ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Июл 2018 16:31


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар деҳаи зебоманзари Ворух нисбат ба маънавиёт ҳусни таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Дар Ворух нест хонадоне, ки рӯзномаву маҷалла ва асарҳои бадеӣ нахонад! Бидуни муболиға, серхонандатарин мухлисони газетаи мардумии СССР дар Ворух инҳоянд: Мирҳоҷӣ Довидов-иқтисодчии собиқадор, Босирхон Зоидбоев-омӯзгори собиқадор, Субҳониддин Бобохолов, Зикриддин Пӯлодов-ангишткани собиқадор, Бобоаҳмади Аҳмадзод-раиси собиқадорони деҳаи Ворух, Ҷӯраев Абду-ронандаи собиқадор… Маҳз эшон то омадани газетаи мардумии СССР ба деҳаи дурдасти Ворух бесаброна интизорӣ мекашанд. Ин мардум тӯли 6-7 солест, ки ҳар 1 шумораи ҳафтаномаи маҳбуби худ-СССРро бо завқу шавқи баланд мехонанду ба муаллифонаш миллионҳо сипосу аҳсант мефиристанд. Зинда бошетон, Мо Метавонем!

Мирзоҳикмат Маҳкамов,
муаллими собиқадор, деҳаи Ворух, ш.Исфара

Чоршанбе, 18 Июл 2018 16:29


Узви Ихвон-ал-СССР, Акрам Турсунов, ронандаи 1 корхонаи давлатӣ аз шаҳри Бохтар дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, дар 1 газета хондам, «дар минтақаи Кӯлоб дар 5 моҳи охир 51 ҳодисаи нақлиётӣ рух доду дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 69 кас маҷрӯҳ шудааст…». Ҳозир аксарияти ронандагони ҷавон новобаста аз ҳуҷҷати ронандагӣ доштан маълумоту таҷрибаи дурусти ронандагӣ надоранд ва синну солашон ҳам 20-22 аст. Баъзе ҷавонон калиди мошинро аз падарашон дуздида, кӯча мебароянд. Баъзеро мумкин падар бо дасти худ калиди мошин дода фахр мекунад, ки писараш мошин меронад. Бехабар аз он, ки писарашро дар кӯча фалокат интизор аст. Нозирони роҳ бояд ин гуна ҳолатҳоро нағз бисанҷанд, ки ронандаи ҷавон ҳуҷҷати ронандагиро чӣ хел соҳиб шудааст…

Чоршанбе, 18 Июл 2018 16:25


Узви Ихвон-ал-СССР, Шамсиддин Обидов, иқтисодшиноси собиқадор аз ноҳияи Синои пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ман аслан зидди он ҳастам, ки ҳоло ба шаҳру ноҳияҳо номи одамро мемонанд. Беҳтараш мо ба шаҳру ноҳия, вилоят, кӯча ва хиёбонҳо номҳои таърихиро ҷустуҷӯ карда гузорем. Ба чӣ хотир? Барои он ки дар ҳар 50-100 сол афроди қаҳрамон ва номдор ба дунё омадан мегирад, пас шарт аст, ки дар 50-100 сол номҳоро аз сари нав иваз кардан гирем? Масалан, Кӯлоб, Дарвоз, Бадахшон, Суғд, Истаравшан, Қубодиён, Балҷувон, Панҷакент, Мастчоҳ, Лахш, Данғара, Ҳисор… ҷумлагӣ номҳои таърихианд. Наход, муаррихони мо барои иваз кардани номи объектҳо номҳои таърихӣ наёбанд? Аслан ҳамин тарзи номгузорӣ, яъне шаҳру ноҳияро ба номи одам гузоштан аз замони СССР анъана шуда буд ва дар Русия ва дигар кишварҳои собиқ СССР ҳоло ҳам мисли Тоҷикистон давом дорад, ки ин ҳам қобили қабул нест!

Чоршанбе, 18 Июл 2018 16:21


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Аз омадани ман ба кишвари Сахалини ҷанубии Русия ҳоло 2 моҳ нагузаштааст, аммо хело наздиконамро ёд кардаму пазмон шудам. Акнун, ки нону намаки ғуломиро мечашаму дар ғарибӣ гаштугузор дорам, офарин мегӯям ба ҷавонписароне, ки нав хонадор шудаанд ва ё ба қарибӣ соҳиби фарзанди нахустин гардидаанд. Тибқи мушоҳидаи ман рӯҳияи онҳо хело риққатбор аст. Тасаввур кунед, ки имрӯз ман баринҳо дар Русия бисёранд, ба умеди зангирӣ ва аз бепулӣ ба Русия мардикорӣ омадаанд. Ва аксарияти эшон бадбахтона забони русиро намедонанд ва бо мушкилӣ ҳарф мезананд. Ва ҳамин ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, 1 мисраъ шеър аз суруди шодравон Муборакшо Мирзошоев аз телефони мобилии ҳамкорам садо дод: «Ғуломӣ рӯзи сахт аст, эй бародар!» Аммо чӣ илоҷ? Замин сахту осмон баланд…

Юсуфҷон Хоҷаев,
муздур, Сахалини Ҷанубӣ, Русия, тел: +79006646087

Чоршанбе, 18 Июл 2018 11:58

Чоршанбе, 18 Июл 2018 11:53

1 блогери Тоҷик, ки тарзи боздошти кабк бо истифода аз телефони мобилиро наворбардорӣ карда, онро дар шабакаи ичтимоии Ютюб таблиғ мекард, аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон боздошт ва ҷаримабандӣ карда шуд.
Бино ба итиллои Раҳимов Шамсиддин сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист ба мухбири СССР, тибқи супориши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист ба кормандони ҳифзи муҳити зист ва шӯъбачаи милитсияи экологии ВКДҶТ дар вилояти Хатлон буда, шаҳрванд Алиакбари Ҷамолиддин, сокини деҳаи «Умед»-и ҷамоати деҳоти Навзамини н.Дустӣ тибқи моддаи 227 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода,  ба маблағи 150 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд. Дар рафти сӯҳбат Алиакбари Ҷамолиддин аз кори кардааш пушаймон буда, ба мухлисонаш иброз доштааст, ки  ин кори кардаашро такрор накунанд ва ба табиати биҳиштосои худ зарар нарасонанд.

Баҳодур Уроқов, СССР вилояти Хатлон

Сешанбе, 17 Июл 2018 09:35


 Ширкати «Тоҷиктрансгаз» хабар медиҳад, ки айни замон 12 корхонаи кишвар, ки бо истеҳсолот машғуланд, бо гази ӯзбекӣ таъмин буда, яке аз корхонаҳои асосии истифодабарандаи гази ӯзбекӣ ин ширкати ТАЛКО-и Тоҷик мебошад.
 Бино ба итиллои масъулини ширкати «Тоҷикстрансгаз» дар нишасти хабарии рӯзи 16.07.2018 шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ 12 корхонаи Тоҷик фаъолияти худро бо гази табии аз Ӯзбекистон ворид мешуда, ба роҳ мондаанд.


Сешанбе, 17 Июл 2018 09:31


Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқат сурат мегирад. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар асоси иҷозати Агентии «Тоҷикстандарт» сифати телефонҳои мобилиро аз назар гузаронида, баъдан ба он сертификати мутобиқат хоҳад дод. Яъне, минбаъд фурӯшандагони дӯконҳо, ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғуланд, аз Хадамоти алоқаи мамлакат барои ба фурӯш гузоштани телефонҳои мобилӣ бояд сертификати мутобиқат бигиранд. Дар ин бора дирӯз Адолат Абдураҳмонзода, муовини сардори хадамоти мазкур зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
 Гуфта мешавад, ки тасмими мазкур бо мақсади  таъмини амнияти давлат, саломатии муштариён, пешгирӣ аз воридоти телефонҳои мобилии пастсифат ва дар ҷамъ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар система ва бозори алоқаи мобилии мамлакат гирифта шудааст. Айни замон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон теъдоди  муштариёни алоқаи мобилӣ  ба 6,2 миллион нафар мерасад, ки аз он 4,4 миллионашро муштариёни фаъол ташкил медиҳанд. Шумораи муштариёни алоқаи маҳаллӣ беш аз 355 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин омор зиёда аз 130 ҳазори  он фаъоланд. Теъдоди истифодабарандагони интернет ва истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,5 миллион муштариро фаро мегирад.


саҳ 8 аз 15

Китобҳо

Flag Counter