ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Июл 2018 17:49

Чоршанбе, 18 Июл 2018 17:35

Чоршанбе, 18 Июл 2018 17:31


Тибқи қарори ҷаласаи 37-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё, ки дар Федератсияи Русия баргузор гардид, ин навбат Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир кардани ҷаласаи Шӯрои бонкҳои марказии АврОсиё ҷониби қабулкунанда муайян карда шуд. Ҷиҳати татбиқи қарори мазкур,  4-5 июли соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон Ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё баргузор гардид. Дар кори ҷаласа рoҳбарон ва намояндагони бонкҳои марказии ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Бонки байнидавлатӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиёро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Сироҷиддин Икромӣ аз ҷумла изҳор дошт: “Мардум ва кишварҳои моро дар баробари расму ойинҳои ҳазорсолаи таърихӣ, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодие, ки рушди имрӯзаи онҳо самтҳои нави ҳамкориҳоро муҳайё менамоянд, пайванд месозад”.
Дар идомаи сухан, Сироҷиддин Икромӣ аҳли нишастро бо вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини   рушди иқтисодиёт, рушди воқеии ММД дар соли 2017 (7,1%) ва панҷ моҳи аввали соли 2018  шинос намуд. Сироҷиддин Икромӣ инчунин изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири омилҳои беруна ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ як қатор тадбирҳо бо роҳи татбиқи мақсадноки сиёсати пулию қарзӣ  ва ислоҳот дар низоми бонкӣ, инчунин беҳтар кардани низоми молиявӣ ва рушди бахши суғурта, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ андешида шуд. Дар фароварди сухан, Раиси ҷаласа - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ изҳори боварӣ намуд, ки қарорҳои ҷаласаи мазкур барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи самаранок дар доираи Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё заминаи боз ҳам мустаҳкамтар гузошта, дар хотираи иштирокдорони он таассуроти нек боқӣ хоҳад гузошт. Сипас, Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намуд, ки асосан аз  масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои 36-37 Шӯро, самтҳои фаъолият ва рушди низоми бонкӣ, вазъ ва тамоюли бозори асъор, маҷмӯи маълумот оид ба пардохтҳои асъории марбут ба гардиши молу хизматрасонӣ, низоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути пулҳои электронӣ, вазъи тавозуни пардохт ва тамоюли захираҳои байналмилалӣ, самтҳои асосии сиёсати макропруденсиалӣ, таъмини суботи молиявӣ, фаъолияти Шӯрои машваратии ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Шӯро иборат буд.
Дар навбати худ, узви Шӯро-муовини Раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Арманистон Арменак Дарбинян, муовини Раиси Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Белорус Сергей Калечитс, ҷонишини директори Департаменти тадқиқот ва омори Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Саида Агамбаева, муовини Раиси Бонки миллии Қирғизистон Айнура Тезекбаева ва муовини Раиси Бонки марказии Федератсияи Русия Александр Торшин баромад ва дар атрофи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа муҳокимаронӣ намуданд. Дар кори ҷаласа инчунин роҳбарони сохторҳои калидии  Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, бо муҳокимарониҳои касбӣ ва ҷолиб таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд, ки мубоҳисаи онҳо муколамаи пурмазмун ва муфидро дар фазои масъулини бонкҳои марказии АврОсиё фароҳам овард. Дар интиҳои муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро ба бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Шӯрои АврОсиё барои боз ҳам беҳтар кардани  фаъолият ва ҳамкориҳо як қатор тавсияҳо  дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар шароити феълӣ барои тобовар шудан ба мушкилиҳои иқтисодӣ ва фишорҳои берунӣ, бонкҳои марказии (миллии) АврОсиёро зарур аст, дар баробари тақвият бахшидани низоми бонкӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ниҳодиро (институтсионалӣ) идома дода, муносибатҳои тарафайнро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд. Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё  қарор қабул карда шуд, ки Ҷаласаи 39-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё тирамоҳи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Чоршанбе, 18 Июл 2018 17:29


Аброр Соқиев, яке аз муаллифони собиқадори газетаи мардумии СССР (тел: 901 80 43 08) аз шаҳри Ваҳдат дар меҳмонии СССР гуфт, ки 3 мушкили бонкӣ маро назди шумо овард:
1.Чаро бонкҳои Тоҷикистон пули рубли русие, ки фарзандони мо аз Русия ба мо мефиристанд, сомонӣ карда медиҳанд? Аҷибаш ин аст, ки вақте ҳамун пули писарат фиристодаро ба рубли русӣ гирифтан мехоҳӣ, онро бо нархи гарон боз ба худат мефурӯшанд! Ин ҷо чӣ муаммоест, ки мо намедонем?
2.Фоизҳои қарзии тамоми бонкҳои кишвари ман баланданд. Ман-шаҳрванди Тоҷикистон вақте бо фоизи паст аз бонк қарз мегираму корамро бут карда қарзро сари вақт бармегардонам, ин магар ба фоидаи бонк нест? Пас чаро бонкҳо бар зарари мардум кор мекунанд?
3.Имрӯз вақте агар нохост аз бонк қарздори сахт бошем, бонкир ба воситаи суд қарзашро меситонад. Аммо чаро мо-муштариёни бонкҳо, ки пули ҳалоли худро гирифта наметавонем, қудрати бонкро ба суд додан надорем? Дар ин бора дар СССР низ навишта буданд…

Чоршанбе, 18 Июл 2018 17:16



Сабабҳои муҳориба

11.07.1941 дар фронти ғарбии СССР муҳорибаи таърихӣ барои пойтахти РСС Украина оғоз шуд. Он яке аз задухӯрдҳои шадид ва калони ҶБВ дар моҳҳои июл-сентябри с.1941 аст. Ба нерӯҳои олмонӣ дар ин ҳарб фелдмаршал Рунштедт сарварӣ мекард ва фармондеҳии нерӯҳои Артиши Сурхро маршал Будёный ба уҳда дошт. Дар оғоз теъдоди нерӯҳои ҳар 2 тараф қариб баробар буданд, аммо немисҳо аз лиҳози техникӣ бар Артиши Сурх бартарӣ доштанд. То нимаи тобистони с.1941 немисҳо тавонистанд манотиқи Смоленскро ишғол кунанд ва Фюрер қарор дод, ҳуҷумро тавре идома диҳад, то ба таъбире "по пути" манотиқи Украина ва Ленинградро низ ишғол кунад. Мақсади асосии немисҳо дар амалиёти Киев нагузоштани ақибнишинии нерӯҳои Артиши Сурх ба манотиқи ғарбии СССР буд. Аслан тибқи нақшаи Барбаросса Гитлер ният дошт тадриҷан, бо ҳуҷуми ҳамзамон аз чанд самт ҳудуди СССРро ишғол кунад. Немисҳо ният доштанд, дар натиҷа Маскавро ба иҳота гиранду фармондеҳии нерӯҳои шӯравиро водор ба таслим кунанд. Вазифаи Артиши Сурх бошад дар ин ҷанг аз он иборат буд, ки нагузоранд немисҳо ба самти Маскав бароянд ва то пойтахт бирасанд.

Чоршанбе, 18 Июл 2018 17:05



13.07.1930 дар Уругвай аввалин Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шуд. Албатта баъзе машруъияти ин мусобиқаро тайид намекунанд, чун дар ин чемпионат танҳо 13 дастаи яккачин ширкат варзиданд. Бо вуҷуди ин, ҷоми ҷаҳонии Уругвай аввалин мусобиқае гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ футболро муаррифӣ кард

Бозии англисӣ
Футбол чун бозӣ бори аввал дар ҷазираи Бритониё арзи вуҷуд пайдо кард. Дар оғоз он танҳо ҷанбаи ҳаваскорона дошт ва берун аз Англия доир намешуд. Якумин бозии байналмилалии футбол с.1872 дар Англия доир шуд. Дар бозӣ дастаҳои яккачини Англия ва Шотландия бо ҳам қувва озмуданд. Дар оғози қарни ХХ бошад футбол аллакай маъруфияти бештар пайдо карда, дар саросари дунё ассотсиатсияҳои миллии ин навъи варзиш қомат афрохтанд. Майи с.1904 аввалин бозии футбол берун аз Бритониё доир шуд. Дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж дастаҳои яккачини Фаронса ва Белжик бо ҳам бозӣ карданд. Ин сабаб шуд, ки дар Париж Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) таъсис дода шавад. Расман ФИФА аз 22.05.1904 ба кори худ сар кард.

Чоршанбе, 18 Июл 2018 16:49


11.07.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии (ШКХ) Русияи Шӯравӣ аввалин буҷаи шӯравиро барои ним сол ба тасвиб расонид.
11.07.1921. Дастаҳои артиши халқии Муғулистон бо кумаки Артиши Сурх, нерӯҳои ишғолгари Чин ва гвардиячиёни сафеди русро торумор карданд ва дар Муғулистон ҳокимияти шӯравӣ барқарор шуд.
11.07.1942. Дар деҳаи Туховежии вил.Ленинград ҷои истиқомати генерал Власов аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ба немисҳо фош карда шуд ва генералро сарбозони полки пиёданизоми 28-уми вермахт ба асорат гирифтанд. Аммо тибқи андешаи бархеи дигар, генерал худаш ба немисҳо таслим шуд ва мардуми маҳаллӣ дар таслими Власов нақш надоштанд.

11.07.1960. Ҳукумати Чехословакия эълон намуд, ки дар кишвараш сотсиализм ғалаба кард ва Чехословакия ба Ҷумҳурии Шӯравии Чехословак тағйири ном намуд.
12.07.1988. Шӯрои вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ эълон намуд, ки Қарабоғ аз ҳайъати Озарбойҷон берун меояд. Ин қарор заминасози ҷанги тӯлонии арману озарӣ шуд, ки шӯълаҳояш то ҳол хомӯш намешаванд.

Чоршанбе, 18 Июл 2018 16:47


Мақолаи шикоятии сокини ш.Душанбе Мирзонабӣ Шодмонов дар рӯзномаи СССР (№23(508), 7.06.2018) таҳти унвони «Нақлиёти ҷамъиятӣ-проблемаи ҳалношудании пойтахт!» дар коллективи ронандагони ҷамъият мавриди муҳокима қарор гирифт. Бо ронандагон ва чиптачинҳои ҷамъият оид ба хизматрасонӣ дар сатҳу сифати баланд, муоширати хуб бо мусофирон, аз меъёр зиёд савор накардани мусофирон дар нақлиёт, савор кардан ва фуровардани мусофирон фақат дар истгоҳҳо, таваққуф кардан дар ҷойҳои номуайян, риоя кардани талабот оид ба либоси ягонаи расмӣ ва тоза нигоҳ доштани нақлиёт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Мутахассисони ҷамъият вазифадор карда шудаанд, ки назоратро оид ба фаъолияти нақлиёт дар хати сайр пурзӯр намоянд.

Т.Х.Каримов, директор

саҳ 7 аз 15

Китобҳо

Flag Counter