ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 26 Июл 2018 18:47


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Мо-бошандагони кӯчаҳои Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 ҳафта ин ҷониб оби нӯшокӣ надорем. Кӯча ва маҳаллаҳои поёнӣ об доранд ва фикр мекунам, дар кӯчаҳои мо аз сабаби баландӣ бошад, об намебарояд. Ё об ба мо намерасад, ё мо ба об! Аз масъулини ноҳия хоҳиш дорам, ки мушкили беобии моро дида бароянд. Зеро дар вақти зарурат (барои чойҷӯшонӣ, косаву ҷомашӯӣ…) обро дар зарфҳои пластикӣ аз кӯчаҳои поён кашида меорем… Дар кӯчаҳои поёнӣ бошад об фаровон, бебаркаш ва исрофкорона аз чумакҳо рехтан доранд.

Раъно,
н.И.Сомонӣ, кӯчаи Анзоб, тел: 93 704 16 76

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 18:44


Дар ҷамоати деҳоти Мискинободи н.Файзобод 5 ошхона-чойхона ҷойгир аст, аммо соҳибонаш аслан талаботи хизматрасонӣ ва қоидаҳои санитарӣ-гигиениро риоя намекунанд! Рӯзи 8.06.2018 ҳолати хизматрасонии ресторани Мирзоалӣ Болтуевро соати 6-и бегоҳ дидан кардам. Дар ҷои хӯрокпазҳо 2 тан пешхизмату ошпаз бе хилъати корию дафтарчаи санитарӣ бо 3 марди хитоӣ суҳбат мекарданд. Ҳамин ки шаҳодатномаи рӯзноманигориамро нишон додам, 3 марди хитоӣ гурехта, дар ким-куҷое руст шуданд. Ба сарошпаз гуфтам, ки чаро одамони бегона ва бахусус, хитоиҳоро ба ҷои ошпазӣ роҳ медиҳед? Ошпазу пешхизмат ба ҳар баҳона худро сафед карданӣ шуданд.
Ба ошхонаи Саидалӣ Саидов, ки дар паҳлӯи почтаи деҳаи Мискинобод ҷойгир аст, омадам. Атрофи ошхонаро партову ахлотпора печидааст. Дар ошхона 2 нафар ошпазу пешхизмат бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, дафтарчаи санитарӣ ба мардум хизмат мерасонданд. Хӯрокҳояшон ба талаботи истеъмолкунандагон ҷавобгӯ набуда, нарху навои онҳо 2 баробар қиматанд.
Ошхонаи Бой Зайниддинов, дар бозори «Истиқлол» бо садои баланди мусиқӣ мардуми бозориро асабӣ мекарду кӯрпачаю зарфҳои таъомхӯрияш ба ҳадде ифлос, ки ту гӯӣ 7 қабат шира часпида бошад. Дар қабати 2-юми мағозаи Ғаюрбег Улфатов низ ошхона ҳаст. Ин ҷо ҳам 2 пешхизмат бе хилъати корию дафтарчаи санитарӣ ба аҳли тановул хизмат мерасонданд…

Ҳокими Сафар,
н.Файзобод

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 18:41

Марзи миллӣ-1

Чоршанбе, 25 Июл 2018 18:27


Барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи кишвар имсол аз рӯи маълумоти вазорати маориф ва илми мамлакат 1246 квотаи президентӣ ҷудо карда шудааст. Аз ин теъдод 608 квота барои писарон ҷудо шуда, барои ноҳияҳои дурдасти мамлакат, аз он ҷумла барои н.Мурғоб 100 адад квота ва барои минтақаи Язғулом 40 адад квота пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигорон муовини якуми вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев итиллоъ дод.
Чуноне ки Раҳматулло Мирбобоев зикр намуд, ҳамчунин 100 квотаи президентӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва 50 квота барои диаспораҳои Тоҷик дар шаҳру вилоятҳои Россия ҷудо гардидааст.

Чоршанбе, 25 Июл 2018 18:24


Рамазон Раҳимзода хост парвандаи ҷиноятии куштори Ҳувайдо таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта шавад. 
Дар робита ба ҳодисаи куштори тифли Тоҷик Ҳувайдо Тиллозода вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор барқия ирсол намуд.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ расида, оид ба куштори ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Москва, рӯзи 23 июли соли равон аз ҷониби Сарраёсати Кумитаи тафтишотӣ оид ба вилояти Москва аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 105 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия оғоз гардидааст. Дар ин самт чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ВКД Федератсияи Россия идома доранд.

Чоршанбе, 25 Июл 2018 18:21


 Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло дар нишастӣ матбуоти афзуд, ки дар 6 моҳи соли 2018 1008 парвандаи ҷиноӣ нисбати 1196 оѓоз гардида, ба додгоҳ фиристонида шуд.
Прокурор афзуд, ки 328 парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, таҳлили амалияи ҷазодиҳӣ нишон дод, ки ба ҷазоҳои маҳрум аз озодӣ 424 нафар, ба корҳои ислоҳӣ 106 нафар, ҷарима 377 нафар, корҳои ҳатмӣ 67 нафар ашхос кашида шудаанд. Ҷиноятсодиркунии ноболиѓон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 130 (58)-ро ташкил медиҳад.
 Чун солҳои қаблӣ бештар аз ҳама ҷинояти дуздии амволи ѓайр 98 (41) адад, авбошӣ 10 адад, ѓоратгарӣ 1 адад, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта 1 адад, расондани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ  2 адад ва 15 ҳолати боқимонда дигар намуди ҷиноятҳоро ташкил медиҳанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, 25 Июл 2018 18:17


   Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки ширкати чинии «Хэнан Чжун», сармоягузори корхонаи  «Нуриёи Осиё» (собиқ “Тоҷик Азот”)-и шаҳри Левакант, пешина Сарбанд, ки истеҳсоли карбамидро роҳандозӣ мекунад, мебошад. Ин ширкати чинӣ  аз аввали соли ҷорӣ бояд кор шурӯъ мекард, мутаассуф то ҳол шурӯъ накардааст. Роҳбарияти ин ширкати чинӣ ваъдаи доданд, ки  аз моҳи августи соли равон ин корхона ба фаъолият шурӯъ мекунад.
   Ба гуфтаи Давлатшо Гулмаҳмадзода, ҳукумати вилоят барои чораҷӯӣ нисбати сармоягузорон салоҳият надошта, ба ин масъала бояд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ машғул шавад, зеро онҳо ин сармоягузорро интихоб кардаанд. Раиси вилоят қайд кард, ки Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дастур додааст, ки агар моҳи август дар корхонаи мазкур истеҳсолот ба роҳ монда нашавад, шартнома якҷониба бекор шуда, бо дигар сармоягузор шартнома баста хоҳад шуд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, 25 Июл 2018 11:44


Вазорати корҷои хориҷии ҶТ дар робита ба куштори Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки 5-солаи Тоҷик дар шаҷри Серпуховои вилояти Маскав, ки 22.07.2018 рух дод, ба Вазорати корҷои хориҷии ФР ёддошт фиристод. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти марбутаи Федератсияи Россия даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҷшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ѓайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.
 Дар ёддошти мазкур аз ҷумла гуфта мешавад, ки куштори  ваҳшиёнаи  шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод,  боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид. Инчунин, зикр карда шуд, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи Россия то аноҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.

саҳ 4 аз 15

Китобҳо

Flag Counter