ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:18


Прокуратураи ш.Бохтар мақолаи Мирзоева Саодат-«Ҳоли табоҳи Қӯрғонтеппаро бубин» (СССР, №20(505) мавриди баррасӣ қарор дода, муайян намуд, ки меҳмонхонаи Қӯрғонтеппа воқеъ дар ш.Бохтар с.1983 сохта шуда, аз 7 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи 1 ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурияти меҳмонхона, дар дигар ошёнаҳо ҳуҷраҳо барои истиқомати меҳмонон ҷойгиранд. Меҳмонхона дар асоси музояда ҳанӯз 5.10.1998, аз ҷониби шаҳрванд Файзуллоев Маҳмадсаид бо тамоми амволаш харида, тибқи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ хусусӣ гардонида шудааст. С.2008 аз ҷониби ӯ ба бародараш Файзуллоев Нусратулло ҳадя шуда, ҳуҷҷатҳояш дар идораи нотариалии ш.Қӯрғонтеппа (Бохтар) аз 7.01.2008 дар феҳристи таҳти №1Д-26 тариқи расмӣ ба қайд гирифта шудааст. Меҳмонхона дорои сертификати ҳуқуқи истифодабарии дараҷаи А таҳти №022600 буда, тибқи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 16.11.2009 дар нозироти андоз ба қайд гирифта шудааст. Он ҳамзамон бо шаҳодатномаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия, нозироти савдо ва хулосаҳои санитарию эпидемологӣ, инчунин мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор таъмин аст. Аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Файзуллоев-соҳибмулки меҳмонхона, аз с.2008 то инҷониб маблағи умумии 400.000 сомонӣ, аз ҷумла, барои таъмири болопӯши бино, қисми берунаи бино (фасад) ва ошёнаи 1-и он ҷудо шудааст. Ҳолати мушкилоти ҷойдошта шаҳодати он аст, ки масъулини соҳаи сайёҳӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба талаботҳои барнома ба соҳибмулк дар сатҳи зарурӣ ба роҳ нагузоштаанд. Ба унвонии раиси ш.Бохтар баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда пешниҳод ирсол карда шуд.

Нусратзода И.
прокурори ш.Бохтар, мушовири адлияи дараҷаи 2

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:15


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, донишҷӯ Ганҷина Мирзоалиева, аз ноҳияи Ҳамадонӣ дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, насиб карда бошад, чанд ҳафта баъд маъракаи қабули наваскарон ба Артиш оғоз мешавад, вале ҳоло ҳам ҷавонон аз хизмат дар гурезанд ва «дурӯғакӣ» ҳуҷҷати «негодный» ҳам мегиранд. Магар шарм намедоранд, ки худро «негодный» мебароранд? Шаттаи армия касеро накуштааст. Падару модари Тоҷик розӣ аст, ки фарзандаш дар Русия зери пои русу дигар миллатҳоро тоза кунад, вале барои чӣ намехоҳад, ки қарзи фарзандиашро ба ҷо орад? Агар ҷавонони мо нангу ғурури мардонагӣ ва ҳисси ватандӯстии худро аз даст дода бошанд, пас чӣ тавр посбони оилаи худ мешаванд? Ман аз ҳамсолони худ хоҳиш дорам, ки ба ҷавонони «негодный» шавҳар накунанд. Агар тарсу бошанд, бигзор ба ҷои онҳо мо-ҷавондухтарон хизмати ватанро ба ҷо орем. Мо дар лаҳзаҳои сахту сангин аз ҳимояи ватан ҳич гоҳ сар наметобем ва омодаем дар ин роҳ ҷон супорем, чунки Мо Метавонем! Хоҳиш дорам, ҳамин андешаи маро чоп кунед, то бихонанду каме ҳам бошад дар бораи ҷасорату ватандӯстӣ андеша кунанд!

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:12


Хонандаи доимии газетаи мардумии СССР Мирзосаид Ёқубов-корманди Идораҳои буҷавии ноҳияи Ховалинг (тел: 83317 2 03 81) дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман 1 шикоят дорам ва ин аслан дарди кулли обуначиёни Ховалинг аст: То ҳол дар ноҳияи Ховалинг дар ҷамъ аз 100 нафар бештар ба газетаи серхонандатарини СССР обуна шудаанд, аммо аз моҳи январ то имрӯз ягон дона ҳам СССРро дар даст нагирифтаанд! Охир, вақте ба газетае обунае мешавию онро 1-2 моҳ пас ба даст мегирӣ, дигар он ба чӣ лозим мешавад? Ин бо айби кист???
Аз СССР: Газетаҳои шумо дар дасти апаи Гулчеҳра Фозилова-умдафуруши мост. Аммо мо роҳу воситаи ба Ховалинг расониданашро намедонем. Шояд бо почта муроҷиат кунед ва ё фурушандагони газета дар водии Кӯлоб, ки ҳаққи шуморо расонанд. Марҳамат, биёеду бигиреду баред. Мо метавонем!

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 10:38


Салом, СССР! Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо барои пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ роҳбарон ва тамоми ташкилоту идораҳои ш.Бохтар шабу рӯз меҳнат карда истодаанд. Қариб ҳама кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр асфалтпӯш шудан доранд! Атрофи шаҳр фарох ва хонаҳои баландошёна низ зиёд шуда истодааст. Ин хушбахтиву хушнудии Бохтариҳост! Айни замон барои кушоду васеъ кардани чорроҳаи калони маркази шаҳр ва бо мӯҳлат супоридан роҳбарон ва ташкилоту идораҳои шаҳр корро авҷ додаанд. Қайд кардан лозим аст, ки дар баъзе давлатҳои ҷаҳон дар ҳар коре нақша мегузоранд, яъне барои корҳои сохтмонӣ, саноатӣ, хоҷагидорӣ 50-100 то 200 соли ояндаро дида мебароянд ва баъдан корро оғоз мекунанд. Таклиф дорам, ки масъалаи хатсайри автобусу троллейбусҳоро низ масъулин дида бароянд!


Раҳмоналӣ Буттаев,
мухбири мардумии СССР, ш.Бохтар, тел: 919 78 88 39

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 10:34


Ҳафтае пеш ба маркази хизматрасонии ширкати мобилии «Мегафон» баҳри харидани симкорт даромада, нархи симкорти оддиро шунида, дар ҳайрат мондам! 1 симкорти оддӣ аз 30 то 50 сомонист! Симкартаи интернетӣ бошад 240 сомонӣ!!! Дар баробари ман даҳҳо муштарии Мегафон шикоят доранд, ки вақте дар симкорт интернетро пайваст менамоӣ, Мегафон барои истифода бурдани интернет 30 ё 100 сомонӣ ҳармоҳа маблағ ҷудо намуда, аз ҳисоби муштариёнаш пул меситонад ва агар имконияти супурдани маблағи ҳармоҳа надошта бошанд, алоқаи симкорт пурра ё муваққат хомӯш мегардад! Ин ҳам боиси ташвиши мизоҷон шудааст! Болои ин, муштариён шикоят доранд, 1 ҳафта боз 3-4 маротиба, ҳар рӯз Мегафон интернетро қатъ мекунад, ки дар натиҷа мегабайтҳое, ки бо арзиши 50 сомонӣ ба телефони худ мегиранд, «месӯзад». Фикр мекунам, Мегафон осон муштариёни худро фиреб намуда, мақсадаш пул кор кардан аст!

ОМИРОНА ДОСТИЕВА,
КОРОМӯЗИ СССР

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 10:29


Шарофиддин Гадоев-яке аз чеҳраҳои калидӣ ва раҳбари Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон баргашт. Гадоев зимнан, ба масале «дасти рости Кабирӣ» дар ПМТ-Паймони Миллии Тоҷикистон буд. Дасташро аз даст дод, Кабирӣ…
Баъди афв ва бахшиши Ш.Гадоев, шояд аксарияти оппозитсионерҳои аврупоии тоҷик, бе ҳеҷ тарсу воҳима баргарданд. Агар хоҳанд, албатта. Зеро таври маълум, Шарофиддин чун кӯлобии асил хуни гарм дошту дашному ҳақорату таҳдиде, ки ӯ мекард, шояд аъзои гурӯҳи ДИИШ ба ҳукумат накарда бошанд. Ба ҳар ҳол мо нашунидаем. Вале ҷавонмардии раҳбарияти давлати мо низ ҳамин аст, ки маҳз ана ҳамингуна оппозитсионери сарсахт ва сахтгӯро бахшид! Ӯро, ки бахшид, ҳамаро мебахшад!!!
Ҳалоли сиёсати воқеан ҳам хирадмандонаи Сарвари давлат бод, ки ҳатто дастур дод, тамомии «роҳгумзадаҳо»-ро ба ватан баргардонанд. Дигар монеае нест. Биёед, бачаҳо ва ватанатонро обод кунед! Ин бахшиши аввалу гумони ғолиб охир ҳам нест. 22 сол қабл ҳукумат оппозитсияи мусаллаҳро бахшида буд. Афроде афви кулл шуданд, ки миллати худро мекуштанд. Сулҳ 1 тараф асту бахшиши ҳукумат дигар тараф. Садҳо, ҳазорон дело хобонида шуд. Барои ҳар 2 ҷониби ҷанг…
Ҳиммати ҷавонмардӣ аз бахшиш сарчашма мегирад ва ин аст, ки афв ҳамеша дили мардумро ба ҳукумат, давлат ва ватанаш гарм мекунад. Дур намеравем, ҳамсоякишварҳоямон, фарзи мисол, ҷангиёну ҳаводорони ДИИШ-ро аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд. «Хас каму ҷаҳон пок!»-аз рӯи ин масал ҳамсояҳо кор мебаранд. Ҳафтаи равон бошад, кишварҳои демократитарини Аврупо нахостанд 800 ҷангии давлатҳои худро, ки Амрико дар Ироқу Сурия ҳабс кардааст, бозпас ба зиндонҳои хеш интиқол диҳанд: Хас каму ҷаҳон пок! Вале ҳукумати мо, ашаддитарин ҷангӣ ва сахтгӯтарин ҳарифашро низ бармегардонад. Фарқияти сиёсати Душанбеи расмиро аз дигар кишварҳои собиқ узви СССР ва Иттиҳоди Аврупо дарк кардед? Президенти мо воқеан ҳам уфув аст, бахшанда аст, ҷавонмард аст!!!
Ва аммо дар ин додуситад 1 муаммост, ки ҳаргиз ба ақли солим рост намеояд. Дар ҳоле, ки душманони идеологӣ, оппозитсионерҳои аврупоӣ, ҷангиён ва ҳатто бархе аз лидерону мубаллиғини ДИИШ баргаштаву афв мешаванд, чанд ҷавону пиру барнои Тоҷик, ки ягон хатои усулие накардаанд, танҳо барои ЛАЙК гузоштан зери матлаби ҳаминҳо…зиндониянд! Ин кор ба ақли солим рост намеояд. Ба фикри сирф фардии ман онҳоро низ бояд бахшид! Бовар кун, хонанда, миёни ин ЛАЙК-маҳбусон ягон хешу пайванд ва ҳатто шиноси ман нест. Аммо инҳо фарзандони ҳамин сарзаминанд. Барои 1 ЛАЙК набояд одам суд шавад. Маҳбас ҷои ислоҳи кор нест. Тӯли 4-5 соле, ки горе-прокурору горе-судяҳои мо ба ин бечораҳо додаанд, мутмаинан ишон фанату ҷинояткору душмани ин сарзамин мегарданд!!! Аз маҳбусони собиқ пурсед, ки вазъ дар зиндонҳо чигуна аст. Мубаллиғини экстремизм ҳатто дуздону майзадаву герчикҳоро ба сафи худ ҷалб кардан доранду ҷои «пахан зонаву авторитету брат»-ҳоро исломистон гирифтаанд ва гапашон «мегузарад»…
Ва аз ҳама охир, парлумоне, ки ЛАЙКро ҷиноят ҳисобидаву 10-15 сол ҳукмро тасдиқ кардааст, оё дарк намекунад, ки бо суд кардани 1 нафар тамомии аҳли байту хешу табори он «ЛАЙКӣ»-ро зидди сиёсати ҳукумати марказӣ мешӯронад? Ба назар мерасад ин парлумониҳо умуман аз дастовардҳои технологии интернет хабардор нестанд. Дар шабу рӯзе, ки чанд «хаккер» аз Сибири Русия ба интихоботи Амрико дахолат кардаву Трампро ҷои Ҳилларӣ Клинтон президент кардаанд (факти собитшуда!), фикр доранд, нафаре наметавонад аккаунти дилхоҳ депутатро бишканаду аз номаш ЛАЙК гузорад? Ещё как метавонад! Бо ин ЛАЙКсудкунӣ мабодо миллатро комилан ифротӣ эълон кунед, мисле, ки хориҷиҳо аз ташхиси сартосарии миллати Тоҷик барои СПИД тӯридаву намеоянд, ҳисоботи мақомот, ки дар 1 соли ахир 873 ҷинояти терроризм ва экстремизм содир шудаасту 1400 террористу экстремист дар тӯли ҳамагӣ 3 сол боздошт гардиду 1900 нафар тоҷикистонӣ ба ДИИШ гузаштаанд…магар бар имиҷи давлати мо, ки воқеан ҳам яке аз кишварҳои амнтарин аст, зиён намеорад? Ин ҳама кам буд, ки ЛАЙК низ суфуфи террористонро афзудан дорад. Ин омору ин қонуну қавоидро дида, ҳамон нидои Мимино аз кинофилми маъруф ёдам меояд, ки ба Мкртчян мегуфт:
-Думай, прежде чем говоришь!!!
Мо метавонем!

Душанбе, 25 Феврал 2019 18:32

 Субҳи имрӯз дар пайи 1 ҳодисаи нохуш дар майдони сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи ш.Душанбе 9 нафар сохтмончиён ҳангоми кор дар болои яке аз гумбазҳо аз баландӣ ба замин афтода, ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳамаи он нафароне, ки ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд, дарҳол ба Маркази миллии тиббии кишвар-шаҳраки «Шифобахш» фиристода ва бистарӣ карда шуданд. Сабабҳои ин ҳодиса таҳқиқ мешаванд.

Душанбе, 25 Феврал 2019 18:27


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуд.
 Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз 2 тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор-суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз-2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter