ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 19 Июл 2018 13:42


ШСХК «Барқи тоҷик» ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намудааст, ки нархи истифодаи қувваи барқро дар кишвар боло бардорад. Агар ҳукумати мамлакат ин дархостро қабул намоянд, он гоҳ нархи 1 киловатт қувваи барқ барои аҳолӣ 19,37 дирамро ташкил хоҳад дод.
Бино ба итиллои аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири СССР расида, вобаста ба ин дархост комиссия махсус ташкил карда шуда, ин пешниҳод айни замон дар ҳоли баррасист. Агар ин пешниҳод қабул гардад, он гоҳ нархи қувваи барқ дар кишвар барои истеъмолкунандагон дар тӯли 1 моҳи оянда 15% қимат мешавад.

Панҷшанбе, 19 Июл 2018 13:37


Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар натиҷаи селфароӣ ба роҳҳои автомобилгарди байналмилалии кишвар дар моҳи майи соли ҷорӣ ба 36,2 км. роҳ, 14 адад пул бо дарозии 215 м ва 9 адад қубур бо дарозии 84 м ба маблағи умумии 7 миллиону 454 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст.
 Чуноне ки вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр Завқибек дар нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти вазорати номбурда дар нимсолаи 1-уми соли 2018 хабар дод, зарари бештар ба роҳҳои Душанбе-Қулма (мавзеи Яхчипун), Бохтар-Данғара (мавзеи Саргазон), Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ (км.ҳои 80, 102, ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ҷайҳун) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Бохтар-Дӯстӣ-Панҷи Поён ва роҳҳои ҷумҳуриявии Ш.Шоҳин, Фархор, Данғара, Ҷомӣ, Хуросон, Вахш, Балхӣ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҷ.Расулов, Деваштиҷ, шаҳрҳои Панҷакент ва Ваҳдат расонида шудааст.

Панҷшанбе, 19 Июл 2018 08:52


Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа (марҳилаи 1)" ба маблағи умумилоиҳавии 96,38 миллион доллари ИМА идома дошта, ба ҳолати 1.07.2018 15,367 миллион доллари ИМА аз худ шуда, 16% маблағҳои умумиро ташкил менамояд.
 Бино ба итиллои вазири нақлиёти ҶТ Худоёрзода Худоёр Завқибек, дар нимсолаи 1-уми соли ҷорӣ корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ дар лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ сохтмони 18 адад пулҳо дар ноҳияҳои ВМБК ба маблағи 20 миллион доллари ИМА идома дошта, лоиҳаи “Барқарорсозии қитъаи 347-уми роҳи автомобилгарди Душанбе Қулма мавзеи Ширговади н.Дарвоз ба маблағи 1,5 миллион доллари арикоӣ, ки дар офати табиӣ зарар дидааст, ба анҷом расид.
 Бояд қайд намоям, ки роҳи мошингарди Душанбе Қӯрғонтеппа, ки айни замон таҷдидаш оғоз шудааст, бо имконоти муосир бунёд гашта, дар он гузаргоҳи зеризаминӣ, гузаргоҳи махсус барои гузаронидани чорво, нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз он ҷумла ҳоҷатхонаҳо сохта мешаванд,- гуфт вазири нақлиёти ҶТ.

Чоршанбе, 18 Июл 2018 18:21


Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров дар сӯҳбат бо ТВ "Россия 24" гуфт, ки сабти расмии никоҳ бо ҳадафҳои ғаразнок роҳандозӣ шуд: "ЗАГС чӣ даркор? Ба ин хотир, ки вақте онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, молу мулкро тақсим кунанд. ЗАГС ин қадами аввал ба сӯи хароб кардани оила аст. Худованд ба мард иҷозат додааст, ки 4 зан дошта бошад. Бисёрзанӣ хуб аст, доштани маъшуқаи зиёд – бад!»

Чоршанбе, 18 Июл 2018 18:19


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-президенти Туркманистон дар 1 тағйироти навбатии кадрӣ якбора 3 муовини сарвазири кишварро иваз кард. Ҳамчунин ба раисони 5 вилоят танбеҳ эълон дод. Президент аз фаъолияти мансабдорон изҳори норозигӣ ва онҳоро дар иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ва роҳ додан ба камбудиҳо айбдор кард.

Чоршанбе, 18 Июл 2018 18:16


Мақомоти Қазоқистон зидди баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои Алмаато ва Остона шуданд. 1 рӯз пеш мақомоти қудратӣ аз созмони «Интихоботи демократии Қазоқистон» хоста буд, ки ба ин тазоҳурот бе иҷозат нараванд. Қаблан созмони мазкур аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба тазоҳуроти “Таълими бе пул” бароянд. Ин созмон аз тарафи Мухтор Аблязов-мухолифи Нурсултон Назарбоев-президенти ин кишвар ташкил шудааст. Худи Аблязов аз с.2009 то ҳол дар хориҷа зиндагӣ мекунад.

Чоршанбе, 18 Июл 2018 18:12


Дар ҳамин маврид расонаҳои хориҷӣ ва тоблуҳои футболӣ чандин бор акси 1 Тоҷикеро нашр карданд, ки дар сар тоқии чоргула бо ришу фаши сафеди дароз аз ин ё он даста мухлисӣ мекард. Маълум гардид, ки ин нафар Бобоназар Сайидмуртазои ховалингӣ будааст, ки даҳҳо ҳазор рубл харҷ карда, 3 бозиро дидааст. Сайидмуртазо аз мухлисони ашаддии Равшани Кӯлоб буда, қариб ҳама бозиҳои ин дастаро мухлисӣ мекард.
Бобоназаров Сайидмуртазо Субҳонқулович 28.12.1968 дар ноҳияи Ховалинги вил.Кӯлоб, дар деҳаи Ҷаҳонбахт ба дунё омадааст. Рӯзҳои 23-ум, 26-ум ва 30-уми июн дар бозии Олмон-Шветсия, Австралия-Перу ва Португалия-Уругвай дар шаҳри Сочии Русия мухлисӣ кардааст. Ӯ ба ҳар бозӣ бо 9600 рубл дар ҷамъ 28.800 рубл дода, билет харидорӣ намудааст. Ин мухлиси Тоҷик ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст:
"Расму усули тоҷикиамро ба мухлисон ва ҷаҳониён нишон додам. Тоқӣ ва риш маро бисёр мавриди таваҷҷуҳи мухлисони хориҷӣ мекард. Дар варзишгоҳ наворбардорӣ аз ҷониби ФИФА мешудааст. Ман бехабар дар телевизионҳо омадам. Пас аз тамошои ман аз хонадон ба ман тамос гирифта гуфтанд, «отаҷон, Шуморо дар телевизион дидем!» Мухлисони хориҷӣ низ бисёр ба ман мутаваҷҷеҳ мешуданд, бо забони инглисӣ ва русӣ мепурсиданд, ки «Шумо аз куҷо ҳастед» ва ман мегуфтам аз Тоҷикистон ва банда мухлисони хориҷиро ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба Тоҷикистони азиз даъват менамудам"…

М. Мубориз
Махсус барои СССР

Чоршанбе, 18 Июл 2018 18:00

саҳ 6 аз 15

Китобҳо

Flag Counter