ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 19 Апрел 2018 17:48


Марзия Чориевна Ҳоҷиеваи 53-сола, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 93 553 35 45) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки писари ман-Наврӯз Каримови 29-сола 4 сол боз бемори бистарӣ-маъюб асту ягон табиб аз ягон поликлиника кӯмаки тиббӣ намерасонад. Асоси маъюбии Наврӯз ин дарахтбурӣ буд. 21.09.2014 (рӯзи якшанбе), ки рӯзи ғайрикорӣ буд, бо супориши Хайрулло Беҳбудов-сардори Кооперативи моликони манзили №6 ба маҳаллаи 82-уми ш.Душанбе барои буридани 3 дарахти калони хушкшуда омаданд. Ин кор он шабу рӯз мувофиқ ба ҷуссаи ҷисмониаш набуд. Хуллас, ҳангоми кор дарахти дувум болои писарам меафтад, сутунмӯҳрааш мешиканад ва осеби вазнин мебинад. Он шабу рӯз Наврӯзи ман бояд хонадор мешуд. Инак, 4 сол боз ӯ бемор асту бе келинам. Оид ба мушкили ӯ делои ҷиноятӣ кушоданд, аммо якбора қатъ карданд. Аз ҷониби дигар ман ҳам беморам ва фишори хун дораму қуввати роҳгардӣ нест. Барои табобати ӯ борҳо ба Поликлиникаи маҳаллаи Чоряккорони н.Рӯдакӣ ва ҳам ба Ҳукумати ноҳияи Сино муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷа нест. Ягон масъул ба доди мо намерасад!

Панҷшанбе, 19 Апрел 2018 17:45


Соронбой Ҷеенбеков-президенти Қирғизистон Абдил Сегизбоев-раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва муовини ӯ Болот Суюмбоевро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард. Ҳоло бархе аз коршиносони сиёсӣ барканории ин 2 нафарро аломати дигаре аз авҷ гирифтани зиддият байни Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев-президенти собиқ медонанд. Абдил охирин сухангӯи Аскар Акаев-президенти собиқи Қирғизистон дар соли 2005 буд.

Панҷшанбе, 19 Апрел 2018 17:43


Кумитаи дифоъ аз журналистон Ҳукумати Илҳом Алиев-президенти Озарбойҷонро барои маҳдуд кардани озодии баён сахт танқид кард. Ин Кумита гуфт, мақомоти Озарбойҷон дар арафаи интихоботи президентӣ тамоми минбарҳои расмӣ барои ибрози норизоиятро аз байн бурдаанд. “Ба зиндон андохтани журналистон, рабудани онҳо аз хориҷ, муттаҳам кардани онҳо ба тақаллуби иқтисодӣ, бастани вебсайтҳо, шикастани саҳифаҳои иҷтимоии журналистон, манъи сафари онҳо аз усулҳоест, ки ҳукумати Алиев барои хомӯш кардани матбуоти мустақил ва интиқод ба кор бурд» гуфтааст Кумита.

Панҷшанбе, 19 Апрел 2018 17:37


Прокуратураи ш.Кӯлоб мақолаи зери унвони «Барои раис марги мо фарқе надорад!» (СССР, №5(490), 1.02.2018)-ро мавриди санҷиш қарор дод. Дар ҳақиқат, дар масъалаи таъмиру сохтмони роҳҳои ҳудуди ш.Кӯлоб камбудиҳо ҷой дошта, эродҳои муаллиф қисман ҷой доранд. Прокуратураи шаҳр рӯзномаи СССРро барои саҳмгузорӣ дар ислоҳи камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта пурра тарафдорӣ намуда, миннатдории худро изҳор менамояд. Дар ш.Кӯлоб Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ш.Кӯлоб ва Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилии ш.Кӯлоб фаъолият дошта, аз рӯи тавозуни роҳҳои автомобилгарди вобасташуда роҳҳоро таъмир ва нигоҳубин мекунанд. Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб 223,4 км (аз ҷумла, 18 км роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, 26,1 км роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва 179,3 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ) қарор дорад, ки ба роҳҳои категорияҳои 4 ва 5 мансубанд. Тӯли ин роҳҳо 37,3 км роҳҳои асфалтпӯш, 164,1 км роҳҳои нефтӣ ва 22 км роҳҳои шағалдор аст. Дар ин роҳҳо ҳаракати нақлиёт дар 1 шабонарӯз аз 1500 то 10500 ададро ташкил медиҳад. Дар он 38 пул бо дарозии 708 м ва 232 адад лӯлаҳои обгузар бо дарозии 2232 м мавҷуданд… Дар ҳудуди ш.Кӯлоб бо мувофиқа бо ШБДА ШВКД ҶТ дар ш.Кӯлоб дар 7 чорроҳаҳои ҳудуди шаҳр чароғакҳо насб карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд. Вобаста ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта унвонии раиси ш.Кӯлоб пешниҳод фиристонида шуд.

Имомзода Р.С., прокурори шаҳри Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 1

Панҷшанбе, 19 Апрел 2018 17:29


Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бахшида ба “Рӯзи пойтахт” ташаббусеро дар ҳамбастагӣ бо ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир сайр”  пеш гирифта, маъюбону нафақахӯронро ба сайри пойтахт баровард.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти кумитаи мазкур ба мухбири мо расида, гурӯҳи маъюбон ва нафақахӯрони маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ экскурсияи худро аз маҳаллаи 8-уми март сар карда, аз майдони 800 солагии Москва, ҳайкали Исмоили Сомонӣ, боғи “Парчам”, боғи Устод Рӯдакӣ, боғи Садриддин Айнӣ ва Кохи Наврӯз дидан намуданд. Баъдан барои онҳо дар тарабхонаи меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ” хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки нашрияи “Зе Индепендент” (The Independent) пойтахти Тоҷикистон-ш.Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Агентии таҳлилии “ТурСтат” бошад, дирӯз рейтинги беҳтарин шаҳрҳои ИДМ-ро аз рӯи натиҷаҳои таҳлили саёҳатҳои писандидаи баҳорӣ дар соли 2018 тартиб дод ва шаҳри Душанбе ба феҳрасти 10-гонаи беҳтарин шомил гардид.


Панҷшанбе, 19 Апрел 2018 17:24


Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳафиз Ибромов, аз ноҳияи Нуробод ба СССР занг задаву гуфт, ки 1 нафар дар шумораи гузаштаи СССР оид ба хусусиятҳои рэп ва рэпсароҳо бисёр гапҳои хубу дилрас гуфтааст. Воқеан, ман ҳайронам, ки ҳамин кӯдаки ману шумо аз Баха 84 ва дигар рэперистҳо ғайр аз ҳақоратгӯӣ ва сафсаттахонӣ чиро меомӯзанд? Ин мушкилро бояд Вазорати фарҳанг ва ё дигар мақомоти дахлдор назорат кунанд!

Панҷшанбе, 19 Апрел 2018 17:19


Узви Ихвон-ал-СССР, Араби Дӯстмурод, аз ноҳияи Восеъ бо телефони 98 540 81 49 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 1 шикоят ё гилаи кишоварзӣ дорам. Дирӯз 1 нафар масъул аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ноҳияи мо омада, гуфт, ки «тибқи рӯйхат мо бояд ба афроди камбизоат 1 гови ҷӯшоӣ бидиҳем, то зисту зиндагонии шумо беҳтар шавад, аммо барои ин шумо аз раиси ҷамоат справка биёред». Мо-20 нафар ба назди Ҷамолиддин Икромов-раиси ҷамоат рафтем, то справка бигирем. Аммо Икромов барои мо, аз чӣ бошад, ки ҳуҷҷат надод. Ҳол он, ки кӯмаки вазорат аз хориҷа нест, балки ёрии Ҳукумати марказӣ барои беҳдошти чорвопарварӣ дар хоҷагии қишлоқ будааст. Хуллас, мо дигар намедонам, ки барои чӣ Икромов барои мо справка надод?

Панҷшанбе, 19 Апрел 2018 17:18


Салом, СССР! Нарху навои бозорро бинед, боз мегӯем, ки алҳамдуллилоҳ мусулмонем. Худое накунад ягон маҳсулот камчин шавад моро худо медиҳад, нархро даҳчанд мекунем то суди зиёд бинем. Ҳоло нархи маҳсулоти нафтӣ боло рафтааст ва маълум, ки аз хориҷа меояд. Лекин гӯшту чакка, тухму зелен ва лимон чӣ? Тоҷиреро дидам, ки шир мефурӯхту дар наздаш магнитофоне монда, оятҳои Қурони Карим гӯш мекард. Фикр мекунед, ки оё ӯ оятҳои раббониро мешунавад? На! Фикри ӯ фоида аст ва ин амали ӯ намоишкорист. Бо ин нишон доданист: «Ман намозхонаму муъмину мусулмон ва инсофам зиёд». 100 офарин мегӯям ба халқи Ҷопон. Дар рӯзҳои вазнини ин кишвар савдогаронашон нарху навои маҳсулотро қимат накарда, балки мардуми азиятдидаро ёрдам карданд, ҳарчанд, ки бутпарастанд.

Фариддун Исмонов,
муаллим, н.Файзобод

саҳ 5 аз 13

Китобҳо

Flag Counter