ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 30 Октябр 2017 09:37


Узви Ихвон-ал-СССР, Дилшод Самиев, муаллими ҷавон аз ноҳияи Файзобод ба СССР занг задаву гуфт, ки баъди ба даст даровардани истиқлолият дар Тоҷикистони азиз 1 қатор пешравӣ дида мешавад. Айни ҳол Тоҷикистон монанди дигар давлатҳои ҷаҳон рӯ ба пешравист. Ҷавонон низ ба пешравӣ саҳми худро мегузоранд. Ба гуфти Ҷаноби Олӣ, «Ояндаи Тоҷикистон маҳз дар дасти ҷавонон аст». Ҷавонон гуфтаҳои Сарвари давлатро шиори хеш карда, ҳар коре ки аз дасти онҳо биёяд, дар роҳи Ватан дареғ намедоранд. Мо-ҷавонон шукрона мекунем, ки дар чунин 1 давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва биҳиштосо зиндагӣ дорем... Вале имрӯз аз он афсӯс мехӯрам, ки аксарияти ҷавонони мо донишгоҳро хатм намуда, соҳиби кор намешаванд. Чӣ мешуд, ки ин масъала ҳалли худро меёфт.

Душанбе, 30 Октябр 2017 09:31


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Оид ба матлаби Қиёмиддин Абдуллоев – “Бача боша, бой боша” гуфтаниям, ки дар гурӯҳи сарояндагони мо ягон ситора вуҷуд надорад. Зеро ситора дар само дурахшон аст ва онро тамоми мардум мебинанд!!!
Акнун ман чанд савол дорам ба домуллои мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, оид ба мушкилоти рӯзи ҷомеа:
1.Дар дини мубини ислом Соли нави милод, яъне зодрӯзи Исои Масеҳро ҷашн гирифтан дуруст аст?
2.Садақа додан ба кӣ хуб аст: ба лӯлӣ, гадо, ё ятим?

Исмоил Маҳмудов,
н.Ҷайҳун (Қумсангир), тел: 93 388 07 47

Душанбе, 30 Октябр 2017 09:27


Солҳои 1960 дар мактаби №10, собиқ хоҷагии ба номи Шаталови н.Кӯлоб мехондам. Муаллими фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ шодравон Давлат Тошмуҳамедов дар баъзе маврид бо фахр мегуфт, ки «бародари ман Мастибек Тошмуҳаммадов-якумин генерал дар РСС Тоҷикистон аст». Аз суҳбатҳои устод пай бурдан душвор набуд, ки онҳо бо бародараш дар оилаи бомаърифат ва илмдӯст тарбия ёфтаанд. Воқеан ҳам дар асри 20 дар СССР аз ҷиҳати миқдори илми олидорҳо бар сари ҳар 1 оила мардуми ВАБК дар ҷои 1 меистод. Чанд сол пас генерал Муҳаммадҷонов ва генерал Раҳимов пайдо шуданд. Рутбаи полковникӣ ҳам нисбатан кам буд. Бо рутбаи майор фақат сардори ШКД фаъолият мекард. Ҳоло шумораашон бениҳоят зиёд ва дар баъзе ноҳияҳо, хиёбонҳо чандин генералҳо пайдо шудаанд ва ба касе маълум нест, онҳо барои кадом хизмат дар назди Модар-Ватан ба чунин рутба ва унвону мукофот сарфароз шудаанд. Лекин ҳаминаш дертар ошкор мешавад, ки «фалон генерал, ё полковник хоини Ватан ё порахӯр будааст». Дар мисоли Маҳмуд Худойбердӣ, Мирзо Ҷага, Ҳоҷӣ Ҳалим ва Гулмурод Ҳалим. Ва ё аксари боздоштшудаҳо-кормандони собиқи Агентии зидди коррупсия айнан чунин рутбаҳо доштанд. Аз ин рӯ, бисёр хуб мешуд, ки тамоми генералу полковникҳо аз аттестатсия-ғалбер гузаранд. Чунки касе кафолат дода наметавонад, ки фардо аз дигар сохторҳои қудратӣ бо чунин рутба хоинон пайдо намешаванд! Мо Метавонем!

Ҷаббор Раҷабов,
мухбири мардумии СССР, н.Кӯлоб

Душанбе, 30 Октябр 2017 09:13

Душанбе, 30 Октябр 2017 09:01


Салом, редаксия газетаи СССР! Ман ин маротиба мехоҳам дар бораи фурудгоҳи ш.Хуҷанд ва беқадрии мусофирон дар он шикоят намоям. Дар бораи пешрафту ободии фурудгоҳ журналистҳо зиёд менависанд, газетаи СССР низ борҳо фаъолияти роҳбарияти онро таърифу тавсиф карда буд. Шояд корҳое, ки дар 2 соли охир дар ин фурудгоҳ, аниқтараш, дар берун ва терминали парвозҳои байналхалқии он шуд, боиси таъриф бошанд. Дуруст аст, ки фурудгоҳ дарвозаи ҳавоии кишвар асту бояд ҷавобгӯ ба сатҳу сифат ва талаботи муосир бошад. Ин ҳам дуруст аст, меҳмони хориҷие, ки меояд тасаввуроти нахустини хешро аз Тоҷикистон маҳз аз фурудгоҳ мебардорад. Лек дуруст нест, ки мусофири парвозҳои хориҷӣ бақадр бошаду барои вай тамоми шароит муҳайё, аммо  мусофири парвозҳои дохилӣ бошад беқадр! Мо низ одамем. Ва пул дода сафар мекунем, на аз ҳисоби раиси фурудгоҳи Хуҷанд, ки бар мо чунин беҳурматӣ кунанд. Мо Метавонем!

Душанбе, 30 Октябр 2017 08:49


Ё худ чӣ хел ишқро экстремист карданиянд?

Душанбе, 30 Октябр 2017 08:39

Бидуни ғараз-1

Ҷумъа, 27 Октябр 2017 17:34


29.10.1956 артиши Исроил ба хоки Миср дар нимҷазираи Синой ворид шуда, амалиёти ҷанг зидди ин кишвари арабиро оғоз намуд. Заминасоз ва тарроҳони аслии амалиёти исроилиҳо Англия ва Фаронса буданд, ки мехостанд бо дасти Исроил Мисрро ба зону шинонанд ва аз манофеашон дар ин кишвар ҳимоя кунанд. Манофеи асосии ин 2 давлат дар Миср канали Суэтс буд, ки онро с.1956 ҳукумати Ҷамол Абдулносир миллӣ кунонид. Милликунонии Суэтс барои англисҳо ва фаронсавиҳо ғофилгиркунанда шуд ва ин 2 дар минтақаи канал нерӯи низомии кофӣ надоштанд, то сареҳ вориди амалиёт шаванд.

саҳ 2 аз 17

Китобҳо

Flag Counter