ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:32


Агар гуселкунии наваскаронро аз ТВ бубинӣ гӯё ҳама хуб аст. Вале вақтҳои охир нисбати хизмати ҷавонон афкори мухталиф ба назар мерасанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳарчанд шароити хизмат сол аз сол беҳтар шуда бошад ҳам, ҳамоно калимаи «иҷборӣ» ва «облава» нигаронкунанда боқӣ мондааст. Қаблан нафароне тариқи газетаи СССР пешниҳод карда буданд, ки «ҷавонони ихтиёран ба аскарӣ рафтаро, баъди хизмат Ҳукумат тариқи квота ба донишгоҳи дилхоҳашон дохил кунанд, хизмат пулакӣ шавад, ҷавоне, ки хизмат кардан намехоҳад, бигзор маблағи муайяне ба давлат супораду аз хизмат озод шавад…». Агар бо пардохт кардани пул аз аскарӣ озод шудан мумкин шавад, ҳеҷ гоҳ зӯри камбизоат намерасад ва ба фоидаи бойбачаҳо мешавад. Бе ин ҳам фарзандони раисону вазирон майлу ҳаваси аскариравӣ надоранд. Гӯё хизмат барои онҳо мамнӯъ бошад. Вале онҳоро на «облава» мекунанд, на ба ҷавобгарӣ мекашанд. Чунки онҳо пул доранд!!! Агар мабодо чун обуна ба ҳама раисону роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо супориши иҷборӣ шавад, ки якнафарӣ «солдат» қапида биёранд, боз фарзандони ҳамон фаррош, қаравул, ё бечораро меқапанд! Фаромӯш насозед, ки хизмати аскарӣ ин ӯҳдадории ҳарбист. Мо Метавонему бойҳо чӣ?!


Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:30


Узви Ихвон-ал-СССР, соҳибкор Солеҳ Зиёвиддинов, сокини ноҳияи Дарвоз дар сӯҳбат бо СССР бисёр кӯтоҳ гуфт, ки ягона камбудӣ ва ё мушкили аслии мардуми Дарвоз ин набуди киоск-дӯкони фурӯши газетаву маҷаллаҳо мебошад. Ман, ки худ соҳибкорам, вақте барои овардани молу маҳсулот ба шаҳри Кӯлоб меравам, якбора нашрияҳои дилхоҳамро мегирам. Соҳибкорони маҳаллӣ Дарвозро Париж кардаанду мондани 1 дӯкони газетфурӯширо фаромӯш...

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:25


Муаллими собиқадор, Мирзоҳикмат Маҳкамов, аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба СССР занг задаву гуфт, ки кулли ҳаводорони газетаи мардумии СССРро ба муносибати 20-умин солгарди Ваҳдати Миллӣ сидқан таҳният гуфтаниям. Зеро барои мо дар баробари Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ низ 1 дастоварди бузург аст. Сафарҳои корӣ ва азму талошҳои президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо пас аз бисёр нокомиву шабзиндадориҳо ба чунин рӯзи нек расидем. Нолаву гиряҳои модарону кӯдакони Тоҷикро дар солҳои 1992 кӣ дар ёд надорад? Солхои 1992-93 ва 94-ро ба ёд меорам. Ҳарчанд дар 1 мактаби дурдасти кишвари азизам-Ворух сарвари мактаб будам, аммо фикру ҳушам дар бораи тинҷӣ ва нон буд. Ҳатто ёдам ҳаст, дар он шабу рӯзи бенониву гуруснагӣ ба мо-муаллимон намояндаи мардумӣ-Гулафзо Савриддинова-раиси онвақтаи ноҳия кӯмаки нонӣ расонида буд…

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:22


1 суд дар Боку-пойтахти Озарбойҷон Фуад Аҳмадлӣ-намояндаи ҳизби мухолифи “Фронти халқии Озарбойҷон”-ро 4 сол суд кард. Фуад гуфт, ки дело ва ҳукми ӯ 100% сиёсӣ аст. Мунаққидони Илҳом Алиев-раҳбари ин кишвар мегӯянд, ки президент талош дорад, мухолифони худ, аз ҷумла, фаъолони сиёсӣ, хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи маданиро бо ҳар роҳ суд кунад, ё даҳонашонро бибандад.

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:14


Шавкат Мирзиёев-президенти Узбакистон дар вохӯрӣ бо фаъолони динии кишвараш гуфтааст, ҳар муллое, ки маросими акди никоҳи зани 2-умро мехонад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт: "Вақтҳои охир ҳодисаҳои дузанагӣ бо роҳи никоҳи мусалмонӣ хеле зиёд шудааст. Бештар аз ҳама ин падида дар Тошканд ба чашм мерасад. Ояндаи кӯдаконе, ки занони 2-ум ба гунаи ғайриқонунӣ ба дунё меоранд, чӣ мешавад? Имомҳои муҳтарам, мушкилоти ин кӯдакон доғи виҷдони мо хоҳад шуд”.

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:13


Ҳамин соат, ки Тоҷикистон ба ҷашни Ваҳдати Миллӣ ва таҷлил аз 20-умин солгарди муҳимтарин санадаш-Имзои Протоколи Сулҳ омодагӣ дорад, рӯбоҳу шағолакон-душманони хонагии мо сагҷакишро сӯи ин дастовард шуруъ кардаанд. Мо итминон дорем, Тоҷикон дигар ба фитна намеафтанду бештар аз ин, мушти ҷамъиятӣ бар даҳону пасисарие ба пушти ҷангандозон хоҳанд зад. Зеро бори аввал нест, ки ин анд рӯбаҳак моро ҷанг андохтаву думро хода карда, сӯи ғарбу шарқ фирор мекунанд, то мисли саг устухоне пешашон партоянд. Онҳоро Худо задааст ва мо ба худозада коре надорем. Аммо дар нисбат ба Сулҳи Тоҷикон фоторепортажи вежае омода кардаем, ки пешкаши ҳама аъзои Ихвон ал СССР мегардад. Мо Метавонем!

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:13


Пешопеши ҷашни таърихии 20-солагии Ваҳдати Миллӣ бо супориши редаксия тасмим гирифтем ба ш.Қӯрғонтеппа-маркази вилояти Хатлон сафар намоем. Интихоби ин шаҳр бесабаб набуд, зеро ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 маҳз аз ҳамин шаҳр оғоз гардид. Мо хостем ба мардум нишон диҳем, ки баъди Сулҳ ин шаҳр чӣ дастоварду пешравие касб кардааст.

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:05


Картошка дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар парвариш ёфта, дар баъзе ноҳияҳо, аз ҷумла, Лахшу Деваштич то 100.000 тонна истеҳсол мешавад. Баҳору тирамоҳи с.2015 хело хуб омад. Деҳқон аз паси меҳнати ҳалол ҳосили фаровон ба даст овард. Дар ин давра 1 кг картошка дар деҳот 1 ва 1,30 сомонӣ арзиш дошт, ки онро соҳибкору тоҷир дар бозорҳо 1,5-1,8 сомонӣ мефурӯхт ва ба ин касе эътироз надошт. Ин 1 низоми нисбатан адолатнокеро ба вуҷуд оварда буд, ки «ҳам лаъл ба даст омаду ҳам ёр наранҷид». Мутаассифона, ин низом аз тарафи соҳибкору корчаллонҳои ватанӣ вайрон карда шуд. Онҳо аз охири с.2015 то моҳҳои майи с.2016 аз давлати ҳамсояи Покистон ба андозае картошка ворид карданд. Дар натиҷа, нархи картошкаи ватанӣ ба 60-70 дирам фаромада, харидор наёфт. Ин зарбаи сахт ба деҳқону кишоварз шуда, садҳо тонна ҳосили ба арақи ҷабин рӯёндаи деҳқон пӯсид. Ин албатта ба кишти баҳории с.2016 бетаъсир намонд. Деҳқони меҳнатқарин аз шуғли дӯстдоштаи хеш дилсард гашта, аз тарси он ки боз воридоти моли кишвари ҳамсоя ӯро хонасалот-бонкрот насозад, майдони кишти картошкаро ба маротиб кам кард. Натиҷа: Картошка кам истеҳсол шуда, нархаш дар бозорҳо то 3-4 сомонӣ хест. Болои ин, тоҷирон низ бо сабабҳои гуногун ба андозае «нони дувум»-ро аз хориҷа ворид накарданд, то ки нархро поин барад. Ба гузаштаи начандон дури солҳои 2007-08 нигарем, ба ёдамон меояд, ки он солҳо деҳқони меҳнатӣ аз киштзори худ ба ҳадде ҳосили баланд гирифт, ки дар бозорҳо нархи картошка 40-50 дирам шуд.
Вазъи имсолаи бозори истеъмолии кишвар бозгӯи он аст, ки таъмини иҷрои бехатарии озуқаи давлати худро ба ҷуз мо каси дигаре иҷро нахоҳад кард. Мо набояд ба умеди оши ҳамсоя турб тарошем, зеро онҳо ҳам метавонанд, рӯзе чун ҳамсояҳои собиқамон роҳашонро ба рӯямон банданд. Он гоҳ ҳоламон чӣ мешавад? Аз ин рӯ, хуб мешуд ҳукумати кишвар қонуне ба тасвиб мерасонд, ки дар асоси он овардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ манъ карда шавад. Дар кишвари биҳиштосои офтобие, ки 70%-аш дар деҳот ба сар бурда, машғулияташ деҳқонист, аз хориҷ овардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ айб аст! Мо Метавонем!


Ҷумъабой Яҳёев,
деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ, н.Деваштич (Ғончӣ)

саҳ 2 аз 18

Китобҳо

Flag Counter