ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 22 Июн 2018 10:54


Профессор, донишманди илми таърих, Устод Абдусаттор Мухторов бар асари сактаи мағзи сар-инсулт дар реаниматсия-бахши эҳёгарии Беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Бино бар иттилои наздиконаш, ҳоло Устод таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.
Абдусаттор Мухторов соли 1938 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда, соҳиби даҳҳо очерку асарҳои таърихист, минҷумла, «Сомониён: замон ва макон», «Таърихи халқи тоҷик» (бо ҳаммуаллифии раҳматӣ Асламшоҳ Раҳматуллоев) ва қисми дувуми ин асар дар ҳоли ҳозир дар дасти чоп аст…
Тафсилоти бештар нашр мешавад…

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 15:02


Раҳим Масов академик ва донишманди шинохтаи Тоҷик, ки чанд соат пеш бар асари сактаи мағзӣ ба бемористон интиқол ёфта буд, аз олам даргузашт. Бино ба иттилои дарёфтшуда, субҳи имрӯз ӯ дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони №3-и пойтахт бистарӣ гашта, зери назорати табибон қарор дошт.
Мавсуф соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм намуда, муаллифи китоби «Таърихи табартақсим» мебошад.
Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарв (Дуршер)-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Таҳсили ибтидоӣ ва маълумоти синфи 7-ро дар Хонаи бачагони шаҳри Хоруғ гирифта, баъдан дар мактаб-интернати Душанбе тарбия гирифтааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси таърихшинос дар соли 1961 хатм кардааст.
Пас аз анҷоми таҳсил ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистондаъват намуданд. Дар ин муассисаи бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ карда, аз тамоми зинаҳои илмию маъмурии он гузаштааст.
Соли 1967 рисолаи номзадиашро, ки дар ҷумҳурӣ нахустин таҳқиқоти таърихнигории замони шӯравӣ ҳисоб меёфт, дифоъ карда, дар ин самт бо ҷиддияти том тадқиқотро идома медиҳад.
Раҳим Масов солҳои 1974-1988 дар мақоми мудири шӯъбаи таърихи ҷамъияти шӯравии институти номбурда ифои вазифа дошт. Таҳти роҳбарии олим дар шӯъбаи мазкур тадқиқоти дастаҷамъӣ ва бунёдии «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон» (дар ду ҷилд), «Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон (1917-1977)», «Очерки таърихи Бадахшони шӯравӣ», маҷмӯаҳои зиёди илмию мақолаҳо доир ба масоили умдаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки дар ҳар кадом навиштаҳояш мавқеи марказӣ доштанд, ба табъ расидаанд.
Натиҷаи заҳмати муттасил буд, ки соли 1982 Раҳим Масов рисолаи доктории худ «Таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон»- ро дар муассисаи аввалдараҷаи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ш.Москва) бо мувафаққият дифоъ намуда, соҳиби баландтарин дараҷаи илмӣ ва баъди чанде барои дастовардҳои илмию таълимӣ ба унвони профессор мушарраф гардид.
Соли 1991 рӯи чопро дидани китоби Раҳим Масов «Таърихи табартақсим» бемуболиға гардише буд, дар тафаккури нави таърихнигории ҷумҳурӣ. Ин таҳқиқот ба диди наву фаҳмиши воқеъбинонаи омӯзиши таърих ибтидо гузошт. Китоби навбатии олим «Тоҷикон, бо мӯҳри «комилан сиррӣ», соли 1995 ба аҳли ҷомеа пешкаш гардид. Ин тадқиқот ба даврае рост омад, ки аз як тараф алангаи ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз тарафи дигар, торафт бештар авҷи ҷунбиши худшиносии миллӣ боло мегирифт ва дар ин фаъолшавии ҳисси миллӣ бешак таъсири китоби пешинаи ӯ эҳсос мешуд. Китоби навбатии устод «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия» (2003), ки давоми мантиқии китобҳои қаблиаш «Таърихи табартақсим» ва «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри комилан сиррӣ» ҳисоб меёбад, боз як исботи раванди раднашавандаи содиқ будани ӯ ба принсипи воқеъбинонаи ин ҳақиқатнигори таърих мебошад.
Ҳарчанд академик Раҳим Масов ба умдатарин масъалаҳои таърихи замони наву муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, вале таҳлили муттасили даврони ниҳоят печидаи эҳёи навини давлатдории тоҷиконро ҳамеша дар маркази назар нигоҳ медорад. Мисоли равшани ин серталабӣ дар китоби ахиран рӯи чоп дидаи олим-«Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат» (Душанбе: «Ирфон»,2008. - 536 с.) равшан ба назар мерасад.
Соли 1988 Раҳим Масовро ба ҳайси сарварии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб намуданд, ки то соли 2015 онро ба ӯҳда дошт.

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 12:17


Солаш ба гумони аниқ ба соли 1966 рост меомад, ки мани студент ҳамчун эҷодкори умедбахш бо даъвати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Анҷумани ин Иттифоқ ширкат доштам ва устодро дар ҳалқаи навқаламону ёру дӯстон дар чойхонаи паси бинои Иттифоқи нависандагони он вақта дар забонҳо "Чойхонаи Иттифоқ" дидам ва ман бо чӣ роҳ ҳамроҳ шуданамро ба ин сӯҳбат намедонистам. Дар ин вақт гӯё Худо дар дили устод Убайд Раҷаб паёме фиристод, ки он кас сӯи ман нигоҳ кунаду бо ишораи дастмаро ба ин сӯҳбати пурзавқ даъват намояд. Мани ташнаи дидору сӯҳбати устод Боқӣ Раҳимзода зуд ба ин нишаст худамро ҳозир кардам.
-Устод - ба устод Боқӣ Раҳимзода муроҷиат карда, акаи Убайд маро ба устод Боқӣ муаррифӣ намуд:
-Ин кас Ҳақназар Ғоиб, шоири ҷавон ва болаёқати мо ва албатта шогирди Шумо. Барои ҳамин ба Анҷуман даъваташ кардем.
-Акнун фаҳмидам, ки Ҳақназар туӣ, Ҳақназар, ки бошӣ, ҳарфи Ҳақ дар забони туст ва шеърҳоят умедбахшанд, акнун, ки дар съезд иштирок мекунӣ, миёнро боз мустаҳкамтар банд - гуфтанд устод Боқӣ ва илова карданд: - дар чопи китоби аввалинат ёрӣ медиҳам. Ва воқеан устод дар чопи китоби аввалинам, ки сарсуханашро он кас навишта буданд, ёрӣ доданд.
Чор сол боз китоби аввалинам "Тӯшаи роҳ" дар нашриёти "Ирфон" мехобид ва рӯи чопро намедид. Хушбахтона рӯзе дар Иттифоқи нависандагони Точикистон устод Боқӣ аз рӯ ба рӯям баромад ва аҳвол пурсида, аз вазъи чопи китоб сухан кушод. Вазъиятро шармгинона ба ӯ шарҳ додам.
-Ҳамту бигӯ... Ба назди устод Турсунзода медароем, он кас ҳоло дар ҳамин ҷо. Аз қафои ман биё, - гуфта роҳи дафтари кории Турсунзодаро пеш гирифтанд.
Аз рост ҳаяҷони сахт вуҷудамро фаро гирифт. Ҳеҷ гоҳ ба назди устод Турсунзода даромаданро хаёл надоштам, ҳамагӣ бо ӯ 1-2 бор саломалек карда, аҳволпурсии самимонаашро шунида будаму бас. Устод Боқӣ дари воридгоҳи дафтари кории устод Турсунзодаро боз карда, маро бо ӯ шиносониданд ва аз боби чопи китобам сухан кушоданд. Устод хеле ҷиддӣ ба ман назар карда, пурсиданд:
- Китобатро кай супорида будӣ?
-Қариб 4 сол шуд - худро ба ҳолати ноҳинҷор ҳис карда ҷавоб додам ман. Устод Турсунзода абрувонашонро ба таври аҷиб ба ҳам гирд оварда, гӯшаки телефонро гирифтанд ва бо ким-кие сӯҳбат карданд ва гӯшакро ба ҷо монда, ба устод Боқӣ рӯ оварданд:
-Китобашон аввалҳои соли дигар ба чоп мерасидааст. Устод Турсунзода андак андеша карда боз гуфтанд, ки:
-Мо ҳам дар ҷавонӣ орзу мекардем, ки чун Боқӣ касе ғамхорамон бошад...
Порае аз хотироти устод Ҳақназар Ғоиб "Он рӯзҳо хеле дур монданд" (Хотирае чанд аз устоди бузургвор Боқӣ Раҳимзода)
Ганҷина Мирзоева,
донишҷӯ, н.Ховалинг

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 12:12


Узви Ихвон-ал-СССР, таърихшинос Тӯра Ниёзов аз шаҳри Панҷакент дар меҳмонии СССР гуфт, оид ба пошхӯрии оилаҳои ҷавон чанд мушоҳидаву шунидаҳоямро ба шумо қисса карданиям.
1.Чанд вақт пеш додар ба хонаи апааш ба хостгорӣ рафт, ки “духтаратро ба писарам диҳед”. Қудо шуданд. Тӯй шуд. Ҳама хурсанд. Аммо писар дар Русия зани рус доштааст. Аз ҳам ҷудо шуданд. Апаву додар бо ҳам то ҳол ҷангианд.
2.Акову уко бо ҳам қудо шуданӣ шуданд. Ако назди уко омада, духтарашро барои писараш хостгорӣ кард. Розӣ шуданд. Тӯй шуд. Вақте келин ҳомиладор буд, аз ҳам ҷудо шуданд. Чаро? Барои он ки хислаташон ба ҳам мувофиқ наомадааст.
3.Апаву хоҳар бо ҳам қудо шуданд. Хоҳар назди апа рафту гуфт: “Духтаратро барои писарам деҳ”. Апа хурсандона розӣ шуд. Тӯй шуд. Аммо 15 сол зиндагӣ карданд, Худованд ба ин ҷуфт фарзанд надод. Аз ҳам ҷудо шуданд. Домод бо духтари дигар хонадор шуд, ҳоло соҳиби 3 фарзанд аст...
Ин хел мисолҳоро ман бисёр медонам. Вақте фарзандони хешу табор аз ҳам ҷудо шуданд, бо ҳам ҷангӣ мешаванд, ҳатто ба тӯйю ҷанозаи якдигар намераванд. Барои ҳамин дар масъалаи хонадоркунӣ падару модар аз эҳтиёт кор бигиранд!

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 12:09


Аз ТВ ҳар кадоми мо чандин бор намоишномаҳоеро дидаем, ки Марям Исоева (модар), Ғолиб Исломов, Раҷабгул Қосимова нақш меофаранд. Келину писар мехоҳанд, хонаи аз падар меросмондаро соҳиб шаванд ва бо фиребу найранг кампирро дар хонаи пиронсолон ҷой мекунанд. Модари бечора ба умеди он рӯз аст, ки келину писар ӯро аз он ҷо мегиранд. Вале ҳайҳот, модар гирякунон, афтону хезон аз қафои мошин медавад.
Дар намоишномаи дигар Аъзами Розиқ, занаш ва Амон Қодиров нақш бозӣ мекунанд. Ин ҷо ҳам мақсад соҳиб шудани хонаи падар аст. Падарро бо фиребу тақал дар хонаи пиронсолон ҷой мекунанд ва мӯйсафеди падар (ҳоҷӣ Амонулло Қодиров) дар он ҷо аз ғами бесоҳибӣ мефавтад. Домоду духтар, ки соҳиби хона шуда буданд, маросими гӯру чӯби мӯсафедро ба зиммаи хонаи пиронсолон гузоштанд.
Дар намошномаи сеюм М.Саидова, З.Иброҳимова дар касалхонае табобат мегиранд. Яъне писари ғамхор доранд ва ҳар рӯз аз ҳоли модар хабар мегирад. Дигаре бошад писари занкалон дорад ва ӯ аз тарси зан модарашро хабаргирӣ намеояд.
Дар ин 3 намоишнома дарду алами падарону модарони зор аз дасти фарзандон аст, ки дар хонаи пиронсолон ва касалхонаҳо азоби рӯҳию виҷдонӣ мекашанд. Бо овардани ин мисолҳо гуфтанием, ки дар ҳаёти имрӯзаамон бо чунин ҳодисаҳо борҳо рӯ ба рӯ омадаем ва аз сар гузаронидаем. Ин мисолҳо аз ҳаёт гирифта шудаанд, вале ба ҳаёти мӯйсафедону занони “бесарпаноҳ”, ки онҳо фарзандони соҳибвазифа, соҳибдавлат доранд ва бо дасти худ волидайнро ба хонаҳои пиронсолон месупоранд. Дар ноҳияҳои Ёвон, Шаҳринав, шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор чунин хонаҳо барои пиронсолон, маъюбон, кӯдакони маълул ҳастанд. Сарпарастони хонаҳои пиронсолон муносибати неки инсондӯстона ба пиронсолон доранд. Кормандони ин муассисаҳо бо касалмандон хуб муомила карда, аз фарзандони аслияшон бештар меҳрубонӣ мекунанд, ба баъзе нотавононаш хӯрок мехӯронанд, сару танашонро мешӯянд. Ин 3 намоишномаи телевизионӣ ба тамошобин талқин менамояд, ки аз тақдири хешу табор, падару модар, атфоли маълул ноогоҳ набошем. Ҳар 1 намоиш дар дили тамошобин ҳисси раҳму шафқат ва ҳатто ба гиристан ба ҳоли чунин пиронсолонро бедор месозад. Бояд ба тақдири пиронсолон бетараф набошем. Барои ин таклиф менамоям, ки агар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ қабул дошта бошад, амалиёти евтаназияро нисбати пиронсолоне, ки аз меҳрубонии фарзандон, зану духтарон маҳруманд, ба ҳукми қонун қабул намоянд. Шумо, хонандагони муҳтарам ва вакилони халқ, чӣ мегӯед ба ин пешниҳод?

З.Ҳусейнзода,
н.Ёвон

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 12:01

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 11:55

 

Ҳамватанони азиз шоҳид буданд, ки дар давоми моҳҳои охир бориши беисти борон сарбории онҳоеро, ки фаъолияташон ба нигоҳдории роҳ рабт дорад, дучанд намуда, аз онҳо тадбирандешиҳои фавриро тақозо намуд.  Гуфтан бамаврид аст, ки роҳи Душанбе-Чанок аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, дар муқоиса бо дигар роҳҳои кишвар аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора, сангфароӣ ва омадани сел зиёдтар осебпазир аст. Ба шарофати чораандешии фаврии кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Сорлюшнз ЛТД” пайомадҳои офати табиӣ бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор ва механизмҳо сари вақт бартараф шуда,  ин омил замина фароҳам овард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт умуман қатъ нагардад.
Хотиррасон менамоем, ки техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 181 адад аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ба ғайр аз ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат бо шумораи 487011020 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина филфавр тадбирандешӣ  мешавад. Фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ин Ширкат шароит фароҳам овардааст, ки хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бархӯрдоранд. Корҳои ба таъмиру таҷдид рабтдошта дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Новобаста аз ин, таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» раванди муттасил буда, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарият аст. Ҷоиз ба зикри  алоҳида аст, ки ин масъала зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Дар мавсими имсола доираи фаьолият хеле васеь гардида, тасмим гирифта шудааст, ки 117 км роҳ таъмири куллӣ шавад. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таьмири куллӣ аз таъмири ҷорӣ батамом фарқ дошта, аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест.  Ҳоло дар минтақаҳои Варзоб ва Суғд таъмири куллии роҳ шурӯъ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 2 июни соли равон дар километри 138-уми роҳи Душанбе - Чанок, дар масофаи 35 метр роҳ фуру рафта, санаи 9 июн аз километри 332 то 335 сел канораҳои роҳро шуста буд. Аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодиса кормандони филиали Ширкат пайи рафъи бетаъхири пайомадҳои он ҷаҳду талош намуда, тавонистанд собит намоянд, дар нигоҳдории роҳ собитқадаманд. Дар давоми 2 соат дар дили кӯҳ роҳ эъмор шудани роҳи муваққатӣ ва худи ҳамон рӯз барқарор шудани қитъаи мавриди назар шаҳодати масъулиятшиносӣ ва дорои имкониятҳои фарох будани филиали Ширкат аст. Ин дар ҳолест, ки бинобар фуруравии масоҳати на чандон зиёд дар дигар роҳҳои мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёт чанд рӯз қатъ шуда буд. Ҳоло дар минтақаҳои Варзоб, Суғд ва Зарафшон 3 корхонаи истеҳсоли аслфалти марбут ба филиали Ширкат, ки иқтидори истеҳсолии ҳар кадомашон 70 тонна асфалт дар 1 соат аст, фаъолият доранд. 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 11:51


Қавлуҳу таъоло, астаъизубиллоҳ, фиҳо юфрақу куллу амрун ҳаким. Парвардигори раббулиззат мефармояд, ки дар ин шаб ҷудо карда шавад ҳар амре, ки ҳукм шудааст дар ин сол аз барои махлуқот, аз ризқу аз аҷал. Гӯянд, ки лайлатулқадр 9 ҳарф аст. Оллоҳ таъоло лафзи лайлатулқадрро 3 бор дар сураи «Инно анзално» ёд кардааст. Ҷамъ бошад дар 27-уми Рамазон аст. Сабаби пинҳон доштани ӯ он аст, ки мусулмонон шабҳои Рамазонро бо тоату ибодат эҳё кунанд.
Овардаанд, ки дар шаби қадр ихтилоф кардаанд. Баъзе аз уламо гуфтаанд, ки шаби қадр аввали моҳи Рамазон аст. Гурӯҳи дигар гӯянд, ки шаби 17-уми Рамазон аст, бархеи дигар бар онанд, ки дар даҳаи охири Рамазон аст.

саҳ 3 аз 11

Китобҳо

Flag Counter