ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 14 Июн 2018 12:05

Панҷшанбе, 14 Июн 2018 11:54

Панҷшанбе, 14 Июн 2018 11:52


(Ҷавоб ба хабари «Бе хона чӣ хел муаллимӣ кунам?»-и Саймуддин Файзуллоев, «СССР», 15.02.2018)

Панҷшанбе, 14 Июн 2018 11:48


Хонандаи доимии газетаи мардумии СССР Тӯйхон Сайфуллоеви 20-сола аз шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо телефони 92 808 88 27 ба СССР занг задаву гуфт, ки азбаски ман мошини падарам (Газели боркашонӣ)-ро аз бехирадӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар моҳи ноябри соли 2017 дар роҳи калон ронда будам, нозирони минтақавии Бозрасии давлатии автомобилӣ дар қаламрави ноҳия маро ист фармуда, ҳуҷҷатҳоямро пурра аз дастам гирифтанд. Ман ба ин зид нестам! Ва воқеан кори хато кардам. Аммо дарду алами ман ин нест. Мо дар оила 6 нафар фарзандем ва имкони пули ҷаримасупориро надорем. Ҳуҷҷати ронандагӣ ҳоло дар суди ноҳия қарор дорад. Падарам-Мирзо Сайфуллоев 54-сола асту шароити маблағи ҷаримаро пардохтан надорем. Зеро дар суд ба мо гуфтанд, ки “6000 сомонӣ биёреду ҳуҷҷатро гирифта баред!” Аз ин хотир, аз мӯҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён-раиси Судии Олии Тоҷикистон, ки хело инсони одил асту ҳуқуқшиноси варзида, хоҳиш дорам, барои бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии падарам мусоидат намоянд. Ва ё пули ҷаримаро сабуктар кунанд, агар имкону илоҷаш бошад.

Панҷшанбе, 14 Июн 2018 11:44


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР-Хушвахт Хошоков, коммунист аз ноҳияи Дӯстӣ (собиқ н.Ҷиликӯл) бо телефони 93 103 32 01 ба СССР занг задаву гуфт, ки дар шумораи гузаштаи газетаи мардумии СССР, дар гӯшаи “меҳмонхона” арзу дарди дили Амон Мӯсоев-пири фартутро хонда, хело дилам ба аҳволи зиндагиаш гум зад. Аз ин хотир, ба ин мӯсафеди нуронӣ ҳамчун додараш маслиҳат медиҳам, ки доир ба беназоратӣ ва хунукназарии фарзандонаш ба суд муроҷиат кунад ва адолатро бихоҳад. Зеро ӯ ҳамчун падар дар доираи қонунҳои ҷории кишвар ҳаққу ҳуқуқ дорад, ки барои ҳимояи худ мубориза барад ва мӯйро аз хамир ҷудо карда гирад. Чаро не???

Панҷшанбе, 14 Июн 2018 11:32


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Аз рустои мо Кафтархона то маркази ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакӣ на камтар аз 3 км роҳ аст. Ба хотири дидану тамошои ин макони зебо мусофиркашеро киро кардану сайри ин гӯшаи афсонавӣ намудам. Ободӣ ва шукуфоӣ, роҳҳои ҳамвору чароғон, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, варзишгоҳи бузург, беморхонаи бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазу табибони варзидадошта, муассисаҳои таълимии замонавӣ, толорҳои варзишӣ, боғи истироҳатию фароғатии сар то по гулпӯшу фаввораҳои зебо, дӯконҳои ҳунармандӣ, боғҳои пурсамари интенсивӣ, бозори ба стандарти савдо ҷавобгӯ, гӯшаи ёдгории меҳтарони ҶБВ ва бисёр иншоотҳои дигарро дидан намудам. Ба ростӣ, пас аз тамошои ин мавзеи зебоманзар ба фарзандони ба нангу номуси он Муродалӣ Саидов ва Авазхон Кабиров изҳори сипос мекунам, ки чунин 1 шаҳраки зеборо эъмору бунёд ва ашхоси зиёдеро соҳиби шуғлу зиндагии шоиста намуданд. Ба ин 2 ҷавонмарди созандаву бунёдкор саломатӣ ва комёбиҳоро хоҳонам!

Даврони Айниддин,
муаллим, н.Восеъ, тел: 93 123 09 39

Панҷшанбе, 14 Июн 2018 11:10


Салом, СССР! Агар олимони мо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва ҳокимон дар навоҳӣ корхонаҳо оид ба истеҳсоли компост ва дигар поруҳои маҳаллӣ месохтанд, хеле хуб мебуд, чунки маҳсулот аз ҳисоби хасу хошок ва дигар партовҳо бо нархи арзон ба деҳқон дастрас мегардад. Олимон бояд ёрдамчии деҳқон бошанд, барои онҳо шароитҳои илмиро пешниҳод намоянд, то ки ҳосилнокӣ баланд бардошта шавад. Вақте олимон худро аз деҳқон дур мегиранд, деҳқон фаришта нест, ки бо куфу суфу дуо ҳосил бирӯёнад. Тоҷик бо доштани орду қанду равған ва оби дарё метавонад рӯзашро гузаронад, вале тавре мебинем, дар кишварамон ягон корхонаи қандбарорӣ нест. Олимонро зарур аст, аз хусуси сохтани заводи истеҳсоли қанд лоиҳаҳо тайёр карда, ба ҳукумат пешниҳод намоянд. Ҳалли ин проблема хело ҳам муҳим аст. Чунин заводҳо дар ҳар водӣ-Кӯлоб, Вахш, Ҳисор, Суғд, ҳатто Рашту Бадахшон сохта шаванд.

Комрони Далер,
ш.Бохтар

Панҷшанбе, 14 Июн 2018 10:57


9.06.1928 дар СССР "Қонуни пионерони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ" ба тасвиб расид ва бузургтарин ташкилоти оммавии коммунистии кӯдакон ва навҷавононро ба роҳ монд. Маънии калимаи "пионер" дар қонунҳои қабулшуда чунин омада буд: "Пионер касест, ки аз дигарон пеш роҳ меравад ва роҳро барои дигарон боз мекунад. Ҳизби коммунист-пешоҳанги синфи коргар низ аз ин ҷиҳат "пионер" ба шумор меравад. Ин ҳизб дар сафи пеши табақаи меҳнаткаш ҳаракат дорад ва инсониятро ба роҳи нав, роҳи ҷомеъаи коммунистӣ мебарорад".
Аз скаутизм то пионеризм
Асосан заминасозии ҳаракати пионерӣ чанде пештар, дар авохири қарни XIX бо зуҳури ҳаракати скаутӣ поярезӣ шуд. Поярези ин ҳаракат сэр Роберт Стефенсон Смит Баден-Пауэлл гардид. Соли 1899 полковник Баден коменданти қалъаи Мафекинг дар Африқои Ҷанубӣ таъин шуд. Баъди чанде англисҳо дар ин манотиқ бо бӯрҳо даргир шуданд ва лашкари бӯрҳо қалъаи ӯро муҳосира кард. Нерӯҳои мусаллаҳи қалъаи Мафекинг 1000 нафар ҷанговарро ташкил мекард ва полковник барои тақвияти нерӯҳояш дастаи кашшофие аз ҳисоби писарбачаҳои маҳаллӣ ташкил намуд.

саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter