ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 26 Январ 2018 09:34


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Н.Хусрав доир ба матлаби “Чилучорчашма зиёратгоҳ аст, ё зино?” чунин иттилоъ медиҳад, ки ҳаққонӣ мавзеъи “Чилучорчашма” дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ҳамин ноҳия ҷойгир буда, дар ҳудудҳои ин ҷамоат беш аз 10.500 нафар аҳолӣ зиндагонӣ доранду аз оби ин чашмаи нодиру мусаффо истифода менамоянд. Оид ба он, ки аҳолии ҷамоатҳои деҳоти “Наврӯз”, “Истиқлол” ва “Фирӯза” аз ин об менӯшанд, гуфтанием, ки аҳолии “Наврӯз”-у “Истиқлол” ҳар кадом дар манзилҳои худ чоҳҳои амудӣ (качалка) доранд. Танҳо ба ҷамоати деҳоти “Фирӯза” тариқи лулаҳо аз макони баромади чашмаҳо, ки аз мавзеъи барои шиноварии мардум 50 метр болотар воқеъ аст, об оварда шуда, бо маҳлули хлор безарар гардонида, ба мардум дода, аз поёноби чашмаҳо беш аз 1650 га заминҳо обёрӣ карда мешаванд. Оид ба он, ки гӯё меҳмонон барои дарёфти “арӯс” омаданд ё дар ин мавзеъ мардум ба зино ё бадахлоқи машғул мешаванд, асоси воқеӣ надорад, зеро он ҳамчун қадамҷою ҷои муқаддас байни аҳолӣ машҳур буда, мардуми мо, ки қариб ҳамагӣ дини мубини исломро пос медоранд, намегузоранд, ки касе он ҷо ба корҳои фаҳш машғул гардад. Гузашта аз ин ба таври доимӣ 6 нафар кормандони шуъбаи ВКД дар н.Н.Хусрав ба таври шабонарӯзӣ тартиботи ҷамъиятиро назорат мебаранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то мавсими оянда барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ қасд дорад, дар ин макон дурбинҳои мушоҳидавиро насб намояд.

Садриддинзода Н.Т. Раиси ноҳияи Н.Хусрав

Ҷумъа, 26 Январ 2018 09:28


Парранда бо умеде лона месозаду онро бо хасу хошок пур мекунад, то фарзандаш дар ҷои нарм ба камол расад. Ва агар лонаи ӯро вайрон кунем, Худо моро намебахшад. Аммо дар хоҷагии калонтарин Корхонаи Воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи А.Назирови Мискинободи н.Файзобод, ки солҳои пеш аз майдони зиёда аз 100 га себҳои хубонӣ ҳосили фаровон мегирифтанд, ҳоло ягон нишоне нест. Корхона 150-300 тонна себу нок ҷамъ оварда, дастурхони аҳолиро ғанӣ мегардонду буҷаи ноҳияро пур. Дар деҳаи Фатҳобод бо айби собиқ директорони хоҷагӣ ва директори нави корхона рафиқ Асоев майдони 1 га боғи ҳосилдеҳро бо баҳонаи «умри себҳои хубонӣ ба охир расида, аз ҳосил мондаанд» санад тартиб дода, буррида решакан кардаанд, ки ба мақсад мувофиқ нест. Дар ҷои дарахтони буридашуда аз рӯи миш-мишҳои мардум ба 4-нафар мансабдорон барои бунёди манзили истиқоматӣ замин ҷудо карда, боз ҳам ба гуфти мардум, Кумитаи заминсозии ноҳия пинҳонӣ сертификат кардааст. Чаро ба оилаҳое, ки дар 1 хонадон 4-5 келин доранд, замини наздиҳавлигӣ намедиҳанд?

Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод

Ҷумъа, 26 Январ 2018 09:26


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман пешопеш ба шумо-аҳли қалами газетаи дӯстдоштаам-СССР, арзи сипоси худро мерасонам, чун маҳз бо кӯмаку дастгирӣ ва роҳнамоии шумо соҳиби замин-хоҷагии деҳқонӣ гардидам. Ҳамчунин миннатдории ман ба Раҳматулло Сафарзода-раиси ноҳия ва Ҳотамшо Каримов-раиси ҷамоати ба номи С.Айнӣ расида бод. Ростӣ, 40 сол боз меҳри падарро надидаам, лиҳозо, ҳамаи ташаббускорону мададгарон барои ман ҳаққи падариву бародарӣ доранд. Рӯиҳамрафта, сипоси худро ба сардори ШКДи ноҳия, подполковники милитсия Рустам Достиев, сардори ШКДи минтақавии Қизилқалъа, подполковники милитсия Собир Додов, ваколатдори фаврии минтақавӣ-Фирӯз Наврӯззода, нозири минтақавӣ-Умар Раҳмонов мерасонам, ки пайваста ба арзу доди мардум мерасанд ва ҳақро ба ҳақдор мерасонанд. Аз ҳама муҳим, маҳз бо кӯмаку пуштибонии ин бародарон аз бангиву ҳангиҳо халос шудем.

Бахтиёри Ҷабборзод,
н.Хуросон, деҳаи Ҳалқаҷар, тел: 911 11 88 17

Ҷумъа, 26 Январ 2018 09:19

Хиёнат ва ҷиноят-3

Панҷшанбе, 25 Январ 2018 09:53


Танҳо дар соли сипаришуда дар прокуратураи шаҳру навоҳии Кӯлоб 24 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 24 тан аз шаҳрвандони ин минтақа парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 307 ва 401-и кодекси ҷиноятии ҶТ оид ба терроризм оғоз гардидааст.
«Барои халалдор нарасонидан ба тафтишоти прокурорӣ ному насаби ҷинояткорон ошкор намешавад», гуфт прокурори минтақаи Кӯлоб Хушвақт Машрабзода. Дар ҳамин ҳол, 32 нафар аз сокинони минтақа бо оилаҳошон дар кишварҳои арабӣ барои дарсомӯзӣ, ё ба истилоҳ толибилм будаанд. Мавсуф гуфт, шумораи умумии «толибилмон» дар кишварҳои арабиву ҳам Ирон 89-нафар будааст. Аз ин шумора 57-нафарашон бо аҳли оила дар соли гузашта бозпас оварда шудаанд, вале 32 тани дигар ҳанӯз барнагаштаанд. Нисбати 4 тани дигар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

Панҷшанбе, 25 Январ 2018 09:48

Дар ноҳияи Восеъ дар натиҷаи истеъмоли ҳасиби сохти тоҷикӣ 1 нафар ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои Хушвақт Машрабзода, прокурори минтақаи Кӯлоб, рӯзи 27-уми декабри соли гузашта, 1 оила аз рустои Кадучии н.Восеъ баъди истеъмоли ҳасиб ҳамагӣ ба беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гаштаанд. 1 кудаки 2-сола аз ҳамин оила дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи Машрабзода, истеҳсолкунандаи ҳасиб ҷамъияти саҳомии «Орзу-2004» дар шаҳри Кӯлоб будааст. Дар ин маврид, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 209, қисми 2 оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба гуфтаи манбаъ, барои аввалин маротиба нест, ки одамон баъди истеъмоли ҳасиб аз ҳамин корхона гирифтори беморӣ гаштаанд. Ҳамин гуна ҳодиса ҳанӯз 13 декабри ҳамон сол дар ш.Кӯлоб ҳам ба қайд гирифта шуда буд. Дар ин маврид ҳам дар прокуратураи ш.Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба иттилои Машрабзода, прокурори минтақаи Кӯлоб барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, кормандони ин мақомот дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар шаҳру навоҳии минтақа рейду санҷишҳо гузаронида, нисбати қонунвайронкунандагон 27 парвандаи маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонидаанд.

Панҷшанбе, 25 Январ 2018 09:32

  
 Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар ш.Душанбе бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ 1 қатор корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда, бо мақсади танзими воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор ва муайян намудани вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор намуданд. Дар натиҷа якчанд далели вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби масъулини Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардид.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД хабар доданд, дар доираи баргузории 1 амалиёт, ки давоми 3 руз баргузор гардид, аз ҷониби нозирони роҳ 2234 адад ҳуқуқвайронкунӣ муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
Зимни доир намудани амалиёти мазкур 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ муайян ва ошкор карда, баъди гузаронидани санҷишҳои соҳаи тандурустӣ оиди дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон нисбаташон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, автомошинаҳои ронандагони сархуш ба майдончаи ҷаримавии Шӯъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

 Инҳо шаҳрвандон: Алиев Толибҷон Исломович ронандаи автомошинаи тамғаи Матиз, аломати қайди давлатиаш 0998ЕЕ01

Ҳайдаров Насрулло Анварбекович – ронандаи автомашинаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 1208СТ01
 

Тадҷихолов Улмасхон Ҳомидович – ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи Старекс, аломати қайди давлатиаш 4254ТТ05
Баҳодурзода Фаридун Асрор – ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети , аломати қайди давлатиаш 4968ТТ05
 
Турдиев Неъмалло Наманович – ронандаи автомошинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 7840АА01.
 

Панҷшанбе, 25 Январ 2018 09:27


Санаи 30.01.2018 дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт иди Сада баргузор мешавад ва вазорати кишварзии мамлакат дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор сокинон ва меҳмонони Душанберо ба таҷлили ин ҷашни мардумӣ даъват менамоянд.
Бино ба итиллои маркази матбуоти вазорати кишоварзии ҶТ, дар намоиши идона ба тамошои сокинон ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, кӯчати гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат, техника-мошинолоти муосири кишоварзӣ, испори корӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, гузошта мешаванд.

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter