ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 10:58


Маъмурияти Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-3»-и ш.Душанбе дар робита ба шикояти сокини ш.Душанбе-Шаҳноза Комилзода оид ба фаъолияти нақлиётҳои мусофиркашонии хатсайри №1 (фурудгоҳ-маҳаллаи Гулбутта) иттилоъ медиҳад, ки воқеан, айни ҳол шумораи нақлиётҳои мусофиркашони хатсайри №1, ки ҳамагӣ 20 ададанд, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Роҳбарият ва кормандони муҳандисӣ-техникии корхона барои афзудани шумораи нақлиёти ин хатсайр аз ҳисоби ронандагони беруна ҳарчанд, ки кӯшиш карданд, ягон натиҷаи хуб надод. Ронандагон бо баҳонаи номувофиқ будани ин хатсайр тавассути кӯчаи Соҳилӣ ба он шомил намешаванд. Ронандагони дигаре, ки дар ин хатсайр айни ҳол фаъоланд, бо баҳонаи таъмир ва дигар баҳонаҳо ҳамарӯза 14-16 ададашон ба кор мебароянду халос. Бо мақсади пурра кардани шумораи нақлиёт дар ин хатсайр ва таъмини рафтуомади мусофирони он бо шумораи даркории нақлиёти мусофиркашонӣ, роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ин шумораашонро аз ҳисоби автомобилҳои шартномавии корхона, ки дар дигар хатсайрҳо фаъоланд,  зиёд намояд.

Бо эҳтиром,
Директор Шамсуллоев Ҷ.С.

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 10:43


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусалом Ниёзов-ронандаи таксӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки ман аз кормандони гиромии СССР эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар шумораҳои оянда дар хусуси зиндагии Хӯҷа командир (Каримов) нависанд. Ба пиндори аксарият, ӯ дар воқеъ марди шердилу фурӯтан ва хайрхоҳ буд. Аммо бархе зидди ин фикранду мегӯянд Хӯҷа ҷинояткор буд.  Тибқи шунидаи ман ӯ дар замони худ дар ҳар маҳалла масҷиду стадион ва беморхона бунёд мекард. Баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ коре, ки аз дасташ омад, кард. Дигар ягон командири Фронти халқӣ чунин хайру саховатро нисбати мардум раво надид… Аммо ин ҳама овоза аст. Лиҳозо, ҳақиқати ин суханҳоро СССР нависад, то бовар кунем, ки ӯ кӣ буд?

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 10:32


Узви Ихвон-ал-СССР, Диловар Зайниддинов, аз ноҳияи Ҷайҳун ба СССР занг задаву гуфт, нашрияҳои Тоҷикӣ дар боби маҳалчигӣ он қадар навиштанд, вале ҳеҷ не ки вазъ беҳ шавад. Маҳалчигӣ мисли занҷире дар гардани мо овезон аст, ки ҳар гоҳе ҷумбидан хоҳем, монеъ мешавад. Ман ба Ҳукумати Тоҷикистон 1 пешниҳод дорам: Ба мо қонуни маҳви маҳалчигӣ лозим. Ин қонун бояд тавре бошад, ки маҳалҳоро байни ҳам биомезад. Дар вақти хонадор кардани 2 ҷавон, бояд ҳатман ҳамсари яке аз онҳо аз маҳалли дигари Тоҷикистон бошад. Мисол, аз Кӯлоб ба Суғд, аз Суғд ба Ғарм, аз Ғарм ба Кӯлоб, аз водии Зарафшон ба водии Вахшу Ҳисор... Ин қонун 2 фоида дорад: маҳалчигӣ ва никоҳи хешу таборӣ аз байн меравад ва аз инҳо насли солим таваллуд мешавад. Ин кор дар аввал мушкил аст, аммо бояд амалӣ кунем.

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 10:28


Авиаторони Тоҷику рус, ки рӯзи гузашта дар Маскав музокирот доштанд, билохира ба тавофуқ расида, маҳдудиятҳои дуҷонибаро, ки пештар барои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Россия ҷорӣ карда буд, бекор карданд.
Чуноне ки хабаргузории ТАСС итиллоъ медиҳад, мақомоти нақлиёт ва авиатсионии 2 кишвар тавонистанд масъалаҳои ба миён омадаро ҳаллу фасл намуда, парвози тарафайни ширкатҳои ҳавопаймоиро дар доираи ҷадвали зимистонаву тобистона тасдиқ намоянд. Инчунин, дар натиҷаи музокирот ҳамаи маҳдудиятҳои пештар ҷоришуда бекор карда шуданд.
Илова бар ин, аз 5.04.2018 сар карда, Россия барои амалӣ ёфтани боз 4 хатсайри дигар- Перм-Душанбе, Жуковский-Кӯлоб, «Челябинск-Хуҷанд ва Краснодар-Хуҷанд иҷозатнома дарёфт намуда, ин хатсайрҳо аз мавсими нави тобистона анҷом карда мешаванд.
Парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» мисли қабл сурат хоҳанд гирифт.

СССР

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 10:25


Салом, СССР! Чаро патент барои шоферонро барҳам намедиҳанд? Ақаллан, барои чӣ патентро сабуктар намекунанд? Ман таксӣ дораму зиндагии хело мушкил. Ҳар моҳ қариб 200 сомонӣ арендапулӣ медиҳам ва бо боҷу хироҷаш қариб 400 сомонӣ мешавад. Акнун худатон ҳисоб кунед, ки барои зиндагии мо чанд пул мемонаду чанд сомонӣ мо фоида мекунем? Ман дар хона 8 фарзанд дорам. Онҳоро хӯрондану пӯшондан даркор. Чаро парлумони кишвар дар ин бора фикр намекунад?

Салим Аслонов,
ронандаи таксӣ, н.Ховалинг

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 10:13


Салом, СССР! Ҳафтаи гузашта (18.03.2018) аз Восит-тоҷири бозори Корвон, аз бахши яклухтфурӯшӣ (дарвозаи №7, дӯкони №49, тел: 902 44 48 68) 1 адад DVD (тамғаи «Арбат»)-ро дар 130 сомонӣ гирифтам. Аммо вақте онро хона бурдаву ҳамагӣ 1 бор истифода кардам, худ аз худ хомӯш шуд. Чун фардояш техникаро дар пакете гирифтаву пеши Восит бурдам, қабул накард. Гуфтамаш, ки «ту дар вақти фурӯш гуфтӣ, ки 1 моҳ гарантия дорад. Пас чаро қабулаш намекунӣ?» Восит бо ришу фаши қайчиназадааш пасу пеши DVDро бӯ кашида гуфт: «Ин сӯхтааст, қабулаш намекунам, агар ягон айби дигар медошт, мегирифтам…». Посухи Восити фиребгар дар ҳолест, ки ӯ дар пеш ягон аппарати чекдиҳӣ надошт ва ҳоло ҳам надорад!!! Ин талаботи қонун аст, аммо чаро Кумитаи андоз аз Восит баринҳо дастгоҳи чекдиҳӣ намепурсад? Ин дар ҳолест, ки дар ин бозор ягон тоҷир «чековый аппарат» надорад!!! Вақте ба Восит гуфтам, ки «ДВДро иваз намекунӣ ва ё пуламро намегардонӣ, аз болоят ба мақомот муроҷиат мекунам», гуфт:
-Аккккка, куҷое арз мекунӣ кардан гир, аз касе наметарсам!!!
Пас, ШЕФ ва ё «крыша»-и Восит кист, ки аз касе сари мӯе тарс надорад ва бовараш ҳаст, ки 100-ҳо нафарро фардо ҳам фиреб кунад ҳам, бо фуки баланд мегардад?! Хуллас, бо ин навишта фақат мехоҳам бар ивази ДВДи сӯхта ё пул (130 сомонӣ)-амро гирам, ё ДВДи наву босифат, на чизи дигар! Ва: Воситро кӣ бояд барои мардумфиребияш ҷазо диҳад???

Даврон,
н.Фирдавсӣ

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 10:02


Қатли Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов-2 қумандони Фронти халқӣ, ки 30.03.1993 ба вуқӯъ пайваст, яке аз пурсарусадотарин рӯйдодҳо дар таърихи навини тоҷикон ба шумор меравад. Оид ба ин қатли мармуз матолиби зиёде дар матбуоти даврӣ навиштаву нашр шудааст, аммо ин муаммо то ҳол натиҷа-посухи асосии худро наёфтааст. Умдатан, пажӯҳишгарони ин ҳодиса чанд назарияро дар тафсири он матраҳ кардаанд...

1.Тактирандоз (снайпер)
Тарафдорони ин назария бар инанд, ки 2 қумандон тавассути тактирандоз-Лунев Валерий Николаевич-корманди Кумитаи бехатарии Русия бо лақаби «Луна» кушта шудаанд.

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 09:55


29.03.1940. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо фармони Комиссариати халқии мудофиа Академияи ҳарбии ҳайати қумандонӣ-новбари (штурмовик)-и Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ (ВВС) таъсис дода шуд. Академия ҳайати фармондеҳии нерӯҳои ҳавоиро тайёр мекард ва аз с.1968 ба Академияи ҳарбӣ-ҳавоии ба номи Ю.Гагарин тағйири ном кард.

саҳ 12 аз 13

Китобҳо

Flag Counter