ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 10:22


Узви Ихвон-ал-СССР, Зебунисо Зокироваи 53-сола, сокини деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб (тел: 98 563 93 23) ба СССР занг задаву гуфт, ки ман касали қанд дораму соҳиби 3 фарзандам. Падарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Модарам бошад барои бунёди ВарзобГЭС солҳои тӯлонӣ хизмат кардааст. Феълан зиндагии вазнин дорам. Мехоҳам, ки ҳукумати ноҳия барои хонаводаи мо кӯмаки молиявӣ расонад. Ин танҳо хоҳиш аст ва нисбати раиси ноҳия, ки хеле инсони заминист, ягон ҳарфи сахту эътирозе надорам…

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 10:18


Соҳибкор Сайфулло Воҳидов, сокини маҳаллаи 83-уми ноҳияи Синои пойтахт бо телефони 98 508 30 94 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, сатҳои оби дарёи Вахш гоҳ вақт аз ҳад зиёд хеста, хонаҳои наздисоҳилиро бераҳмона шустан дорад. Ин мардум аслан сокинони совхози Файзалӣ Саидов, аз деҳаи Дӯстӣ (2-ум отдел) ҳастанд ва аз ин мушкили чандинсола хаста ҳам шудаанд. Ҳатто соли гузашта оби Вахш боло ҷаҳида, 50-60 қабри 1 гӯристони деҳаро пурра шуст. Бовар мекунед, қабрҳо холӣ шуданду устухонҳои ҷасадро об бурдааст! Мардум бо 1 азоб қабри боқимондаи наздиконашонро аз ин қабристон ба гӯристони дигар кӯчониданд. Бояд гуфт, ки агарчанде ман сокини пойтахтам, аммо дар ин деҳа дӯстону акаву додару хешу таборони ман зиндагӣ доранд.

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 10:04


Чуноне ки хонандагони мо хабар доранд, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ» аз рӯи вақту имконот охири ҳар ҳафта ба ин ё он шаҳру ноҳияи кишвар сафар намуда, бо рӯзгори мардум ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинонаш ошно мешавем. То чӣ ҳад раиси ин ё он шаҳру ноҳия ба мушкилоти мардум расидагӣ мекунад, бархӯрду муносибаташ бо аҳолӣ, хоса, корафтодагон чӣ гуна аст, раис мардумбезор аст ё мардумдӯстдор- ин аст маҳаки асосии сафарҳои мухбирони СССР ба минтақаҳо. Ин маротиб мо ба сӯи шаҳри бостонии Истаравшан роҳ гирифта, тайи 2 рӯз меҳмони сокинони ин гӯшаи таърихиву зебоманзари диёр гаштем.

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 09:54


2.10.1929 тайёраи Р-4 парвози ҳавоиро дар масири Тошканд-Душанбе-Ғарм-Хоруғ анҷом дод. Он аввалин парвози ҳавоӣ ба кӯҳистони Тоҷикистон буда, поярези ҳавонавардии мусофикаши тоҷик ба шумор меравад. Умуман, авиатсия ҳанӯз аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯрвавӣ ба яке аз самтҳои асосии нақлиёти мусофиркаш табдил ёфт. Барои мисол, нахустин парвози тайёра масофаи роҳро то Хоруғ 200 маротиба кӯтоҳ кард. Албатта, масири ҳавоии Хоруғ с.1932 баъди ба ҷумҳурӣ ворид гардидани тайёраҳои баланпарвози Р-5 ва ПР-5 расман ифтитоҳ ёфт, аммо парвози нахустин дар ин самт нақши ҳалкунанда бозид.

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 09:49


29.09.1938. Сарвазири Бритониё-Артур Невилл Чемберлен (собиқ вазири тандурустии Англия) бо ҳамтои фаронсавиаш Эдуард Даладье дар шаҳри Мюнхени Олмон бо Адолф Гитлер ва Бенито Амилкаре Андреа Муссолини созишномаи сулҳро ба имзо расониданд.

Панҷшанбе, 28 Сентябр 2017 09:41


Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» рӯзи парвозашро аз Тошканд ба Душанбе иваз кард. Айни замон парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд, ки қаблан рӯзҳои сешанбеи ҳафта амалӣ меёфт, ба рӯзи шанбеи ҳафта гузаронида шуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд, ин тағийрот муваққатӣ буда ширкати мазкур ният дорад дар ояндаи наздик рӯзи парвозро тибқи нақшаи пештара иҷро намояд. Соати парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистон акнун 11:25 бо вақти Душанбе буда ҳавопаймо соати 12:25 дар фурудгоҳи байналмилалии ш. Тошканд фуруд меояд.

СССР

Панҷшанбе, 28 Сентябр 2017 09:30


Хабарнигори мардумии СССР-Исмоил Зарифӣ, шоир аз деҳаи Косатарои шаҳри Панҷакент, директори генералии ҶДММ КМ «Зарафшон» Ҷан Шундинро ба суд додааст. Бино ба иттилои Зарифӣ, дар баробари муовини раиси ш.Панҷакент-Сафарзода Муҳаммадсодир, ҳамчунин Луқмон Қурбон-сармуҳаррири газетаи “Зарафшон”, ҳуқуқшиноси ҶДММ КМ «Зарафшон» Фаррух Исрофилов, директори ҶДММ КМ «Зарафшон» Ҷан Шундин дар суд ҷавобгар хоҳанд буд. Зарифӣ аз суд талаб кардааст, ки:

Панҷшанбе, 28 Сентябр 2017 09:26


Билохира, Муқимҷон Абдуфаттоев, директори театри драммавии русии ба номи А. Пушкини ш.Бӯстон (собиқ Чкаловск) аз мақоми роҳбарии театри мазкуз истеъфо дод.
Муқимҷон аризаи бо хоҳиши худ аз кор рафтанро пас аз пайдо шудани навори фаҳш дар Интернет, ки гӯйё қаҳрамони асосияш ӯ бошад, навиштааст. Пас аз ин навор, ҳаҷвнигори шинохта гуфта буд, ки дар навори мазкур вай нест, аммо душманонаш онро ба таври худ истифода бурда дар ҳама ҷо эълон кардаанд, ки ин навори ишқварзии Муқимҷон бо зани 1 зани дигар мебошад.
Муқимҷон Абдуфаттоев, ки ҳамзамон дар театр-студияи «Хандинкамон» ҳам ҳунарнамоӣ мекунад, пас аз ба тасвиб расидани аризаи аз кор рафтанаш аз ҷониби раиси ш. Бӯстон Рухсора Давлатзода, таъкид кардааст, ки душманонаш рӯҳияи ӯро шикастаанд…

СССР



 

саҳ 2 аз 16

Китобҳо

Flag Counter