ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:19


 Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди пойтахт ҳамагӣ 4934 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
     Аз ҷумла: идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ-8 адад, бе рақами қайди давлатӣ-19 адад, идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ-1 адад, баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда-116 адад, истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт-85 адад, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо-18 адад, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт-8 адад, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ-56 адад, худсарона баромадан аз хати сайр-47 адад, нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ-84 адад, вазъияти хавфнок-10 адад, аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон-292 адад, риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон-846 адад, ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд-30 адад, дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1734 адад.
     Чӣ тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 8 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.


Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:14


Прокуратураи ш.Бохтар мақоларо таҳти унвони «Бозори Ҳоҷӣ Шариф зидди экология» (СССР, 31.05.2018, №22(507) мавриди баррасӣ қарор дод. Аз сӯи гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Бохтар дар бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Шариф» нуқтаҳои фурӯши оҳаксанг мавриди санҷиш қарор дода, зимни санҷиш муайян шуд, ки ин нуқтаҳо аз хонаҳои истиқоматии баландошёна дар масофаи то 60 метр дурӣ қарор дошта, ин нуқтаҳо дар ҳудуди заминҳои бозор сохта, атрофаш бо девори муҳофизатӣ маҳкам карда шудааст. Мутаассифона, аз ҷониби баъзе соҳибкорон ҳолати риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ҷой дорад. Шаҳрванд Салимов Сафарбек Алиевич, сокини н.Хуросон, деҳоти Қизил-қалъа, деҳаи ба номи Ф.Ғаниев дар бозори мазкур ба фаъолияти соҳибкорӣ (фурӯши оҳаксанг) машғул шуда, талаботи экологию санитариро риоя накардааст. Лиҳозо, нисбати ӯ бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, нисбати ӯ ҷарима татбиқ карда шудааст.
И.Нусратзода, прокурори ш.Бохтар, мушовири адлияи дараҷаи 2

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:09


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусалом Икромзода, корманди 1 идораи давлатӣ, сокини ноҳияи Турсунзода бо газетаи мардумии СССР телефонӣ тамос гирифта гуфт, гарчанде, ки аз Тоҷикистон дар солҳои 1940-45 дар ҶБВ садҳо ҳазор кушта шудаанд, аммо Владимир Владимирович Путин-президенти Русия ҳама вақт дар сари минбар, дар ҳузури ҳазорон ветеранҳои ҷангу меҳнат мегӯяд, ки «Русские воевали и победили!». Чаро ба ин сухани ӯ ҷавоб намегӯем? Мегӯянд, сукут-аломати ризост! Онҳо фикр мекунанд, ки мо бо андешаи Путин розием! Ё не?

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:07


Узви Ихвон-ал-СССР, Раҷаббек Раҷабов, донишҷӯ аз ноҳияи Фирдавсӣ ба СССР занг задаву гуфт, тавре аз календар-тақвими ҷаҳонӣ маълум, 17 ноябр ҳар сол дар бархе аз кишварҳои дунё чун Рӯзи донишҷӯ таҷлил мегардад, лек на дар Тоҷикистон. Тибқи таърих ин рӯз аз охири солҳои 1939 маншаъ мегирад. Зеро с.1939 дар шаҳри Прага ҳазорҳо донишҷӯён ҳамоиши зидди фашизмро доир карданд. Митинг аз ҷониби фашистон пахш ва шуморе аз намоишгарон кушта шуд. Бо ҳамин барои поси хотири қаҳрамонони муқовимат дар Лондон 17.11.1941 Рӯзи байналмилалии донишҷӯён эълон гардид... Дар ин маврид аксари донишҷӯён мегӯянд барои онҳо ҳам зарур аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи донишҷӯ эълон шавад. Зеро вақте табиб, милиса... дар тақвим рӯзи махсуси худро дорад, бояд донишҷӯ ҳам соҳиби рӯз бошад-ку!

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:03


Дуруди хушу гуворо ва баҳориву наврузӣ ба СССРи мардумӣ! Дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе навиштаҷоти аҷнабии «Қизил қалъа», дар ҳудуди ноҳияи Хуросон мавҷуд аст. Ин ном таърихи 50-60 сола дораду аз замони шӯравии пешин ба мо омада расида! Вале дар 30 соли мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ то ҳол масъулони ноҳияву вилоят дар бораи тоҷикӣ кардани он ҳич фикр накардаанд ва ба гумонам дар хаёлаш ҳам нестанд. Мушкил аст, ки худи «Қизил қалъа»-ро ба тоҷикӣ «Қалъаи сурх» тарҷума кунанд?! Ин дар ҳолест, ки якчанд сол пештар дар ин мавзеъ аз тарафи аҳолӣ Қалъаи Сурхи таърихиву қадима ёфт шуда буд! Яъне ин факт аст, охир! Ҳар вақте, ки раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода ва ё Раиси Кумитаи забони назди Ҳукумати ҶТ Гавҳар Шарофзода аз шоҳроҳи «Қизил қалъа» гузаранд, чӣ андеша мекарда бошанд? Ё парвои Қалъаи Сурхро надоранд???

Асадуллои Бохтарӣ,
н.Кӯшониён


Аз СССР: Сафарзодаро намедонем, вале Гавҳар-апа аз назди ин маҳалла гузаранд, дақиқан дар фикри … «штраф»-и газетаи СССРанд. Мо Метавонем!

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 10:58


2 давраи охир мардум дар хиҷиланд. Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз гирифтани нафақа маҳрум мондаанд. Ҳол он ки ҳар сарвари хоҷагӣ ба саҳмдоронаш ҳар моҳ ба фонди нафақа пул мепардозад. Ва ё муаллимони нафақахӯре, ки аз рӯи эҳтиёҷ дар асоси шартнома ба кор қабул шуда, музд мегиранду нафақаи онҳо зиёд нашуд. Муаллим кор мекунад ва аз ҳисоби маошаш фоизи муайяншудаи нафақаро месупорад-ку? Пас чаро нафақаи ӯ зиёд намешавад? Ӯ тамоми ҳастияшро, ҳатто саломатияшро қариб аз даст додааст. Подош ҳамин аст, депутатҳои муҳтарам? Моҳонаи шумо маълум, ки боз зиёд мешавад, лек парво надоред, ки деҳотӣ чӣ тавр рӯз мегузаронад. Деҳқон аз кӣ муттаҳам аст?! Ман 1 бор нашунидам, ки депутатҳои мо боре барои беҳбудии мардум пешниҳоде карда бошанд! Шумо бо кадом рӯй сӯи интихобкунандагони худ нигоҳ мекунед? Нарху навои имрӯза беҳбудии зиндагиро хуб карда наметавонад, баракс сафи муҳоҷирони меҳнатӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст.

Зикриёи Дилшод,
н.Мастчоҳ

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 10:55

Ҷумъа, 12 Апрел 2019 14:42


Шӯрои уламо бо нашри 1 муроҷиатнома дӯст доштан ва хизмати ватанро аз гӯшаи имон хонда, ҳадисеро аз Пайғамбар (с) овардааст, ки фариштагон 3 овозро ба осмон мерасонанд: “Якум овози қалами нависандагон, зеро барои осудаҳолӣ ва бародарии мардум заҳмат мекашанд, дуюм овози чархресии занон - фазилати меҳнати ҳалол ва сеюм овози қадами марзбонон, ки шабҳо бедорӣ мекашанд, то ки дигарон дар амон бихобанд ва ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осуда бошанд” Ҳамчунин дар идома Шӯрои уламо бо такя аз қавли Паёмбари Худо (с) овардааст, “2 чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад”. Ба иттилои Шӯрои уламо, дар замони Ҳазрати Муҳаммад (с) низ онҳое, ки аз даъвати Паёмбар сар тофтанд, аз раҳмати Худо маҳрум гаштанд. Дар хулоса раёсати Шӯро таъкид намудааст, ки саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд.

саҳ 6 аз 12

Китобҳо

Flag Counter