ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 28 Июн 2018 16:16


Салом, СССР! Ман дирӯз шоҳиди 1 қоидавайронкунии ронандаи ҷавони 18-20 солаи «Хундай Старекс»-и мусофиркаш дар хатсайри 19 гардидам. Ҳоло ба хулосае расидам, ки ин мушоҳидаи худро маҳз ба СССР навишта фиристам.
2 соат пеш ҳамин Старекс (рақами қайди давлатиаш 0299тт01) дар роҳи калони кӯчаи «гӯштфурӯшҳо»-и маҳаллаи 33-уми ноҳияи Сино қоидаи роҳро пурра вайрон карда, аз полосаи якуми роҳ бе огоҳии қаблӣ ба дувум гузашта, баъдан дар чароғак манъ кард. Ва зуд бо суръати баланд мошинро ронда, ба самти Раёсати давлатии Бозрасии автомобилӣ газ дода рафт. Дидам, ки дар пушти чамбари мошин 1 ронандаи хело ҷавон нишаста буд. Хоҳиш мекунам, ки ин мушоҳидаи маро ба масъулини пойтахт бирасонед, зеро ба ронандагони ҷавону навомӯхт бирасонанд, ки замин ин фазову кайҳон нест!!!

Умед,
маҳаллаи Профсоюз, н.Сино, тел: 502 00 71 15

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 16:08


19.06.1934. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав қаҳрамонони Арктика-аъзои экспедитсияи Челюскин ва ҳавонавардоне, ки онҳоро наҷот дода буданд, пазироӣ шуданд. Ба аъзои экспедитсияи Челюскин ва ҳавонавардони онҳоро наҷотдода унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Инҳо аввалин Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мераванд.

19.06.1948. Дар рафти ҷанги сард СССР роҳҳои заминии иртибот бо Берлини Ғарбиро баст. Амрикоиҳо маҷбур шуданд, қисмати ғарбии Берлинро тариқи роҳи ҳавоӣ таъмин кунанд.
19.06.1953. Дар рафти ҷанги сард дар ИМА, шаҳрвандони ин кишвар Юлиус ва Этелӣ Розенбергҳо ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи СССР ба қатл маҳкум шуданд.
20.06.1924. Дар пойтахти СССР ҷамъияти омӯзиши иртибототи байнисайёравӣ ифтитоҳ шуд. Ин ҷамъият аввалин иттиҳоди алоқамандон ба техникаи мушакӣ ва парвоз ба кайҳон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 15:52


   Ҳукумати ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмиру азнавсозии роҳи х.Рӯдакӣ, ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар х.Рудакӣ аз буриши к.Карамов то буриши к.Саид Носир – аз назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) аз соати 21:00 санаи 27 июни соли 2018 қатъ карда мешавад.
    Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат – х.Рудакӣ бо баромад бо кӯчаҳои Л.Шералӣ,М.Турсунзода,Карамов ва У.Хайём бо х.Рӯдакӣ боқимонда бетағйир ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ мегардад.


Панҷшанбе, 28 Июн 2018 15:40

Сафаргуфта-5

Панҷшанбе, 28 Июн 2018 10:40


Сенсатсия мехостед? Марҳамат қаппед!!! Германия-гранди футболи олам, чемпиони феълии ҷаҳон, супер-гиганти футболи Аврупо шармандавор Мундиали Русияро тарк кард! Вале сенсатсия ин нест, ки Машинаи Олмонӣ бозии ахирини худро ба мунтахаби миёнаҳоли Осиё-Кореяи Ҷанубӣ бохт. Сенсатсия ин аст, ки Германияи таърифӣ ва мунодии футболи Аврупо 2 бозияшро ба намояндагони қораи Амрико (Мексика) ва Осиё (Корея) бохта, исбот кард, ки футболи Аврупо варшикаста шудааст. Шербаччаҳои амрикоиву осиёӣ барои шарафу номуси ватан бозӣ мекардаанду гургбаччаҳои аврупоӣ барои пул.
Эххх, охир ҳақ аст, Сӯҳробшои Фаррухшо-шореҳи варзишии мо, ки баъди шикасти Олмон аз Корея бо ҳисоби шармшикани 0:2 гуфта буд:
-Кай немисҳо дар Русия ғалаба карда буданд?...

Ҳайл Корея!!!


Ҳамин дирӯз фаҳмидам, ки Ҳайл (Хайл Гитлер-тибқи кинофилмҳои шӯравӣ)… маънии «Зинда бод!» не, ки Муқаддас (святой) доштааст. Ва дар ин шом Корея воқеан ҳам, ҳадди ақалл барои аҳолии 2 кишвар-Мексика ва Шветсия ҲАЙЛ, яъне Муқаддас шуд. Зеро кореявиҳо Олмонро шикаст намедоданд, яке аз ин дастаҳо дақиқан ба 1\16 финал намебаромад.
Воқеан ҳам Шветсия Мексикаеро, ки ҳам Кореяву ҳам Германияро шикаст дода буд, бо ҳисоби бузурги 3:0 мағлуб кард. Аммо ин бохт ҳаргиз монеъи давоми қаҳрамонии Мексикоиҳо дар Мундиал намешавад. Зеро тавре гуфтем, Корея дабдалаи Германияро баровард!

Бразилия, Ховартия, Аргентина ва ғ.
Месси&Co бо азоби алиму азияти солим ахиран тавонистанд роҳхат ба плей-оффро ба даст оваранд. Месси голи нахустинро дар қисмати аввал ба дарвозаи Нигерия заду фикр кардем, «кори хирс тамом!». Аммо «не тут-то было!»-гуфти бародарони рус. Мозес дар қисмати 2-ум аз пеналтӣ голи зебое зад (Оре, ин гол воқеан зебо ва таҳқиромез буд!). Сиёҳбаччаҳо (тарҷумаи таҳтуллафзи нигерийцы) боз метавонистанд аз пеналти гол зананд. Аммо туркбачча-Текир тӯби ба дасти Рохо расидаро ҷарима набаст ва хуб ҳам кард. Зеро тӯб баъди расиш ба дасти ӯ пеши пои нигериявӣ омад, ки қариб гол мезад. Дар навбати худ, Рохо ин мини-хатояшро бо голи афсонавӣ талофӣ кард. Аргентина Нигерия 2:1 ва мунтахаби Месси дар 1\16 финал. Ошашон шавад! Метавонанд.
Вале Хорватия усулан дар ин пирӯзии Аргентина даст гузошт, ки Исландияро шикаст дод! Дар акси ҳол Месси 1\16 финалро чун 2 гӯши сихаш намедид! Коре кард Хорватия, ки набояд мекард. Зеро бе ин пирӯзӣ низ Хорватия ба плей-офф баромада буд…
Неймар бошад бо бозии олирутба ва олиҷанобаш Бразилияро бе ягон ишкол ба даври навбатӣ баровард.

Роналдо, Неймар, Месси, Суарес, Гризманн, Кейн дар 1\16 финал
Ба ин галаситораҳо метавон исми Кавани, Погба, Мбапе, Куадрадо, Инйеста, Пике, Стерлинг, Рэшфорд, Азар, Витсел, Фелаини ва ғ. ва ҳ. шомил кард. Аммо даст рӯи сина бояд гуфт, ки мо бештар аз ҳаминҳо чашми умед дорем, ки ин Чемпионатро низ орову торо медиҳанд…
Дар ҷамъ ин дастаҳо ба плей-офф баромадаву байни ҳам сабқат мекунанд:
Русия-Испания
Уругвай-Португалия
Аргентина-Фаронса
Хорватия-Дания
Мексика-Бразилия
Шветсия-Шветсария
Ғолибони 2 гурӯҳи дигар шоми 28.06. муайян мешаванд. Шаби 30.06. марҳалаи бурдбарак-плей-офф бо бозиҳои Фаронса-Аргентина ва Уругвай-Португалия сар мешаванд.

Диққат ва Таваҷҷӯҳ:
СССР ба пирӯзии Аргентина гарав мебандад. Қаблан инро мегӯем. Мо Метавонем!

Аниқ…доти Ноларду
Нуралӣ Хоркашев-шореҳи футболи СССР дирӯз гуфт:
-Назди хона баромадам, ки нафаре пурсид, маълими Нуралӣ, Нолардуро мешиносӣ? Ана ҳамонро баъди бозии Аргентина дилаш задааст.
Нуралӣ фикр кардааст, ки Ноларду гуфта сароғоз ин маст Роналдоро дар назар дорад. Вале таври маълум дар ун бозӣ дили…Марадона зада буд…
Ана ҳамин хел мухлисин дорем. Мо Метавонем!

Душанбе, 25 Июн 2018 17:41


   Имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали боркашонӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ботантанаи кушодашавии он Коҳир Расулзода, сарвазири ҶТ, директории Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон «JIKA» Шиничи Китаока ва меҳмонони дигари баландпоя иштирок намуданд.
   Бояд қайд намоем, ки дар асоси протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ JICA ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз 29.09.2014 созишномаи грантӣ баста шуд. Тибқи созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд. 914 млн. иенаи японӣ, тақрибан 17,5 млн. доллари ИМА, грант ҷудо намуд.
    Қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи тендери байналмилалӣ таҷҳизотҳои дар боло зикршуда харидорӣ гардида, ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Ҷопон ворид карда шуданд. Дар моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, баъди санҷиш ба кор дароварда шуданд.


Вобаста ба сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе гуфтан ба маврид аст, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» якҷоя бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» қарор карданд, ки сохтмони терминал ба ду қисм ҷудо карда шавад. Қисми якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва қисми дуюм – барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи он.
   Татбиқи мархилаи аввали сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе 20 феврали соли 2017 оғоз гардид. 31 майи соли 2017 созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон JICA ба имзо расид. Дар асоси созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷопон барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 356,0 млн. йен ё 3,2 млн. доллари ИМА ҷудо кард. 19 июли соли 2017 миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати ДАИ Ниппон Констракшин барои амалисозии қисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ- барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал қарордод ба имзо расид. Сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе дар моҳи декабри соли 2017 оғоз ёфта буд. Ин терминал калонтарин терминали боркашонӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, иқтидори нигоҳдошти то 20 ҳазор тонна маҳсулот ва бору молро дорад.

Душанбе, 25 Июн 2018 12:44


Дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-ӣ шаҳри Бохтар ҷавонписаре аз рашк ҳамсарашро ба қатл расонида, фарзандашро ятим гузошт. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, Муҳсиддинова Бибизиёдамоҳи 29-сола, ки дар яке аз ошхонаҳои бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ба ҳайси пешхизмат кор мекард, ӯро ҳамсараш Қурбонов Раҳмоналии 23-сола аз ҳиссиёти рашку бадбинӣ соатҳои 09:20 дақиқа дар назди мардум бо корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа Бибизиёдамоҳ ҷароҳатҳои вазнини ҷимонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Бохтар ба номи Бури Воҳидов ҷон бохт. Гуфта мешавад, Қурбонов дар давоми зиндагӣ бо Бибизиёдамоҳ соҳиби 1 фарзанд будааст. Ӯ сокини ноҳияи Рӯдакӣ асту муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар ва айни ҳол аз ҷониби кормандони милитсия ШВКД-и шаҳри Бохтар, дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, 22 Июн 2018 15:10


Шореҳи футболи дар Русия бо сухани қабеҳу дағалаш маъруф, Василий Вячеславович Уткин, дар сафҳаи Твиттераш Равшан Ирматов-реферии баландмақоми ӯзбектабори ФИФА-ро писари хар (ишачий сын), ё худ, хутик хонд. Ӯ навиштааст, «Равшан Ирматов-ишачий сын где карточки?». Аллакай дар сайтҳои иҷтимоӣ мрдум талаб мекунанд, ки Уткини бадахлоқ аз Ирматови довари ӯзбек расман бахшиш пурсад.
Хотиррас мешавем, ки ба фарқ аз Уткини «хартабиат», ки ҳанӯзам дар сар андешаи фашистӣ-бадбинии миллатҳои собиқи шӯравиро дорад, Ирматов реферии тозатарини ФИФА аст. Чемпионати мазкур, саввумин қаҳрамонии олам оид ба футбол аст, ки Равшани тошкандӣ дар он доварӣ мекунад.


Дебюти Равшан-ако аз ҶҶ дар соли 2010 шуруъ шуд, ки дар Африқо баргузор гардида буду Испания чемпион шуд. Он замон Равшан ҷавонтарин реферии бозиҳо буд (32 сол).
Баъдан дар соли 2014, дар Бразилия низ ӯ ҳунарнамоӣ кард.
Ҳоло ҳадс зада мешавад, ки Равшан Ирматов шояд дар финали ин сабқат, дар Москва доварӣ кунад.
Дар ҷамъ Ирматови 40-сола 5 бор беҳтарин довари Осиё ва 10 маротиба судяи хубтарини Ӯзбакистон баргузида шудааст. Дар соли 2015 бошад ӯ Ҷоизаи беҳтарин довари оламро гирифта буд.

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter