ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 26 Июл 2018 19:42

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 19:30

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 19:16

 

Ахиран дар деҳаи Харангони н.Варзоб муллоеро боздошт карданд, ки бо сеҳру ҷоду тавони «депорт» кардани мардумро аз Русия ба Тоҷикистон доштааст! Яъне миссияи ФМС-ро иҷро мекардааст…

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 19:09

"Гуфтугӯ дар танҳоӣ"
22.07.1989 дар Тоҷикистон "Қонуни забон" қабул шуд. Тибқи ин Қонун забони тоҷикӣ забони давлатии РСС Тоҷикистон эълон карда шуд. Ин қонунро шояд аз ҳама қонуни машҳури РСС Тоҷикистон мешавад муаррифӣ кард. Дар қалби кишвари шӯравӣ тоҷикон яке аз аввалинҳо шуда, ба фарҳанги миллии худ рӯ оварданд. Албатта, эҳёи ин фарҳанг роҳи тӯлонӣ дошт. Баъзе аз муаррихин оғози ин равандро ба солҳои 1960 ва бо ба сари қудрат омадани Турсунбой Улҷабоев рабт медиҳанд. Улҷабоев 5 сол ба Тоҷикистони шӯравӣ роҳбарӣ кард ва бо чанд тан аз ҳаммаслакони наздикаш, тавассути Хрушев аз вазифа сабукдӯш шуд. Ӯ воқеъан барои ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон хизмати зиёд кардааст. Дар асл тамоми дастовардҳои РСС Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли барқ маҳз дар давраи ӯ тарроҳӣ ва баъдан тавассути роҳбарияти баъдӣ амалӣ шуданд. Улҷабоевро дар шакли бисёр таҳқиромез аз вазифа сабукдӯш карданд ва ин сиёсати ҳукумати баъдиро тағйир дод. Ҷаббор Расулов, ки Улҷабоевро ҷойгузин кард, ба андешаи муаррихин шахси бисёр ростқавл ва хоксор буд, лек танҳо иҷрокунандаи фармони Маскав буд ва аз худ ҳеҷ истиқлоле намоиш намедод.

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 19:04


18.07.1921. Ҳукумати Русия аз тамоми кишварҳои хориҷӣ даъват кард, ки ба мардуми гуруснаи Поволже кумак кунанд. Ин аввалин дархости болшевикон барои ёрӣ аз кишварҳои капиталистӣ буд. Сабаби асосии гуруснагӣ дар навоҳии соҳили Волга ҷанги шаҳрвандии Русия буд. Дар натиҷаи ҷанг аз ҳама бештар навоҳии назди Волга зарар дид ва гуруснагӣ 35 губернияи Русияро печид. Теъдоди умумии мардуме, ки аз гуруснагӣ азият мекашиданд 40 млн нафар буд. Дар натиҷаи гуруснагӣ зиёда аз 5 млн одам ба ҳалокат расиданд.

18.07.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин мусобиқаи Ҷоми СССР оид ба футбол баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 94 дастаи футбол ширкат варзид ва пирӯзиро дастаи Локомотиви Маскав ба даст овард. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони Локомотив бо дастаи Динамои Тбилисӣ вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 бар футболбозони гурҷӣ пирӯз шуданд.

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 18:59


Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ёвон мақолаи «Кӯдаконро аз пулғундорӣ озод кунед»-и сокини деҳаи Гулибодом н.Ёвон З.Ҳусейнов (СССР, 30.05.2018, №22(507)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Нуқтаи назари ифшокардаи муаллиф мақоли «кохи кӯҳнаро бод кардан»-ро дошта, асли воқеӣ надорад ва аз ҳангомаҷӯиҳо холӣ нест, зеро буҷаи маҳаллӣ, ки зиёда аз 58 млн. сомониро ташкил медиҳад, қисмати зиёдаш ба соҳаи маориф бахшида шуда, он қодир аст моҳ ба моҳ маоши омӯзгоронро пардохт ва нақшаҳои барномавиро пурра маблағгузорӣ кунад. Бобати сохтмони синфхонаҳо аз ҳисоби маблағгузории волидайн, хуб мебуд, ки муаллиф бо муқаррароти банди 1-и моддаи 63-11 Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» аз наздик шинос мегардид. Бобати ҷалби хонандагон дар чорабиниҳои ҷашнӣ бояд гуфт, ки мутобиқи талаботи банди 9 моддаи 25 Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» ва тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 16.04.2018, №06/1-389 иштироки хонандагон дар тадбирҳои ҷашнӣ ва тамринҳои омодагӣ танҳо бо иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф фориғ аз дарсҳо ба роҳ монда мешавад.

Шуъбаи маорифи н.Ёвон

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 18:58


Узви Ихвон-ал-СССР, муаллим Бахтиёр Мирзоев, сокини ноҳияи Сино (тел: 93 581 20 46) дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки аз болои ронандагони гарданшаху қайсар шикоят дорам. Тавре ба мо маълум, Ҳукумати шаҳри Душанбе чанд моҳе пештар фармоне содир кард, ки бояд мӯсафедони пойтахт аз 70-сола боло дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ройгон бигарданд ва барои ин ба мо ҳуҷҷати махсус ҳам доданд. Аммо чаро бархе аз ронандагон Қарори Ҳукумати шаҳрро писанд намекунанд? Барои мисол, дар хатсайри мусофиркашии №15, ду ронандаи нақлиёт (рақами қайди давлатиаш 6222тт05 ва дигаре 9990тт05) ва дар хатсайри №19 бошад ронандаи нақлиёти мусофиркаш (таҳти рақами 9610тт01) аз пеши худ «қарор»-и шахсӣ бароварда, аз мӯсафедон пул мегиранду ҳуҷҷати моро нигоҳ ҳам намекунанд ва бо ғазаб мегӯяд, ки «мошини мо шахсӣ аст, ба мо фарқе надорад! Ба куҷое мехоҳӣ арз кардан гир!»

Панҷшанбе, 26 Июл 2018 18:54


Узви Ихвон-ал-СССР, Аҳмадҷон Раҳимов, сокини пойтахт (тел: 93 525 44 42) дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки 1 вақтҳо дар газетаи СССР Азизаи Нурулло гуфтанӣ ҳуқуқшиноси ҷавон кор мекард ва ба мушкилоти ҳуқуқии мардум маслиҳатҳо медод. Ҳоло ӯ куҷо шуд, ки дигар на акс ва на ягон матлабашро дар СССР намехонем? Азиза воқеан ҳам духтари босавод буд ва дар ин синну сол машварати ҳуқуқӣ додан кори осоне нест… Акнун шумо пурсед, ки барои чӣ якбора Азизаро суроғ кардам, зеро 3 саволи ҳуқуқӣ дорам ва аминам, ки ягон ҳуқуқшиноси савобгир посухам мегардонад:
1.Рухсатии меҳнатӣ аслан ва дар доираи қонуну қоида чанд рӯз аст?
2.Кадом кормандони давлатӣ имтиёз доранд?
3.Собиқаҳои корӣ имрӯз вуҷуд доранд, ё не?

саҳ 3 аз 15

Китобҳо

Flag Counter