ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 23 Июл 2018 18:15



Илҳом Камолзода, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорати маориф ва илми мамлакат ҷорӣ шудани қоидаҳои навро барои донишҷӯён ва кормадони соҳаи маориф ва илми кишвар дар робита ба сафарҳои хориҷӣ барои журналистон маънидод намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳадафи асосии ин амал назорат ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар аст.
 -То ба имрӯз аз тарафи вазорати маориф ва илми мамлакат ба ягон донишҷӯ ва ё устоди донишгоҳ барои ширкат кардан дар конфронсу ҷаласаҳои байналмилалӣ ва ё сафар кардан ба хориҷи кишвар бо сабабҳои шахсӣ монеа эҷод нашудааст. Сафари донишҷӯён, аспирантову магистратон, номзадҳои илму докторҳо, устодони макотиби олӣ ба кишварҳои хориҷӣ бояд бо вазорати маориф ва илми ҶТ мувофиқа карда шавад ва ин 1 тартиби муқаррарӣ аст. Касе дар ин ҷо ҳуқуқи инсонро поймон ва нақз намекунад, баръакс мо муваззафем, ки ҳуқуқҳои шаҳрванди Чумҳурии Тоҷикистонро берун аз кишвар низ ҳимоя намоем, - таъкид дошт Илҳом Камолзода.

СССР

Шанбе, 21 Июл 2018 11:46


Вазорати маориф ва илми ҶТ ба ҳукумати кишвар тавассути ирсоли 1 дархост пешниҳод кардааст, ки масъалаи баргардонидани таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳориро дар соли хониш барои мактаббачагон баррасӣ намояд. Чуноне ки Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми мамлакат имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ иброз намуд, барои баргардонидани таътилҳои мавсимии мактабӣ тибқи низоми қаблии таҳсил бояд ба баъзе аз ҳуҷҷатҳо, амсоли низомнома оид ба ҷорӣ кардани таътилҳо тағийрот ворид карда шавад ва агар вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расида, барои ин кор иҷозат диҳанд, мумкин аст аз соли нави таҳсил таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ баргардонида шаванд. Бояд қайд намуд, ки Газетаи мардумии СССР аз оғози фаъолият то ба имрӯз тарафдори баргардонидани таътилҳои мавсимӣ барои хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар буда, борҳо дар ин бора матлабу мақолаҳои танқидӣ низ нашр кардааст. Аз ҷумла, муаллифони матлабҳои рӯзнома бар зидди таътили 1-моҳаи мактаббачагон дар моҳи январ буда, аз он тарафдорӣ менамуданд, ки соли хониш бояд тибқи низоми гузашта 25 май ба итмом бирасад.

СССР

Шанбе, 21 Июл 2018 11:41


Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 муассисаи таълимӣ - 1 мактаби миёна ва 1 боғчаи кӯдакона сохта ба истифода бидиҳад. Дар ин бора имрӯз ба намояндагони ВАО Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, ҳамзамон 1 мактаб дар н.Спитамен ва 1 маркази тиббӣ дар н.Қубодиёни вил.Хатлон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта ба истифода дода мешаванд. Бояд зикр намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 77 муассисаи таълимӣ бо забони ӯзбекӣ фаъолият мекунанд. Инчунин дар 426 муассисаи таълимӣ таҳсил ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам бо ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 130.000 талаба бо забони ӯзбекӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

СССР

Шанбе, 21 Июл 2018 11:21


Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода-раиси вилояти Хатлон нигаронӣ аз бемасъулиятии Раёсати назорати давлатӣ оид ба истифодаи ҳифзи табиат кард. Тӯли 2 сол аст сокинони н.Хуросон аз дуди ғализи танӯрҳои оҳакпазӣ шикоят мекарданд. Дар робита ба шикояти сокинон газетаи СССР гузорише низ омода карда буд, аммо то ҳол мушкил ҳалли худро наёфтааст. Қаблан Гулмаҳмадзода ба Сардори Раёсати назорати давлатӣ оид ба истифодаи ҳифзи табиат ва дар ҳамбастагии раиси н.Хуросон супориш дода буд, ки ё танӯрҳои оҳакпазиро кӯчонед, ё хонаҳои наздиҳавлигиро аз ин мавзеъ.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 19 Июл 2018 17:03


Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони ШКД- н.Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) ба “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ”, ки боиси марги Толибҷон Дӯстов, 1 сокини 50 солаи ин ноҳия шуда буд, айбдор мешавад. Ӯ бо шарти берун нашудан аз маҳали зист дар озодӣ қарор дошт ва парвандааш дар додгоҳ баррасӣ мешуд.    Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 19-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ӯ бо баҳонаи беморӣ ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд ва баъдан маълум шуд, ки фирор кардааст. Маълум нест, ки ӯ дар хориҷи кишвар ва ё дохили Тоҷикистон пинҳон шудааст.
Додситон гуфт, ҳоло расман ин корманди милиса дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва эҳтимол нисбаташ барои фирор парвандаи иловагӣ боз карда шавад. Моҳи июли соли гузашта кормандони милиса дар н.Дӯстӣ Толибҷон Дӯстовро дар яке аз тарабхонаҳои н.Шаҳритус ба гумони даст доштан ба гардиши маводи мухадир боздошт карданд ва ӯ баъдан дар боздоштгоҳ ҳалок шуд. Пайвандонаш иддао карданд, ки ӯ аз шиканҷа фавтидааст. Мақомот ҳолати шиканҷаро дар марги ӯ рад карда, нисбати Маҳмадулло Идиев бо моддаи 316 (қисми 3, банди “а”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” – айб эълон намуданд.                                       

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 19 Июл 2018 14:11


Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз хатми маъмурияташ дар Душанбе имрӯз 19.07.2018 Душанберо тарк намуд. Ӯ ноябри с.2014 ба ҳайси сафири ин кишвар ба Тоҷикистон омада, наздики 4 сол ин вазифаро бар дӯш дошт. Коршиносони масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ бар онанд, ки мавсуф дар ин мӯҳлати ваколати хеш натавонист ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон такони нав бидиҳад ва барои аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда кӯшише ба харҷ кунад. Аз ин рӯ, Фағониро яке аз сафирони камфаъолтарини ин кишвар дар Тоҷикистон мешуморанд. Гуфта мешавад, сафири нави ҶИЭ дар Тоҷикистон ҳафтаи оянда вориди Душанбе гашта, умед бар он аст, ки эшон барои рафъи мушкилот дар муносибатҳои 2 кишвар талоши бештар хоҳад кард.

Панҷшанбе, 19 Июл 2018 14:06


Ҳукуматҳои 2 кишвар-Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим гирифтанд хироҷҳои барои автобусҳои мусофиркаш пешбинӣ шударо аз байн бардошта, рафтуомади мусофиронро аз 2 тараф осон намоянд.
Бино ба итиллои Худоёрзода Худоёр Завқибек, вазири нақлиёти ҶТ инчунин ҳарду ҷониб қарор қабул карданд, ки хироҷҳоеро, ки барои ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн пешбинӣ карда шуда буданд, ба маротиб кам намуда, дар ин бахш низ сабукӣ диҳанд.
 - Бояд қайд намуд, ки хироҷи роҳ дар Ӯзбекистон барои мошинҳои мо 300 доллар буд, дар ҷумҳурии мо бошад ин хироҷ барои нақлиёти боркаши кишвари ҳамсоя 260 долларро ташкил медод. Мувофиқа карда шуд, ки минбаъд хироҷи роҳ барои мошинҳои бо 10 тонна бор ҳаракаткунанда 100 доллар, то 20 тонна 150 доллар ва зиёда аз 20 тонна 200 доллар муайян карда шавад. Илова бар ин, пештар, вақте ки нақлиёт аз ҳудуди Ӯзбекистон ба тариқи “транзит” мегузашт, агар аз 3 рӯз зиёд меистод, ба ҳар 1 рӯзаш 70-долларӣ зам мекарданд. Аз мо бошад, 15 рӯзро дар бар мегирифт ва ин ҳам аз байн бардошта шуд, таъкид намуд Х. Худоёрзода.


Панҷшанбе, 19 Июл 2018 13:44


Санаи 17.07.2018 дар бинои асосии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ректори ДМТ, муҳтарам Маҳмадюсуф Имомзода дар оғози нишаст аз дастовардҳои ин Донишгоҳи воқеан ҳам бонуфузи кишвар ёд оварда гуфт, ки «Дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ 3256 адад компютер ва дар синфхонаҳои таълимӣ 145 адад тахтаи электронӣ, 180 адад видеопроектор, 523 адад принтери бисёрфунксионалии лазерӣ ва 13 адад сканер насб шудааст, ки барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ ва методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонанд…».
Имомзода дар идома перомуни фаъолияти таълимӣ дар ДМТ афзуд, ки моҳи марти соли ҷорӣ бо сарпарастии молии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати пайвасти ноқилҳои хатти интернетии Wi-Fi дар «Шаҳраки донишҷӯён» $396.000 ҷудо карда шуда, корҳои васлкуниро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуавей» ба роҳ монд. Хатти интернет дар 11 нуқтаи беруна ва 15 нуқтаи дохила пайваст гардид, ки қисми зиёди биноҳои таълимии Шаҳракро фаро гирифт.
Мавсуф дар бахши корҳои илмию таҳқиқотӣ ва диссертатсия гуфт, ки «дар 10 Шӯрои миллии диссертатсионии назди ДМТ 38 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ дифоъ карда шуд. Аз ин шумора, 24 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ навишта шудааст. Дар 7 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия 29 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ дифоъ карда шуд…».
Дар ҳамин маврид Маҳмадюсуф Имомзода оид ба фошкориҳои ахири сайти интернетии Диссернети Русия ва вокуниш нишон надодани ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки «амали диссернет ҳадафмандона аст. Аз сӯи дигар интернет майдонест, ки он ҷо сиёҳ ҳам ҳаст, сафед ҳам, таҳқир ҳам ҳаст, таъриф ҳаст, сухани қабеҳу дашном низ. Ҳар кас ҳар чӣ хоҳад гуфтан мегирад. Аммо ҳар кас бояд ҳарфи худашро гӯяд ва ба ин мутахассисон бояд вокуниш нишон бидиҳанд. Дар ДМТ, дар бахши илм ва инноватсия беҳтарин мутахассисон фаъолият доранд ва метавонанд, ба ин масъала рӯшанӣ андозанд. Ин мавзӯи сӯҳбати илмӣ ва баҳси илмӣ ҳам нест…».

Хабарнигори мо

саҳ 5 аз 15

Китобҳо

Flag Counter