ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 20 Июн 2017 10:22


Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дирӯз, 19.06.2017 дар пойтахт маркази бузурги обии «Обшорон»-парки обиро ифтитоҳ намуд. Бояд қайд намуд, ки ин аквапарк калонтарин дар мамлакат маҳсуб ёфта сохтмони он дар майдони 20 000 метри мураббаъ моҳи феврали соли 2016 шурӯъ гардида буд.
Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавз — шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар 1 вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад.
Сохтмони Аквапарки Душанберо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сохтмони махсус» дар ҳамкорӣ бо ширкати италиявии «Престон ва Барбиери» («Preston & Barbieri»)  дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ва дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расондаанд.

СССР

Душанбе, 19 Июн 2017 15:27


Тайи  2 рӯзи охир ба пуррагӣ қатъ шудани оби нӯшокӣ бархе аз сокинони шаҳри Панҷакентро нигарон кардааст. Сокинони маҳаллаҳои Самарқандӣ ва Навбунёд мегӯянд, ду рӯз яъне санаҳои 17 ва 18-ум оби ошомиданӣ дар маҳаллаҳои мо қатъ гардид. Онҳо мегӯянд, дар дигар рӯзҳо ҳам обро аз рӯи соат медоданд, вале ду рӯз  охир ҳамон ҳам гум шуд.
- Дар ин гармои тобистону моҳи Рамазон набудани об барои зиндагии мо як вазнинии дигарро зам намуд. Чизи дигар ин аст, ки масъулини идораи об фақат баҳона пеш меоранд, ки гӯё насос сӯхтааст. Фақат насоси маҳаллаи мо месӯзад магар? - мегӯяд бошандагони ин маҳалла.


Хуршед Фозилов

Душанбе, 19 Июн 2017 15:24


Шаби гузашта қатораи мусофиркаши Тоҷик аз рӯи хатсайри Душанбе-Остона ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон расид. То ба имрӯз алоқаи мустақими роҳиоҳанӣ аз Душанбе то Остона набуд ва ин хатсайр дар арафаи баргузории намоишгоҳи бузурги ҷаҳонӣ «EXPO-2017», ки ин рӯзҳо дар Остона мегузарад, роҳандозӣ шудааст.
Бино ба иттиллои хабаргузориҳои қазоқӣ, тавофуқнома дар бораи роҳандозии хатсайри мусофиркашӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон дар чаҳорчӯбаи гуфтушунидҳои ҳукуматҳои 2 давлат сурат гирифта хатсайри мазкур тавассути Қароқалпоқистон-Бейнеу-Ҷазқузғон ҳаракат намуда аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе ба роҳ мебарояд.

СССР

Душанбе, 19 Июн 2017 14:45


18.06.2017 дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар ҷавонони 21-солаи сокинони ш. Душанбе ҳангоми ба муомилот баровардани 24 адад купюраи 100 сомонаи қалбакӣ дастгир карда шуданд.
Бино ба иттиллои сомонаи ВКД ҶТ, ташхис нишон дод, ки купюраҳои мусодирашуда қалбакӣ буда, ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат намекунанд. Аз боздоштшудагон далели шайъӣ -3 адад принтер ва 170 метр қоғази махсус гирифта шуд. Нисбати гумонбаршудагон бо моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

СССР


Душанбе, 19 Июн 2017 14:37


18.06.2017, тахминан соати 15:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс”, марди 22-солаи сокини н. Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки н. Восеъ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 42-солаи сокини ш. Кӯлоб бархӯрдааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар натиҷа, ронанда ва 3 нафар мусофирони автомашинаи «Мерседес-бенс», синну солашон 22-24-солаи сокинони н. Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, инчунин ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ва мусофири он марди 33-солаи сокини ш. Кӯлоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи «Мерседес-бенс», ҷавони 21-солаи сокини н. Ҳамадонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

СССР


Душанбе, 19 Июн 2017 11:52


Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ эълон намуд, ки 27.06.2017 дар вақти таҷлили 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ш.Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилоимаркази матбуоти ВКД ҶТ, дар рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ баргузор мешавад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 07:00 то соати 21:00 маҳдуд карда мешавад.
Раёсати БДА ба ронандагон маслиҳат медиҳад, ки аз роҳҳои иловагии зерин истифода баранд:
Аз самти минтақаи Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе:
- Данғара - Қӯрғонтеппа – Душанбе;
- ағбаи Чормағзак – Ёвон – Душанбе;
- деҳаҳои Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х.Ленингради н.Рудакӣ - Душанбе;
Аз самти водии Рашт ба самти шаҳри Душанбе:
- деҳаҳои Меҳробод (Қарабулоқ)-и н.Файзобод - Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х.Ленингради н.Рӯдакӣ – шаҳри Душанбе;
Аз самти шаҳри Душанбе – ба самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт:
- х.Ленингради н.Рӯдакӣ - деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) - Карим Исмоил – Абдуллообод - Бостон (Гургхӯрда)-и Ваҳдат;
- маҳаллаи Обшорон – заводи шифери километри 9-ум - деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) - Карим Исмоил - Абдуллообод - Бостон (Гургхӯрда)-и шаҳри Ваҳдат.

СССР
 

Душанбе, 19 Июн 2017 11:25


Муаллими собиқадор-Ғозибеки Авазиён аз ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дар меҳмонии СССР гуфт, ки рӯзи 24.05.2017 аз беморхонаи марказии ноҳия дидан кардам. Дар беморхона пизишки касбӣ-Абдуҳаким Мираминов навбатдор буданд. Аз ӯ пурсидам, ки шуъбаи ҷарроҳӣ кор мекунад? Гуфт: «Не! Сабаб норасоии духтурони ҷарроҳ аст!». Дар ноҳия якчанд хирург ҳаст-Идиев Абдуамон, Мираминов, Маҳмадшукур, Абдуҷаббор-сардухтур, лек чаро ин шуъба мутахассис наёфт? Аммо Абдуқаюм Ғаффоров-сардухтури беморхонаи деҳаи Роғ ба ман гуфт, ки «аз беҳунарии хирургҳои ноҳия шуъбаи ҷарроҳӣ кор намекунад. Бархе аз онҳо ҳатто теғи ҷарроҳиро дошта наметавонанд. Дар ин бора мо даҳҳо бор ба Вазорати тандурустӣ навиштаем». Ҳоло Мастчоҳи Кӯҳӣ бо 25.000 нафар аҳолияш беморро дар навоҳии берун бурда табобат мекунад. 1 сабаби меҳмон шудани ман ба СССР ин аст, ки мехоҳам ба Насим Олимзода бигӯям, ки Мастчоҳи Кӯҳиро бо ҷарроҳи касбӣ таъмин кунад…

Душанбе, 19 Июн 2017 11:12


Бо дастури Ҳукумати ҶТ феълан тамоми ширкатҳои истеҳсол ва таъминкунандаи обу барқу гармии мамлакат ба фасли сармои оянда омодагӣ мегиранд. Маҳз аз фаъолияти имрӯзаи онҳо, хоса, корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва захираву дурнамо вазъияти гармиву рӯшноии ҳар 1 хонадони Тоҷик дар фасли зимистон вобаста аст. Мухбир-ревизори СССР тасмим гирифт, аз ин шумора сар карда, фаъолияти ҳар 1 ҷамъияту корхона ва иттиҳодияҳои истеҳсоли обу барқ ва гармиро бо навбат зери назар гирифта, бо корҳои омодагии онҳо ба фасли зимистон ошно шавад. Боздиди нахустини мо аз ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» оғоз шуд. Шояд шумо суол диҳед, ки чаро маҳз аз ш.Турсунзода? Посух ин аст, ки Турсунзода яке аз шаҳрҳои муҳими стратегии наздимарзӣ ба шумор рафта, калонтарин корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, амсоли ТАЛКО ва даҳҳо ҷамъиятҳои дигар ин ҷо фаъолият доранд. Таъминоти аҳолии беш аз 230-ҳазорнафараи он бо барқ, ки дар байнашон намояндагони наздики 30 халқияту миллат, ҳатто ҳиндуҳо зиндагӣ мекунанд, масъулиятест басо муҳим.

 Раиси ҷавону пурмаҳсул
Субҳи рӯзи 10.06.2017 озими ш.Турсунзода шуда, нахуст ба қабули раиси ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» Холиқзода Салоҳиддин Шариф рафтем. Расо соати 8:30 дақиқа ба идораи эшон расидему дар баробари чанд нафар сокинони барои арзу шикоят назди раис омада, навбат гирифтем. Шаҳрвандон бо мушкилоти хеш назди Холиқзода омада, пас аз қабули раис розӣ мебаромаданд. Навбати ман ҳам расид ва вориди утоқи раиси ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» шудам. Холиқзода ҷавони хеле боғайрату пурмаҳсул будааст. Пас аз шиносоӣ дарҳол маро бо худ ба зеристгоҳи «Равшан» бурд, ки он ҷо шанбегии кормандон идома дошт. Раис низ бояд дар чунин маъракаи ободониву созандагӣ иштирок мекард.

Эҳёи кӯҳантарин зеристгоҳи мамлакат


«Равшан», ки дар даромадгоҳи шаҳр ҷойгир аст, кӯҳантарин зеристгоҳи кишвар ба шумор рафта, соли 1963 бунёд гаштааст. Айни замон лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии зеристгоҳ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» амалӣ гашта, то охири соли 2018 пурра иваз мешавад. Имрӯз ҳудуди зеристгоҳ кушоду васеъ гашта, иншооти дохилаш ба тадриҷ нав мегардад. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии зеристгоҳ ҳар ҳафта рӯзи шанбе кормандони ҷамъият корҳои ободонии атроф ва иншоотҳои кориро ба анҷом мерасонанд. На танҳо дар зеристгоҳи «Равшан», балки дар зеристгоҳҳои «Пахтаобод», «Промзона» ва «Лоҳутӣ», ки муҳимтарин зеристгоҳҳои шаҳр ба ҳисоб мераванд, ҳар ҳафта мардум ба тоза кардани атрофи маҳалли зист, сабзкорӣ ва ободонӣ машғуланд.

Ба барқдуздӣ нуқта гузошта мешавад!
Сокинони ш.Турсунзода, ки ҳама муштариёни ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» ҳастанд, мегӯянд, раиси ҷавон С.Холиқзода шояд ягона раиси ин ширкат аст, ки тӯли фаъолияти на кам аз 1-солаи хеш аллакай тавонистааст ба дурдасттарин деҳоти шаҳр, ки аксарият наздимарзиянд, рафта на танҳо аз ҳоли хатҳои барқу трансформаторҳо, балки аз аҳволи аҳолӣ низ воқиф гардад. Сокинони деҳаҳои дурдасти Шулум ва Хонақо шояд дар 25 соли охир ягона раиси «Шабакаҳои барқи Турсунзода»-ро, ки дидаанд, ҳамин Холиқзода аст. То ин муддат ба ҷуз нозири барқ дигар касе аз масъулин ба наздашон барои аҳволпурсӣ наомада буд. Холиқзода пас аз боздидаш аз тамоми гӯшаю канори шаҳр ва нуқтаҳои дуртарини аҳолинишин тасмим гирифт симчӯбҳои кӯҳнашудаи аксарияти деҳот, аз ҷумла, Хонақоро иваз карда, ба ҷои трансформаторҳои вақти фаъолияташон кайҳо ба охир расида трансформаторҳои наву замонавӣ васл кунад. Феълан, ба деҳаҳои Хонақо хати нави барқ кашида шуда, мутахассисони шабака дар ин нуқта ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд. Ҳамакнун, бо омадану санҷишҳои пайдарпайи Холиқзода мардуми деҳаи Хонақо, ки солҳои тӯлонӣ бо роҳи ғайриқонунӣ ба хати барқ васл шуда, аз он баҳра мебурданду маблағи истифодаро намесупориданд, ба таҳлука афтодаанд. Раиси нав намегузорад, ки муштариён бе барқ монанд ва...барқдуздӣ кунанд!

Тайёрии ҳаматарафа ба зимистон


ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» дар самти омодагӣ ба фасли зимистони солҳои 2017-18, ки муҳимтарин омилаш таъминони аҳолӣ бо барқи хушсифат ва мунтазам аст, 1 қатор нақшаҳоро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони ширкат дар хатти 10/0,4 кВ симҳои лучи алюминӣ 59232 метр, оиқҳо ба миқдори 610 адад, сарбанд ба миқдори 130 адад, сутунпояҳои оҳанию бетонӣ ба миқдори 79 адад иваз карда шуданд. Корҳои таъмир ва ивазкунии асбобҳои барқии сӯхта ва аз кор баромада гузаронида шуда, дар олоти тақсимоти 10/0,4 кВ нуқтаҳои трансформатори шаҳр ва деҳаҳо ҷудоикунак ба миқдори 48 адад, муҳофизак ба миқдори 308 адад, барқгир ба миқдори 11 адад васл шуд. Дар хатти кабели 10/0,4 кВ ба миқдори 485 метр кабели намудҳои гуногун иваз шуда, дар атрофи шаҳр ва деҳоти он барои кам кардани серборӣ трансформаторҳо бо тавоноии ТМ-630 кВА-1 адад, ТМ-400 кВА-1 адад иваз карда шуд. Инчунин, дар ҳудуди ш.Турсунзода ба миқдори 8 адад зеристгоҳи трансформатории маҷмӯи шаҳрӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои кори мунтазами онҳо 330 литр равғани трансформаторӣ рехта шуд. Бино ба иттилои Салоҳиддин Холиқзода, дар тайи 5 моҳи соли равон 42 адад истгоҳҳои трансформатории 10/0,4 аз таъмири ҷорӣ бароварда ва корҳои профилактикӣ низ гузаронида шуд. Барои пешгирӣ дар мавсими раъду барқ бошад аз ҷониби коршиносони шабакаи мазкур 3 адад барқгир ва сабткунакҳои барқгири 35 кВ дар зеристгоҳи «Пахтаобод» 6 адад ва дар зеристгоҳи «Лоҳутӣ» 6 адад барқгир васл гардиданд. Ҳоло низ корҳои омодагӣ ба фасли сармо дар ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» идома доранд ва мутахассисони ин зерсохтори ширкати «Барқи тоҷик» кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки аҳолии шаҳр чӣ ҳоло ва чӣ дар фасли зимистон аз норасоии нерӯи барқ танқисӣ накашанд.


Мину Аминзода,
СССР

саҳ 5 аз 18

Китобҳо

Flag Counter