ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 16:03


9 апрели соли 2018 Сармоягузорони институтсионалӣ дар Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, низоми бонкии кишвар ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар баробари шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, ҳайати бонуфузи сармоягузорон ба ҶСК “НБО Роғун” ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ сафар карданд. Ҳайати бонуфузи сармоягузоронро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳузур пазируфт.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:49


Аз ҳуқуқшинос то инқилобӣ
Владимир Улянов Ленин яке аз барҷастатарин сиёсатмадорон ва ходими давлатии шӯравӣ дар қарни ХХ аст. Ленин инчунин поярези марксизм-ленинизм буда, аввалин ҳизби коммунистиро дар Руссия роҳандозӣ кардааст. Ленин 22.04.1922 дар ш.Симбирски Руссия, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омад. Падараш бозраси мактабҳои халқӣ буду модараш низ зани таҳсилкарда. Владимир солҳои 1879-1887 дар гимназияи Симбирск таҳсил ва онро бо медали тилло хатм кард. Лаҳзаи тақдирсоз дар зиндагии ӯ с.1887 шуд. Дар ин сол ҳукумати вақт бародари бузурги Ленин Александрро барои ширкат дар қатли император Александри III ба қатл маҳкум кард. Марги бародар таъсире сахте дар Владимири ҷавон гузошт ва роҳи ояндаи ӯро муайян кард. Соли 1887 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазон дохил шуд, аммо бо сабаби ширкат дар тазоҳуроти донишҷӯён баъди 1 сол аз Донишгоҳ хориҷ карда шуд. Соли 1888 оилаи Уляновҳо ба Самара кӯчиданд ва маҳз дар ин шаҳр ошноии ӯ бо адабиёти марксистӣ иттифоқ уфтод. Баъди чанде ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Санкт-Петербург супорида, с.1891 ба таври экстернӣ факултаи ҳуқуқшиносии онро хатм мекунад.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:44


Поягузори Рейхи саввум Адолф Гитлер 20.04.1889 дар шаҳраки Браунау-ам-Инн, ки дар марзи Олмон ва Австрия қарор дошт, ба дунё омад. Падари Гитлер Алоис Шиклгрубер мӯзадӯзӣ мекард ва тибқи баъзе маълумот чанде қабл аз таваллуди Фюрери олмонӣ, насабашро иваз ва фомили Гитлерро барои худ ихтиёр кард. Баъзе аз муаррихон бар инанд, ки агар падари ӯ исми фомилашро иваз намекард, қисмати Адолфи ҷавон ҳам комилан дигар мешуд. Он вақт мардум мебоист ба ҷои "Хайл Гитлер", "Хайл Шиклгрубер" фарёд мекашиданд. Ӯ с.1905 дар ш.Линц мактаби миёнаро хатм кард ва мехост рассом шавад. Бо ин мақсад озими ш.Вена-пойтахти Австрия шуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи санъат супорид, аммо дар имтиҳони вурудӣ муваффақ нашуд.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:36


19.04.1943. Дар СССР Раёсати асосии зиддиҷосусӣ "Смерш" таъсис дода шуд. "Смерш" (Смерть шпионам), ки марг ба ҷосусон тарҷума мешуд, ба яке аз ниҳодҳои қудратманд дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил ёфта, худиву бегона аз он ҳарос доштанд.

20.04.1933. Дар СССР аввалин китоб аз маҷмӯаи "Зиндагиномаи одамони аҷоиб" ба нашр расид. Ин маҷмӯа дар нашриёти "Гвардияи ҷавон" бо ташаббуси Максим Горкий роҳандозӣ гардид ва яке аз беҳтарин маҷмӯаҳои китобӣ дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт. Аввалин китоби маҷмӯаи мазкур китоби "Генрих Гейн" гардид.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:33


Вазири корҳои хориҷаи Белоруссия-Владимир Макей дар 1 сӯҳбати хос бо телеканали «Евронюс» гуфт, ки имрӯз президенти Белоруссия-Александр Лукашенко ба хулосае расидааст, ки ҳарчи зудтар аз вобастагии Русия раҳо шавад ва равобиташро бо Иттиҳоди Аврупо хуб кунад.
Беҳтарин кор! Русия бояд ба қадри шарикон расад. Мо Метавонем!

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:31


Петро Порошенко-президенти Украина дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки тамоми масъулияти бетартибиҳо дар Шарқи Украина бар зиммаи Владимир Путин аст. Ба гуфти президент, кӯшиши Ҳукумат барои ором намудани вазъияти Донбасс хело бузург аст, аммо Кремл барои ноором кардани авзоъ аз ҳар восита истифода бурдан дорад.
Аникдоти сиёсӣ: Лавров ба ВВП: «Ангела Меркел ҳомиладор шудааст!». Путин бо тарс: маро-ку гунаҳкор намекунанд дар ин протсес???

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:26


Собиқ президенти Гурҷистон-Михаил Саакашвилӣ ва раҳбари пешини вилояти Одессаи Украина дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод, ки ба ҳайси лектор дар Академияи Голландия ба кор сар кардаст. «Алон ман дар Аврупо ҳастам, барои пешбурди зиндагиям лексия мехонам…». Нав ҷояшро ёфт ин лаққӣ…
Ёдрас мешавем, ки Саакашвилиро моҳе пештар аз қаламрави Украина комилан бадарға карданд.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 15:24


Президенти Қирғизистон-Сооронбой Жээнбеков бо самолети маъмулӣ аз Бишкек ба Ӯш парвоз карда, барои ширкат дар маросими солгарди марги бародараш ба зодгоҳаш рафт. Аксарият аз ин иқдоми ӯ тавсиф карда, гуфтаанд, ки ӯ аз мардуми худаш парҳез намекунад ва аз сафар бо ҳавопаймои оддӣ ор надорад.

саҳ 2 аз 13

Китобҳо

Flag Counter