ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 06 Июн 2018 12:50

Чоршанбе, 06 Июн 2018 12:47


   Аз 14 июни соли ҷорӣ дар Федератсия Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 шурӯъ гашта, он то 15 июли соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Бояд қайд намуд, ки чемпионати оид ба футбол 21-умин буда, он бори нахуст дар Россия баргузор мешавад.
   Бозиҳои чемпионат дар 11 шаҳри ин кишвар-Маскав, Калининград, Санкт-Петербург, Нижний Новгород, Волгоград, Қазон, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург дар 12 варзишгоҳи наву замонавӣ, ки ҳар яке аз 35 ҳазор то 45 ҳазор ҷойи нишаст доранд, баргузор хоҳад гашт.
   32 тими мунтахаб қарор аст барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳонӣ байни ҳам қувваозмоӣ намоянд: Россия, Бразилия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷопон, Мексика, Белгия, Корея, Арабистони Саудӣ, Олмон, Англия, Испания, Нигерия, Коста-Рика, Лаҳистон, Миср, Исландия, Сербия, Португалия, Фаронса, Уругвай, Аргентина, Колумбия, Панама, Сенегал, Марокко, Тунис, Швейсария, Хорватия, Шветсия, Дания, Австралия ва Перу.

Чоршанбе, 06 Июн 2018 11:51


Чанд лаҳза пеш аз ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ ба мухбири СССР хабар доданд, ки Саидзода Нурмуҳаммад Хол ба ҷои Салоҳиддин Раҷабзода раиси ин ноҳия таъин шудааст. То ин ҷониб Саидзода Нурмуҳаммад Хол вазифаи муовини раиси ноҳияи Дӯстиро бар зима дошта буд.


Салоҳиддин Раҷабзода моҳи феврали соли ҷорӣ бо сактаи мағзи гирифтор шуда, бо ин сабаба аз мақомаш барканор шудааст. Ӯ бо сактаи мағзӣ ё инсулт аз беморхонаи вилоятӣ ба яке аз беморхонаҳои пойтахт интиқол ёфта буд.
Бояд қайд намуд, ки Салоҳиддин Раҷабзода аз аввали соли 2016 бо фармони президенти кишвар ба вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликул таъин шуд. Ӯ рӯзи 10 феврал дар нишасти матбуотии солона хушнуд ба назар мерасид ва аломати маризие дар чеҳрааш мушоҳида намешуд. Раҷабзодаи 58-сола сокини маҳаллаи Чапаеви н.Ҷалолиддини Балхӣ аст. Ӯ дар вилояти Хатлон аз раисони номдор ва дар соҳаи кишоварзӣ муваффақ номбар мешавад. Айни ҳол Салоҳиддин Рабаҷзода дар яке аз беморхонахои ш.Москави Федератсия Россия қарор дорад ва табибон вазъи саломатиашро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 01 Июн 2018 16:36


Гуфта мешавад, ки дар соли 2017 гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия беш аз 900 миллион доллари америкоиро ташкил карда, мавриди зикр аст, ки имрӯз Федератсияи Россия дар самти шарикии тиҷоративу сармоягузории Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ин нуқта дар мулоқоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҳукумати ФР Дмитрий Медведев, ки бо сафари корӣ рўзи 31.05.2018 ба Душанбе ташриф оварда буд, зикр карда шудааст.
   Бино ба итиллои расмӣ дар ҷараёни сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳолат ва дурнамои маҷмуъи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид кард, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
   Президенти мамлакат ҳалли муштараки 1 қатор масъалаҳои мубрамро дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд. Дар ин робита, қайд карда шуд, ки инкишофи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд.
   Ҷонибҳо барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, васеъ кардани ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ, татбиқи саривақтии қарорҳои қабулкардаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро, амри зарурӣ маънидод карданд. Дар мулоқот ҳамчунин яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба — муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла содда кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Россия баррасӣ гардид.



Ҷумъа, 01 Июн 2018 16:19


Имрўз дар Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд шиногоҳи шаҳриро дар лаби дарёи Сир, ки 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш истифода намешуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бо ташаббуси Раҷаббой Аҳмадзода он аз сари нав дар худуди 5 гектар фаъол гашт.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба мо расида, дар шиногоҳ майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ низ ташкил гардида, бояд қайд намуд, ки барои азнавсозии шиногоҳ беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ шуда, дар он соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё карда шудааст. Дар шиногоњ заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаввосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.
Раиси вилоят зимни маросими ифтитоњи ин мавзеъ таъкид намуд, ки дар ояндаи наздик боз 2 шиногоҳи азкормонда барқарор карда мешавад. Шиногоҳҳо бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои истифодаи хориҷиён низ пешбинӣ мегардад.







  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter