ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 08 Июн 2018 08:37


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотиррасон намуд, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанонро ба азият гирифтор накунанд. Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ин роҳ низ соҳиби савоб шаванд. Аммо ҷои таассуф аст, ки соҳибкорону савдогарони мо моҳи шарифи Рамазонро на ҳамчун моҳи хайру саховат ва ибодату накӯкорӣ, балки ҳамчун моҳи даромад ва ҳарчӣ бо қимати болову бемисл фурӯхтани молҳои худ мешиносанду саъй мекунанд бо ҳар баҳона нархҳоро бардоранду даромади худро афзоянд.
Имрӯзҳо дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф», ки яке аз бозорҳои яклӯхтфурӯшӣ дар вил.Хатлон ба ҳисоб меравад, нархи 1 кг помидор 8-12 сомонӣ, бодиринг 3-4 сомонӣ, сабзӣ-1,50-2 сомонӣ, картошка 2-2,50 сомонӣ, шакар 6,50 сомонӣ, себ 18-20 сомонӣ, нок 19-25 сомонӣ, гӯшти гов 36-40 сомонӣ, 1 кг гӯшти гӯсфанд 42-45 сомонӣ, 1 халта орд 143-145 сомонӣ, қулфинай 8-12 сомонӣ, тут-5 сомонӣ, 1 бандча кабудӣ 1 сомонист. Масъулону нозирони бозори мазкур мегӯянд, сабаби болоравии нархҳо дар бозор гуногунанд. Сабаби асосӣ ин афзудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат буда, худи деҳқонон низ маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қиматтар мефурӯшанд. Деҳқонони асил баланд шудани нархи маҳсулоти кишоварзиро дар гарон шудани сӯзишвории дизелӣ ё солярка мебинанд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ то ҳол аз ӯҳдаи танзими нархи сӯзишворӣ дар ҶТ набаромада истодааст. Нарху навои ҳамин маҳсулот дар бозорҳои Кӯшониёну Леваканд бошад 10% гаронтар ба назар мерасад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон


Дар ҳамин маврид
1000 моли калони шохдор барои таъминоти пойтахт бо гӯшт
Таъминоти бозорҳои пойтахтро бо гӯшти чорво дар моҳи мубораки Рамазон 1 нафар аз соҳибкорони шинохтаи мамлакат-Умар Алиматов бар зима гирифтааст. Алиматов, роҳбари ширкати шинохтаи «Алибобо ва 40 роҳзан» буда, соли 3-юм аст, ки ин амали некро анҷом медиҳад. Соли гузашта мавсуф беш аз 300 сар чорвои калони шохдорро харида, бо нархи тавсияшуда ба сокинони пойтахт пешниҳод намуда буд. Имсол бошад ӯ азм кардааст, ки 1000 моли калони шохдорро харидорӣ намуда, то ба итмом расидани ин моҳи муборак бо нархи арзон тавассути фурӯш дар бозорҳои коммуналӣ ва марказҳои калони савдо бо нархи ягонаи барои фурӯш пешниҳодшуда ба сокинон ва меҳмонони ш.Душанбе пешниҳод кунад. Ин аст, ки ҳар шом то 33 гови калон забҳ шуда, ҳамарӯза 5,5-6 тонна гӯшти тоза ба бозорҳо ворид карда мешаванд.
Алиматовро субҳи рӯзи якшанбеи 27.05.2018 дар бозори «Саховат»-и пойтахт дидем. Эшон пас аз воридоти гӯшт шахсан ба ин ҷо омада, нарху наво ва хариду фурӯшро назорат менамуд. Вақте дар бораи ин азму амалаш пурсидем, таъкид дошт, ки ин кори хайрро дар пайи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ анҷом дода истодааст. Соҳибкор иброз намуд, ки барояш суду зиёни ин амали хайрхоҳона ва некаш муҳим нест, муҳим он аст, ки тавонад дастархони сокинони пойтахтро бо гӯшти хушсифату арзон таъмин намуда, бо ин роҳ нархи гӯштро коҳиш дода, нагузорад, ки он аз нархи тавсияшуда боло равад.
Воқеан ҳам, ҳамин аст, ки нархи 1 кг гӯшти гов айни замон дар бозорҳои пойтахт аз 36 сомонӣ боло нарафта, тайи 2 ҳафтаи аввали моҳи шарифи Рамазон ин нарх нигоҳ дошта шуда истодааст. Вагарна бо назардошти камбориш омадани зимистону баҳори имсола ва нарӯидани сабзаву алаф барои хӯроки чорво, ки боиси коҳиш ёфтани шумораи чорво дар мамлакат гаштааст, шояд нархи 1 кг гӯшти гов ҳоло дар бозорҳои кишвар то ба 50 сомонӣ мебаромад. Кош, сафи чунин ҷавонмардони Тоҷик бештар гардад! Офарин!!!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Панҷшанбе, 07 Июн 2018 18:09

Панҷшанбе, 07 Июн 2018 18:07

Панҷшанбе, 07 Июн 2018 17:47

Панҷшанбе, 07 Июн 2018 17:38


Матлаби «Панҷакент: раис вақт надошту журналист қадр» (СССР, 15.03.2018) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳамоише, ки 9 март ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор шуд, беш аз 90 нафар журналистон, адибон, кормандони воситаҳои чопӣ ва электронии ахбори ш.Панҷакент ҳузур доштанд ва байни онҳо муаллифи ин матлаб-Хуршед Фозилов низ буд. Мутаассифона, чун одат ӯ ба ин ҳамоиш некбинона баҳо надодааст. Дар ин ҷамъомад ба сабаби он, ки раиси шаҳр Ислом Шафеиён дар сафари хизматӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, паёми ӯро муовини раиси шаҳр ба журналистон расонид. Ҳамчунин озмуни «Водии зарнисор», ки соли сеюм аст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр байни рӯзноманигорон ва аҳли эҷод ҷиҳати инъикоси вазъи соҳаи кишоварзӣ баргузор менамояд, ҷамъбаст ва ба ғолибон ҷоизаҳо дода шуданд. Воқеан, дар ин озмун соли гузашта Х.Фозилов низ соҳиби ҷоиза гашта буд. Ин озмун минбаъд низ бо пешниҳоди аҳли ҷамъомад бо фарогирии мавзӯъҳои бештар идома хоҳад ёфт… Мутаассифона, ҳамаи инро муаллифи матлаб сарфи назар кардааст.

З.Азимӣ, муовини раиси шаҳр

Панҷшанбе, 07 Июн 2018 17:36


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман аз мақомоти дахлдори кишвар хоҳиш дорам, ки ришмонию масҷидравии ҷавонон ва сатру ҳиҷобпӯшии духтарону занонро комилан манъ кунанд, ва ё ҷаримаи калон банданд! Зеро ин расму қоида ҳаргиз дар мо набуд ва аз они мо нест! Ришу сатру ҳиҷоб… аз арабҳои бадавист! Бибиҳои мо фақат 1 рӯймоле дар сар мегузоштанд…

Самир,
ш.Душанбе, тел: 98 566 72 18

Панҷшанбе, 07 Июн 2018 17:34


Дар айёми советӣ бо фаро расидани моҳи сентябр тамоми хонандагони синфҳои болоии мактабҳое, ки дар ноҳияаамон пахта мекиштанд, ба пахтачинӣ сафарбар мешуданд. Хонандагону муаллимон то иҷрои нақшаи пахтасупории ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ қариб 3-4 моҳ аз таълиму тарбия ақиб мемонданд. Барои то кӯраки охирини “тиллои сафед” ҳар як фарди ҷумҳурӣ заҳмат кашида, пахтаро рӯи сурхи ҷомеа медонистем. Бештар аз қувваи кӯдакон дар ҷамъоварии пахта истифода бурда мешуд. Бо дастгирии Ҳукумати ҶТ чандин сол боз қувваи талабагон дар ҷамъоварии “тиллои сафед” истифода намешавад. Пахтаро соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъ оварда, барои талабагон иқдоми хубе шуд дар масоили таълиму тадрис. Ҳоло ҳам баъзе корҳои кардание ҳаст, ки болои гардани талабагон ва волидон бор шудааст. Ин ҳам аз қувваи кӯдакон давраи иду ҷашнҳо истифода бурдан аст. Кӯдакон дар идҳо аз пагоҳии барвақт дар идгоҳ мунтазири меҳмононе мешаванд, ба ҳар ҳол пагоҳиҳо хунук аст ва таги 1 куртаи атлас истодан соатҳои дароз ба саломатӣ таъсир мерасонад. Вақти он расидааст, ки дастандаркорони чунин маъракаҳо бонувону духтарони раъноро ҷалб намоянд... Чизи дигаре, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба чашм мерасаду одат шудааст, ин аз ҳисоби талабагон ҷамъ кардани пул барои таъмиру харидани ҳар гуна плакатҳои таълимӣ барои ороиши синфҳо. Барои ин амалҳо ҳар сари сол дар муассисаҳои таълимӣ маблағҳои буҷавӣ ҷудо карда мешаванд. Агар роҳбарияти мактабҳо ва шуъбаҳои молияи ноҳияҳо ба сарфи маблағҳои ҷудошуда аз рӯи талабот амал мекарданд, ҳоҷат ба истифодаи маблағҳои талабагон намемонд. Кӯдаконро аз ҳама пулғундорию пулситонӣ мисли пахтачинӣ озод кунем.

Зайнулобиддин Ҳусейнов
деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

Панҷшанбе, 07 Июн 2018 17:33


Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳоҷӣ Олим Алимов, аз деҳаи Ҳайронбеди ноҳияи Айнӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки тавре хонандагони СССР ёд доранд, дар газетаи СССР (№15, 12.04.2018) 1 андешаи ман бо номи «Муллоро аз домулло фарқ кунем» чоп шуда буд. Он ҷо андак саҳве рафтааст ва ҳоло мехоҳам дурусташ кунам. Он ҷо гап сари бетартибиҳои солҳои 1990-1992 мерафт. Ва муҷрими он бенизомиҳо аз диди шахсии ман на муллоҳо, балки сиёсати нодурусти раҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва паёмади пошхӯрди СССР буд. Зеро чунин бетартибиву ноамниҳо дар дигар ҷамоҳири ин Давлати паҳновар низ сар заданд, аммо дар он ҷойҳо муллоҳо набуд-ку! Яъне маҳаки асосии ин нотинҷиву бенизомиҳо маҳз дар сиёсати пур аз ғалату тарҳрезишудаи шӯравӣ зери раҳбарии Михаил Сергеевич Горбачев буд, ки оқибаташро ҳама дидем. Ҳодисаҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, эътирозҳои мардумии ҷамоҳири назди Балтикаро ҳама дар ёд дорем, аммо он ҷо сенарияи бетартибиҳо тамоман дигар буду дар мо дигар! Пешакӣ бояд гӯям, ки ман мулло нестам, то ҷонибдори онҳо бошам!

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter