ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 09:51

SMART-3

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 09:15


Ширкати мобилии «Мегафон» дар вилояти Хатлон иқдоми некеро бар дӯши худ гирифтааст, бо шиори «Рӯзи худро бо мо сар бикун». Имрӯз 4 апрел 1 гурӯҳ журналистон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз ёдгориҳои таърихии бародарон «Хоҷа Дурбод ва Хоҷа Машҳад» дидан карданд. Гуфта мешавад, ки аз маркази ноҳияи Шаҳритус 15 км дуртар дар деҳаи «Сайёд» ёдгории таърихии машҳури марбут ба замони қадим маҳфуз мондааст, ки солҳост таваҷҷуҳи сокинони кишвар ва берун аз он муаррихону бостоншиносонро ба худ ҷалб кардааст. Дар мадрасаи Хоҷа-Машҳад Носири Хусрав - нависанда, файласуф, шоири адабиёти классикии форсу тоҷик  таҳсил намудааст.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 08:59


Бар асари заминларзае, ки 30.03.2018 дар ҳудуди ҶТ ба вуқӯъ пайваст, беш аз 60 хона дар ҷамоати Сари Хосори н.Балҷувони мамлакат зарар дида, 7 манзили истиқоматӣ пурра хароб шуд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Чуноне ки ба мухбири мо аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, айни замон комиссияи махсуси кумита дар ҷои ҳодиса қарор дошта, пайомадҳои нохуши онро санҷида истодааст. Бояд хотиррасон шуд, ки рӯзи 30.03.2018 дар ҳудуди Тоҷикистон 3 маротиба ларзиши замин ба қайд гирифта шуда, маркази он дар километри 102-юм дар наздикии ш.Роғун қарор дошт.



Чоршанбе, 04 Апрел 2018 11:36


Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ тасмим гирифтааст бо роҳандозӣ кардани рақами нав тариқи Viber робитаи хешро бо мардум таҳкиму тақвият бубахшад.
 Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Б.Ғафуров хабар доданд, минбаъд сокинони ноҳия метавонанд тариқи ин шабакаи машҳур бо раиси ноҳия Зариф Назирӣ мустақиман дар робита бошанд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, арзу шикоят, эродҳо, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолӣ Viber бо рақами 92-997-22-44 ба қайд гирифта шуда, маълумоти ба ин рақам ирсолшуда бевосита ба раиси ноҳия Зариф Назирӣ дастрас мегардад.

Чоршанбе, 04 Апрел 2018 11:20


2.02.2018 пас аз 9 соли ҷудо будан аз низоми энергетики Осиёи Марказӣ додугирифти нерӯи барқ байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дубора фаъол гашт. Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи «Регар» (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи «Гулча» (Ӯзбекистон) зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз ҷумҳурии мо ба мамлакати ҳамсоя оғоз ёфт. Дар ин бора ба мухбири СССР Нозирҷон Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» хабар дод.
Бояд қайд намуд, ки созишнома дар бораи мубодилаи байнидавлатии нерӯи барқ моҳи марти соли ҷорӣ ҳангоми сафари нахустини расмии президенти ҶӮ Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расида буд ва имрӯз он амалӣ гашт. Мубодилаи нерӯи барқ кори муназзами ниҳодҳои энергетики 2 кишварро таъмин намуда, барои беҳтар намудани таъминот бо қувваи барқ мусоидат хоҳад кард.


 

Чоршанбе, 04 Апрел 2018 11:08


Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар байни 18 шаҳру навоҳири в.Суғд даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар муддати 2 рӯзи аввали даъват иҷро кард. Дар ин бора ба мухбири СССР дар МИҲД ин ноҳия хабар доданд.
Бояд қайд намуд, ки даъвати баҳории ҳарбӣ ҳамасола аз  апрел сар шуда, то 31 май идома меёбад.

СССР

Чоршанбе, 04 Апрел 2018 11:05


   Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар сомонаи худ дар бораи ёфт шудани писарбачаи тахминан 4-5 сола, ки худро Кароматулло номидааст, хабар медиҳад.
   Бино ба итиллои маркази матбуоти ин ниҳод, рӯзи 27.03.2018 кормандони милитсия писарбачаи 4-5-соларо дарёфт кардаанд, ки номашро Кароматулло номида, дар куҷо будани хонаашонро намедонад. Писарбача номи падарашро Қурбон ва модарашро Зебо мегӯяд. Писарбача айни замон дар Қабулгоҳ-тавҳилгоҳи ХПҲНҶ ВКД нигаҳдорӣ карда мешавад.
   Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар муайян намудани шахсияти писарбача ва ба волидонаш расонидани ӯ ҳамкорӣ намоянд. Нафароне, ки ӯро мешиносанд, метавонанд ба рақами телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё 93 922 84 -74 занг зананд.

Душанбе, 02 Апрел 2018 09:56


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба маълумоти мусофирони худ мерасонад, кидар асоси барқияи Росавиатсия аз 31.03.2018 иҷрои парвозҳоро ба 1 қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия маҷбуран қатъ менамояд. Аз ин лиҳоз ширкати «Сомон эйр» аз тамоми мусофиронаш маъзарат хоста, таъкид менамояд, ки маблағи ҳамаи чиптаҳои харидашуда баргардонида мешаванд.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти ширкати мазкур ба СССР расида,
Росавиатсия аз соати 00.01-и (вақти Москва) 2.04.2018 иҷрои хатсайрҳои Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе-Қазон-Душанбе, Душанбе-Краснодар-Душанбе, Душанбе-Красноярск-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Сочи-Душанбе, Хуҷанд-Қазон-Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷандро манъ менамояд. Мӯҳлати амали барои иҷрои парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳамчунин аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад.
Дар барқияи Росавиатсия ҳамзамон қайд шудааст, ки манъи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ – «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба қаламрави Россия бо қарори Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия дар пайи аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ нашудани дархостҳои ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» бобати иҷрои парвозҳо дар қаламравиТоҷикистон дар ҳаҷми пурра ҷорӣ мегардад.
Хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Москва-Кӯлоб бетағйир тибқи ҷадвали парвозҳо иҷро мегарданд.
Айни замон мутахассисони маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мусофиронро аз манъи хатсайрҳои номбаршуда огоҳ месозанд. Маблағи чипта ба ҳама мусофирони хатсайрҳои мазкур дар нуқтаҳои хариди онҳо баргардонида мешавад.
Маълумот оид ба иҷрои хатсайрҳои манъшуда иловатан пешниҳод хоҳад шуд. Барои гирифтани маълумоти бештар мусофирон метавонанд ба маркази маълумотдиҳии ширкат бо рақамҳои 44-640-40-40, 44-640-40-49 ва 44-640-40-50 муроҷиат намоянд.

  •  << 
  •  < 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  12 
  •  13 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 13 аз 13

Китобҳо

Flag Counter