ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 22 Феврал 2019 14:32


Ҳамасола мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТро дар фазои сулҳу осоишта бо тантана ҷашн мегиранд. Раиси ш.Бохтар Исмоилзода Абдуалим ба ин муносибат собиқадорони ҶБВ, ҷанговарони башардӯст ва сарбозони шуҷои ватанро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вил.Хатлон Ҳакимзода Қурбон табрик намуд. Дар охири чорабинӣ шаҳрдор ҷавонони маркази вилоятро даъват кард, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта, хизмати модар-Ватанро бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Зеро хизмати ҳарбӣ ин мактаби шуҷоату мардонагист.

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 22 Феврал 2019 12:08


Парламенти Тоҷикистон дар иҷлосияи ахири худ (20.02.2019) протокол оид ба ворид кардани илова ба созишномаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи гузаргоҳҳои марзии давлатиро ба тасвиб расонд, ки тибқи он гузаргоҳи нави "Ҳисор-Боботоғ" ба унвони 13-умин гузаргоҳ миёни 2 кишвар мавриди истифода қарор мегирад. Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тарҳи протоколи гузаргоҳи мазкурро дар ҳузури вакилони мардумӣ муаррифӣ намуд. Тазаккур бояд дод, ки ин гузаргоҳ дар 60-километрии ғарби ш.Душанбе воқеъ аст ва н.Ҳисорро бо минтақаи Боботоғи вил.Сурхандарёи Узбекистон мепайвандад.

Ҷумъа, 22 Феврал 2019 12:03


Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи марбут ба ошӯби моҳи ноябр дар яке аз зиндонҳои Хуҷандро ба Суди олии Тоҷикистон фиристод. Ин парвандаи 30 зиндонии гумонбар дар ин ошӯб ҳанӯз дар миёнаҳои ҳафтаи гузашта ба суд ирсол шуда буд. Бояд гуфт, ки ин афрод ба ҷурмҳои мухталиф, аз ҷумла, "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "куштор", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ" ва "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат", гунаҳкор дониста мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки ин ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини №3/3-и ш.Хуҷанд, шаби 7 ба 8.11.2018 сар зад ва дар ин ҳодиса аз 2 тараф беш аз 20 нафар кушта шуданд.

Ҷумъа, 22 Феврал 2019 12:00


Дафтари матбуоти президенти ҶТ хабар додааст, халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд. Дафтари матбуоти президент гуфтааст, ки “Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд”.

Ҷумъа, 22 Феврал 2019 11:58


Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо тасвиби қарори вежа дар Душанбе Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе" ташкил додааст. Мақсад аз ташкили ин муассиса дастгирии соҳибкорон будааст. Шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ӯҳдадор шудааст, ки ҷиҳати таъин намудани директори Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе" ба раиси шаҳр таклиф пешниҳод намояд.

Ҷумъа, 22 Феврал 2019 09:53


(аз устура то дин)

Панҷшанбе, 21 Феврал 2019 11:58


   Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди ш.Душанбе 5827 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд.
   Аз ҷумла: бе рақами қайди давлатӣ-58 адад, идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ-6 адад, баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда-231 адад, истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт-151 адад, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо-20 адад, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт-20 адад, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ-155 адад, худсарона баромадан аз хати сайр-132 адад, азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ-107 адад ба қайд гирифта шудааст.
   Инчунин, ҳолатҳои вазъияти хавфнок-18 адад, аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон-376 адад, риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон-390 адад, ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд-35 адад, дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо-4513 адад.
   Дар баробари ин аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ш.Душанбе 11 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати қонуншиканон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.


Панҷшанбе, 21 Феврал 2019 11:26


   Собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Футболи Тоҷикистон, Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи “Кӯктош”-и н.Рӯдакӣ таъйин гардида дар ин вазифа Алиҷон Турдиназаровро иваз намуд. “Кӯктош” таҳти раҳбарии сармураббӣ Турдиназаров соли гузашта дар Лигаи олии Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуда, аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2018 “Беҳтарин мураббии Лигаи олии Тоҷикистон” эълон гашт.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Раҳматулло Фузайлови 40-сола 19.02.2019 расман ба вазифаи нави худ дар бошгоҳи «Кӯктош» оғоз кард. Даста рӯзи 20-уми феврал бо роҳбарии ӯ дар доираи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии ш.Ҳисор бо тими «Истиқлол»-и Душанбе, ки сармураббиаш бародари бузурги Раҳматулло - Ҳаким Фузайлов аст, рақобат кард. Бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 6:2 хотима ёфт.
Раҳматулло Фузайлов 16-уми сентябри соли 1978 дар ш. Бохтар ба дунё омадааст. Ӯ, ки аз оилаи маъруфи футболбозон Фузайловҳо мебошад, солҳои мухталиф ҳамчун ҳимоятгар дар дастаҳои “Ситора” (Душанбе), СКА “Помир” (Душанбе), “Динамо” (Душанбе), “Энергетик” (Душанбе), инчунин бошгоҳҳои Узбекистон - «Нефтчӣ» (Фарғона), «Бухоро» (Бухоро) ва «Самарқанд» (Самарқанд) - бозӣ кардааст. Вай аз соли 2000-ум дар бошгоҳҳои русиягии «Шинник» (Ярославл), «Алания» (Владикавказ), «Лада» (Толятти), «Носта» (Новотроитск) ва «Звезда» (Иркутск) ҳунарнамоӣ намудааст.
Аз соли 2007 дар ҳайати бошгоҳҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат варзидааст.
   Раҳматулло Фузайлов дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2010 ҳамагӣ 18 бозӣ карда, 2 гол задааст. Карйераи бозигариашро соли 2014 ба анҷом расонидааст. Ӯ дар ССКА «Помир»-и Душанбе ба ҳайси сармураббӣ, дар «Барқчӣ»-и Ҳисор ҳамчун мураббии калон ифои вазифа намуда, инчунин ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.


саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter