ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:44


Соли 1961 мо-студентони факултаи ҳуқуқшиносии УДТ (ҳоло ДМТ)-ро муаллимамон М.Муллоев ба мурофиаи судӣ вобаста ба кори ҷиноятӣ бо айбдории Турсун Улҷабоев-собиқ котиби 1-уми КМ ПК Тоҷикистон ва Қара Дӯстов-раиси яке аз колхозҳои ҳозира ш.Ваҳдат (собиқ Орджоникидзеобод) мебурд, то ки аз мурофиаи судӣ таҷриба омӯзем. Аз овозаҳою дарвозаҳо ва ҳуҷҷатҳои судӣ медонистем, ки гӯё Улҷабоеву дигарон ба изофанависӣ (приписка) дар маъракаи ҷамъоварии пахтаи ҷумҳурӣ ва талаву тороҷ намудани моликияти давлатию ҷамъиятӣ роҳ додаанд. Якчанд рӯзе, ки дар маҷлиси судӣ ҳозир будем, ғайр аз сафсаттаю гапҳои беҳуда ва подарҳаво, ки гунаҳгории судшавандаҳоро исбот кунад, нашунидем. Баъзе шоҳидон аз шунидаашон нақл мекарданд, ки гӯё Улҷабоеву Дӯстов бо занҳо ишқварзӣ карда, болои синаи онҳо шаробу шир рехта менӯшидаанд. Мо ҳамон вақт дарк намудем, ки нисбати ҳар 2 тӯҳмат-шантажи хуберо тарҳрезӣ намудаанд.

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:37


Рӯзе ба масҷиди Яккачанор ба намози ҷумъа рафтам. Чун саросема будам, фаромӯш кардам, ки ҷойнамозамро аз бағочи мошин гирам. Оҷилан омадам, ки азон садо дод. Он ҷо наздики масҷид 1 дӯконе ҳаст, ки ҷойнамоз мефурухт. Саросема ҷойнамози хитоиро бо нархи 5 сомонӣ харидам ва намоз гузоридаму рафтам хона.

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:28


Мухлиси доимии СССР-Аброр Соқиев аз н.Ваҳдат (тел: 901 80 43 08) дар меҳмонии СССР гуфт, вақте дар ҷамъият бо баъзе проблемаҳои сунъӣ сар ба сар мезанӣ, сахт аламат мекунад. Агар оид ба чунин мушкилот дар ВАОи Русия ва дигар кишварҳои ҳамсоя нависанд, дилхоҳ вазиру раис истеъфо медиҳад. Дар матбуоту радиову ТВи мо ҳар рӯзу ҳафта оид ба даҳҳо мушкилоти бузург менависанд, ягон раҳбари ниҳод аз пеши виҷдону номуси худ истеъфо намедиҳад. Масалан, 1 раиси бонки маъруфи кишвари мо, мутаассифона, номашро дар ёд надорам, вақте дар 1 маҷлиси калони ҳукуматӣ гуфт, ки «ман 100% гунаҳкорам», ӯ бояд аз маҷлисгоҳ набаромада, аризаи истеъфояшро менавишт. Мисле, ки Аман Тулееви тотор баъди сӯхтори пурқурбонии Маркази Савдо дар вилояти Кемеровои Русия барои азияти виҷдон шуда истеъфо дод. Дар мо чӣ? Дар Тоҷикистони мо дар 1 сол чандин бозор месӯзад, аммо касе натанҳо истеъфо рафтанӣ нест, балки гуноҳро ба гардан намегирад. Охир, истеъфо ҷони одам нест-ку?! Баракс, гоҳо истеъфо ба фоидаи имиҷи мансабдор ҳам шуданаш мумкин.

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:19


(ҷавоб ба мақолаи «Раис! Ба ман кай ҷавоб медиҳед?», СССР, №8(493)

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:15


Узви Ихвон-ал-СССР, Бахтиёри Ҷабборзод аз деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бо телефони 550 15 70 15 ба СССР занг задаву гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР Абдусалом Ниёзов ном хонанда ба СССР занг зада пурсидааст, ки Хӯҷа-командир (Каримов) кӣ буд? Аввалан, раҳмати калон ба Ниёзов, ки чунин суол гузоштааст. Баъдан, ҳоло мегӯям, ки Хӯҷа кӣ буд. Воқеан, Хӯҷа Карим марди шердил, ҳақкору ҳақҷӯ, ободкору заҳматпеша ва духтури касбӣ буд. Ӯ мададгори мардум буд. Шахсан надидаму нашунидаам, ки ягон командири Фронти Халқӣ ба ҳадди ӯ дасткушоду сахӣ бошад. Ӯ барои мардум мактабу стадион, беморхона ва боғчаҳои кӯдакона сохта буд. Ободиву сохтмони ӯ 100 карат аз муллоҳои худхондаву қалбакиву бесавод бештар аст.
Аз СССР: Вале суоли матраҳ ин аст, ки аз ҳисоби кӣ ин саховатро мекард? Мо сари мавзуъ бармегардем. Мо Метавонем!

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:14


Мухлиси газетаи мардумӣ, ки худро Одина Мурод муаррифӣ кард, занг задаву гуфт, «Бузургии СССР дар он аст, ки дарди дили мардумро аз забони худи мардум менависад. Зимнан ман 1 падидаи навро ба самъи шумо мерасонам. Хайрият Наврӯз ҳасту онро Танзим накардаанд. Мардуми танзимзада дар ин шабу рӯз Наврӯз гуфта, аслан хайру худоӣ мекунанд, ба арвоҳи гузаштагон ва…ба арвоҳи хеш. Чун нек медонанд, ки иҷозати хайру худоишон дар оянда низ нест…».

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:12


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ронандаҳои автомашинаҳои хусусии мусофиркаши «Старекс» модоме, ки 10-14 нафар пассажир мегиранд, бояд ва ҳатман категорияи «D» дошта бошанд. Аммо мутаассифона на ҳамаи мусофиркашони мастчоҳӣ чунин категорияи ҳуҷҷати ронандагӣ доранд ва мошини аксарияти онҳо дар ҳолати антисанитарӣ қарор дошта, ба ягон талаботи давлативу стандартӣ ҷавобгӯ нестанд…

Хусрав Ҳусейнов,
н.Мастчоҳ, тел: 92 934 94 94

Панҷшанбе, 12 Апрел 2018 17:09


Чаро қисме аз ҷавонони бе нангу номуси мо рӯ Россия мераванду бархе аз чашми кормандони комиссариати ҳарбӣ худро паноҳ карда, намехоҳанд, аскарӣ раванд? Вақте фарзандро ихтиёран ба армия мефиристем, дигар кормандони комиссариат ҳам ниёз ба облава кардан надоранд. Яъне иллати облава худи мо-падару модаронем! Ман соли гузашта набераамро худам бурда, ба хизмат гусел кардам ва 1 сол боз дар қисми низомии 02267, дар ш.Исфара хизмат дорад. Соли оянда боз 1 набераамро ихтиёран ба хизмат мефиристам. Дар ҳамсоякишварҳои мо барои ба хизмат рафтан ариза пешниҳод мекунанду навбат мепоянд. Ин қадар беномусӣ дар Тоҷикистони мо, ки аз хизмат мегурезанд, дар ягон давлати дунё нест!!! Армия ин сипари давлат аст ва чаро аз сипардорӣ мегурезем?

Шамсиддини Қудрат,
шаҳри Ҳисор

саҳ 9 аз 13

Китобҳо

Flag Counter