ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 23 Май 2017 14:34

Манбаъи мӯътамади СССР дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт,ки Шехмуродов-иҷрокунандаи вазифаи раиси   кумитаи заминсозии ноҳияи Шаҳритусро имрӯз, 23 майи соли 2017 баъд аз анҷоми маҷлиси ҳукумати ноҳия дар назди бинои ҳукумат боздошт карданд. Чаноби Шехмуродов мехост дар назди бинои хукумат аз як сокини ноҳия 20 000 сомонӣ пора гирад. Махз ҳангоми пора гирифтан, номбурда аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон  дастгир шуд...


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Сешанбе, 23 Май 2017 09:00


Мутобиқи Нақшаи генералии ш. Душанбе, ки 28.04.2017 тасдиқ гашт, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ  шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040  пешбинӣ  гардидааст.
Афзоиш шумораи аҳолӣ дар  ҳудуди лоиҳавӣ  дар марҳалаи аввал то соли 2025  936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040  1 миллиону 176 ҳазор нафар  муайян гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки азхудкунии заминҳоро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то солҳои 2040 марҳила ба марҳила амалӣ ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои  атрофи онро тарҳрезӣ намояд. Инчунин омодакунии муҳандисии ҳудуд, инчунин барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷударо тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе  роҳандозӣ намояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инчунин муваззаф гардидааст, ки нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро  тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ намояд, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ  монад.
Тибқи ин қарор ҳамчунин Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ  вазифадор гардидаанд, ки ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва ниҳолзори бисёрсола  дар  заминҳое, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  ҳамчун ҳудуди дурнамои рушди шаҳр муайян шудаанд, роҳ надиҳанд.



СССР
 


Душанбе, 22 Май 2017 16:51


Имрӯз субҳ бо сабаби мушкили техникӣ доштан ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии русии « Utair» аз рӯи хатсайри Душанбе-Маскав парвоз накард. Мусофирони ин хатсайр, ки бояд соати 06:00-и субҳ парвоз мекарданд, пас аз пеш омадани проблемаи техникӣ аз дохили ҳавопаймо бароварда шуданд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе хабар доданд, ширкати «Utair» ният дорад мусофирони ин хатсайрро шоми имрӯз бо парвози навбатӣ ба Маскав фиристонад.



СССР


Душанбе, 22 Май 2017 13:17


Овоза ҳаст, ки гӯё дар Панҷакент эпидемияи муриши чорво паҳн гардида, ба сабаби ин беморӣ чорвои зиёд  талаф ёфтаанд. Овоза мегӯяд, ин беморӣ асосан дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва деҳоти он паҳн шуда, дар ҳар деҳа қариб 50 чорвои хурду калон мурдаанд. Дар ҳамин ҳол Шодмонов Қурбонбой-сардори идораи бойтории ш.Панҷакент дар сӯҳбат ба СССР гуфт, ки ин овозаҳо дурӯғ буда, танҳо дар ҷамоати Рӯдакӣ 10-12 чорво талаф ёфтаанд, ки ин ҳам бошад бо гуноҳи худи мардум аст. Зеро онҳо саривақт ҳайвонҳои худро ваксинатсия (эмкӯбӣ) намекунанд. Ҳамчунин Фармонов Эгамбердӣ-раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ низ гуфт, ки ҳамагӣ 10 чорво мурдаасту халос ва дигар барои пешгирии талафи чорво корҳои профлактикӣ рафта истодааст.


Хуршед Фозил,
Панҷакент

Душанбе, 22 Май 2017 10:13


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Имрӯз сафи ситораҳои эстрада чунон бузург шудааст, ки ҳисобашон гум. Ва ба ин аслан ровиён гунаҳкоранд, ки дар эълон-таблиғоти худ «фалонӣ фалониев» гуфта дод мезананд ва муаррифӣ мекунанд. Имрӯз ҳама ҳофиз шудааст, мисле ки ҳама шоир шуда. 90%-и клипҳои сарояндагони нав ё дар қабристон мегузарад, ё дар беморхона: Ҷумлагӣ дар бораи сӯгу мотам… месароянд!!! Чанд сол пеш дар тӯйи ҳамсояам аз ш.Душанбе 1 нафар артист омада, суруди «Қамзин бизан!»-ро хонд. Вақте ин сурудро мехонд раққосаҳояш чунон бефаросатона мерақсиданд, ки 1 шармандагӣ! Ҳатто ҳини рақс ба пушти тамошобинон баромада, рақс мекарданд. Тамошобини безавқу бесавод бошад ба ҳунарнамоии ӯ чаппак мезад. Чунин беадабӣ дар маъракаҳои замони Шӯравӣ набуд!!! Ман аз Вазорати фарҳанг эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ҳамаи «ситора»-ҳои эстрадаро аз аттестатсия гузаронад!


Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод, тел: 93 701 46 01

Душанбе, 22 Май 2017 09:22



Аҳолии ноҳия худ ба худ савол медиҳанд: корҳои ободонӣ идома меёбанд, ё на?! Зеро аз рӯи план бояд, ки Варзишгоҳи замонавӣ барои баргузории футбол, бинои нави замонавии Хонаи Маданият, бинои замонавии Шуъбаи маорифи ноҳия сохта шаванд. Ба ин савол ғайр аз раиси вилоят-А.Қодирӣ ва раиси ноҳия Ғайрат Азиззода каси дигар ҷавоб дода наметавонад! Чунки «усул ба дасти нақорачӣ» мегӯянд. Аз вилоят маблағи ҷудошударо диҳанд, корҳо оғоз меёбанд.
Ғайр аз ин дар ноҳияи овозадори мо ягон роҳи дурусти мошингард нест! Роҳҳои вайрону валангори ноҳия кай рӯи асфалтро мебинанд? Худо медонаду роҳбарон! Агар мабодо шумо нияти сафар ба шаҳракҳои Зарнисору Обшоронро дошта бошед, беҳтараш аз ин нияти некатон даст бикашед! Газетаи СССР бо кӯмаку роҳбаладии мо ин масъаларо сар то охир пайгирӣ намояд. Чунки Мо Метавонем!!! Чаро не???


Олимбеки Зиёиён,
ноҳияи Мастчоҳ, тел: 919 20 04 71

Душанбе, 22 Май 2017 09:19


Муаллима Мунира Абдусаломова, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳринав ба СССР занг задаву гуфт, ки рости гап, 2 моҳ боз ману фарзандонам аз дидани телеканалҳои Тоҷикистон маҳрумем. Айнан ба ҳамин мазмун 2 ҳафта пеш 1 нафар аз вилояти Суғд дар саҳифаи 5-и СССР шикоят карда буд. Наход барои фоидаи кадом як тоҷир шуда, мардум аз тамошои каналҳои дилхоҳаш маҳрум гардад? Чунин амал маънои онро дорад, ки мо рушди фарҳанги хешро бо дастони хеш буғӣ карда истодаем. Охир, фикр кардан даркор, ки халқи камбизоат боз бо кадом маблағ «база»-и зиёдатиро бо нархи қимат харида, насб мекунад? Ин айб нест?!

Душанбе, 22 Май 2017 09:09


Узви Ихвон-ал-СССР, Нозим Сафаралиев аз деҳаи Шилбилии ноҳияи кӯҳистони Лахш (Ҷиргатол) ба СССР занг задаву гуфт, ки зимистони дурударози имсол, ки воқеан бесобиқа буд, ба тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ таъсири худро расонд. Бинед, ки ҳар сол пеш аз Наврӯз, яъне 5-10 март аллакай дарахтон сабз мешуданду мешукуфтанд. Ё бигирем, занбӯри асалро. Ман, ки дар хона 5-6 қуттӣ оилаи занбӯр дорам, зарари зиёд дидам. Оруасал дар моҳи март бояд наслмониро оғоз кунад, лек ин тавр нашуд. Ҳамчунин, мавсими киштукори деҳқон қафо афтод. Чорвои мардум-гову гӯсфанд аз беалафӣ талаф шуд. Дар баъзе минтақаҳо 1 банди коҳ ба 10-15 сомонӣ расида, 1 кг чакка дар бозорҳои шаҳри Душанбе наздик ба 17 сомонӣ хест. Ман ба Вазорати кишоварзӣ 1 пешниҳод дорам. Минтақаҳое, ки дар заминҳояш ба ҷуз алаф барои чорво чизе дигар намерӯяд ва ҳам рӯёндан душвор аст, бояд хуб истифода барад. Зеро дар даврони Шӯравӣ ин тарзи таъмини чорво бо хӯрокаро хуб ба роҳ монда буданд.

саҳ 6 аз 19

Китобҳо

Flag Counter