ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 24 Феврал 2017 09:56

Қарор аст, Владимир Путин, президенти Федератсия Россия зимни сафари кӯтоҳмуддати хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 27.02.2017 сурат мегирад, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ордени Александр Невский сарфароз намояд.

Чуноне ки ёвари Владими Путин Юрий Ушаков дар 1 нишасти матбуотӣ эълон доштааст, сафари кӯтоҳ, вале расмии Владимир Путин ба ҶТ рӯзи 27.02.2017 сурат гирифта Владимир Путин ба кишвари мо аз Қазоқистон хоҳад омад. Дар барномаи президенти ФР мулоқоти вежа бо Эмомалӣ Раҳмон, музокироти ҳайатҳои 2 кишвар ва имзои 7 созишнома ба назар гирифта шудааст. 

Коршиносон ҳадс мезананд, ки дар баробари баррасии масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сарони 2 мамлакат вазъи муҳоҷирон ва сабукӣ бахшидан ба будубоши шаҳрвандони Тоҷик дар Россияро ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Субҳи рӯзи 28.02.2017 Владимир Путин Тоҷикистонро тарк гуфта ба Қирғизистон парвоз хоҳад кард.

СССР

 

Ҷумъа, 24 Феврал 2017 09:54

 Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 25.02.2017 ба иҷрои хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе шурӯъ менамояд. 

Дар ин бора ба СССР котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки сабаби асосии муваққатан манъ намудани парвозҳои доимӣ дар хатсайри Душанбе – Хоруғ ин гузаронидани корҳои хизматрасониҳои техникӣ  дар ҳавопаймои АН – 28 мебошад. 

  - Айни ҳол талаботи ҷомеаро ба инобат гирифта мо омода ҳастем, ки парвозҳоро дар ин самт ба таври мунтаззам бо истифодаи чархболи МИ–8  ба роҳ монем.  Ин чархбол дар шароити мувофиқати обуҳаво ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст. Бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъинот расонид, ки шуморашон аз ҳавопаймои АН-28 зиёдтар мебошад, - изҳор намуд Азиз Хайруллоев.

Тибқи нақша парвози нахустин санаи 25-уми феврал анҷом дода мешавад.

Арзиши чипта – 615 сомонӣ. Хоҳишмандон барои дастрас намудани чипта метавонанд ба кассаи фурӯши чиптаҳо, ки дар ошёнаи якуми бинои ҶСК «Тоҷик Эйр» (кӯчаи М.Мастонгулов, 32/1) воқеъ аст, муроҷиат намоянд. Телефон барои тамос: (+992 48) 701 50 42.

СССР

 

Ҷумъа, 24 Феврал 2017 09:50

Аз 18 то 20-уми марти соли 2017 дар ш. Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад. 

Ин ярмаркаҳо дар таваққуфгоҳи назди КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон) барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор мегарданд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар шӯъбаи таҳлилӣ ва иттиллоотии Ҳукумати ш. Душанбе хабар доданд, ин ярмаркаҳо бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад.

 

СССР

 

Ҷумъа, 24 Феврал 2017 09:17

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон хабар медиҳад, ки шоми 23 феврал, соати 16:30 ҳангоми анҷоми корҳои сохтмониву васлкунӣ дар коргоҳи амиаки ҷамъияти саҳҳомии "Фарғоаназот” таркиш рух дода, чанд нафар дар ҷои таркиш ҳалок шудаанд. Вале вазорат шумори қурбониёнро ҳанӯз эълон накардааст. Мақомот барои таҳқиқи сабабҳои таркиш ва расондани кумаки лозим ба хонаводаҳои қурбониён комиссияи ҳукуматӣ ташкил додаанд. "Фарғонаазот” соли 1962 таъсис ёфта, бахши консерни давлатии "Узкимиёсаноат” ба шумор рафта, ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ, аз ҷумла, аммиак, карбамид ва селитра машғул аст. Тавлидоти солонаи "Фарғонаазот” беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад.

 

Ҷумъа, 24 Феврал 2017 09:14

Дар рафти санҷишҳои муштараки Ситоди якҷояи ВКД бо дигар мақомотҳо боз якчанд қонуншиканӣ аз ҷониби бархе соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳидаи пойтахт муайян ва ошкор карда шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби гурӯҳи кории Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он, муайян карда шуд, ки соҳибкори ошхонаи «Абубакр» Акмал Амиров ва ошхонаи «Нафиса» Абдуманон Бурҳонов, дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди хонаи истиқоматии чорошёнаи №92, барои пӯхтани самбуса, дар дохили танӯрҳо спирали баландшиддати сермасрафро муҷаҳҳаз намуда, бо вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқ, аз нерӯи барқ фаровон истифода мебаранд.

Чунин ҳолатҳои вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ ва масрафшавии барзиёди қувваи барқ, дар натиҷаи истифодабарии ҳаргуна асбобҳои худсохти гармидиҳии барқӣ ва шумораи зиёди фурӯзонакҳои тафсон, дар ошхона ва нонвойхонаи шаҳрванд Убайдуло Гиёев, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев-59 ва нонвойхонаи Бахтиёр Ҷурақулов, воқеъ дар кӯчаи Борбад-106 – и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам муайян ва ошкор карда шуданд. 

Ҳамчунин соҳибкор Файзалии Мирзоалӣ дар ҶДММ «Нақлиёт», воқеъ дар кӯчаи Шестапалови ноҳияи Сино, ба истеҳсоли дарвозаҳои оҳанин машғул гардида, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолати санитарию эпидемиологиро риоя накарда, бо истифода намудани асбобҳои кафшергарии худсохт низ ба масрафи барзиёди нерӯи барқ роҳ дода аст, ки ин кирдори ӯ ҳар лаҳза метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад. 

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Исоева Ашургул бошад, дар манзили истиқоматии худ дастгоҳи шолитозакуниро насб карда, нерӯи барқро аз симчӯб бо роҳи ғайриқонунӣ, яъне бо роҳи дуздӣ ва бе ҳисокунаки барқӣ истифода мебурд, ки бо ин амалаш ба буҷаи давлат зарари калони пулӣ расонидааст. Назоратчии барқ дар минтақаи мазкур Рашидов Шералӣ ҷойи оне, ки чунин қонуншиканиро пешгирӣ намоянд, баръакс бар хилофи қонун амал намуда, ба Исоева Ашургул барои чунин кирдораш мусоидат намудааст. 

Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, мувофиқи иттилои нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, ҳарчанд нисбати соҳибкорони номбурда қаблан ҳам чораҳои маъмурӣ андешида шуда, онҳо ҷиҳати истифодабарии сарфакоронаю оқилонаи нерӯи барқ ва риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ қатъиян огоҳонида шуда буданд, вале ҳамоно барои худ хулосаи зарурӣ намебароранд. 

Оид ба камбудиҳои ҷойдошта, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомотҳои дахлдор барои ҷораҷӯи ирсол карда шуданд. 

 

СССР

 

Панҷшанбе, 23 Феврал 2017 18:21

 Бо иқдоми бевоситаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбарияти заводи муштараки «Анзоб» барои тоза намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, минтақаи «Нақби Истиқлол» барои кормандоне, ки роҳро аз барф тоза мекунанд, ёрии моддӣ ва техникӣ расониданд. Чунончи, барои тоза кардани қисми мошингарди роҳ аз тарма ду адад техникаи роҳдорӣ ҷудо карда шуд.

 Бино ба хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 21-ум ва 23-юми феврали соли 2017 ба зиёда аз 200 нафар ронандагоне, ки дар километри 100-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бинобар маҳкам будани роҳ истодаанд, аз номи Рамазон Раҳимзода хӯроки нисфирӯзӣ ба муносибати «Рӯзи Артиши миллӣ» ташкил гардид. Инчунин, кормандони Ситоди доимоамалкуданда, ки дар километри 72-юм ташкил ёфтааст, бо маводи озуқаворӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин раванд кормандони милитсия дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, барои бартараф намудани офатҳои табиӣ чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ менамоянд.

 

СССР

 

Панҷшанбе, 23 Феврал 2017 18:13

 Ба хотири таъмин намудани тартибот дар ҳудуди пойтахт ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ноболиғону ҷавонон, рӯзи 20.02.2017  гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, Раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳқиқи ВКД, ХПҲНҶ РВКД дар ш. Душанбе ва масъулини кор бо ноболиғони шӯъбаҳои милитсияи ноҳияҳои пойтахт бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои шабона ба марказҳои бозиҳои компютерӣ рафтани ноболиғону ҷавонон чорабинии мақсаднок гузарониданд.

  Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, новобаста ба огоҳсозию баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои дар шаб, дур аз хонаву оила, дар марказҳои дилхушиву интернет-кафеҳо ва бозиҳои компютерӣ ба ҳар гуна корҳои беҳудаву зараровар машғул гардидани шумораи зиёди ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, зимни гузаронидани чорабинии мақсаднок кормандони милитсия фаъолияти он марказҳои бозиҳои компютериеро, ки бидуни ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ дар кӯчаҳои Буни Ҳисорак, Навоӣ, Ғуломов, Зарафшон ва Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуда буданд, қатъ сохтанд. Дар натиҷаи ин чораандешӣ кормандони милитсия 43 нафарро барои шабона ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул шудан, ба шуъбаҳои милитсияи навоҳии пойтахт дастрас намуданд, ки 27 нафари онҳо ноболиғон буданд. 

  Кормандони милитсия барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати 21 нафар волидони ноболиғони дастгиршуда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. 

 

СССР

 

Панҷшанбе, 23 Феврал 2017 16:03

24-умин солгарди Артиши миллии Тоҷикистон дар Панҷакент барои нахустин бор бе чорабинии расмӣ ва тантанавӣ баргузор шуд. Ҳамасола ин ҷашнро дар Кохи фарҳанги шаҳр бо ширкати роҳбарони корхонаву муассисот ва кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ ҷашн мегирифтанд. Аммо ҳанӯз рӯзи рузашта 1 намояндаи ҳукумати шаҳр гуфт, ки чорабиниҳои расмӣ рад карда шуд. Ҷои ин субҳи имрӯз намояндагони ҳукумат, занони фаъоли шаҳр ва нигар намояндагони ташкилоту корхонаҳо барои табрики Рӯзи артиш ба қисмҳои низомии мустақар дар ш.Панҷакент рафта, сарбозону афсаронро бо рӯзи идашон табрику шодбош намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби ташаббускорон барои сарбозон дастурхонӣ идона ташкил карда шуд.

Хуршед Фозилов

 

саҳ 3 аз 17

Китобҳо

Flag Counter