ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 04 Феврал 2019 15:21

   3.02.2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, Раҷабов Сироҷиддин Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 2002, хонандаи синфи 9-уми МТМУ рақами 90 н.Рӯдакӣ сокини ноҳияи мазкур, ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Қосимобод ба майдони машқгоҳи (полигони) Қисми ҳарбии 201-и Федератсияи Россия, воқеъ дар н. Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Лоҳур бо мақсади ҷамъоварӣ кардани оҳанпора рафтааст.
    Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, номбурда дар майдони мазкур тири кӯҳнаи гранатамёти пайдо кардаашро барои гирифтани қисмати оҳанпораи он бо санг зарба задааст, ки дар натиҷа таркиш ба вуҷуд омада, ноболиғи мазкур дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.


Душанбе, 04 Феврал 2019 13:58


   Имрӯз 4.01.2019 дар маркази вилояти Хатлон-ш.Бохтар, дар бинои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нишасти матбуотӣ бо ширкати мудирони бахши САҲШ-и 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
   Сафарзода Зинатгул, мудири ин ниҳод ба журналистон иттиллоъ дод, ки дар соли 2018 дар вилоят 2376 ақди никоҳ бекор карда шуда, 2042 тифл ятим монданд.
   Дар рафти нишасти матбуоти мудири САҲШ-и н. Фархор Раҳимзода Низорамоҳ афзуд, ки аксарияти мардон барои бекор кардани ақди никоҳ ариза навишта, бо ин баҳона ба суд муроҷиат мекунанд, зеро гирифтани шаҳрвандии русӣ тибқи қонун бо ҳалномаи суд анҷом ёфта, маҳз тариқи суд ақди никоҳаш бекор карда мешавад. Дар ин робита, аз ҷониби хабарнигорон пешниҳод карда шуд, ки шаҳрвандоне, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия ақди никоҳашонро қатъ мекунанд, 1 маблағи калонро ба буҷаи давлат пардохт кунанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, 04 Феврал 2019 13:58


   Дар муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» дар минтақаи шаҳри Бохтар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма  баргузор гардид. Файзуллозода Насрулло, сардори ин муассиса дар рафти нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки дар фасли зимистон захираи маводҳои зидди лағжиш ба пуррагӣ таъмин карда шудааст.
   Аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳия барои таъмири роҳҳои марказӣ ва маҳҳалӣ маблағаҳои кам ҷудо шуда, гуфта мешавад, ки дар минтақаи ш.Бохтар беш аз 3000 км роҳҳо муаллақ мондаанду то ба имрӯз соҳиби аслии худро пайдо накардаанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 01 Феврал 2019 17:54


   Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи дубора баргардонидашудани “Занги охирин” ба мактабҳои кишвар, афзуд, ки ҳеҷ гоҳ тарафдори дубора баргаштани ин гуна чорабинӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи мамлакат нест ва нахоҳад буд.
  - Ман ҳамеша зидди чунин чорабиниҳо, амсоли “Иди Алифбо”, “Занги охирин” ва ё “Занги камолот” ва таҷлили соли нави мелодӣ дар мактабҳо ҳастам ва хоҳам монд. Мо таътилҳоро соли ҷорӣ барқарор кардем, вале зидди амалӣ намудани чунин чорабиниҳое, ки дар пайи худ характери коррупсионӣ доранд, ҳастем, таъкид дошт Нуриддин Саид.

СССР

Ҷумъа, 01 Феврал 2019 13:44


Дар шаҳри Бохтар-маркази вилояти Хатлон нишасти матбуотии Раёсати андози вилоят баргузор гардид. Дар нишаст хабарнигорон аз муомилаи бади нозирони андози шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нагаронӣ карда гуфтанд, ки ҳангоми мусоҳиба бо нозирони андоз онҳо муомилаи дағалона карда, аз иттилоъ додан саркаши мекунанд ва мегӯянд: “Бе супориши Раёсат ба хабарнигорон маълумот дода нашавад”. Дар ин маврид сардори Раёсати андоз Нурзода Ҷумахон асабона бо лаҳҷаи кӯчагӣ посух дод: “Ин супориши худи Раёсат аст, ки бе иҷозат ягон хабару маълумот ба хабарнигорон дода нашавад.”
Нурзода дар охир афзуд, ки “аксарияти нозирони андоз бесаводанд ва бо чунин саволҳо маро асабӣ кардед!” Пас агар сардори Раёсати андози 1 вилояти бузургтарини ҷумҳурӣ асабӣ бошаду нозиронаш бесавод, пас чаро курсиҳоро банд кардаанд?

Баҳодур Уроқов СССР, виляоти Хатлон

Ҷумъа, 01 Феврал 2019 12:30


1.02.2019. Соат бо вақти Душанбе 11:35 дақиқа.
Дар Вазорати маориф ва илми ҶТ нишасти матбуотӣ барпо шуд ва дар нишаст Нуриддин Саид-вазири маориф пеш аз журналистон аллакай ҳузур дошту шахсан журналистонро пешвоз гирифт. Ва ҳамроҳ бо мухбирон чой нӯшиду чанд латифае низ қисса кард ва пайваста «муҳтарам рузноманигорон» гуфта муроҷиат мекард.

Ҷамила Ҳусейнова,
СССР

Ҷумъа, 01 Феврал 2019 09:51


 Дар давоми 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 80330 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шуда, бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 586 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.
    Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии ҶТ хабар доданд, дар асоси тағйиру иловаҳои охире, ки моҳи августи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад. Ҳамчунин маросими мазкур  танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.


Ҷумъа, 01 Феврал 2019 09:46


   Эстакадаи 3 сатҳаи маҳаллаи Қарияи Болои ш.Душанбе пеш аз мӯҳлат, то охири соли равон ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
   Маҳмадсаид Зувайдзода аз ҷумла зикр намуд, ки тибқи  нақша, сохтмони эстакадаи мазкур бояд 2 сол идома меёфт, вале сарвари давлат зимни ифтитоҳи эстакадаи якум, ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт воқеъ аст, ба масъулин супориш доданд, ки то охири соли 2019 онро мавриди истифода қарор диҳанд.
   - Ҳамаи корҳо ва супоришҳое, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе дода шуданд, иҷро гардиданд, аз ҷумла, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба макони дигар кӯчонида шуда, дарахтони ҳудуди сохтмон бурида шуданд. Инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан тариқи роҳҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуд. Ҳоло ҳамкории мо бо масъулини сохтмони ин эстакада идома дорад, - таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.
   Сохтмони  эстакадаи 3 табақаи мазкур дар доираи  амалишавии  марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»,  дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ин эстакада аз  роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир мебошад.

саҳ 13 аз 14

Китобҳо

Flag Counter