ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 27 Феврал 2017 10:33

Палатаи савдо ва саноати ҶТ эҳтиромоти худро ба нашрия СССР изҳор медорад. “Пайванди қитъаҳо” пур аз хато!” ном андешаи донишҷӯ Шодалӣ Равшанов аз н.Хуросон дар газетаи СССР (№2(435), 12.01.2017) чоп шудааст. Палатаи савдо ва саноат ба муаллиф изҳори миннатдориашро барои ин нома баён карда, роҷеъ ба камбудиҳои дар нома зикршуда равшанӣ меандозад. Бо назардошти он, ки муҳаррири бахши тоҷикии нашрия Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид нест ва дар раванди таҳия, тарҷума ва чопи маҷалла ширкат намекунад (дар нома номи Раиси Палатаи савдо ва саноат Саид Шариф омадааст) ва Палата танҳо масъули дар ҶТ паҳн кардани маҷалла аст. Дар навбати худ Палата ба Сармуҳаррири иҷроияи маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо” Яо Син (Цинь) ин номаи донишҷӯро фиристод. Дар натиҷа ба суроғаи Палата номаи Яо Син ворид шуд, ки дар он нисбати ин камбудиҳо равшанӣ андохта шудааст.

Шариф Саид,

раис

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 10:30

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 3 ҳафта (16.01.2017, соатҳои 15:20 дақиқа) пеш аз Бадахшон омадам. Роҳҳои вилоят хело вазнину хатарноканд. Ман 1 лаҳзаеро ба навор гирифтам, ки он ҷо дида мешавад, 1 ҶИП-мошини баланди мусофиркаш дар натиҷаи яхбандии роҳ, аз хатти роҳ баромада, дар лаби ҷар овезон асту қариби сарозер шудан ба ҷарӣ. Ягон булдозер ва грейдерро дар нуқтаи доғ надидам. Роҳҳо пурра маҳкам асту пробкаи мошинҳоро мебинем. Мусофирон дар ҳаросанд, ки оё ба хонаашон мерасанд, ё на? Хуллас, ҳама мусофирон дар ҳайратанд, ки Вазорати нақлиёти ҶТ чаро вазифаи ҷонии худро иҷро намекунад??? Вақте ки техникаи роҳтозакунӣ нест, пас мешавад, ки тармаро бо бел тоза кард? Ба ин суолу ба ин мушкилот вазири нақлиёт чӣ назар дорад?

Санамгули Мирниёз

деҳаи Зонг, н.Ишкошими Вилояти Бадахшон

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 10:24

Дар натиҷаи задухӯрди гурӯҳӣ 1 сокини 48-солаи н.Ҳамадонӣ ҷони худро аз даст дод. Тибқи иттилои Хайриддин Ҷаъфаров, сардори ШКД н.Ҳамадонӣ, рӯзи 16 феврал, тахминан соати 12-и нимрӯзӣ 6-тан аз сокинони ин ноҳия ба 2-гурӯҳ тақсим шуда, дар таваққуфгоҳи нақлиёти мусофиркашӣ, воқеъ дар назди бозори марказӣ, занозанӣ кардаанд. Дар натиҷаи занозанӣ, Мардов Авазхон, сокини 48-солаи шаҳраки Москваи ноҳия бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Бино ба иттилои ШКД, зӯҳри ҳамон рӯз авбошон ва қотилон, Мирзоев Умедҷони 35-сола ва бародараш Мирзоев Баҳроми 30-сола, фарзандони 1-зани дар ноҳия машҳур бо номи «Холдона-десант», ҳар 2 ҳам дар гузашта бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудаанд, Раҳимов Комрони 18-сола ва инчунин 2 тан аз гурӯҳи муқобил-Юсупов Амрохон (с.тав.1987) ва Юсупов Давлаталӣ (с.тав.1978), сокинони шаҳраки Москва боздошт шудаанд. Нисбати эшон бо моддаҳои 104, 110 ва 237-и КҶ ҶТ дар ШКД парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Аслиддин Достиев,

Кӯлоб, СССР

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 10:01

Узви Ихвон-ал-СССР, Мӯҳсин Холов, собиқ донишҷӯ аз ноҳияи Мастчоҳ ба газетаи мардумии СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки айни замон имтиҳону санҷишҳо аз тамоми фанҳо дар ҳама мактабҳои олӣ тариқи тестӣ сурат гирифта истодааст. Гуфтаниям, ки ҳамин усули имтиҳон кардани донишҷӯ ба ман тамоман маъқул нест. Чаро? Зеро системаи тестӣ донишҷӯро аниқ танбал мекунад. Тест ин 1 чизи тайёр асту халтура. Донишҷӯ дар 2-3 соат ҷавоби саволҳоро аз ҳар куҷо ба осонӣ меёбад. Яъне кори осон одамро тамбал мекунад. Донишҷӯ бояд заҳмат кашад, баъд ба қадри хондан мерасад. Студенте, ки дар бораи фанни дарсӣ тасаввурот надорад, дар имтиҳон ширкат карда, бо сари баланд баҳо мегирад. Ин аст натиҷаи системаи тестӣ. 

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 09:59

Хабарнигори мардумии СССР, муаллими собиқадор Назари Наврӯз, сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо телефони 98 529 70 75 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман дар бораи 1 хабари доғу дилгиркунанда ва оқибаташ даҳшатбор, гуфтаниям. Камина ҳар ҳафта аз 1 киоск-дӯкони газетфурӯшии маҳаллаи 33-уми ноҳияи Сино (назди бозорчаи микрорайони 33) газетаи СССР мегирифтам. Имрӯз рафтам, нест. Газета не, киоск нест!!! Киоскро, ба гуфти шоҳидони ҳол, аз беху бунаш канда, дар пеши хонаи газетфурӯш бурда партофтаанд! Магар ин айб, шарм ва бефаросатӣ нест? Аламовараш ин аст, ки дар пеши киоск 1 дӯкони дискфурӯшӣ ва пирожкифурӯшӣ амал мекард, ки ҳоло ҳам ҳаст. Ин 2 дӯкон дар ҷояш боқисту киоск нест!!! Ман ҳич намефаҳмам, ки чаро масъулин зидди газета-саводу маънавиёт ҳастанд? Ин дар ҳолест, ки рӯз то рӯз теъдоди газетхонҳо ба маротиб поин рафтан дорад!!!

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 08:58

Бадтарин ва боварнокарданитарин хабари сол ин шуд, ки Равшанро аз Лигаи Олӣ берун карданд! Ба ин кӣ гунаҳкор аст? ФФТ, Ҳукумати иҷроияи вилояти Хатлон, Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва ё ...худи мухлисон, ки то 20.000 ба стадион меомаданду 1 билет бо нархи 1 сомонӣ намехариданд? То мо баҳона меҷӯем, ин фактро бояд тасдиқ кард, ки дар Тоҷикистон, баъди Равшану Хайр ва Далерон-Ӯротеппа-дастаҳои сермухлистарин ва мардумитарин...футболи Тоҷик фано мешавад. Капут! Ва эҳёи он бе ҳузури ин 3 даста комилан имкон надорад. Зеро футболро аз мардум кашида гирифтанд, на мардумро аз футбол. Набуди ин 3 даста, ба вежа, Равшани мардумӣ барои футболи миллӣ фоҷеа шуд. Вале гумон аст дар раёсати ФФТ ба ин фоҷеа сарфаҳм раванд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 24 Феврал 2017 14:35

Боре андешидаед, ки ҳамсинфони яке аз президентҳои маъруфу машҳури олам-Владимир Путин, ки ба наздикӣ ба Душанбе меояд, бо чӣ корҳо банданд? Дуруст аст, ки Русия шарқи бостонӣ нест, ки ҳамсинфон дар сояи давлати собиқ дӯсташон даст гарм кунанд. Вале ба ҳар ҳол...

Ҷумъа, 24 Феврал 2017 14:06

Бино ба хабарҳои расида, рӯзҳои 27-28 феврал В.В.Путин-президенти ФР бо 1 сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Ба ин мақсад, сар аз имрӯз роҳҳои протоколии Душанберо барои пешвози Путин мерӯбанд ва аз хасрӯбаҳо тоза мекунанд... Тибқи ахборот, Путин дар ин сафари худ бо ҷониби Тоҷикистон сари имзои 7 созишнома сӯҳбат хоҳад кард.

саҳ 2 аз 17

Китобҳо

Flag Counter