ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 19 Май 2017 16:22


Аспиранти яке аз донишгоҳҳои кишвар-Тоҳир Хоҷаев, сокини ноҳияи Зафаробод ба СССР занг задаву гуфт, ки ман дар 2 мавзуъ кӯтоҳ гуфтаниям. 1.Дар телевизиони кӯдаконаи Баҳористон ва ҳам дар радиоҳои пойтахт ҳар лаҳза бо лаҳҷа-шеваи Тоҷикӣ ҳарф мезананд, ки ин ШЕВАро кӯдакони 5-6 солаи мо намефаҳманд! Ман ҳамчун 1 падар аз раҳбарияти ТВБ хоҳиш дорам, ки гуфтугӯро дар ТВ танҳо бо забони адабӣ ба роҳ монанд, то ки ҳама фаҳмад, на барои 1 минтақа! Эроди маро бо эҳтиром қабул кунед. 2.Аз тамоми кормандони матбуоти даврии Душанбе хоҳиш дорам, ки аз истифодаи баъзе калимаҳои дағал, ба мисли «говсуд» худдорӣ кунанд. Зеро аз тасвир ва мантиқи калима маълум аст, ки ин барои одам гуфта нашудааст. Яъне мо бояд дар матбуот одоби навиштро риоя кунем. Истифодаи ин калима дар газетаҳо ба ман сахт мерасад, гарчанде ягон бор «говсуд» нашудаам.

Ҷумъа, 19 Май 2017 16:20


Китобдори содбиқадор Нилуфар Миразизова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа бо газетаи мардумии СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки чаро баъди ин қадар таклифу пешниҳоди мардум Қӯрғонтеппа номашро иваз накард? Охир, он бояд Леваканд мешуд-ку? Як вақтҳо мақолаи раиси Иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон-шоир Озарро дар газетаи мардумии СССР хонда, ҳамфикрии худро ба муаллиф расонда будам. Бо эҳтироми самимона ба раҳбарияти ш.Қурғонтеппа ва раиси вилояти Хатлон муроҷиат карда гуфтаниам, ки пешниҳоди устод Озарро дар бораи маркази вилоят-Қӯрғонтеппаро бо забони давлатии Тоҷикӣ номгузорӣ кардан, ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд. Зеро 1 ишораи бузургон байни меҳтарони шаҳр кофист. Ономастикаи Тоҷик, яъне илми номшиносии Тоҷик мисли истиқлолияти давлатии мо ҷавон буда, топонимикаи вилоят дурустии фикри бикри шоир Озарро тасдиқ менамояд. Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» барои интеллигенсияи вилояти Хатлон дастурамал бояд бошад. Эҳёи номи вилоят бо кӯшишҳои андешамандони хатлонӣ сурат гирифта буд. Ҳамчунин ба вуҷуд омадани номҳои шаҳру навоҳии Суғду Хатлону Бадахшону Кӯлоб намунаи барҷастаи гуфтаҳои болост. Аз барои савоб, Қӯрғонтеппа ин номи туркист ва ин хел номи шаҳру минтақа дар Русия ҳам ҳаст. Зеро 1 вақтҳо туркҳо ба он сарзамин лашкар кашидаву аз худ чунин номҳои туркиро мерос гузоштаанд. Наход, ислоҳи номҳои туркӣ ин қадар мушкил бошад? Ё мо туркему ТОҶИК нестем?

Ҷумъа, 19 Май 2017 14:01



Чу гул дар субҳи пирӣ мекашӣ хамёзаи ғафлат,
Макун, эй ғунча, сарфи хоб шабҳои ҷавониро.

                                 Бедил

«Ҷавонон ояндаи кишвар». Ин шиори замони шӯравӣ буд, лек ростӣ имрӯз аксари китобхон, донишманд, забондон бошанд ҳам курсии мансаб ва маснадро дуруст идора карда наметавонанд. Шояд айби компютер ё интернет бошад. Кам ҷавонон дар даст китобу рӯзнома доранд, ҳисоби миёнаи синни рӯзномахону рӯзномахарҳо имрӯз аз 50 болост. Дар замони шӯравӣ «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф ва маданият» даст ба дасти муштариён мегашт. Аммо имрӯз теъдоди рӯзномаҳо ба 367 ва маҷалла ба 239 адад расида бошад ҳам, хонандаи онҳо ақаллият аст.

Чаро газета бе қадр шуд?
Бузургтарин шоҳасарҳои давр дар замоне ба вуҷуд омадаанд, ки нависанда менишасту менавишт. Ҳоло сари компютер нишаста, «рӯзноманигорон»-и бархе расонаҳо дар ба дар «қаҳрамон мекобанд». Касе 200-400 сомонӣ пардохт кунад «Қаҳрамони даврон» ӯст. З-ин рӯ имрӯз рӯзномаю маҷаллаҳо чун теъдодашон беқадр шуда, хонандаро аз даст додаанд. Сабаби дигари аз матбуот дилсард шудани мардум ин почтаи Тоҷикистон аст. Аз Душанбе ба Панҷакент ҳафтае 1 маротиба газетаю журналҳоро мерасонанд. Аз Панҷакент ба ҷамоати Фароб, Ворӯ, Рӯдакӣ баъди 1-1,5 моҳ матбуот дастрас мешавад. Пас онҳо дигар ба дарди мардум намехӯранд ва танҳо пешдаргирон мешаванд. Баъзан-баъзан дар тӯю азо гӯш ба сухани мардум медиҳам ва эҳсос мекунам, ки одамон бештар аз ин дунё дида дар ғами он дунёанд.

Бендер, Гитлер ва Ленин
Имрӯз ҷаҳони сармоя ба сухан ва иттилоот одамкушӣ дорад. Идеяҳои Остап Бендер Украинаро ба хоки сиёҳ баробар кард. Ҳоло ҷаҳонбини фашизм ва пайравӣ бо идеяҳои Адолф Гитлер Аврупоро фаро гирифтааст. Инсоният ҷабру ҷафо, конслагеру печҳои одамсӯзонии фашизм ва аз пӯсти одам сумкаи занона дӯхтанро фаромӯш кард. Имрӯз ҳатто дар Русияе, ки бо ёрии кулли ҳалқҳои собиқ ИҶШС фашизмро саркӯб кард, пайравӣ ба идеяҳои Гитлер дида мешавад. Имрӯз онҳоеро, ки дар озодии коргару деҳқон сина сипару Давлати Абадқудрати Шӯравиро барпо карданд, Гитлерро қаҳрамони давр. Оре, замона ба манфиати ҷаҳони сармоя тағйир хӯрд, девори оромии Давлати Шӯравӣ аз байн рафт. Ҳоло сухани янкии Амрико ҷаҳонро ноором ва ҷаҳониёнро дар ақсои олам сарсону саргардон кардааст. Замона тағйир хӯрд. Онҳое, ки дар майдонҳои Душанбешаҳр табли «Озодӣ» мезаданд ба номи муҳоҷири меҳнатӣ беватан шуданд. Устод Мӯъмин Қаноат ҷое фармуда «Суханро вазну тамкини замин бояд». Ана ҳамин вазни сухан ҷаҳони муосирро вайрон карда, ба гирдоби инқилобҳои ранга, ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ тела дода истодааст.

Чӣ бояд кард?
Танқиди созандаро ба матбуот бояд баргардонд. Аз таърифу хушомадгӯӣ бояд даст кашид. Чунон навишт, ки онро худат бояд навишта бошӣ, на робот. Баъзан суоламон медиҳанд, ки чаро СССР вайрон шуд? Кремл ҳақиқатпарастонро ҷой дар  девонахонаю кунҷи зиндон кард. Сухани рост каҷ намуд. Олимони ҳақиқатҷӯ ватанро тарк карданд. Маҷлисҳои дурӯғин бо қарсакҳои пурмавҷи бардавом мегузашт. Фарзандони нохалаф СССРро чу каждум аз дарун пӯсониданд ва имрӯз ҳар фосиқ сари компютер нишаста, ин давлати ятимпарварро паст мезанад. Ҳатто идеяҳои Ҳизби коммунистиро пуч ва террористӣ мехонад. Мо колхоз, совхоз, заводу фабрик, мактабу маорифи СССРро ба боди фаромӯшӣ супоридем. Манфиати хешро аз манфиати миллат боло гузошта, ҷои корхонаҳои овозадор хона сохтему фурӯхтем. Аммо биёед бузургтарин мероси СССР - китобхониро фаромӯш накунем, китобро дӯст дорем. Рӯзнома хонем, журналҳоро варақ гардонем. Ҳама шиори ватанпарваронаи В.И.Ленинро фаромӯш кардем, аммо биёед «Хонед, хонед, боз ҳам хонед»-ро зинда кунем, чунки он ба суди миллат аст!


Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент, кӯч.Борбад-23, хонаи 32

Ҷумъа, 19 Май 2017 13:43


Дуои ҳар бандаи мусалмон, ба вежа, волидони мо назди Худо қадр мешавад. Бовар надоред?! Таваҷҷӯҳ кунед ба дуои падару модарони худ: «Худоҷон, ҳамин тӯйи фарзандонро бинам, дигар бимирам ҳам ормон надорам!» Ҳамин дуо солҳост мустаҷоб мегардад. Чун ин охирин ормони волидони мост, Худованд ҳам аз ин бештар чизе ба онҳо намедиҳад. Тӯй мекунему боз дар фикри таваллуди фарзандон мешавему даст бардошта ҳамун дуоеро мекунем, ки волидонамон кардаанд: «Ҳамин пушти бачаҳом тахти шаҳиву сари духтаром чодари арӯсиро бинад, дигар дар дунё ҳич ҳавас надорам!». Худо-ку дуоҳоямонро мешунаваду қабулу мустаҷоб мегардонад. Дар кишвар ҳар рӯз тӯйю суру тантана. Боз чӣ мехоҳед? Ҳамунеро, ки аз Худо барои охирин бор (!) хостаед, бароятон дод, дигар сипос гӯеду бештар талаб накунед, ки чизе фоида нест. Охир, дар дуоҳо назди Худо ваъда додед, ки "тӯйи фарзандонамро бинам, дигар ормон надорам!!!»

Залоги дуо
Боз дар дуо ШАРТ (залог) мегузоранд. Маънои ин шарт чист, медонед? Яъне бо ин дуо гуфтанием, ки "эй Худо, дигар орзуҳоямро амалӣ карда наметавонӣ, ҳаминашро 1 бало кун, кифоя"! Орзуи охиринат чӣ буд? Тӯйи фарзандон! Тӯйро тамошо кардӣ? Акнун ҷимакак шин!!! Мардумони олам аз Худо ДУНЁ талаб мекунанд ва имрӯз ба ҳама хостаҳошон расидаанд ва ҳалолашон бод! Дирӯз бо модари азизам дар сӯҳбат будам, мисли ҳама модарон ҳамингуна дуо кард. Пурсидамаш: «Оча, дар ҳавлӣ тахт сохтану базм оростану арӯсеро канорам гирифтан ва пушт ба пушти тахт гардондан магар орзуст?». Қаҳраш кард, ки гуфт, "бачам, ман намедонам ба чӣ корҳо машғуливу чӣ ният дорӣ, аммо ҳамин сол дар хона бояд тӯйи ту шавад, тамом!". Ва телефонро хомӯш кард. Бояд тӯй кард! Дигар чӣ мекунӣ?

Издивоҷ: аз Бушу Путин то Бен Ладен
Ораш дар 33-солагӣ издивоҷ кард, касе чизе нагуфт, Муин дар 39-солагӣ зан гирифт, дунё чаппа нашуд, Ҷорҷ Буш дар синни 31 оиладор шуд, касе дар ҳайрат нест, Владимир Путин дар 30-солагӣ тӯй карду дар 60 солагӣ ҷудо шуд, касе эрод нагирифт ва ингуна чеҳраҳои маъруфу комёб дар дунё зиёд аст, ки баъди 30-солагӣ оиладор шудаву имрӯз дар дунё маъруфият доранд. Бузургсолони мо низ то ҳамин оғози соҳибистиқлолӣ хеле дер оиладор мешуданд, аммо то синни 29 оиладор нашудани ман, табдил ёфта ба мавзуъи баҳси ҳамешагии дӯстон!
Бен Лодан дар 17-солагӣ аввалин бор никоҳ кард, дигар медонед, ки дар дунё чигуна "комёб" шуд? Таваҷҷӯҳ кардаед, ки насли имрӯз чаро лоақал нисфи 1 почакандаи даврони шӯравӣ на ақл дораду на фарҳангу на саводу на комёбӣ?! Зеро баъди хатми мактаб ва баъзан баъди хатми донишгоҳ аз гӯшашон гирифтаву тӯяшон мекунанд. Дар ин сурат кадом ҷавон ба комёбие ноил мегардад?! Кӯдаки дирӯза дар айёми ҷавонӣ оиладориро ҷуз секс чизе беш намедонад: оиладор мешаваду 2 сол пас, ки зиндагӣ ба сараш зад, медавад Русия, ё роҳи халосиро дар талоқ мебинад. Таваҷҷӯҳ кардаед, ки имруз бештар аз солҳои даврони шуравӣ бевазанҳои танҳои ҷавон дорем? Ин натиҷаи саросемагию духтарфурушӣ дар қолаби қалинг асту ба зиндагии мустақил омода набудани ҷавонон. Даврони мактабиям ҳамагӣ 1-2 бевазан дар деҳот буд, ки ун ҳам бо сабаби марги шавҳарҳошон танҳо буданд, аммо имруз дар ҳар деҳае дастикам 5 бевазани ҷавон ёфт мешавад, ки сабабашро болотар гуфтем.
Ҳанӯзам, нафаҳмида бошед, тӯй хӯрда гардед!!!


Шарифхони Тағоймурод,
аз ш.Маскав, махсус барои СССР


PS: Ҳоло мешунавам, ки ҳатто вазирону раисон ва пешбарандагони ғояи давлати дунявӣ, ҳамаашон духтаронро дар синни 18-19 ва писаронро максимум дар 20-солагӣ никоҳ мекунанд ва сабаб меоранд: «Ба роҳи каҷ наравад!». Ҳӯй, абармардони миллат, роҳи рост танҳо баччазоист?

Ҷумъа, 19 Май 2017 13:36


Мулои гурҷӣ ва ГРУ
19.05.1941 ҷосуси маъруфи шӯравӣ “Рамзай”, коммунисти олмонӣ Рихард Зорге, Маскавро аз теъдоди нерӯҳои олмонӣ, ки барои ҳуҷум ба СССР тайёрӣ медиданд, огоҳ карда, ҳатто рӯзи ҳуҷумро 22 июн номбар мекунад.

Ҷумъа, 19 Май 2017 13:30


18.05.1954. Шӯриши зиндониён дар муассисаи ислоҳотии шаҳраки Кенгир, дар Қазоқистони марказӣ. Аксари иштирокчиёни шӯриш зиндониёни сиёсӣ буданд.

Ҷумъа, 19 Май 2017 11:24


Пагоҳ, 20.05.2017, соати 17: 00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Соли ҷавонон баргузор мегардад. Қарори Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин бора 17.05.2017 ба тасвиб расида дар он метавонанд ҳамаи хоҳишмандлон ширкат варзанд.
Инчунин, пагоҳ аз соати 8:00 то соати 11:00 мусобиқаи варзишии веломарафон сурат гирифта, рӯзи 21.05.2017 аз соати 8:00 то соати 11:00 дави миллӣ ба баргузор мегардад.



СССР

Панҷшанбе, 18 Май 2017 15:56

Аз имрӯз сар карда рақами ягонаи хадамоти наҷотдиҳӣ, ки дар худ хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ, милитсия, ёрии таъҷилӣ, ҳолатҳои фавқуллодаро дар бар мегирад, аз «111» ба «112» иваз карда шуд.
Бино ба иттиллои коршиносон, рақами қаблӣ хеле осон буда аз он кӯдакон низ истифода мебурданд ва аксаран вақт бо суолҳои бемаврид вақти наҷотдиҳандагонро мегирифтанд. Рақами «112», ки айни замон лоиҳавӣ аст, метавонад дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ пурра ба фаъолият оғоз намояд.



СССР
 

саҳ 8 аз 19

Китобҳо

Flag Counter