ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 21 Июн 2018 11:41

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 11:37

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 09:34


14.06.1940 ҳукумати шӯравӣ аз Литва талаби қатъӣ кард, то ҳайъати ҳукуматашро тағйир диҳад. Баъди 2 рӯз, 16 июн талаботи ҳамингуна ба Латвия ва Эстония низ ирсол карда шуд. Ин амалкарди Маскав заминасози ҳамроҳкунии ин 3 кишвари соҳили Баҳри Балтик ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Ҳамроҳшавӣ, ё ғасб?
Ворид шудани Литва, Латвия ва Эстония ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ дар таърихнигорӣ дугуна маънидод шудааст. Таърихнигорони шӯравӣ ин рӯйдодро ҳамроҳшавии ихтиёрии ҷамоҳири назди Балтик ва пирӯзии инқилобҳои сотсиалистӣ дар ин кишварҳо қаламдод мекунанд. Онҳо мӯътақиданд, ки ин ҳамроҳшавӣ тобистони с.1940 дар асоси қарорҳои ниҳодҳои олии қонунгузории ин кишварҳо ва раъйи интихобкунандагон шакл гирифт. Лек аз сӯи дигар муаррихони ғарбӣ ва як қатор муҳаққиқони муосири рус раванди ҳамроҳшавии ҷамоҳири назди Балтикро ба СССР ишғол ва ғасби кишварҳои соҳибистиқлол қаламдод мекунанд. Онҳо мегӯянд, СССР ин корро тадриҷан, ба василаи як қатор амалкардҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ-диплумотик анҷом дод.

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 09:23


13.06.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ (Реввоенсовет) таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Шӯро роҳбарии мубориза алайҳи шӯриши чехҳои сафед қаламдод мешуд, аммо баъдан ин ниҳод кулли роҳбарияти Артиши сурхро дар ҷанги гражданӣ ба зиммаи худ гирифт.
13.06.1930.Бо қарори Шӯрои ҳарбӣ-инқилобии СССР дар Артиши Сурх бригадаҳои механиконидашуда таъсис дода шуданд. Артиши сурх аввалин шуда, ин воҳиди низомиро ҷорӣ кард, аммо бо қатли Тухачевский ва ҳамроҳонаш рушди минбаъдаи ин воҳидҳои низомӣ ба таваққуф уфтод.

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 09:18


ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар ҷавоб ба маводи дар рӯзнома (СССР, 26.04.2018) ба табъ расида иттилоъ медиҳад, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори интиқолоти ҳавоӣ муддати 10 сол аст фаъолият дорад ва ҳамарӯза пайи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва анҷоми парвозҳои бехатару бароҳат талош меварзад. Касбият, сифат ва дастрасии хизматрасониҳо аз афзалиятҳои асосии ширкатанд. Дар мавриди арзиши чиптаи хатсайрҳои ширкат гуфтанием, ки арзиши чиптаҳои «Сомон Эйр» аз хароҷоти сӯзишворӣ, хизматрасониҳои аэронавигатсиониву фурудгоҳӣ, хӯроки дохили ҳавопаймо, хароҷоти ширкат ва масрафҳои хоҷагидорӣ иборат аст. Дар сурати 100% пур будани ҳавопаймо ширкат аз иҷрои парвоз ҳамагӣ 8% фоида ба даст меорад, ки он ҳам баҳри ташаккули парки ҳавопаймоӣ, тақвияти бехатарии парвозҳо, рушди шабакаи парвозҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, такмили ихтисоси кормандони ширкат, омодасозии кадрҳои нав, рақобатпазирии ширкат дар бозори интиқолоти ҳавоӣ ва иқдомҳои хайриявӣ равона мегардад. Зиёда аз ин, дар шароити рақобати шадид ширкат ҳадалимкон мекӯшад бо пешниҳоди сатҳи баландтари хизматрасониҳо арзиши чиптаҳоро поин барад. Ширкатҳои хориҷӣ ба хотири кам кардани масрафҳои худ аз пешниҳоди ғизо ба мусофирон ва як қатор хизматрасониҳои дигар даст кашиданд, лек Сомон Эйр бо инобати тулонияти парвоз нисбати мусофирони худ ғамхорӣ намуда, чунин иқдомҳоро роҳандозӣ намекунад. Нисбати қарзҳои ширкат дар назди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва ҶСК «Ширкати таъмини сӯзишворӣ» иттилоъ медиҳем, ки онҳо тибқи ҷадвали ҳамоҳангшуда давра ба давра пардохт шуда истодаанд. Дар соли гузашта ширкат бинобар истифодаи самараноки иқтидорҳо тавонист 6% қарзҳои худро бипардозад ва ин раванд идома дорад. Дар соли сипаришуда ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр ҳамзамон ба буҷаи давлат 53 млн. 283.000 сомонӣ андоз пардохтааст ва тибқи маълумотҳои оморӣ Сомон Эйр алъон миёни сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон дувумин андозсупорандаи бузург маҳсуб мешавад. Перомуни ҳамкориҳо бо КВД «Тоҷиксуғурта» гуфтанием, ки Сомон Эйр аз ин ташкилот куллан қарздор нест.

Бо эҳтиром, Директори генералӣ Томас Ҳаллам

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 09:16


Узви Ихвон-ал-СССР, Нисо Азизова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ноҳияи Рашт дар сӯҳбати телефонӣ (тел: 8 31 31 2 23 39, 93 593 10 44) бо СССР гуфт:
Духтари апаам Марҳабо Ҳайдароваи 32-сола бемор аст. Дар бачадонаш 1 гӯшти зиёдатӣ пайдо шудааст. Аммо шароити бистарӣ шудану ҷарроҳӣ карданро надорад. Оилаи камбизоат аст. Падару модари пир дорад. Ман ҳамин ҳоло барномаи хайриявии Шоираи Раҳимҷонро дар газетаи СССР хонда, дар фикр рафтам, ки оё Шоирабону метавонад, ки дар нақшаҳои хайриявии ояндааш Марҳаборо кӯмаку дастгирӣ кунад? Охир, ман бо 1 маоши давлатӣ ҳич имкони мадад ба Марҳаборо надорам. Ин рақами телефони мобилии Марҳабо аст: 93 130 98 64. Метавонед, бо худи ӯ ҳамгап шавед ва рози дилашро бипурсед. Ман мутмаинам, ки арзу ҳарфи маро ба Шоирабону мерасонед...

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 09:13


Узви Ихвон-ал-СССР Таваралӣ Авсақолов-фарҳангшинос аз ноҳияи Фархор дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ростӣ, дар ҳайрат мемонам, ки ҷавононро ба қавле 25-30 сол дар роҳи ватандӯстию миллатдӯстӣ тарбия мекунем, лек натиҷааш чандон қаноатбахш нест. Вале кадом як аҷнабӣ дар муддати кӯтоҳ ба ҳар роҳу восита онҳоро ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ чунон ҷалб менамоянд, ки ҷавонон натанҳо ба ватану миллат хиёнат мекунанд, балки аз баҳри падару модар, зану фарзанд ва ҳатто аз баҳри ҷони ширини хеш низ мегузаранд. Ҳол он ки ин гуна ҷавонон хуб медонанд, ки аз роҳи бад-қатлу куштор... роҳи бозгашт нест!!!

Панҷшанбе, 21 Июн 2018 09:11


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! 1 пешниҳод дорам ба раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ. Ман аз деҳаи “Истиқлол-4”-и ҷамоати М.Турсунзодаи н.Рӯдакӣ ҳастам. Мехоҳам, ки Ҳукумати ш.Душанбе дар маҳаллаи мо низ ақаллан бо ҷалби соҳибкоре 1 майдончаи варзишие барои ҷавонону наврасон бунёд намояд.

Д.Саидов,
н.Рӯдакӣ, тел: 98 889 45 96

саҳ 4 аз 11

Китобҳо

Flag Counter