ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 29 Июн 2017 13:03



Иди Рамазон омаду  моҳи  Рамазон рафт,
100 шукр, ки ин омаду  100 ҳайф, ки он рафт...

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 18:04


Узви Ихвон-ал-СССР, Хайрулло Амиралиев, сокини деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик (тел: 93 407 78 55, 903 20 04 85) дар меҳмонии СССР гуфт, ки аз соли 2001 барои мардуми деҳа 45 га заминро барои чарогоҳ дода буданд. Санади 45 га замин ҳоло дар дасти раиси маҳалла-Маҳмадулло Мирасов ҳаст. Тибқи ин санад андози ҳарсоларо аз мардум ҷамъ карда мегирифтанд ва квитансияи андоз дар дасти раиси маҳалла қарор дорад. Аз соли 2006 бошад Мирзо Миралиев (собиқ корманди ҳарбӣ) ба тадриҷ замини мардумро аз худ кардан гирифт. Ҳозир ӯ 30 га замини халқро бо санад аз худ карда, атрофашро бо симтӯр печониданист. Аммо ба ӯ кӣ ва чӣ хел санади заминро додааст, касе дарак надорад. Гап сари ин аст, ки дар ин заминҳо мардум молу чорвои худро чаронда, аз пушти он нон мехӯрданд. Дар хусуси ин мушкил чандин бор аҳолии деҳа ба номи раиси ноҳия-Эмомиддин Аслзода аризаи хаттӣ карданд, аммо ягон натиҷа нест. Яъне аз ин мушкили мо раиси ноҳия ва раиси кумитаи замин низ огаҳ аст, аммо корро ба манфиати Миралиев ҳал мекунанд.

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 17:57


Писари туқсабо
Иброҳимбек. Ин ном беш аз 10 сол Артиши Сурх ва ҳукумати РСС Тоҷикистонро безобита мекард ва миёни муаррихин назароти гуногунеро ба ёдгор гузошт. Иддае ӯро роҳзану ғоратгар ва гурӯҳе қаҳрамони миллӣ ва ғозии ислом муаррифӣ мекунанд.

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 17:53


Салом, СССРи азиз ва хонданӣ! Чанд баҳор пеш, вақте ки шаҳраки Суғдиёни ш.Панҷакентро месохтанд, мардум гумон мекарданд, акнун ба маротиб зиндагиашон хуб мешавад ва дар хонаҳои баландошёнаи дорои шароитҳои зарурӣ умри худро шоҳона сипарӣ менамоянд. Вале афсӯс... Дар ин шаҳрак беш аз 3000 нафар зиндагӣ доранд, ки аксарияташон кормандони корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошанд, ки ба истеҳсоли тилло сарукор дорад. Мардум гумон мекунанд, ки ин корхона тамоми шароитҳои заруриро барои сокинон муҳайё намудааст. То 2 моҳ пеш 2 соат саҳарӣ, 1 соат нисфирӯзӣ ва 3 соат бегоҳӣ барои сокинон об медоданд. Аммо 2 моҳ боз об ҳатто ба ошёнаи дуюм намебарояд. Хонаҳо бӯи нохуш доранд. Аҳолӣ чирки худро аз баданаш дур карда наметавонад, чунки аз лӯлаҳо об чунон коҳилона мерезад, ки дар 1 соат 1 сатили холӣ аз об пур намешавад. 2 моҳ боз касе мошинаи ҷомашӯии хешро кор фармуда наметавонад. Масъулин баҳона пеш меоранд, ки аҳолӣ худсарона дар деҳаҳои атроф соҳиби об шудаанду пеши роҳи обро бастаанд. СССР-и гиромӣ! Шояд бо дахли ту мардуми шаҳраки Суғдиён дар ин моҳи шариф ташнагии худро шикананд?…


Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 17:49


Салом СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 1 чизро ҳеҷ намефаҳмам. Барои чӣ ҳама он ҳайвонҳое, ки гӯшту пӯсташон барои беморон фоидаи калон дорад, ҳаром эълон кардаанд? Масалан, мегӯянд шири хар беҳтарин доруст ва боз аз пӯсташон доруҳои қиматтаринро тайёр мекардаанд. Фаромӯш накунед, ки гӯшти сагро низ 1 вақтҳо хӯрданаш мӯд шуда буд. Барои беморони сил гӯшти саг фоида дошт-ку! Равғани хук (сала) барои беморони хунукзадагӣ беҳтарин доруст. Охир, ин ҳайвонҳо ягон чизи ифлос намехӯранд-ку? Мурғ, ки ҳама ифлосиро мехӯрад, барои чӣ ҳаромаш нахондед? Ӯ ахлоту мусор мехӯраду гӯшту тухмашро ҳай мазза карда мезанед-ку, муллоҳои мӯҳтарам!!!


Ғуломалӣ Асоев,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 17:46


Узви Ихвон-ал-СССР, Насрулло Шамсуллоев, соҳибкор аз бозори Корвони пойтахт бо СССР телефонӣ тамос гирифт ва гуфт, ки дирӯз дар 1 маърака гап сари талаф ёфтани гӯсфанд аз сардию бехӯрокӣ дар зимистони гузашта рафт. Ман гуфтам, ки дар замони шӯравӣ сурук (рама)-и гӯсфанд мегузашт, мепурсидем, ин сурук аз кист, чӯпонҳо мегуфтанд, ки аз фалон колхоз, ё совхоз аст. Ҳоло колхозу совхозҳо нест, лек ин сурукҳо аз кӣ бошад? 1 кас пешдастӣ карду гуфт: «Инҳо аз вазирон, раисони бонкҳо… аст». Яъне суруки чиновникҳо. Ин хел бошад, аз будан набуданаш беҳтар, чун аз ин гӯсфандҳо ба халқи камбизоат суде нест. Дар замони Шӯравӣ колхозу совхозҳо плани гӯшт месупориданд, ки дар дӯкон 1 кг гӯшти бузу гӯсфанд 1 сӯм ё 1,20 тин буд. Ҳоло кадом чиновник 50 гӯсфандро забҳ карда, аз нархи бозор 1-2 сомонӣ арзон фурӯшад?

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 17:42


Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳанифа Султонова, корманди 1 идораи давлатӣ, сокини ноҳияи Варзоб дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки перомуни суғуртаи давлатӣ-госстрах гуфтаниям. Чаро имрӯз мардум ба он бовар надоранд? Ёдам ҳаст, дар замони Шӯравӣ бобову бибии ман, ки корманди ниҳодҳои ҳукуматӣ буданд, ҳама молу ашёро суғурта мекарданд. Бинед, вақте мошини шумо дар садамае зарари ҷиддӣ гирифт, бояд суғурта кӯмаки худро расонад. Агар мошинро суғурта карда бошед. Вале ёрии идораи суғурта ба соҳиби мол басанда нест, шояд ин бошад нобоварии мардум? Тибқи хабарҳои интернетии ман, агар чунин ҳолат фарз кардем дар Русияву Амрико ба амал ояд, ҳатман Госстрах мошини шуморо таъмир мекунад. Агар хоҳем, ки ба ташкилотҳои суғуртавӣ эътимод бахшем, бояд дар байни аҳолӣ сӯҳбату машваратҳо доир кунем ва итминон бахшем, ки дар ҳолати молу амволи худро суғурта кардан, зиён нахоҳем дид.

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 16:43


Камол Нуралиев-қудои Президенти ҶТ, падари Ҷамолиддин Нуралиев-шавҳари Озода Раҳмон-раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, бар асари 1 садамаи фалокатбор, дар мавзеъи кӯҳманзари Нораки вил.Хатлон фавтид.
ХАБАРИ МАЗКУРРО ДАР БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН НИЗ ТАСДИҚ КАРДА ГУФТАНД, КИ ҶАНОЗАИ МАРҲУМ ДАР Н. ДАНҒАРА БАРГУЗОР МЕГАРДАД...БА ИТТИЛОИ МАНБАЪҲОИ РАСМӢ КАМОЛ НУРАЛИЕВ ДАР КИРОКАШ-ТАКСИИ ТАМҒАИ «ОПЕЛ» аз ҷониби Данғара суи пойтахт меомад, КИ БО САБАБҲОИ ТО ҲОЛ НОМАЪЛУМ ИН МОШИН БА КАМАЗЕ БАРХУРДААСТ. БАР АСАРИ ИН САДАМА НУРАЛИЕВ САХТ ҶАРОҲАТ БАРДОШТАВУ ФАВТИДААСТ.
Худобиомурз, Камол Нуралиев солҳои тӯлонӣ ба ҳайси муовин ва сипас муовини аввали Вазири хоҷагии об ва обёрии ҶТ кору фаолият кардааст. Аз аввали соли 2009 дар нафақа ва машғули илм буд. Марҳум моҳи майи соли 2015 ба ҳайси Академики Академияи байналхалқии Инженерии Федератсияи Русия дар самти “хоҷагии об ва гидротехника” пазируфта шуд.
Қабл аз ин дар н. Данғара фаолияти давлатӣ ва расмӣ дошт. Мардуми ноҳия ҳамеша ӯро бо некӣ ёд мекарданд. Ба иттилоъи Бобои эшони Мизроб, сокини ҳамин ноҳия, дар тӯли умр, чӣ замоне, ки муовини вазир буду чӣ ҳангоме, ки қудои президент шуд, дар рафтору кирдораш 1 зарра тағйирот ҳамсояҳо надидаанд: ҳамеша хоксор, ҳалим, одамдӯст ва Инсон бо ҳарфи Бузург боқӣ монд...
Худо дар ин шабу рӯзи Раҳоӣ аз Оташи Дӯзах, марҳумро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат кунад. Омин ё рабулъоламин!
Бо истифода аз фурсат, газетаи мардумии СССР таъзияи ҳудро ба хонаводаи Ҷамолиддин Нуралиеву Озода Раҳмон мерасонад.

саҳ 3 аз 18

Китобҳо

Flag Counter