ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 22 Июн 2017 15:32


Эмомалӣ Раҳмон-президенти кишвар рӯзи 22.06.2017 супориш дод, ки ҳини оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, сарфаю сариштакор ва босабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи дастурхони серхарҷ хони маънавӣ ороянд.
Дастури мазбур дар пасманзари болоравии ҳамешагии нарху наво дар арафаи иди Рамазон садо дод ва бисёр саривақтист.
Хотиррас мешавем, ки тибқи дастури астрофизикҳои Академияи Улум ва фатвои Шӯрои Уламои фиқҳи Тоҷикистон Иди Рамазон дар кишвари мо рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мегардад. Намози Иди Фитр дар ҳама масоҷиди ҷомеъ соати 06:00 хонда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар таҷлили иди Рамазон миёни кишварҳои мусалмоннишин ихтилофи назар аст. Фарзи мисол, дар Қирғизистони ҳамсоя рӯзи якшанбеи 25 июн Ид эълон шудааст...
Иди Рамазон муборак!

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 15:26


Иди рамазонро иди фитр меноманд. Иди рамазонро барои он иди фитр мегӯянд, ки он дар аввали моҳи шаввол меояд. Дар ин рӯз, яъне рӯзи ҷумъа пеш аз намози аср рӯҳ ба Ҳазрати Одам (а) фаромад ва Ҳаво дар қолаби вай буд. Бинобар ин аз хурсандӣ он рӯзро ид мекунанд. Дар ин рӯз 2 ракаат намози иди фитр хондан воҷиб аст.

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 15:16


Баъди он ки Худованд Инсонро халқ ва дар рӯи замин халифаи хеш муқаррар кард, малоик рашк намудаву ба Офаридгор гилаи сабук намуданд. Онҳо арз карданд, ки Инсон ношукру табаҳкору муртакиби гуноҳ аст; дар замин фасод карда, аз ибодату ниёишу арҷгузорӣ ба Парвардигорашон нофармонӣ мекунанд. 2 тан аз малоик бо номҳои Ҳорут ва Морут мехоҳанд бартарияти малакутро аз инсон ба намоиш гузошта аз Зоти Ҳақ дархост мекунанд, ки ба онҳо табиати инсонӣ бубахшаду ба замин бифиристад.

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 15:13


23.06.1941. Бо қарори якҷояи ШКХ СССР ва КМ ВКП(б) Қароргоҳи Сарфармондеҳи Асосии Нерӯҳои Мусаллаҳи СССР таъсис дода шуд. Ин ниҳоди муҳим 8.08.1941 ба Қароргоҳи Сарфармондеҳи Олӣ тағйири ном кард ва дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ олитарин ситоди фармондеҳии артиш ба шумор мерафт.

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 15:09


1 зумра олимон ва адибони кишвар пешниҳод намуданд, ки номи баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ояндаи наздик иваз карда шаванд. Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки шаҳри Қӯрғонтепаро ба Бохтар, Сарбанд ба Леваканд, шаҳраки Балхӣ ба Муқаннъа, Восеъ ба Ҳулбук ва деҳаи Қурбоншаҳид ба Меҳробод иваз карда шавад. Инчунин, пешниҳод гардид, ки номи ноҳияи Бохтарро ба Кушониён иваз намоянд.
Ин тағийротҳо дар асоси дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта дар ин маврид бо олимони шинохта Фарҳод Раҳимӣ, Абдураҳмон Муҳаммад, Юсуфшоҳ Ёқубов, Зикриё Акрамӣ, Нурмаҳмад Амиршоӣ, Абдувалӣ Шарифзода ва бо адибон Низом Қосим, Абдуҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Бароталӣ Абдураҳмон, Мӯҳтарам Ҳотам, Назри Яздон, Қиёмиддини Сатторӣ машварату мубоҳиса карда шудааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, 21 Июн 2017 16:11

Эмоми Аъзами Сӯфии Кӯфӣ раҳматуллоҳи алайҳ шаби 27-ро ихтиёр кардаанд...

Бо қарори Шӯрои уламои фиқҳи Тоҷикистон, имрӯз, шаби 21-22 июн мутобиқ ба шаби 26 ба 27-уми Моҳи Мубораки Рамазон, Лайлатулқадр фаро мерасад. Тамомии хонандагон, аъзои Ихвон ал СССР ва дӯстону (ҳатто) душманонро бо фарорасии Шабе, ки бузургтару муқаддастару писандидатар аз 1000 моҳ аст, табрик мегӯем. Ва инак чанд шарҳе роҷеъ ба Лайлатулқадр.

Сешанбе, 20 Июн 2017 18:10


Ҳафтаи гузашта мунтахаби Тоҷикистон бо Филиппин бозии гарме карда, мутаассуф, бо айби дарвозабон, бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Ҳини бозӣ, мухлисе бонг мезад, ки агар филиппиниҳо ғолиб наоянд, президенташон мисли наркокурйерҳо онро мепарронад. Ин даъворо чандин бор аз ун мухлис шунида, рӯзи дигар таърихи Филиппинро варақ задаву бо ин зиндагиномаи аҷиби Дутерте шинос шудам, ки пешкаши Ихвон ал СССР мегардад. Мо метавонем!

Сешанбе, 20 Июн 2017 14:50


Ниёзов Муфтоҳиддин-сокини деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ мегӯяд, аз ҷониби менеҷери роҳи Айнӣ-Панҷакент Анзур Раҷабов мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ҳодисаро ҷабрдида чунин қисса намуд:
- Санаи 14-уми июн ҳангоме аз Панҷакент ба н.Айнӣ мерафтам, кормандони роҳсозиро дар назди деҳаамон дидам. Он ҷо менеҷери роҳ Анзур Раҷабов, муовини директории маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Бег Қодиров ва дигарон ҳудуди 10 нафар қарор доштанд. Ман масъалаи девори муҳофизатиро пурсон шудам, ки ҳанӯз соли гузашта баъди вайрон кардани заминам сохтани онро кормандони ин ширкат ваъда карда буданд. Қодиров ба ман суханони қабеҳ зад, ки ту чи ҳақ дорӣ бо ман гап мезанӣ ва наздам меоӣ? Гуфтам, шаҳрвандам ва муроҷиат дорам. Бо ҳамин асабӣ шуда маро заданӣ шуд. Аммо як корманди хитоӣ ба ӯ монеъгӣ кард. Вале дар ҳамин ҳол Анзур аз он тарафи роҳ маро дашномҳои қабеҳ дода, ғазаболуд сӯям омад ва бо мушту лағад дар чанд ҷоям зад. Дар натиҷа зону ва панҷаҳои поям абгору захмӣ шуд. Ҷои ҳалли қазия ин муштзӯрони соҳибмансаб маро латукӯб намуданду рафтанд. Воқеъан аз фаъолияти менеҷери роҳи Айнӣ-Панҷакент, Анзур Раҷабов борҳо шикоят шудаву мо онро ба нашр расонда будем. Аммо касе то ин замон пишаки ӯро пишт нагуфт!


Хуршед Фозилов

саҳ 4 аз 18

Китобҳо

Flag Counter