ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:02


"Савганди ман"
Владимир Семёнович Висотский яке аз маъруфтарин чеҳраҳои собиқ СССР аст. Тибқи назарсанҷиҳои ахири Маркази умумируссиягии афкори умумӣ ӯ дар рӯихати "маъруфтарин чеҳраҳои қарни ХХ" баъди Ю.Гагарин дар зинаи 2-ум қарор гирифт.
Висотский с.1938 дар Маскав ба дунё омад. Падараш полковники Артиши Шӯравӣ ва модараш тарҷумони забони немисӣ буд. Ӯ дар оғози ҷанг ҳамроҳи модар Маскавро тарк карда, ба вил.Оренбург омад. Баъди чанде ба Маскав баргаштанд, лек с.1947 падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд ва ӯ ҳамроҳи падар монд. Падар дубора издивоҷ кард ва ӯро модарандараш Евгения Лихалатова, ки асолатан арманитабор буд, бузург кард. Владимир ба ин зани арманӣ меҳру муҳаббати зиёд дошт ва ӯро "мама Женя” мегуфт. Ӯ дар 9-солагӣ ҳамроҳи падар ба Олмон рафт ва 2 сол он ҷо зист. Зиндагӣ дар Олмон аз ҳаёти ҳамсолони ӯ дар Маскав куллан фарқ  дошт ва таъсири зиёде ба Владимири ҷавон гузошт.

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 16:52


5.04.1930.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори КМИ СССР орденҳои Ленин ва Байрақи Сурх таъсис дода шуданд. Ордени Ленин дар он шабу рӯз олитарин мукофоти СССР маҳсуб меёфт ва бо он шаҳрвандони шӯравӣ барои хизматҳои шоён дар ҳаракати инқилобӣ, дӯстӣ миёни халқҳо ва дигар хизматҳо дар назди давлати Шӯравӣ қадр мешуданд.

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 16:41

SMART-4

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 13:23


Дар 3 рӯз иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар н.Носири Хусрави вилояти Хатлон бисёр ноҳияҳоро ба андеша андохт, ки даъвати баҳорӣ ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки баъзе навоҳии дигар аз аввал то охири мавсим бо вуҷуди талошҳои зиёд наметавонанд ин нақшаро амалӣ кунанд. Муовини раиси ноҳия Саидзода Бозоргул дар сӯҳбат бо СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки «аз рӯзи аввал ҷавонони ноҳия ихтиёран омада аз муоинаи тиббӣ гузаштанд ва ҳоло бошад 115% нақшаро иҷро кардаем. Мо кӯшиш мекунем, ки эстафетаро ба дигар ноҳияҳо надиҳем.
Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои пур кардани нақшаи сафарбаркунӣ ба артиш раисони ҳукуматҳо ба ҷавонони синни сарбозӣ ваъдаҳои “тилоӣ” медиҳанд ва мегӯянд, агар онҳо ихтиёран барои сарбоз шудан ариза нависанд, соҳиби қитъаи замин барои манзили зист мешаванд ва харҷи маъракаи арӯсияшонро мақомот бар зимма мегиранд. Ҳатто духтарон омода буданд, ки ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шаванд, ки  то ҷавонон  номус кунанд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 08:19


Парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи байналмилалии ш.Бохтар пас аз танаффуси 10 моҳа аз сари нав шурӯъ гардид.
Масъулони фурудгоҳи мазкур ба мо иттилоъ доданд, ки аллакай 1 ва 3 апрел парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковскийи ш.Маскав ба фурудгоҳи Бохтар ва ҳамин гуна аз маркази в.Хатлон ба самти Россия амалӣ  карда шуд. Парвозҳо байни пойтахти Россия ва шаҳри Бохтар аз тарафи ширкати «Икар»-и Федератсияи Россия дар 1 ҳафта 4 маротиба ба назар гирифта шудаанд. Ба иттилои масъулони фурудгоҳ, беш аз 100 корманд, ки ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд, аввали моҳи март дубора ба кор даъват гардиданд. Фурудгоҳи ш.Бохтар наздик ба 200 корманд дорад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 08:03


Вазорати нақлиёти Федератсия Россия ва хадамоти Росавиаи ин кишвар масири парвозҳоро барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» дар самти шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, ки моҳе қабл иваз карда шуда буд, тағийр дод.
Бино ба итиллои аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири СССР расида, сар аз 5.04.2018 тамоми маҳдудиятҳо вобаста ба парвозҳо дар байни Тоҷикистону Россия барҳам хӯрданд, аз он ҷумла иваз кардани масири ҳавоӣ, ки вақти парвозро 1 соат бештар менамуд.
Айни замон, ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз рӯи масири ҳавоиӣ пештара хатсайрҳои хешро анҷом дода, вақти парвоз аз Душанбе ба Маскав 4 соатро дар бар мегирад.

СССР

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 07:58


Рустами Эмомалӣ ва Шайх Салмон ибн Иброҳим Алхалифа, президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки рӯзи 6.04.2018 бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд, 4 майдончаи нави хурди футболро дар пойтахт ифтитоҳ намуданд.
Ин майдончаҳои хурди футбол дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и ш.Душанбе воқеъ буда, барои дӯстборони ин бозӣ, ки шоҳи ҳамаи бозиҳост, тӯҳфаи деринтизор аст. Шайх Салмон ибн Иброҳим Алхалифа, ки бори нахуст ба Тоҷикистон омада буд, омодагии хешро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар ин бахш эълон кард.

СССР



Чоршанбе, 11 Апрел 2018 11:47


Тамоми тоҷирон ва соҳибкорони маркази савдои «Садбарг» бо дастури Хадамоти сӯхторхомӯшкунии ВКД ҶТ ба азнавсозии дӯконҳои худ шурӯъ кардаанд. Ин амал дар пайи дастури махсуси вазири корҳои дохилии мамлакат Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади андешидани тадбирҳои зиддисӯхторӣ дар тамоми марказҳои савдо ва дилхушии кишвар сурат гирифтааст.
Бино ба итиллои фурӯшандагони ин маркази савдои пойтахт, ҳамаи дӯконҳо азнавсозӣ гашта, деворҳои сунъие, ки бо истифода аз масолеҳи сохтмонии зуд оташ мегирифта сохта шуда буданд, барканор карда шуда, ба ҷойи онҳо деворҳои бетонӣ бунёд шуда истодаанд.
Ин дастури Раҳимзода Рамазон Ҳамро пас аз сӯхтори фоҷиабор дар маркази савдо ва дилхушии «Олучаи зимистона» дар ш.Кемеровои Россия, ки 25.03.2018 ба амал омада буд, ба тасвиб расидааст.

СССР

саҳ 10 аз 13

Китобҳо

Flag Counter