ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 22 Май 2017 09:04


Мо ва баҳси мо-10

Душанбе, 22 Май 2017 08:53


Баъди он, ки газетаи СССР дар шумораи қаблӣ перомуни “Шикори бузург” гузориш дод, то ҳол ҷомеаи кишвар аз амалиёти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ инро интизоранд, ки “баъд...” чӣ шуду чӣ гузашт? Аҷиб ин аст, ки мақомоти қудратӣ то ҳанӯз сари пурсарусадотарин гирудори фасодкорони фасодзада хомӯшии кулл интихоб кардаанд. Ин дар ҳолест, ки кишварро “Ҳазрати Овоза” мепечад ва роҷеъ ба “қаҳрамониҳои фасодкорон” афсонаҳо мезоянд. Мисле, ки аз хонаи модари корманди дигари Агентӣ гӯиё 35 млн доллар ёфта бошанд...

Душанбе, 22 Май 2017 08:43


Вақте ки паррандаеро дар қафаси тило ҳам гузорӣ дилгир аз зиндагию маҳрум аз озодӣ мешавад. Медонед, парранда худро дар осмони соф хушбахтарину хушҳолтарин мешуморад, аммо нафаре пайдо мешаваду рӯзи хушбахттарини ӯро ба бадбахтӣ табдил медиҳад. Ӯ дар қафас 3 ҳафта меистаду мемирад. Маргаш аз зиндонӣ шудан буд. Акнун биандешед, муҳтарам қонунбарорҳо, шумо зиндагии мо-ҷавононро ба мисли ҳамон паррандаи қафасӣ кардаед. Ҷавонро дар қафас орзуҳояш низ зиндонист, дар қафас наметавонад хурсандӣ кунад.
Ин чӣ ҳаётест, ки ҷавонон дар рӯзи хурсандӣ рақсу шодӣ накунанд, дар рӯзи занги камолот бо мактаби хеш хайрухуш накунанд? Ягона чизи бехатар, ки на ба инсон ва на ба ҳайвон зарар намерасонад, ин суруд ва мусиқист, ки шумо дар мактаб суруди занги камолотро барои мо хонандагон манъ кардед. Айб аст!
Ҳатто винетка-сурати дастаҷамъии хатмкунандаҳоро ҳам манъ кардаед. Шумо чӣ мақсад доред? Шабнишинӣ дар тарабхона, ки дидори охирини ҳамсинфон бо устодони гиромӣ мебошад, аз ин ҳам моро маҳрум кардаед. Ҳадди аққал рӯзона иҷозат бидиҳед, ки мо онро ҷашн гирем. Пас бигуед, мо насли наврас, ҷавонон-ояндаи миллат ба чӣ кор машғул шавем? Мо ба кӣ лозим ҳастем?
Мо, ростӣ аз чунин қонунҳо дилгир шудаем, ки зидди озодии мост! Шумо-калонсолони даврони шӯравӣ, ки мегӯянд он даврон хеле дунявиву пешрафта буду ин ҳама ҷашнҳоро манъ намекард, вақте моро аз винетка, занги камолот, хушҳолӣ, шабнишинии охирин маҳрум месозед, пас мо-ҷавонони имрӯз аз ҳама хушиҳо манъгардида, фардо ҳоли фарзандони худро аз ин ҳам бад намекунем? Мекунем! Чунин иқдоми қонунбаророн ояндаи ҷавононро ба мисли Давлати Исломӣ мегардонад! Медонед, сабаби ҷангу ҷанҷолҳо дар Ироқу Сурия маҳз дар ана ҳамин нохушиҳост? Зеро вақте хуширо аз инсоният мегиред, даст ба нохушӣ мезанад! Мо ҷавонон озодиву занги камолоти худро интизорем!!! Мо Метавонем!


Омирона ва Ориёна Достиеваҳо,
хонандагони синфи 11-«в», мактаби №72, ш.Душанбе

Ҷумъа, 19 Май 2017 16:47

Узви Ихвон-ал-СССР, Зулфия Воҳидова, сокини пойтахт, аз кӯчаи Ломоносови ноҳияи Сино (тел: 93 517 77 50, 901 90 97 49) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман соҳиби 2 духтарча ҳастам. Рафоат-духтарчаи 10-солаи ман аз 9-моҳагӣ то имрӯз фалаҷ аст. Инак, қариб 10 сол боз бемор аст, аммо ҳич дастгир ва саховатманде нест, ки Рафоати маро аз ҷиҳати тиббӣ ва моддӣ кӯмак кунад. Ман аз ҳамаи мардуми шарифи Тоҷик эҳтиромона хоҳиш дорам, ки барои ба дармон гирифтани духтарчаам ёрӣ расонанд. Шавҳарам, падари 2 фарзандам низ бемор асту зиндагии мо аз ӯ ҷудо. Шавҳарам бошад имкон ва қудрати нигоҳубини фарзандонашро надорад. Аз ин лиҳоз, ягона умедам кӯмаки шумо-ҳаводорону мухлисини газетаи СССР мебошад. Духтурҳои пойтахт барои дармону муолиҷаи Рафоат дору ва уколҳои зиёдеро рӯйхат карда, ба ман доданд, аммо шароити молӣ надорам. Аминам, ки муроҷиати банда тариқи газетаи СССР бетаъсир нахоҳад буд...

Ҷумъа, 19 Май 2017 16:41


Имрӯз, 19. 05.2017 сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард 1300 китобро аз номи сокинони Боулдер ва Денвери иёлати Колорадо, ИМА ба шаҳри Душанбе тақдим намуд. Китобҳои мазкур ба Кибер-кафеи дӯстии шаҳри Душанбе ва нӯҳ мактаби шаҳри Душанбе дастрас гардиданд. Дар давоми 1 ҳафта сокинони Боулдер ва Денвер, Китобхонаи ҷамъиятии Боулдер, мактабҳои маҳаллӣ ва инчунин чойхонаи Боулдер-Душанбе 1300 адад китобро ба забони англисӣ ҷамъоварӣ намуданд, то ки ин китобҳоро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Душанбе дастрас гарданд. Китобҳои мазкур аз классикаи адабиёти англисӣ, китобҳои бачагона ва назм иборат мебошанд.
Сафир Элизабет Миллард зимни суханронии худ оид ба 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ таъкид намуда, мисраҳои шеърҳоро ба забони тоҷикӣ дар бораи дӯстӣ ва китобҳо қироат намуд. Инчунин хонум Миллард дар назди ҳозирин мактуберо аз номи Шӯрои мудирони созмони “Бародаршаҳро Боулдер-Душанбе” хонд.        
Равобити мутақобила байни бародаршаҳрҳои Боулдер ва Душанбе ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ гардид. Бад ин тартиб, сокинони шаҳри Душанбе чойхонаи зебои “Боулдер-Душанбе”-ро дар шаҳри Боулдер бунёд намуданд ва сокинони Боулдер бошад, дар навбати худ Кибер-кафеи дӯстиро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд. Дар рафти муносибатҳо дар ин самт, Ҳукумати ИМА якчанд барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва мутахассисонро сарпарастӣ намудааст. Дар доираи ин барномаҳо шумораи зиёди донишҷӯёну мутахассисон ба шаҳри Боулдер сафарбар гардиданд. Ҳадаф аз ин барномаҳо таҳкими равобит байни сокинони ду бародаршаҳр аст. Моҳи ҷорӣ гурӯҳи мутахассисони соҳаи экотуризм  ба шаҳри Боулдер сафарбар мегарданд ва бо аъзои созмони “Бародаршаҳрҳои Боулдер-Душанбе” мулоқот мекунанд.  
Ҳукумати ИМА бар он аст, ки равобити мустаҳкам байни халқҳо рукни умда барои густариши муносибатҳои самарабахши дутарафа маҳсуб меёбад. Ба ин хотир, Ҳукумати ИМА тайи 25 соли ахир беш аз 5000 шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таҳсил, такмили ихтисос ва мубодилаи таҷриба равон намуд, то ки ин донишҷӯёну мутахассисон пас аз бозгашт ба ватани хеш барои рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.



СССР


Ҷумъа, 19 Май 2017 16:37


Матлаби «Ба мо мактаб лозим» (СССР, №7, 16.02.2017), ки бо имзои аъзои кумитаи падару модарони мактаби миёнаи №1 чоп шудааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои беҳтар кардани шароити таълиму тарбия, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ аз ҳама имкониятҳои дастрас истифода менамояд. Танҳо с.2016 бинои 5 муассисаи таълимӣ азнавсозӣ карда шуд. Бунёд ва таъмиру таҷдиди бинои мактабҳо ба тадриҷ тибқи нақша идома меёбад. Барои ин аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ истифода мешаванд. Бинои мактаби миёнаи №1 соли 1997 мутобиқ ба эҳтиёҷоти онвақтаи маҳаллаи Деваштичи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан сохта шуда буд ва ҳоло бо сабаби зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва хонандагон синфхонаҳои он басанда нестанд…


М.Сафарзода, муовини
якуми раиси ш.Панҷакент

Ҷумъа, 19 Май 2017 16:29


Салом, СССР! Ман санъаткор нестам, просто мухлисам. Ҳамаи сарояндагонро дар роҳи «плагиат» ва тақлид гунаҳкор кардан аз рӯи инсоф нест. Ҳастанд сарояндагоне, ки бо маҳорати баланди эҷодиашон миёни мухлисон обрӯи хос доранд, анъанаю репертуарҳои сарояндагони шинохта Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Тӯҳфа Фозилова, Зафар Нозимов, Одина Ҳошим, Дӯстмурод Алиев, Нигина Рауфова, Ҳанифа Мавлоноваро давом медиҳанд. Сарояндаҳои имрӯз бояд бештар ба гузаштагон такя карда, сабақ омӯзанд, ба фарҳангу адабиёти миллӣ рӯ биоранд, на ба фарҳангу санъати афғону эронӣ. Ҳастанд сарояндаҳое, ки барои шӯҳрат ба саҳна баромада, чунон аррос мезананд, ки кӯҳи Қаратоғ меҷунбаду сурудҳоро ғалат месароянду касе пай намебарад…


Абдуҳалим Маннонов,
деҳаи Партизан, н.Рӯдакӣ

Ҷумъа, 19 Май 2017 16:25


Рамазон ҳам фаро мерасад! Ва аз ҳоло нархҳо дар бозорҳо ҷаҳидан доранд. Дар бозорҳои ш.Душанбе, минҷумла, дар бозори Саховат, 1 кг помидор то 25 сомонӣ ва помидори андак зарбхӯрда 15-18 сомонист. Аз роҳбари давлату Ҳукумат то раисони шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи нархҳо гап мезананду таъкидҳо мекунанд, натиҷаи дилхоҳ нест! Наход мо қудрати бо ҳаннотон мубориза бурдану ба роҳ дароварданашонро надошта бошем? Ин савдогароне, ки дар мо ҳастанд, ба бозоргонҳо, савдогарони озод монандие надоранд! Онҳо ҳаннотони ба ҳукми Қонун даровардашуда мебошанд, онҳо дигар ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ман ба касе ғараз надорам, ки таҳти калимаи мусулмон чи моҳиятеро мефаҳмад, вале шахсан ман зери мафҳуми ин калима шахси фиребанда, дуруғғӯ, ҳиллагар ва найрангбозро фаҳмида истодаам. Пас чӣ тавр дилат аз тоҷири беақлу бефарҳанги тоҷик хунук нашавад??? Истеҳсолкунандагони маҳсулот шахсони боинсофанд, вале вақте мол ба савдогар расид, нархро бало зад!!! Ҳар гоҳе бо онҳо дар мунозира шавӣ, бисёриҳо қимат шудани арзиши $-ро пеш меоранд. Борро аз деҳқон 2-3 сомонӣ харида, 7-10 сомонӣ мефурӯшӣ ва барои ин садҳо қасам мехӯрӣ. Барои ин зану падару модаратро зери қасамҳои бемаъниат нагузор, ки дар охир муртад мешавӣ.


Комрони Далер,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Қӯрғонтеппа

саҳ 7 аз 19

Китобҳо

Flag Counter