ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 28 Феврал 2018 16:57


Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 23 феврал ҳамасола чун Рӯзи Артиши шӯравӣ ё ба таъбире "рӯзи мардон" васеъ ҷашн гирифта мешуд. Баъди пошхӯрии СССР бисёре аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод рӯзи ҷашни артишро тағйир доданд, аммо дар Тоҷикистон бо кӯшиши роҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров 23 феврал расман рӯзи Артиши миллӣ эълон карда шуд. 

Чоршанбе, 28 Феврал 2018 16:45


22.02.1921. Дар РСФСР бо қарори ШКХ дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа, Комиссияи давлатии банақшагирӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 1948 ин ташкилот ба Кумитаи давлатии нақшагирии Шӯрои Вазирони СССР тағйири ном кард.

22.02.1942.Генерали шӯравӣ Андрей Андреевич Власов бо ордени Владимир Илич Ленин мукофотонида шуд. Власов яке аз маҳбубтарин генералҳои Иосиф Виссарионович Сталин ба шумор мерафт ва дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам хеле хуб ҷангид.

Чоршанбе, 28 Феврал 2018 16:38


Пагоҳ, 1.03.2018 қитъаи хати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, ки соли 2011 тахриб шуда буд, пас таҷдид ва бозсозӣ дубора боз мешавад. Қатораи аввалини боркаш фардо аз истгоҳи Термиз ба истгоҳи Хошадии н.Шаҳритус роҳ пеш гирифта, бо ин васила ҳаракати қатораҳо дар ин масир оғоз хоҳанд ёфт.
Бояд қайд намоем, ки 7 сол пеш роҳиоҳанчиёни ӯзбек ин роҳро тахриб карда, рафтуомади қатораҳои мусофиркашу боркаш дар ин хатсайр қатъ гардид. Ҳамакнун, он пас аз 7 сол дубора эҳё гашта, имкони наверо барои ҳамлу нақли мусофирону бор фароҳам меорад.

СССР

Чоршанбе, 28 Феврал 2018 16:30


Ҳунармандони мардумии ҶӮ Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Шералӣ Ҷӯраев ва Озодбек Назарбеков ҳафтаи оянда ба Душанбе омада, дар консерти “Шоми дӯстӣ", ки қарор аст зимни сафари расмӣ ва нахустини президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе баргузор гардад, иштирок намоянд.
Дар баробари ҳунармандони шинохтаи ӯзбек сарояндагони шинохтаи Тоҷик, ба мисли Нигина Амонқулова, Давлатманд Холов ва Рустам Дуллоев низ дар консерти “Шоми дӯстӣ” ширкат хоҳанд варзид.
Сафари нахустини расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 марти соли ҷорӣ сурат гирифта, президентони 2 кишвар, аъзои ҳукумат ва намояндагони Парлумони тамошобинони “Шоми дӯстӣ” хоҳанд гардид.

СССР

Сешанбе, 27 Феврал 2018 16:00



Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, ки қаблан раисии ш.Турсунзодаро бар дӯш дошта, бо сиёсати корӣ, иродаи қавӣ, кордонӣ, ободкорӣ ва амалҳои созандаи хеш дар байни раисони дигари кишвар фарқ мекард, алакай ба дигаргун сохтани симои имрӯзаи Исфара ва мардуми ин шаҳр шурӯъ кардааст. Сокинони Исфара мегӯянд, ки рӯзе нест, ки раиси навро дар ин ё он кӯчаву маҳаллаи шаҳр набинанд-эшон 1 гурӯҳ пирони кордида ва сиёсатмадорону раисони пешини шаҳр, аз ҷумла Гулафзо Савриддинова, Холисҷон Темурҷонов, Мирзошариф Исломиддиновро гирди худ ҷамъ оварда, аз тамоми гӯшаву канори Исфара боздид менамоянду аз мушкилоти мардум мепурсанд. Бо ташаббуси Сиҷоуддин Саломзода аз байн бардоштани иншоотҳои кӯҳнаву нотамом, ки бо намуди зоҳирии хеш ҳусни шаҳрро коста мегардонанд, оғоз шуда дар кӯчаҳои марказии Исфара гулу ниҳолшинонӣ-коре, ки сокинон чанд соли охир надида будем, сар шудааст. Раиси нав одати хеле хуб доштааст, ҳар 1 ҷашну чорабинии сиёсиву давлатиро дар ноободтарин маҳали шаҳр гузаронида, бо ин роҳ бо навбат гӯшаҳои Исфараро обод карда истодааст. Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар яке аз маҳаллаҳои ноободи шаҳр бозгӯи ин гуфтаҳост-ҳоло он маҳал ободу зебо ва аз ҳама муҳим тозаву гулзор гардидааст. Барои ҷашни Рӯзи Модарон бошад маҳаллаи дигари шаҳр интихоб гашта, бо ин васила он ҳам обод мегардад. Сиҷоуддин Саломзода Исфараро бо камбудиҳои зиёд қабул кард, агар аз 1 тараф иҷроиши нотамоми андозу қарзҳо аз маошу нафақа бошад, аз тарафи дигар камбудиҳои бешумор дар соҳаи обу коррез, таҷдиди роҳҳои маҳалӣ, шаҳрсозиву меъморӣ, бенизомӣ дар фаъолияти воситаҳои нақлиёт дар маркази шаҳр. Агар ҳам чизе имрӯз Исфара дорад аз давраи роҳбарии Раҳмоналӣ Амирзода асту халос, раисоне, ки пас аз ӯ омаданд, Исфараро бо шиносбозиву хешутаборчигӣ бадтар карданд, ки беҳтар не. Мардуми Исфара ҳоло умед бар Сиҷоуддин Саломзода доранд, ки бо сиёсату кордонӣ ва азму иродаи мустаҳками хеш тавонад шӯҳрати шаҳрро, ки ба фаромӯшӣ рафтааст, дубора эҳё намуда, Исфараро ободу зебо ва гулафшон намояд. Саломзода метавонад!

СССР

Ҷумъа, 23 Феврал 2018 16:39


23.02.2018. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа.

Ҷумъа, 23 Феврал 2018 15:59


Кушода шудани роҳи оҳани Тоҷикистону Узбакистон, ки дар сатҳи ҳукумати Душанбею Тошканд баррасӣ шуда, даҳҳо сокини узбактабори вилояти Хатлонро, ки солҳо дар орзуи рафтан ба кишвари ҳамсоя будаанд, шод кардааст. Корҳои сохтмонӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии Ҷамоати деҳоти Ҷура Назарови н.Шаҳритус ва гузоришҳои ахирӣ аз Узбакистону Тоҷикистон умеде барои ин сокинони узбактабор шудааст, баъди солҳо барои дидани азизонашон ба Узбакистон мераванд. Сокинони деҳаи «Лубиёкор»-и ҷамоати деҳоти Ҷ.Назаров тариқи истгоҳи Хушодӣ бо роҳи оҳан ва мошинҳо сафар ба Узбакистонро анҷом медодаанд. Ин сокинон солҳои зиёд аз азизону наздиконашон дур буданду наметавонистанд, ки дар маъракаҳои якдигар ширкат кунанд. Дар ҷамоати Ҷ.Назаров аз 20.000 аҳолӣ 90%-аш ӯзбактаборанд. Корҳои сохтмонӣ дар марзи Айвоҷи н.Шаҳритус хело бо суръат идома дошта, мардум дар роҳи оҳан кор мекунад ва сарбозон ба рангу бор кардани гузаргоҳ банд ҳастанд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, 23 Феврал 2018 15:51


Дар вилояти Хатлон аз 4 паноҳгоҳи зидди радиатсионӣ танҳо 2-тоаш дар ҳолати омодабош қарор дорад, вале дутои дигар бояд аз таъмир бароварда, дар ҳолати омодабош қарор гирад. Ин паноҳгоҳ, ки барои олуда шудани ҳаво ба радиатсия ва заҳролуд шудани ҳавои атмосфера барои нигоҳ доштани мардум аст, барои беш аз 3 млн. аҳолии Хатлон низ кам гуфта мешавад, боз ҳам таъмирталаб будаанд. Ин паноҳгоҳи радиатсионӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Ҷ.Балхӣ ва ш.Сарбанд мавҷуданд ва танҳо 2-и он дар ҳолати омодабош қарор дорад. Дар ин паноҳгоҳи зидди реаксионӣ хӯроки хушк барои паноҳандагон ва шароити зиндагӣ барои на камтар аз 3 рӯз фароҳам шудааст, вале паноҳгоҳи дигаре ҳастанд, ки аз Шӯравӣ ба ин сӯ таъмирталаб буда, бояд дар ҳолати омодабош барои пагоҳандагон қарор бигиранд. Сулаймон Исоев, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят гуфт, ин паноҳгоҳҳо бояд марҳила ба марҳила таъмин шаванд, вале дар ҳоле, ки корхонаҳои азими саноатӣ ва кимиёвӣ дар вилоят фаъолият мекунад, зарурате барои омода кардани паноҳгоҳҳо мавҷуд аст: "Ин паноҳгоҳҳо дар зери замин мавҷуд аст, ки дар дохили он бояд одам то 3 шабонарӯз бимонад ва дар сурати таркиши амиқ, ки дар ҳаво паҳн мешавад, ин паноҳгоҳҳо зарур аст".

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 16

Китобҳо

Flag Counter