ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 26 Январ 2018 17:05

 

Аз камбудиву мушкилот, аз афтодану хестанҳо ҳарос надорам ва ҳамеша мардонавор бо проблемаҳо рӯбарӯ мешавам, танқидро хуб қабул мекунам ва ҳеҷ гоҳ кина намегирам, бароям Инсон будану инсон мондан аз ҳама чиз волотар аст…

Ҷумъа, 26 Январ 2018 11:15


Ҳафтаи пор Суди олии ҶТ Неъматулло Саодатович Назиров-сокини ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нурободро бар асоси моддаҳои 74 ва 104 бандҳои «в, г, д, з, м, н» (таҳрири с.1961) Кодекси ҷиноятии ҶТ барои куштори 7 кас дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба 15 соли зиндони низомаш сангин маҳкум намуд. Ӯро, ки солҳои 90, узви дастаи Мулло Абдулло буд, баъди 17 соли гурезогурез қапиданд. ВКД ҶТ ҳанӯз моҳи сентябри с.2017 аз боздошти Неъмат дар 1 гузориши вежа хабар дода, гуфта буд, ки Назиров (с.тав.1975) солҳои 1993-98 бо фармони Мулло Абдулло, ки фармондеҳии ИНОТ дар Комсомолободро бар дӯш дошт, дар ҳудуди ин ноҳия пости ғайриқонунӣ ташкил карда, бо шайкааш молу пули мусофирону ронандагони раҳгузарро аз худ карда, даст ба қатли афсарону аскарон низ задааст. Аз ҷумла, дар 1 ҳамлаи мусаллаҳонаи с.1994 ба 1 автобус айбдор шуд, ки дар натиҷа 7 мусофири автобус фавтида, 5 тани дигар ҷароҳат бардошт ва худи мусофиркаш дар рӯди Сурхоб чаппа шуд. Ҳукумат автобусро аз ҷарӣ бароварда, ҳатто тирҳои дар бадани авто мондаро ҳисоб кард. Ин автобус ба Кумитаи нафту гази ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дошт.

Ҷумъа, 26 Январ 2018 10:48


Нео-муллоҳои муосир чунон пулуфтагариҳое мебофанд, ки мегӯӣ ҳамин ҳозир Азроил омада, ҷонатро кашида мегирад. Яке аз чунин амали ғайришариатӣ ва ғайриинсониашон он аст, ки хондани намози ҷанозаи муаллимону коммунистонро манъ карда буданд ва ҳоло ҳам, аз тарс мисли солҳои 90 фош намегӯянд, аммо  дар амалҳошон ҷой дорад. Агар шумо-рӯҳониёни бехирад ва азхудрафта чунин фатво медиҳед, пас асосе ореду маълум кунед сарчашмаи қонуни исломиеро, ки хондани ҷанозаи муаллимону коммунистонро манъ карда бошад? Онҳо чӣ гуноҳе назди дину диндорон кардаанд, ки нисбаташон фатвои аблаҳона медиҳед? Дар вақташ чунин фатворо Қозии мусулмони ҷумҳуриамон дода, дар матбуот ҳам навишта, тасдиқ карда, ҳатто қарори қозиётро бароварда буд. Ба чунин разилӣ ва ҷоҳилӣ танҳо шахсоне қодир ҳастанд, ки аз доираи талаботҳои инсонӣ баромадаанд.

Ҷумъа, 26 Январ 2018 10:07

Ҷумъа, 26 Январ 2018 09:53


50 сол - 50 медал
Варзиш дар ҷанги сард миёни СССР ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши боризеро ифшо мекард. Ҳар 2 қудрат мекӯшид дар баланд бардоштани обрӯ аз ин абзори муҳим истифода кунад. Қувваозмоии варзишгарони шӯравӣ бо рақиб ҳамеша олуда ба сиёсат буда, ғалаба ё бохт дар майдони варзиш бештар чун ғалаба ва бохти кишвар талаққӣ мешуд.

Ҷумъа, 26 Январ 2018 09:44


19.01.1918. Патриархи калисои Русия Тихон ҳукумати Шӯравиро такфир ва 1 низоми ғайришаръӣ эълон намуд.
19.01.1946. Ҳукумати вақти Эрон ба СММ муроҷиат ва хоҳиш намуд, СММ ин кишварро аз дахли СССР ҳифз кунад. Ин муроҷиат беҷавоб намонд. ИМА ва иттифоқчиёнаш баъди чанде пои СССРро аз Эрон қатъ карданд. Болшевикон метавонистанд навоҳии шимолии Эронро коммунистӣ кунанд, аммо билохира шикаст хурданд ва ақоиди коммунистӣ дар Эрон танҳо дар симои ҳизби Туда боқӣ монд.

20.01.1939. КМ ВКП(б) бо ирсоли 1 мактуби махфӣ ба тамоми шӯъбаҳои НКВД и кишвар истифодаи шиканҷаро нисбати "душманони халқ" иҷозат дод.

Ҷумъа, 26 Январ 2018 09:41


Узви Ихвон-ал-СССР, Аслиддин Ҳикматуллоев, сокини шаҳри Қурғонтеппа бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки хешу табори ман то солҳои 90 бо маънои томаш мулло буд, лек боре нашунидам, ки бигӯяд: фалон кас кофир аст! Вақте ба Душанбе донишҷӯ шуда омадам, гуфтанд, ки «Библия нахон, кофир мешавӣ, бо духтарони ҷуҳуд алоқа накун, ки 70 пуштат бе намози ҷаноза мемонад». Ана ҳамин буд, «фундамент»-и ҷанги граждании мо! Соли 1992 мардум даст ба хун зад ва ҳазорон бегуноҳро куштанд, на ба пир раҳм карданду на ба кӯдак. Даъво мекарданд, ки мо мусулмонем. Муллоҳо ҷор мезаданд, ки шиаҳо кофиранд, нони муаллимро нахӯред, ҳаром аст. Муллоҳо ҳатто ҳазрати Исо (с)-ро ҳам дурӯғгӯ баровада, дурӯғи худро аз рости пайғамбар болотар гузоштанд. Имрӯз мулло намедонад, ки мусалмон кисту кофар кист, ҳаром чисту ҳалол чист? Аммо намегӯянд, ки аз бозори Саховат сабзӣ гирифта, дар бозори Политехникум бурда, ба нархи гаронтар савдо накун, ки ин гуноҳ аст ва аз ҳисоби дигарон зиндагӣ накун, ки назди Худованд ҷавоб хоҳӣ гуфт… Фақат думи «кофир»-ро қапидаанд!

Ҷумъа, 26 Январ 2018 09:38


Узви Ихвон-ал-СССР-Самад Зикриёев, аз деҳаи Яккатоли ноҳияи Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, аз Вазорати маориф ва илми ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки таътили тирамоҳӣ ва зимистонаро дар шакли қаблӣ барқарор кунад. Зеро кӯдакони ман шикоят мекарданд, ки мо аз дарс монда шудем, бояд дам гирем. Вазорат бояд ин хатоиро ислоҳ кунад. Зеро таътили байничорякӣ танҳо ба хотири сардиву гармӣ нест. Бояд майнаи атфол дам гирад! Наход дар Вазорати маориф ҳаминро надонанд? Дар ин ҷода муаллимон низ зиён мебинанд, асабашон беҳад хароб мешавад. Асабро дам додан даркор-ку! Ин дар ҳолест, ки дар 1 моҳи таътили зимистона ҳоло ягон бор барф назадааст. Агар рафту дар моҳи феврал, дар айни дарсҳо барф занаду хунукии сахт фаро расад, пас Вазорат чӣ кор мекунад ва аз дасташ чӣ меояд?

саҳ 2 аз 14

Китобҳо

Flag Counter