ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:21

SMART-6

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:16


Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Писари ман ба ҷои кӣ хизмат кард?» (СССР, №52(485)-ро баррасӣ кард. Дар рафти санҷиш ваҷҳи шаҳрванд Исмоил Маҳмудов тасдиқи худро наёфта, муайян шуд, ки писараш Маҳмудов И.И. санаи 25.04.2015 бо қарорҳои комиссияи даъвати н.Қубодиён ва вил.Хатлон қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шуда, барои адои он ба Баталиёни кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ сафарбар шудааст. Номбурда баъди итмоми хизмати ҳарбӣ баҳори с.2017 ба эҳтиёт рухсат шудааст. Бояд гуфт, ки Маҳмудов дар асоси моддаи 43-и Конститутсияи ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қарзи шаҳрвандии худро иҷро ва хизмати ҳарбиро адо намудааст.

Алимардонзода М.А., муовини сарпрокурори ҳарбии ҶТ,
полковники адлия

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:06


Насрулло Ҳикматов, сокини деҳаи Гулистони ҷамоати «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён бо телефони 93 744 60 56 ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки ман 1 мушкили мактабӣ дорам. Мактаби миёнаи деҳаи мо-№37 бо 895 хонанда муаллими фанҳои алгебра, геометрия ва нақшакашӣ надорад. Писари ман Қисматулло синфи 7 ва духтари додарам-Миҷгона синфи 9-и ҳамин мактаб асту аз набуди мутахассисони фанҳои номбурда азияти маънавӣ мекашанд. Мактаби мо ҳамаи муаллимро дошт, лекин баъди он ки директори мактаб Амирҷонов Ҳомидҷон таъйин гардид, бо фармони мудири маориф-Мирзо Эшов ҳама мударрисинро бо баҳонаи нафақа аз кор ҷавоб дода, ба ҷои онҳо муаллимони дигарро ба кор наоварданд. Аз ин мушкили мо раиси ноҳия-Зафар Файзуллозода ва ҳама муовинҳояш 100% хабар доранду парво не!!! Ман намехоҳам, ки фарзандони мо аз бесаводӣ роҳзану ғулом шаванд. Дилам ба фарзандони мардум месӯзад!

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:02


Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳомид Расулов аз ноҳияи Мастчоҳ бо телефони 92 729 32 90 ба СССР занг задаву гуфт, ки мо бисёр хурсандем, сарҳадҳои дӯстӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуданд. Аммо 1 мушкил ҳоло ҳам барои мо боқист. Мехоҳем, Ҳукумати ҳар 2 давлат иҷозат бидиҳад, ки бо паспорти оддии худ ба Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон гаштугузор намоем. Зеро ҳоло мардум фақат имконият дорад, ки бо паспорти хориҷӣ ба Ӯзбекистон равад ва имконияти паспорти хориҷӣ гирифтанро на ҳар кас дорад. Чунки паспорти хориҷӣ қимат аст.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 14:56


Сари ҳар моҳ аз ширкати Тсеll ба телефонҳои мобилие, ки аз ин ширкат истифода мебаранд, ногаҳон чунин паёмак меёбед: “Муштарии муҳтарам, аз ҳисоби Шумо пардохти моҳона барои рақам дар ҳаҷми 0,8 сомонӣ гирифта шуд”. Чӣ хел рақам ва кадом рақам? Барои рақам ҳар 1 муштарӣ аз рӯзи аввали телефони мобилӣ гирифтанаш пулашро пардохт карда, симкорташро харидааст. Ширкати Тсеll ба ҳисоби миёна агар 500.000 муштарӣ дошта бошад, дар 1 моҳ 400.000 сомонии бе дарди миёнро соҳиб мегардад. Аз ин амали ширкат ба шиносе дарди дил кардам, ки ӯ муштарии ширкати Вавилон аст ва гуфт, ки ин амалиёт дар он ширкат низ будааст. Маълум шуд, ки аз ҳамаи муштариёни ҳамаи ширкатҳои мобилии дар Тоҷикистон фаъолият дошта ин маблағи моҳона ситонида мешавад. Агар раваду дар ҳисобат бо сабабе маблағ набошта бошӣ, баъди балансро баробар кардан телефон садо мебарораду паёмак меояд: “Муштарии муҳтарам...”.
Акнун, ин қадар ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ аз муштариёни худ 0,8 сомонӣ сари ҳар моҳ гирад, пас ин миқдор маблағ ба куҷо ва барои чӣ сарф мешавад? Дар давоми 1 сол аз ҳар муштарӣ 10,6 сомонӣ меситонанд. Ин пули каму назарногир дар диди одамони пулдор бошад, дар маҷмӯъ чандин миллион сомониро ташкил медиҳад...

Зайнулобидин Ҳусейнов,
деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 14:33


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Банда мақолаи С.Мизроб-«Кор ё рисола?...»-ро хондам, ки дуруст навиштааст. Воқеан, олим бисёру амал нест. Аксари кормандони ниҳодҳои давлатӣ барои маош зиёд шудан ба ҳимояи кори илмӣ даст мезананд… Дар ин бобат латифае ба ёдам омад:
Мардеро пурсиданд, ки чаро ту номзадиро ҳимоя кардию ба дотсентию докторӣ кӯшишу ҳаракат надорӣ? Номзади илм гуфт:
-Ман ба маоши номзадӣ ҳам шукр мекунам!

Исматулло Собирӣ,
муаллими мактаби №13, н.Вахш, тел: 98 503 80 76

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 14:30


Мадина Бобоева-журналисти 36-сола, ба ҷои Таборакхон Умарзода муовини нави раиси ш.Исфара таъйин шуд. Номзадии ӯ аз ҷониби президенти Тоҷикистон пазируфта шудааст. Мадина фориғуттаҳсили бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, солҳои гуногун дар ТВи ш.Исфара ва ТВ «Сафина» фаъолият дошт.









Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 14:16


Бонки миллии Тоҷикистон ба Бонки сармоягузории Аврупо пешниҳод кард, то дар маблағгузории сохтмони Роғун саҳм гирад. Ин масъала дар вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо муовини раиси Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Гудак баррасӣ шуд. Дар вохӯрӣ масоили иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои энергетикӣ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, баррасӣ гардид. Масъалаи сохтмони Роғун низ ба таври муфассал баррасӣ гардид. Ёдрас мешавем, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтусози нерӯгоҳи Роғун мехоҳад евробондҳояшро низ ба фурӯш гузорад.

саҳ 3 аз 13

Китобҳо

Flag Counter