ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:06


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар шумораи гузаштаи СССР, дар ҳамин саҳифа матлабе бо номи «Мактаб ҷои адаб аст, ё ҷанг?» чоп шуда буд. Он ҷо гап сари муноқишаи хонандагони мактаби миёнаи №90-и пойтахт мерафт. Ман модари Умедҷон Мӯсоев ҳастам, ҳамоне, ки ному насабаш дар он матлаб буд. Ҳоло ба хулосае омадам, ки кӯтоҳ вокуниш навишта, асоси воқеӣ надоштани онро инкор кунам. Ин ҷо 1 нофаҳмие сар задааст. Нигорандаи он матлаб (духтарам) масъаларо нодуруст шунида, бе таҳлилу дақиқкорӣ ва бо муболиға ба СССР фиристодааст. Аз ин хотир ман барои чунин ҳангомасозӣ аз номи муаллифи он, яъне духтарам, узр мепурсам. Бори дигар бахшиш!

Фирӯза Ахмедова, модари Умедҷон,
ш.Душанбе, тел: 905 50 25 52

Панҷшанбе, 29 Март 2018 09:59


Салом, СССР! Аз матбуоти даврӣ бароям маълум гашт, ки аз с.1981 то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 тан дар соҳаҳои гуногун доктори илм шудаанд, ки аз онҳо 50 нафар дар соҳаи иқтисод, зиёда аз 40 кас дар соҳаи таърих, зиёда аз 60 нафар дар соҳаи химияю техника, 66 нафар дар соҳаи тиб, зиёда аз 16 нафар дар соҳаи ҳуқуқанд. Аз афзудани шумораи олимон хурсандам, ки илми мамлакат рӯ ба пешрафт дорад, лек ташвиши ман дигар чист: Мавзӯҳои рисолавӣ натиҷаҳои дилхоҳ надода истодаанд. Ба докторони илм, ки ба кишвар фоидаашон расидаву расида истодааст, заррае даъво надорам, ҳалолашон бод! Аммо олимони соҳаи хоҷагии қишлоқ бояд ба ин аҳамият диҳанд, ки чаро соли гузашта истеҳсоли пахта то ба 300.000 поён фаромад? Ҳосилнокии зироати ғалладона дар заминҳои лалмӣ 25-30 сентнер ва дар заминҳои обӣ 35-40 сентнерро ташкил медиҳад. Олимон бояд чорабиниҳое ба амал бароранд, ки ҳосилнокии ҳар га пахта ба 60-80 сентнер, зироати ғалладона то ба 80-100 сентнер, маҳсулнокии чорво то 6000-8000 сентнер аз ҳар сар модагов баланд бардошта шавад. Ба андешаи ман айб аст ба онҳое, ки оид ба «Роли ришта дар дуруст кашидани ҷӯякҳои пахтазор» рисола ҳимоя кунанд, ё кардаанд…

Комрони Далер,
ш.Бохтар

Панҷшанбе, 29 Март 2018 09:53

SMART-2

Панҷшанбе, 29 Март 2018 09:44


Ширкати Citycard, ки масъули роҳандозии системаи нави пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аст, эълон намуд, ки сар аз 1.04.2018 гирифтани пули нақд аз мусофирон барои пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо манъ карда шуда, ин амал танҳо ба воситаи кортҳои электронӣ анҷом меёбад.
Чуноне ки ширкати мазкур дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар медиҳад, мусофирон метавонанд аз ҳоло кортҳои ягонаи электрониро, ки 7 сомонӣ нарх дошта, барои аз 4 то 8 сафар пешбинӣ шудааст, харидорӣ намоянд.
Айни замон дар 285 троллейбусу автобуси пойтахт ин система насб карда шуда, кортҳои Citycard-ро мусофирон метавонанд аз дӯконҳои махсуси дар истгоҳҳо таъсисёфта, харидорӣ намоянд.

СССР

 



Чоршанбе, 28 Март 2018 11:43


(Ба таваҷҷуҳи Ҳукумат ва Порлумони кишвар)

Чоршанбе, 28 Март 2018 11:28

  
26.03.2018 дар маркази ш.Исфара бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман ба фаъолият шурӯъ кард. Ин бозор, ки доимоамалкунанда хоҳад буд, дар қитъаи алоҳидаи бозори «Навбаҳор», воқеъ дар гардишгоҳи маҳаллаи «Баҳор»-и маркази шаҳр таъсис дода шудааст.
   Бино ба итиллои Иқбол Тешаев, котиби матбуотии раиси ш.Исфара, иқдоми мазкур дар асоси қарори ҷаласаи машваратии назди иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Исфара Саломзода Сиҷоуддин, ба хотири таъмини фаровонии бозори дохилӣ, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя, ки бо маҳсулоти босифату нисбатан арзон вориди шаҳр мегарданд, рӯйи кор омадааст.


   Сиҷоуддин Саломзода зимни боздиди хеш ва ҳамзамон бо сӯҳбату мулоқот бо тоҷирони кишвари ҳамсоя ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонии бозор ва беҳдошти фаъолияти иншоотҳои хизматрасонӣ, инчунин ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва будубоши бемамонияти соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя дастурҳои мушаххас дод.

Чоршанбе, 28 Март 2018 11:14


28.03.2018 дар Федератсия Россия бинобар фоҷиаи сӯхтор дар маркази тиҷоратӣ ва дилхушии «Олучаи зимистона»-«Зимняя вишня», ки дар пайи он беш аз 60 нафар ҳалок гаштанд, рӯзи мотами умумимиллӣ эълон шудааст. Ин фоҷиа, ки рӯзи 25.03.2018 ба вуқуъ пайваст, бо сабаби сари вақт боз нашудани дарҳои толорҳо, алалхусус бахшҳои бозии кӯдакона, ҷони 40 нафар тифли ноболиғро бурд.
Бино ба итиллои расмӣ, президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ФР Владимир Путин дар робита ба ин ҳодиса барқияи тасаллият ирсол намуд.
-  «Мӯҳтарам Владимир Владимирович, хабари сӯхтор дар маркази савдои шаҳри Кемерово, ки мӯҷиби ҳалок ва захмӣ шудани одамони зиёд гардид, моро сахт андӯҳгин намуд. Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллиёти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин хоҳони шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон расонед»- омадааст дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ.

СССР



Душанбе, 26 Март 2018 10:46


«Девон»-и Ашӯр Сафар-Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод А.Рӯдакӣ, дар ҳаҷми 968 саҳифа (нархаш 100 сомонӣ) омода ба нашр аст, лек ку сахимарди Тоҷике, ки чопи онро ба зимма бигирад?
«Девон»-и устод зери таҳрир ва тартиби фарзанди муаллиф, шоир Гурез Сафар, бо сарсухани адабиётшиноси маъруфи Тоҷик, раҳматӣ Худоӣ Шариф ва охирсухани адиби мумтози Тоҷик-Абдулҳамиди Самад мураттаб гардидааст.
Шодравон Ашӯр Сафар дар адабиёти Шӯравии Тоҷик ва ҳам майдони шеъру адаби даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доди сухан додаву бештар аз ҳама хоҳони сулҳу қатъи ҷанги граждании Тоҷикистон буд, ки ҳатто бо сиришки қаламу хуни дил ин ғазали ҷигариро дар соли 1992 суруда:

1 бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базми тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор,
Помоли фано зулмати шаб мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад?
Бар куштани фарзанд падар низ кашад теғ,
Дар байн суоле зи насаб мешуда бошад?
Дар ларза бадан аз асари таб шуда бисёр,
Нобуд чунин ларзаву таб мешуда бошад?
Аз дидаи дар гиря бувад хоб фирорӣ,
Меҳмон ба дари дида ғанаб мешуда бошад?
Кӣ кард ҷафо бешу кӣ овард бало пеш,
Бо ченаки таърих ваҷаб мешуда бошад?
Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям,
1 мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?
Илҳоми гурезанда садо дод зи дурӣ:
Рози ту ба ин бахт сабаб мешуда бошад?

(с.1992)


Девон мураттаб аз ашъори беҳинии Ашӯр Сафар аст, ки сар аз солҳои 1950 суруда шудаанд. Чу муште аз хирвор чанде пешкаши хонанда мегарад. Мо Метавонем!

Нигоре рӯзе аз наздам гузар кард,
Каме истода бар ман 1 назар кард.
Ба чашмони сиёҳаш чашмакам зад,
Табассум бар лабони чун шакар кард.
Ба ман ҳарфе нагуфту рафт лекин,
Диламро бурду фикрамро дигар кард.
Хаёли чашму рӯи нозанинаш,
Маро бетоқати шому саҳар кард.
Ба ёди ӯ нишаста шеър гуфтам,
Ба ёди ӯ, ки табъам шуълавар кард.
Чӣ хуш, ишқам чу ишқи ин диёрам.
Маро эҷодкору боҳунар кард.

(с.1956)


***

Дили аз ғам сияҳ дорем имрӯз,
Басо ҳоли табаҳ дорем имрӯз.
Тани дар лаҳза аз боди ҳаводис,
Чу 1 тори гияҳ дорем имрӯз.
Бародаркушта хонад даҳр моро,
Ҳама бори гунаҳ дорем имрӯз.
Ба роҳе рӯ ба рӯ оем, аз шарм
Зи ҳам рӯро панаҳ дорем имрӯз.
Ба ҳам чун гӯсфанди теғхӯрда,
Ба ҳайронӣ нигаҳ дорем имрӯз.
Зи ҷанги худкушӣ ногашта кам не,
2 чашми тар ба раҳ дорем имрӯз.
Чу нуре аз даре бояд ҷаҳида,
Гиребони шабаҳ дорем имрӯз.

(с.1993)

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter