ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 23 Октябр 2017 10:44


Дар Сарқонуни ҶТ омадааст, ки хизмат дар Артиш вазифаи ҳар 1 шаҳрванди Тоҷикистон аст. Яъне, новобаста ба он, ки писари хизматчии одӣ аст, ё фарзанди вазир. Ман Конститутсияҳои шӯравӣ (1918, 1922, 1924, 1936, 1975) ва имрӯзаро ҳам борҳо хондаам ва ягон ҷо надидам, ки навишта шуда бошад: Хизмат дар Артиш фақат барои фарзандони мардуми оддист. Лек зиёда аз 20 сол боз мутаассифона фарзандони мансабдорон-раисону вазирон бо сабабҳои ба худ хос ба хизмат сафарбар карда намешаванд. Болои ин солҳои охир маҳз фарзандони камбағалонро бо усули облава-маҷбурӣ ба хизмат бурда истодаанд, ки баъзан вақт ин амали онҳо оқибатҳои нохушеро ба бор оварда истодааст. Аз ин лиҳоз, ман аз Ҳукумати кишвар, аз Вазорати мудофиа эҳтиромона хоҳиш дорам, ки лоиҳаи хизмати алтернативиро дар Артиш пешниҳод кунанд…

Ҷаббор Раҷабов,
хабарнигори мардумӣ, ш.Кӯлоб

Душанбе, 23 Октябр 2017 10:43


СССР-и азиз! Аввалҳои моҳи август аз назди бозори Нусратуллоҳи ш.Панҷакент мегузаштам, ки лавҳае шаҳрро «оро» медод. Сурати лавҳаи булаҷабро бардошта роҳи ҳукумати шаҳрро пеш гирифтам ва аз онҳо хоҳиш кардам, лавҳаро, ки саропо ҳақорати забони модарии мост, ҳарчи зудтар аз байн баранд. Чун ҳафтае гузашту лавҳа дар ҷояш пойбарҷо монд, акси онро дар интернет нашр намуда, онро ба масъулони соҳа бурда дубора нишон додам. Касе аз масъулон 5 дақиқа нопадид гардиду бозгашт ва гуфт:
- Мана, ин дафъа дар ҳақиқат онро нест кардам.
Вале баъди 1 соат баргаштаму боз лавҳаро дидам. Ҳукумати шаҳре, ки ба 1 ошпаз гапашро гузаронда наметавонад, танҳо ба ҳоли роҳбарони он мегирйему худро сабуктар менамоем.

Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент

Душанбе, 23 Октябр 2017 10:41


Узви Ихвон-ал-СССР, Мавлуда Худойдодова-корманди Шуъбаи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз кӯчаи Корвонгузар (тел: 98 518 16 44)-и Кӯлоб ба СССР занг задаву гуфт, ки дирӯз Ҷовидон Худойдодзода-бачаи маро соати қариб 8-и саҳар аз даҳани дарвозаи хонаамон милисаҳо қапида бурдаанд. Бовар мекунед, ки агар ҳамин лаҳза нафаҳмед, ки бачаро барои хизмати ҳарбӣ қапида бурдаанд, дилатон мезанаду меафтед. Наход, бачаро мисли гӯсфанду барра қапида баранд? Барои чӣ повестка-даъватнома намефиристанд? Бовар кунед, баъди он, ки бачаамро қапиданд, дилам заду дар замин афтидам. Фишори хунам хест... Барои чӣ Президенти кишвар дар ҳама баромадҳояш мегӯяд, ки “облава” накунед, боз ҳамон номаъқулиро мекунанд? Писари ман ғоибона дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб мехонду курси 3 буд. Бачаи маро қапида, бурда, дар военкомат телефони мобилиашро пурра хомӯш кардаанд, то бо наздиконаш дар тамос нашавад...

Душанбе, 23 Октябр 2017 10:36


Узви Ихвон-ал-СССР, Салима Икромова, донишҷӯ, сокини ноҳияи Варзоб ба СССР занг задаву гуфт, ки кондукторҳои нақлиётҳои шаҳрӣ кай соҳиби танга-бақияпулӣ мешуда бошанд? Бо баҳонаи он ки «танга надорам, шавад баъд медиҳам» бақияпулии мардумро намедиҳанд. Ин сабаб мешаваду мусофир низ аз гирифтани бақия фаромӯш мекунад…

Душанбе, 23 Октябр 2017 09:46

Душанбе, 23 Октябр 2017 09:43

Мо ва мушкили мо-2

Душанбе, 23 Октябр 2017 09:38

Душанбе, 23 Октябр 2017 09:31


Бар тибқи иттилоъи ахиран расида, гурӯҳи эмом-хатибон ва домуллоҳои мӯҳтарами ҶТ барои корҳои фаҳмондадиҳӣ озими Русия мешаванд. Ин тасмимро Кумитаи кор бо дин дар пасманзари даъвати Албир Қурғанов муфтии мусалмонони Маскав гирифт. Ба гуфтаи муфтӣ Албир «Тоҷикон аз ақаллиятҳои мусалмони зудтаъсири хатароти экстремистӣ» будаанд. Боварнокарданист, аммо маҳз тоҷикони муздур ба Давлати исломӣ мепайванданду террорист мешаванд. Ин дар ҳолест, ки муздурони шикамқарор-гастербайтер даҳсолаҳо барои нон Русия мерафтанду садҳо ҳазор даҳони хӯранда онҳоро мунтазиранд...

СССР бонг мезад, аммо намешуниданд!
Ин сафари хидматии муллоҳои расмӣ дар ҳолест, ки газетаи СССР ҳамакнун соли 9-ум аст, ки перомуни ин мавзуъи доғ бонги изтироб мезаду моро касе дар Кумитаи дин ва дастгоҳи идеологӣ, мутаассуф, намешунид. Кор то ҷое расид, ки тоҷикони мутаассиби ба ДИИШ гаравидаро низ ба эътибор нагирифтанд. Аммо баъди он, ки муфтии Маскав гуфт, ДИИШ дар шакли нав, аммо ҷомаи кӯҳнаи ифротӣ, дар симои ҳаракати «Хуросон» дар Афғонистон зуҳур карданист, ба ин мавзуъ бо ҷиддият назар карданд. Сухан сари он аст, ки амнияту тинҷиву оромиро бо чанд клипи каналҳои телевизионии примитив таъмин кардан ва бештар аз ин бовар кардан, ки ин клипҳо кори дастгоҳи идеологиро комилан иҷро мекунанд, аз нодонист. Бинед, ҳар соат ҳизбу ҳаракатҳои нав ба нав зуҳур мекунанд, ки «Хуросон» яке аз онҳост. Чунки паси ин ифрот дастгоҳҳои ҷосусии абарқудратон меистанд, на Афғону Поку Арабистонҳо… Хуб аст, ки инро дер ҳам бошад, фаҳмиданд. Ҳамакнун ТВ ва радиоҳои кишвар бояд бештару пештар ва профессионалитар ба контрҳуҷуми иттилоотӣ омодагӣ гиранд. Сахт гиранд, ки дер нашавад. Мо метавонем!

Муллоҳои оддӣ Русия нараванд!
Ба Русия, ки кайҳо зертаъсири муллоҳои экстремист мондааст, набояд эмом-хатибони оддӣ ва муллоҳоеро фиристонанд, ки назди мардум обрӯву эътибори вежа надоранд. Бовар кунед, баъди 3-4 суоли омодакардаи онҳо камари ин муллоҳо мешиканад. Зеро экстремист-мубаллиғон низ ба ин «командировка»-и муллоҳо омодагӣ мегиранд. Мутмаин бошед.
Зимнан, ба пиндори мо, агар Домуллои Тоҷикободӣ, муфтии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои уламо, на ҳамаашон, ки шинохтатаринашон, Ҳоҷӣ Мирзо, Ҳоҷӣ Исмоъил Пирмуҳаммадзода, Домулло Ҳайдар Шарифзода барин уламо раванд, нур бар болои нур аст. Зеро инҳо андаке обрӯву ирода ва саводу донише доранд, ки бо мардуми таҳти контроли таассубгаро вомонда, сӯҳбату баҳс кунанд. Ба вежа, аз қудрати зеҳнии Ҳоҷӣ Мирзо бояд ҳукумат бештар истифода кунад. Зеро сухани гуфтаи ин домулло дар Тоҷикистон ва берун аз он вазн дорад. Ва ҳам ӯ бори чандум аст, ки аз ҳисоби худ, бо даъвати виждон ва мазҳаб ба Русия рафтаву бо мардуми зери ифрот вомонда баҳсу сӯҳбатҳо кардааст. Ӯро ҳатман истифода кунед. Ақаллан пурсед, ки вазъ чигуна аст, то омода бошед, домуллоҳои мӯҳтарам. Ӯ дидааст ин ҳамаро бо чашми сар ва Метавонад!!!
Мо ин матлабро танҳо зи дилсӯзӣ навиштем. Боқӣ, ихтиёр ба дасти бахтиёр-гуфтаанд, ки мо низ ба ин масал мувофиқем. Вале дар ҳар сурат потенсиали газетаи СССР низ дар ихтиёри шумост. Мо барои ҳифзи мазҳаб ва сохтори дунявии кишвар то ҳастем, дар набардем. Зеро Мо Метавонем!

СССР

саҳ 5 аз 17

Китобҳо

Flag Counter