Дар фарҷом аён гардид, ки феълан шумораи зиёди мактабҳои миёнаи ноҳия бо қувваи худи омӯзгорон таъмир дидаанд. Омӯзгорони мактабро барои ҷалб дар корҳои тармим ҳеҷ кас «музд» намедиҳад. Роҳбари дилхоҳ мактабро аз таъмир пурсӣ, танҳо 1 гап мегӯяд: «Таъмири мактабро аз ҳисоби каме қарз ва тариқи ҳашар бо кӯмаки омӯзгорон ба охир расонидаем». Пас, суоли матраҳ ин аст: Агар таъмири мактабҳо бо каме қарзу кӯмаку ҳашари волидону омӯзгорон анҷом ёфта бошад, пас маблағҳои ҳангуфте, ки аз буҷети ҳукумати ноҳия ҷудо мешаванд, куҷо мераванд?

Исломи Раҷабалӣ,
СССР, Кӯлоб

Душанбе, 02 Октябр 2017 10:02


(вокуниш ба матлаби «Иноятзода 100 оиларо бехона карданист!», СССР, №31(464), 3.08.2017)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Истаравшан матлаби дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Қалъачаи Калонро мавриди баррасӣ қарор дод. Ин мавод асоси воқеӣ надошта, қитъаи замини мазкур ба гурӯҳи заминҳои кишоварзӣ дохил буда, дар вақти таҷдиди хоҷагии давлатии «Уротеппа» ба фонди захиравии тақсимнашавандаи замин дохил карда шуда, вобаста ба дурнамои рушди маҳал барои инкишофи соҳаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи Нақшаи генералии шаҳр, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2013, таҳти №200 тасдиқ шудааст, бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, сутунпояи Парчами давлатии ҶТ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ низ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Қалъачаи Калон» ба нақша гирифта шудааст. Қитъаи замини барои ташкили боғи И.Сомонӣ пешбинишуда дар ҳудуди ҳамин ҷамоат воқеъ буда, дар тарҳҳои 12 «А», 13, 11, 11 «А», 12 тибқи баҳисобгирии давлатии заминҳои собиқ хоҷагии давлатии «Уротеппа» ҷойгир ва аз масоҳати умумии 11,5 га дарахтони бисёрсола иборат аст… Гурӯҳи корӣ бо шаҳрвандон давоми 3 рӯз мулоқотҳо доир намуда, воқеияти мавҷударо бо асосноккуниҳои ҳуқуқӣ фаҳмонид.

Бо эҳтиром, Шералӣ Ҷалолов
Котиби матбуотии Раиси шаҳр

Душанбе, 02 Октябр 2017 09:57


СССРи азиз! Мо-мардуми Панҷекат заҳматҳои Президенти кишварро хуб дарк ва қадр менамоем. Роҳи Панҷекат-Айнӣ низ аз тӯҳфаҳои Ӯст! Мувофиқи лоиҳа бояд дар назди бозори хӯроквории шаҳр роҳи зеризаминӣ сохта мешуд. Намедонам, бо кадом сабаб ба ҷои он хитоиҳо девори чинии баланде сохтанд. Ҳоло ин девор мушкилоти зиёде ба бор овардааст. Дар 1 тарафи роҳ бозор асту дар сӯи дигар масҷиди ҷомеъ. Намозхонон барои ба масҷид рафтан хеле роҳи дарозро тай мекунанд. Ин чандон мушкили сахт нест, вале баробари баитмомрасии девор гузаргоҳе ҳаст, ки дастандаркорон ба он лоақал чароғаке насб накардаанд. Мавҷи одам ва анбӯҳи мошинҳо хеле нигаронкунанда аст. Ронандагони бечора чӣ кор карданашонро намедонанд. Пиёдагардон гузаргоҳро даме холӣ намемонанд ва пайваста мехоҳанд, аз ин роҳ гузаранд. Мо хавотирем, ки рӯзе дар ин маҳал ҳодисае рух медиҳаду баъд шаҳрдорон ба куҷо сар заданро намедонанд. Шояд бо дахли СССР ин камбудӣ бартараф гардад?

Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент, тел: 92 895 05 55

Душанбе, 02 Октябр 2017 09:55


Ман соҳиби 4 фарзандам. Моҳи январи с.2014 шавҳарам Шоимов Хуршед аз маҳаллаи «Ҳоҷӣ Шариф»-и ш.Қӯрғонтеппа аз Сӯҳроб Шарифов ном шаҳрванд ҳавлиеро дар $35.000 харид. Мо ба Сӯҳроб $25.000 додем ва чун ҳуҷҷатҳои хонаро соҳибаш дар бонк гузошта буд, қарор шуд, ки бақияи пул ($10.000)-ро шавҳарам ҳар моҳ месупорад. Чун моҳи аввал пулро супоридем, аён шуд, ҳуҷҷатҳои хона ба номи Салоҳиддин Сайфуллозода-хусурбаччаи Сӯҳроб будааст. Шавҳарам якуним сол пас қарзҳоро бо азоб пурра пардохт. Чун хост, ҳуҷҷатҳоро ба номаш гузаронад, аллакай хонаро Салоҳиддин пинҳонӣ аз язнааш-Сӯҳроб ба каси дигар-Баҳодир Нурматов фурӯхта буд. Шавҳарам онҳоро ба суд дод. Инак, 4 сол боз судбозӣ дорем. Суди якумро Абдураҳмон Ёқубзода дида баромад ва Сӯҳроб-соҳиби аслии хонаро 9 сол ҳабс кард. Шавҳарам бо даводави зиёд ҳалномаи судро бекор кард, чун аз ин кор ба мо фоидае набуд. Суди 2-юмро бошад Рустам Назарзода дида, Салоҳиддинро, ки ба Сӯҳроб $8000-ро баргардонд, озод кард. Суди 3-юмро Дурандеш Иброҳимов дида баромад ва ба мӯҳлати ҳабси Сӯҳроб 2 соли дигар зам намуд. Суди 4-ум, ки Сироҷ Саидализода-раиси суди ш.Қӯрғонтеппа пеш мебурд, чунин ҳалнома баровард: «Шумо бояд хонаро холӣ кунед!». Акнун мо на пулро гирифтем, на хонаро! Ҳоло, ки зимистон наздик аст, намедонем чӣ кор кунем. Ростӣ, аз судбозиҳо хаста шудем. Аз раиси Суди Олии ҶТ, мӯҳтарам Ш.Шоҳиён хоҳиш дорам, масъаларо шахсан дида барояд ва ҳақро ба ҳақдор расонад.


Раъно Қурбоналиева,
ш.Қӯрғонтеппа, 917 90 00 17, 917 47 27 07

саҳ 16 аз 17

Китобҳо

Flag Counter