ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 26 Март 2018 10:39


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар суҳбат бо раҳбарони ВАОи кишвараш гуфт, ки хешовандонаш ба корҳои идораи давлат дахл нахоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, бисёриҳо дар ташвишанд, ки ӯ наздиконаш, аз ҷумла, бародари хурдиаш Асилбек Ҷеенбековро ба мақомҳои давлатӣ таъйин мекунад. "Онҳо корҳои худро хуб пеш мебаранд. Аз тақдири президентҳои пешини Қирғизистон-Аскар Акаеву Қурмонбек Боқиев огаҳӣ дорам ва мехоҳам, 6 сол баъд бо сари баланд бо мардум рӯбарӯ шавам", - гуфт ӯ.

Душанбе, 26 Март 2018 10:31


Тибқи раддабандии миллиардерҳо дар маҷаллаи «Forbes» Динара Қулибоева-духтари Нурсултон Назарбоев-президенти Қазоқистон ва шавҳари ӯ Темур Қулибоев мақоми 194-ро ишғол карданд. Дар 1 соли охир дороии Қулиевҳо 2,2 миллиард доллар афзудааст. Дороии Тимур дар маҷмуъ 3,2 миллиард доллар буда, Динара низ ҳамин миқдор дороӣ доштааст. Домодтӯраву занаш ҳамагӣ 6,4 млрд доллар доштаанд.

Душанбе, 26 Март 2018 10:13

 

Ҷашни матбуот дар Панҷакент бе ширкати Ислом Шафиев, бе қадрдонии журналистон, бо гилагузории зиёди рӯзноманигорон ва толори нимахолӣ гузашт…

Душанбе, 26 Март 2018 10:09


Дар газетаи мардумии СССР (№8(493), 22.02.2018) мақолаи М.Мубориз «Равшан капут»!-ро хонда, хеле мутаассир шудам. Дастае, ки 2 карат қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистон буд, имрӯз муфлис шудааст, 100 ҳайф. Ман кӯлобӣ нестам, вале Тоҷики асиламу «Равшан»-ро бо тамоми вуҷудам ва болотар аз Равшан дӯст медорам. Бояд гуфт, ки банда низ 1 умр мухлиси тими «Помир» Душанбе будам. «Мухлисам» гуфта худро таъриф кардан, ҳанӯз кам аст.

Душанбе, 26 Март 2018 09:50

Акси маросими ппешвозгири, рохи басташудаи каримови, деворхои сунъи ва миннабандии каримови ва рохи кушодаву марзи кушодаи Мирзиёеви дар аксхо ва хатман пешвои мардум!!!

Душанбе, 26 Март 2018 09:38


Александри "Озодибахш"
15.03.1881 инқилобиёни террористи ташкилоти "Иродаи халқ" императори рус Александри II-ро ба қатл расониданд. Шикори тӯлонии ӯ аз ҷониби инқилобиёни рус ахир бобарор анҷомид. Ӯ дар силсилаи императорони руси хонадони Романовӣ нақши вежа дорад. Александрро "озодибахш" меноманд.Маҳз ӯ аввалин донаҳои озодихоҳӣ ва демократиро дар ҷомеаи русӣ кошт ва с.1861 ҳуқуқи крепостноиро дар Русия барҳам дод. Дар Русия асрҳои тӯлонӣ 1 иддаи ками ашрофзодагон авомро истисмор мекарданд ва деҳқонони рус дар ҳолати ғуломӣ қарор доштанд.

Душанбе, 26 Март 2018 09:34


13.03.1964. Бо қарори раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ Вазорати бехатарии давлатӣ (МГБ) ба Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) тағйири ном кард.
13.03.1970. Сарвари КГБ-и СССР Юрий Владимирович Андропов фармон дод, ки ҷасади Адолф Гитлер ва Паул Йозеф Геббелс-2 раҳбари асосии Рейхи саввум махфиёна дар шаҳраки ҳарбии Магдебурги Олмони шарқӣ дафн карда шуда буданд, нест карда шаванд.

Душанбе, 26 Март 2018 09:31


Вазорати фарҳанги ҶТ нисбати мақолаи «Гранти Хоҷа Машҳадро кӣ хӯрд?» (СССР, 1.02.2018) иттилоъ медиҳад, ки воқеан, тибқи шартномаи Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон бо муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» «Тоҷик МДМЁ» (роҳбари лоиҳа, меъмори муассиса Раҳматҷон Саломов) ҷиҳати тармими Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар н.Шаҳритуси вил.Хатлон дар солҳои 2005-09 аз ҷониби Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон грант ба маблағи 116000$ ҷудо шуда, аз 3 қисм (транш) иборат буд. Қисми 1 ба маблағи 19000$. Бо ин маблағ, тибқи шартҳои дар грант пешбинишуда заҳбури дар бари «Хоҷа Машҳад» ҷойдошта ба масофаи 9 км аз лою гили таҳшиншуда бо эксковатор тоза карда шуд. Чунки обҳои зеризаминӣ дар ин мавзеъ хеле баланд буда, ба ёдгорӣ таъсири манфӣ дошт. Корҳо охири с.2005 оғоз шуда, аввали с.2006 ба анҷом расонида шуданд. Пас аз ин, дар с.2006 корҳои мустаҳкам намудани таҳкурсии ёдгорӣ бо оҳану бетон ба анҷом расонида шуданд. Қисми дуюми грант аз 43600$ иборат буд. Бо ин маблағ дар с.2007 корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:
1.Омода кардани 5 дона хумдонҳо бо хиштҳои махсуси ба ҳарорати баланд тобоваранда (огнеупорные кирпичи); 2.Бо автомашинаҳои боркаш кашида овардани хокҳои лозима, барои тайёр кардани хиштҳои шакли қадима; 3.Тавассути қолабҳои чӯбин, дастӣ рехтани хиштҳои андозаашон 25х25х5 см; 4.Тавассути тракторҳои боркаш (тележкаҳо) кашида овардани аррарезаҳо (опилка) ҳамчун маводи сӯзишворӣ барои пухтани хиштҳо; 5.Аз н.Турсунзода кашида овардани хиштҳои стандарти замонавӣ (азбаски паҳноии деворҳо то 2 метр аст, қисми дохилии онҳо бо хишти стандарти замонавӣ бунёд карда шуда, аз берун бо хиштҳои шакли қадимӣ рӯкаш карда мешаванд); 6.Аз нав барқарор кардани девор ва бурҷи харобшудаи қисмати шарқии мақбара; 7.Тармим кардани гумбази мақбара аз берун ва дохил. Қисми сеюми грант аз 53400$ иборат буд. Бо ин маблағ корҳои барқарор кардани пештоқҳои шимолӣ ва ҷанубӣ, бурҷ ва аркҳои қисми ғарбии ёдгорӣ ва арки мобайни ҳар 2 гумбазҳо анҷом дода шуданд.

Ш.Орумбекзода,
Вазир

саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter