ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 06 Феврал 2019 17:01

    Дар ҷумҳурӣ  3869 муассисаи таҳсилоти рӯзона, аз ҷумла 332 муассисаи умумии ибтидоӣ, 467 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. Дар соли 2018 шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 20 адад ва умумии асосӣ 22 адад кам шуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 41 адад зиёд гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар хабар дод.

   Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 миллиону 980 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда, аз ҷумла 34 224 духтар зиёдтар мебошад. Дар соли 2018 дар муасссисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 229 452 нафар ба синфи 1 фаро гирифта шуда, синфи 11-ро 118 282 нафар хатм карданд.

СССР

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 13:21

 

 

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ФР зимни сафари кори хеш ба Бишкеку Душанбе гуфт, ширкатҳои мо омодагии худро барои пайвастан ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ, ки аз лиҳози энергетикӣ ҷолибанд, дар сурати манфиатдории кишварҳои дахлдор омода ҳастанд ба ин лоиҳаҳо ҳамроҳ шаванд.

CASA-1000 барои интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст ва сохтмонаш идома дорад. Тахминан 70% интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон аст. Мувофиқи созишномаи тарафайн дар чаҳорчӯбаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с қувваи барқ интиқол меёбад.

Лоиҳаи ТАПИ —  ин сохтмони хати лӯлаи гази  дарозиаш 1735 километр аз Туркманистон ба Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон бо иқтидори солонаи    33 млрд  метри мукааб газ  мебошад, ки бояд бо маблағи  $8 -10 млрд  бунёд шавад. 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 13:16

Барои ман даргузашти устоди бузургворам, муаррихи донишманд, журналисти варзида, профессори нуктасанҷ Абдусаттор Мухторов хеле дардовар ва аламангез буд. Дигар он хирадманди суҳбаторо нест, ки ҳар замон зангам мезад, то ба дидораш равам ё садояш мекардам, ки меоям. Аз миён чанд рӯз гузаштаву ҳанӯз ба худ наомадаам. Ҳамин ҳоло бештар эҳсос мекунам, ки ин шахси бароям бениҳоят азиз, падари маънавӣ, устоди гиромӣ ва дӯсти беҳтарин дар зиндагиам ҷойгоҳи арзанда ва хосеро сазовор будааст. Сидқан ва бо ифтихор мегӯям, ки ӯ бароям дар мақоми устодӣ дар ҳукми падар буд ва ба ман бешубҳа ҳаққи падарӣ дошт. Аз ин ҷост, ки симои беғубору нуронияш пеши назарам ва суханони дилнишинаш дар гӯшам садо медиҳанд:

-Ин писари якуми ман дар илм аст...

Ин ибораест, ки борҳо аз забони устод бо меҳр ва фахр садо медод, зеро воқеан шогирди нахустини ӯ дар соҳаи илм будам. Дар муносибат бо ӯ ҳамеша ҳидояти Шайх Саъдӣ: “Ҳаққи устод аз падар беш аст...”-ро мадди назар меовардам. Ӯ ҳам мисли падарам камгап буд. Ҳар 2 ҳавобаландиро намеписандиданд, хоксории аз ҳад фузун низ мақбулашон набуд. Ботинан 1 ғурур ва виқори ҷавонмардона доштанд. Ин ашхос пеши касе сар хам ва дасти тамаъ сӯи касе дароз намекунанд.

Намедонам, аз кадом хислатҳои ин марди наҷиб сухан гӯям. Ба андеша меравам, касе, ки аз падар 5-сола ятим мондааст, шояд қадри рӯзгору зиндагӣ, қадри умри одамиро медонист. Ҳеҷ гоҳ онро беҳуда намегузаронд. Ба касе бухле надошт. Ҳасодат намекард. Умуман, ҳирс ба моли дунё надошт, илло ба илм. Фарзандонро низ ҳамин гуна тарбият мекард. Аз ин ҷост, ки Фотеҳ падарро бо меҳр ба ёд меорад:

-Зимистони с.2002 буд. Моро ба деҳа ба ҷаноза хонданд. Бибиям даргузашта буд. Аввал бо падар ва модар бо тайёра то фурудгоҳи Хуҷанд омадем ва баъд савори мошин ба Шаҳристон раҳсипор шудем. Расидан замон гуфтанд, ки барфи зиёд роҳи ағбаро бастааст. Гузаштан ҳеҷ имкон надорад. Аз ними роҳ баргаштем. Дигар илоҷ набуд. Шаб дар н.Спитамен (собиқ Нов) мондему  катра-қатра ашк аз рухсори падар сарозер мешуд. Ҳарчанд мехостам, ҳарфе намеёфтам, ки тасаллояш диҳам... Пеши назараш бачагии пуразоби ятимӣ ҷилвагар мешуд. Охир, қиблагоҳ аз падар барвақт ятим монда буд. Замоне, ки гарму сардии зиндагӣ ночашида, хубиву бадиро сарфаҳм нарафта, падарро аз даст додан магар осон аст? Шояд он соат, ки ба ҷанозаи модар нарасид, боз он рӯзи шум ба ёдаш омад. Аз ин рӯ ба назар ҳузнангез менамуд...

 Рӯзи марги падари паҳлавонсураташ ҳавлии Мухтор мотамхона буд. Тамоми наздикону пайвандон гирёну сархам, модараш навҳакунон мӯю рӯ меканд, охир ӯ бо 2 тифли хурдсол танҳо монда буд. Абдусаттори кӯчак бо дӯстонаш-Очилу Раҷабалӣ ва дигар бачаҳои Некнот думболи тобут медавид, то ба ӯ низ аз маблағи хайрот насиба диҳанд. Намедонист, он насиба аз хайрот не, балки мӯҳри ятимии ӯст, ки ба дасташ мегирад. Модар бо чӣ ранҷу азоб барои ӯву додаракаш Мухторҷон пораи ноне дарёфт мекард. Ёд дорад, ки соли наҳс, соли шуми дуюми ҷанг дар ҳар хона гуруснагӣ буд. Чархаи ресандагиашро модар бо ним пуд гандум иваз ва хона омада, аз он каме гандумбирён кард. Дар интизори он гирди оташдони модар чашм аз дегу аз алов намеканд. Ҳайрон буд, ки чаро модар ҳар дам бо нӯги рӯймоли куҳнааш ашки чашмонашро тоза мекунад. Охир гандум ҳаст-ку. Дигар ӯву додараш гурусна намемонанд. Чӣ медонист, ки ин ним пуд гандум тайи чанд рӯз мерасад ва баъди он модарро боз чӣ ташвишҳое интизор аст...

Таърихшиноси ТОҶИК

Китобҳои зиёде доир ба таърихи халқу кишвар аз қабили “Таърихи халқи тоҷик”, “Сомониён: замон ва макон” ва даҳҳо асарҳои таърихии дигар таълиф намуд. Орзуҳояш дар даврони истиқлолият ҷомаи амал пӯшид... Устод ситоишро дӯст намедошт. Фарзандонро низ тавсифи зиёд намекард. Аз дастовардҳои онон ботинан шод мешуд, вале зоҳиран хомӯш буд. Лек марги бемаҳали ҷигарбандонаш қалбашро хунчакон намуд. Заррина якбора ба касалии бедавои саратон гирифтор шуду дар 21-солагӣ даргузашт. Писари хурдӣ-Шаҳбоз, ки аз айёми тифлӣ бистарӣ буд, умри дароз надид. Манижа бо 2 фарзандаш дар садамаи автомобилӣ фавтида, волидонро боз бештару бештар дар ҳасрат ва ғам андохт. Марги бемаҳали додари ягонаи устод Мухтор ба ин ғамҳо ғуссаи дигар зам намуд. Вале боз мусибати дигаре рух дод. Арӯси 1-солаи писараш Фирдавс-Макнуна ҳангоми зодани тифли нахуст бо ҷигарбанди хеш аз дунё гузашт. Марг боз ба лаби домони домодаш-шавҳари духтараш Фараҳноз гирифт ва ӯро низ рабуд. Ӯ ғами чун кӯҳро таҳаммул мекард. Фақат оҳи сард мекашид. Худ андуҳ дошту даруннокӣ ғусса мехӯрд, вале боз дар фикри ҳамсараш буд:

-Ба ӯ мушкил. Модар-дия. Ман берун аз хона, ба кори хеш андармон мешавам. Вале ӯ...

Устоде, ки устодонро мепарастид

Аминам, ки устод дар одамгарӣ ва рафоқат мактабе дошт, ки мо наздикон, шогирдону дӯстони ӯ бояд аз он омузем. Аз устодаш Зариф Раҷабов ҳамеша ба некӣ ёд мекард: “Ман падари хешро кам дар ёд дорам, Хоналӣ. Устод Зариф Раҷабов дар тарбияи ман чун падар ва ҳатто аз он бештар заҳмат кашидаанд. Аз чунин инсоне ба мисли ӯ мо на танҳо таърихро, балки одамият, инсонигарӣ, масъулиятшиносӣ, рафоқату саховат ва ҷавонмардӣ омӯхтем...”.

Устоди ман, Абдусаттори ҷавон, ки он айём мухбири “Комсомоли Тоҷикистон” буд, дар маҳфилҳое, ки устодаш З.Раҷаб баргузор мекард, бо шахсиятҳои бузурге мисли М.Турсунзода, Н.Маъсумӣ, Б.Раҳимзода ва С.Улуғзода ҳамхону ҳамнишин мешуд. Ҳатто ҳангоме ки устод Улуғзода бо баҳонаи хиёнати писараш Азиз азият кашида, ба фишори сахти идеологӣ рӯ ба рӯ шуд, пинҳонӣ аз дигарон, шабҳангом бо З.Раҷаб ба дидорбинии адиб мерафтанд. Ман аз ӯ маҳалгаро набуданро ёд гирифтам. Аз ин инсони оқил қаноату сабр, рафоқат ва расми дӯст гирифтанро омухтам. Ӯ инсоне буд, саропо бохирад, бомаърифат, босабру тоқат, олиҳиммат, бетамаъ. Ёдам ҳаст, вақте писараш Фаридун хост, қиблагоҳашро ба зиёрати Хонаи Худо фиристад, гуфт: “Он маблағро ба 3 нотавону нодор деҳ, писарам, савоби бештар мегирӣ...”.

Фарзанди шӯравӣ

Аз 10-солагӣ дар ятимхона бузург шуда, тарбияи шӯравӣ гирифта, ба қавле коммунисти яктану якрӯ гардид. Билети ҳизбиашро напартофт. “Ман 1 ҳизбу 1 рӯ, 1 дилу 1 забон дорам”-мегуфт устод. Воқеан ҳамин тавр буд. А.Мухторов инсоне буд саропо хираду маърифат ва сазовори зиндагии шоиста. Аз даргузашти Ӯ муддате гузашта бошад ҳам, матбуоти даврӣ ва расонаҳои хабарӣ дар бораи ӯ хотираҳои неки наздикону пайвандон ва шогирдони устодро пайваста нашр мекунанд, ки ба эшон барои қадрдонӣ 1 ҷаҳон сипос мегӯям. Ёдат ба хайр, рӯҳат шод, хонаи охиратат обод бодо, устоди азиз ва ҷавонмарди накуном!

 

Хоналӣ Қурбонзода,

доктори илмҳои таърих, 21.01.2019

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 13:07

 

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, паҳнкунандаи нашрияҳои даврии пойтахт Бозорбой Пӯлодов аз ноҳияи Данғара дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, масъалаи танзими нақлиёт дар ноҳияи мо ҳеҷ не, ки ҳалли худро биёбад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ ин кор андаке ба тартиб дароварда шудааст, вале дар ноҳияҳо ин вазъ ба ҷои беҳшавӣ рӯз ба рӯз батар шудан дорад. Масалан, ноҳияи Данғара назар ба шаҳри Кӯлобу навоҳии Восеъ, Ҳамадонию Фархор ба маркази ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе наздиктар аст, аммо роҳкиро аз замин то осмон фарқ мекунад: то Кӯлоб (200 км) роҳкиро 35-40 сомонӣ то Данғара (90 км) 40-50 сомонӣ!  Дар ҳудуди маркази н.Данғара бошад ронандагони таксӣ ба масофаи 2-3 км ё аз ин андаке дарозтар 2 сомонӣ ситонда истодаанд. Ҳол он ки нархи сӯзишворӣ дар ҳамин шабу рӯз чӣ қадар поён рафтааст. Масъулони танзим дар соҳаи нақлиёт ё дигар масъулон ба куҷо менигаранд??? Бовар кунед, ин масъулин то ҳол ҳич ба нафъи мардум кор накарданд, ки накарданд!!! Ин дар ҳолест, ки роҳкирои дохилиноҳивӣ дар иду маросим ба карат афзуда, дилхоҳ мусофирро асабӣ мекунанд! Дар ин мавзуъ садҳо бор бо шикоят занг задаву навиштаанд, аммо чаро ягон натиҷа нест???

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 13:03

Узви Ихвон-ал-СССР, Носир Абдураҳимов, ронандаи таксӣ дар хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ҳайронам, ки чаро баъзе фанатҳои динӣ аз калимаи «нор» қимобанд. Ҳол он, ки Нор, Сангу Сафол, Темуру Пӯлод… ба касе халал нарасонидааст, баръакс номҳои Ҳабибулло, Неъматулло, Раҳматулло дар замони ҷанги шаҳрвандӣ одамонро кофир ҳукм карданд. Муллоҳои навпайдо ин гапро аз куҷо ёфтанд, дар ҳайрат мемонӣ? Номҳои Сангу Сафолу Табар бо сабабе гузошта мешаванд. Занеро, ки 4-5 кӯдакаш намеистад, баъде писар, ки ёфт Сангимурод, Сангин, Темурбег, Таваралӣ… ном мегузорад, ба умеде, ки бо сабаби ҳамин ном умри фарзандаш дароз шавад!

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 12:57

 

Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР-Сайфулло Насриддинов-хонандаи мактаб аз деҳаи Яккатути ноҳияи Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, ки банда ҳоло барои дохил шудан ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон тайёрӣ дида истодаам. Шунидам, ки дохилшавӣ фақат тариқи имтиҳоноти тестӣ будааст. Ростӣ, вақте падарам дар бораи донишҷӯӣ аз замони шӯравӣ ба ман нақл кард, хело хурсанд шудам. Ва ба хулосае расидам, ки имтиҳону санҷишҳои тестӣ шахсро танбал мекунад. Яъне имтиҳонро дар назди муаллим тарзе супорем, ки муаллим заҳмати абитуриентро низ қадр кунад! Шояд ин фикри ман хато бошад, аммо ин назари ман аст!

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 12:54

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.А.Ҷомӣ номаи электронии бо номи «Мушовири маорифи А.Ҷомӣ кист?» (СССР, №42(572), 18.10.2018)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Бино бар норасоии кадр дар шуъбаи маориф шахсоне, ки номҳояшон дар номаи электронӣ сабт шудаанд, собиқаи зиёди омӯзгорӣ дошта, бар замми он ки ғайриихтисосанд, боз дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ донишҷӯянд. Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии А.Ҷомӣ барои минбаъд дар шуъбаи маорифи ноҳия роҳ надодан ба камбудиҳо тамоми чораҳои заруриро меандешад…

Мудир С.Нуруллоев

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 12:40

 

Дар шумораи гузаштаи СССР С.Сафарзода дар бораи камбудиҳои ДДҚ ба номи Н.Хисрав дуруст гуфта буд. Ман, ки донишҷӯи ДДҚ дар солҳои 1990-95 будам, мехоҳам баъзе камбудиҳои онро баён кунам. Бинои донишгоҳ ба талаботи вақт аз рӯзи аввали ташкилёбиаш ҷавобгӯ набуд. Ҳатто солҳои охир заминҳои атрофашро роҳбарони пешинааш ба мардум фурӯхтанд. 1 бинои калони 4-ошёнаи хобгоҳи донишҷӯён ва ошхонаву майдонҳои варзиширо солҳои 1994-97 полковник Маҳмуд Худойбердиев бо зӯр гирифта, ба штаби ҳарбии худ ҳамроҳ ва гирдашро пурра бо битон маҳкам карда, назди Донишгоҳро мисли тюрма намуда буд. Баъди фирори ӯ ва барҳам хӯрдани қисми ҳарбияш донишгоҳ бинову заминҳояшро кашида гирифт ва деворҳои бетонии Маҳмудро мисли Деворҳои Берлин канданд. Лек ректори онвақтаи Донишгоҳ бинои калони хобгоҳи 4-ошёнаро бо замини атрофаш ба дивизияи 201 фурӯхт. Ин аст, ки то ҳол қисми зиёди донишҷӯён аз набуди хобгоҳ дарбадаранд... Камбуди асосии дигар дар он аст, ки қисми дигари факултаҳои донишгоҳ дар маҳаллаи «Нихи» ҷойгир ва барои омӯзгор хело мушкил аст, рафта дарс додан. Хуллас, ин Донишгоҳ ягон соҳиби дилсӯз надорад, ки ғами омӯзгорону донишҷӯёнро бихӯрад. Ҳоло қисми сеюми биноро дар ҷои дигар сохтанианд, ки ба талаботи рӯз аслан ҷавобгӯ нест!

Асадуллои Бохтарӣ,

н.Кӯшониён

 

саҳ 11 аз 14

Китобҳо

Flag Counter